Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард

Ҳайати Тоҷикистон лоиҳаҳои калидии сармоягузории кишварро дар  нишасти тиҷоратӣ (бизнес-конфронс)-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА), ки дар доираи ҳамоиши қолаби Осиёи Марказӣ-ИМА (С5+1) дар Вашингтон баргузор гашт, муаррифӣ карданд. Хабаргузории “Ховар” менависад, ки “Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва гуруҳи соҳибкорони муваффақи кишвар намояндагӣ карданд”. Ба иттилои манбаъ, нишасти тиҷоратӣ дар бахшҳои алоҳида баргузор гардид, ки намояндагони доираҳои […]

Asia-Plus

Ҳайати Тоҷикистон лоиҳаҳои калидии сармоягузории кишварро дар  нишасти тиҷоратӣ (бизнес-конфронс)-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА), ки дар доираи ҳамоиши қолаби Осиёи Марказӣ-ИМА (С5+1) дар Вашингтон баргузор гашт, муаррифӣ карданд.

Хабаргузории “Ховар” менависад, ки “Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва гуруҳи соҳибкорони муваффақи кишвар намояндагӣ карданд”.

Ба иттилои манбаъ, нишасти тиҷоратӣ дар бахшҳои алоҳида баргузор гардид, ки намояндагони доираҳои соҳибкории кишвари мо оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадор, имконоти ҷалби сармоя ба бахшҳои гуногуни кишвар, табодули таҷриба дар самти рақамикунонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, робитаҳо дар соҳаи технологияҳои муосир суханронӣ карданд.

“Аз ҷумла, олими ҷавон Азизҷон Азимӣ зимни суханронии худ дар бораи имконоти ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва аҳамияти зеҳни сунъӣ дар замони муосир андешаронӣ намуд”, – навиштааст манбаъ.

Дар ҳамоиш, ҳамчунин, дар бораи сарватҳои табиии Тоҷикистон ҳамчун заминаи устувор барои рушди соҳибкорӣ ва тиҷорат андешаронӣ сурат гирифт.

Манбаъ менависад, ки таваҷҷуҳи иштирокдорони нишаст, аз ҷумла истифодаи иқтидору имконоти бахшҳои саноати куҳкорӣ, металлургия, сабук, хӯрокворӣ, кимиё, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ҷалб карда шуд.

“Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадор номида шуда, таъкид гардид, ки Тоҷикистони кӯҳсор бо табиати зебо, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии худ барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ васолимгардонӣ  имкониятҳои фаровон дорад”, -зикр шудааст дар нишасти тиҷоратӣ.

Бояд гуфт, ки 6-уми ноябр дар Амрико нишасти навбатии Осиёи Марказӣ-Амрико (С5+1) баргузор гашт, ки дар кори он ҳамаи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва президенти Амрико ширкат карданд. Дар доираи он як қатор вохӯриҳо дар сатҳи вазорату идораҳо ва тоҷирону соҳибкорон гузашт.

Аз ҷумла, байни ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ва ширкати амрикоии “Боинг” барои хариди 14 ҳавопаймои каммасрафи “787 Dreamliner” ва “737 MAX” созишнома имзо кардааст. Ин санад рӯзи 6-уми ноябр дар мизи мудаввари соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико, ки дар шаҳри Вашингтон баргузор гардид, имзо шудааст.

Ҳамчунин, масъалаи роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амикоро баррасӣ кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио