Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории домоду арӯс

Тӯй аз беҳтарин ва муҳимтарин рӯйдод дар ҳаёти ҳар як нафар аст. Аз ин лиҳоз, навхонадорон кӯшиш мекунанд ин рӯз мондагор бошад. Барои ҷовидон намудани лаҳзаҳои тӯй, аксбардорӣ беҳтарин васила аст. Бо назардошти ин, “Азия‑Плюс” номгӯйи якчанд макони зебо ва таърихиро дар шаҳри Душанбе ва атрофи он ҷамъоварӣ кард.   Кохи Наврӯз “Кохи Наврӯз” ба […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Тӯй аз беҳтарин ва муҳимтарин рӯйдод дар ҳаёти ҳар як нафар аст. Аз ин лиҳоз, навхонадорон кӯшиш мекунанд ин рӯз мондагор бошад. Барои ҷовидон намудани лаҳзаҳои тӯй, аксбардорӣ беҳтарин васила аст.

Бо назардошти ин, “Азия‑Плюс” номгӯйи якчанд макони зебо ва таърихиро дар шаҳри Душанбе ва атрофи он ҷамъоварӣ кард.

 

Кохи Наврӯз

“Кохи Наврӯз” ба макони аксгирии навхонадорон дар шаҳри  Душанбе табдил ёфтааст. Бо омезиши санъати зебои кандакорӣ, ороишоти миллӣ ва табиати дилфиреб ба ҷуфтҳои ошиқ имконияти фароғат ва аксгириро фароҳам овардааст.

 

Майдони “Истиқлол”

Майдони Истиқлол яке аз иншооти муҳташам ва зебои Душанбе аст, ки навхонадорон метавонанд дар ин макон аксҳои хотирмон аз ҷашнӣ бигиранд.

Ҳамчунин дар атрофи манора ҳафт фаввораи ранга низ ҳаст, ки барои акси арӯсиро гирифтан мувоффиқ мебошад.

 

Боғи "Ирам"

Дар Боғи Ирам ё ботаникӣ ҳам арӯсу домод метавонанд беҳтарин аксҳоро дар пасманзари табиат бигиранд. Боғи мазкур бо гулу дарахтони ҳамешасабз оро ёфтааст, ки ба он зебогии хос медиҳад.

 

Боғи “Куруши Кабир”

Боғи Куруши Кабир яке аз макони дӯстоштаи сокинон мебошад, ки бо чароғҳои рангоранг ва гулчанбарҳо оро дода шудааст. Ҳар як ҷуфти ошиқ дар ин боғ акси арӯсии худро мегиранд ва маросими тӯяшонро хотирмон мегардонанд. Аксҳо дар ин макон зебо, табиӣ ва дилписанд хоҳад шуд.

 

Майдони Дӯстӣ

Дар майдони Дӯстӣ, ки дар маркази Душанбе воқеъ аст, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст. Ба ғайр аз муҷассама, боғи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мавҷуд аст. Ин макон низ барои гирифтани акси арӯсиатон мувоффиқ мебошад.

 

Диёри Душанбе

Дар майдони назди маркази савдои маҷмааи “Диёри Душанбе”, ки бо фаввораҳои нури динамикӣ обшор шудааст, шиори “Ман Душанберо дӯст медорам” мавҷуд аст, ки баландии он 2 метр ва дарозиаш 16 метр мебошад.

Инҷоро ҳам баъзе навхонадорон барои акс гирифтан интихоб мекунанд.

 

Боғи Ғалаба

Боғи Ғалаба маконест, ки сокинони пойтахт метавонанд шоҳиди тулуъ ва ғуруби офтоб шаванд ва дар манзараҳои табиӣ ва нодир аксҳои хотирмон бигиранд. Дар ин боғ зинапояҳо, суффачаҳо, сабзазорҳо, буттаҳои ороишӣ, силсилаи ҳавзҳо, дарахтони зиёд, ки ба ҷангал шабеҳ аст, мавҷуд мебошад.

 

Нусхаи манораи Эйфел дар Душанбе

Ин макони ғайриоддиест, ки ба макони аксгирии навхонадорон таблил ёфтааст. Дар ин макон аксҳои ҷаззоб ва табиӣ гирифтан имконпазир аст, махсусан дар фасли тирамоҳ.

Нусхаи манораи Эйфел дар наздикии "Душанбе Мол" (Ашан) ҷойгир аст.

 

Парлумони Тоҷикистон 

Ин бинои хуштарҳу зебо як соли пеш ифтитоҳ шуд ва аллакай ба макони дӯстдоштаи ҷавонон табдил ёфтааст.

Парлумони Тоҷикистон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ қарор дорад. Ба ҷуз тарҳи зебои он, инчунин дар қисми пеши бино гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо мавҷуданд. 

Дар ин макон шумо имкон доред аксҳои хотирмон ва зебо бигиред.

 

Театри опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ 

Яке аз театрҳои муҳташами шаҳри Душанбе аст, ки дар аксҳои ҷуфти навхонадорон фарҳангу мусиқӣ ва тарҳи миллӣ якҷо таҷассум меёбад.

Инчунин саҳни театр барои аксгирӣ макони муносиб мебошад. Ин макон аз интихоби аввали ҳар арӯсу домод мебошад.

 

Хиёбони Рӯдакӣ 

Яке аз маконҳои дӯстдоштаи сокинони Душанбе аст. Инҷо барои гирифтани акси арӯсӣ ва ҷашнӣ мувофиқ мебошад. Дар шафати хиёбони мазкур қаҳвахона ва дӯконҳои миллӣ низ мавҷуданд, ки рӯҳияи ҷашнии шуморо гуворо мекунанд.

 

Боғи ба номи Садриддин Айнӣ

Боғи ба номи Садриддин Айнӣ яке аз машҳуртарин боғҳои пойтахт мебошад, ки дар ин макон дар намоҳои гуногун акс гирифтан мумкин аст. Дар ҳудуди боғ фаввораҳои гуногун, суҳбаткадаҳо бо нақшу нигори миллӣ, дарахтони ороишӣ ва дар баҳору тобистон гулҳои рангоранг мавҷуданд, ки ҳар як арӯсу домод метавонанд дар ин макон аксҳои зебо ва хотирмон гиранд.

 

Қалъаи Ҳисор

Қалъаи Ҳисор макони таърихӣ мебошад ва дар 30-километрии Душанбе ҷойгир аст. Сокинони шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он дар рӯзи арӯсиашон ҳатман барои аксгирӣ ин маконро интихоб мекунанд. Дар ин макон арӯсу домод имкон пайдо мекунанд бо либоси миллӣ дар макони таърихӣ аксҳои зебо ва хотирмон гиранд.

 

Сиёма

Барои расидан ба дарёи Сиёма, ки аз минтақаи Варзоб мегузарад аз пойтахт, 30-40 дақиқа вақт лозим меояд.

Тарафи чапи ин мавзеъ ба чангали сабз монанд аст, тарафи  рост нисбатан хушктар аст. Дар ин ҳудуд дарё мегузарад ва аз ин сабаб, ин макон нисбатан салқинтар аст.

Ин макони зебо барои аксгирӣ мувоффиқ аст ва ошиқону навхонадорон метавонанд ин маконро барои акси арӯсӣ гирифтан интихоб кунанд.

 

Анорбоғи шаҳри Норак 

Боғи мазкур дар ҷамоати деҳоти Пули Сангин маҳаллаи Дӯстии шаҳри Норак воқеъ аст.

Дар ин макон аксҳои табиӣ ва зебо гирифтан мумкин аст, махсусан дар фасли тирамоҳ. Анорбоғ яке аз интихобии асосии шумо дар рӯзи хотирмони зиндагиатон буда метавонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.