Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра бекор шудаааст

Парвозҳои мустақим аз Душанбе ба Самарқанд ва баръакс, ки баъди таваққуфи 6-сола моҳи июли соли равон роҳандозӣ шуда буданд, пурра лағв шудааст. Ҳоло беш аз ду моҳ мешавад, ки ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Самарқанд ва баръакс мустақим парвоз намекунанд. Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии “Centrum Air”-и Ӯзбекистон, ки парвозҳоро анҷом медод, ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, […]

Asia-Plus

Парвозҳои мустақим аз Душанбе ба Самарқанд ва баръакс, ки баъди таваққуфи 6-сола моҳи июли соли равон роҳандозӣ шуда буданд, пурра лағв шудааст. Ҳоло беш аз ду моҳ мешавад, ки ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Самарқанд ва баръакс мустақим парвоз намекунанд.

Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии “Centrum Air”-и Ӯзбекистон, ки парвозҳоро анҷом медод, ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, далели бекор шудани парвозҳо кам будани мусофирон ва ҳамин тариқ, набудани талабот ба хатсайр аст.

"Ҳатто дар давраи барқарор будани парвозҳо ҳавопаймоҳо пур намешуданд", – афзуданд аз ширкат.

Ба иттилои манбаъ, дар ояндаи наздик байни Душанбе ва Самаркқнд парвозҳо барқарор намешаванд.

Ҳоло танҳо байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ҳавопаймоҳо дар як ҳафта чаҳор маротиба парвоз мекунанд.   Дар ин масир ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон, "Uzbekistan Airways" ва “Centrum Air” -и Ӯзбекистон парвоз анҷом медиҳанд.

Арзиши билет дар хатсайри Тошканд-Душанбе аз 700 сомонӣ оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳои ҳавопаймоӣ дар масири Самарқанд-Душанбе-Самарқанд пас аз таваққуфи 6-сола моҳи июли имсол аз сӯи ширкати ҳавопаймоии “Centrum Air”-и Ӯзбекистон барқарор шуда буданд.

Ҳавопаймоҳои ин ширкат дар як ҳафта ду маротиба, рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе аз Самарқанд ба Душанбе ва баръакс мусофир мебурданд. Он замон нархи билет дар хатсайри Самарқанд-Душанбе аз 608 ҳазор сӯм (тақрибан 460 сомонӣ) оғоз мешуд.

Парвози мустақим дар масири Душанбе-Самарқанд-Душанбе соли 2018 баъди таваққуфи 25-сола аз ҷониби ширкати “Тоҷик-Эйр” ба роҳ монда шуда буд. Аммо ин парвозҳо тақрибан баъди як сол қатъ гардиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.