Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”

Гулҷаҳон Бобосодиқова, ходими давлатӣ ва як аз бонувони саршиноси тоҷик, имрӯз, 8-уми ноябр, ба 88-солагӣ қадам гузошт. Ӯ хатмкардаи риштаи математикаву физикаи Донишкадаи давлатии Тоҷикистон буда, адолатхоҳӣ ва шуҷоат ӯро ба ҷодаи идораи давлатӣ овардааст. Номбурда солҳо ба ҳайси котиби идеологӣ дар Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият доштааст. Роҳи пешанамудаи ин бонуи тоҷик сангин […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Гулҷаҳон Бобосодиқова, ходими давлатӣ ва як аз бонувони саршиноси тоҷик, имрӯз, 8-уми ноябр, ба 88-солагӣ қадам гузошт. Ӯ хатмкардаи риштаи математикаву физикаи Донишкадаи давлатии Тоҷикистон буда, адолатхоҳӣ ва шуҷоат ӯро ба ҷодаи идораи давлатӣ овардааст. Номбурда солҳо ба ҳайси котиби идеологӣ дар Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Роҳи пешанамудаи ин бонуи тоҷик сангин ва пурпечутоб буд, аммо ӯ бо масъулиятшиносӣ ва кордонӣ ин пайроҳаро тай намуда, тавре худаш мегӯяд, ҳеч пушаймонӣ накардааст.

“Азия-Плюс” чанд сол пеш зимни як сӯҳбати кӯтоҳи табрикотӣ аз Гулҷаҳон Бобосодиқова дар хусуси машғулиятҳои имрӯзааш пурсид.

 

– Солгарди нави умр чӣ гуна истиқбол мегиред?

– Ман имрӯзро, ба хилофи одати ҳаррӯзаам, пурра дар хона мегузаронам ва нияти ба ҳеҷ ҷое рафтанро надорам. Аллакай хешовандон, дӯстон ва шогирдонам барои табрики зодрӯзам омаданд, ки маро хеле хушҳол карданд. Телефонам ҳам ором намегирад ва ҳар лаҳза ёру дӯстон занг зада, ба мавлудам табрик мекунанд. Паёмҳои зиёд ҳам омадааст, ки фурсат даст надод, то посух гардонам. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам борони табрикот мерезад. Аз ҳамаашон сипосгузорам!

 

– Гуфтед, бар хилофи одат, имрӯзро дар хона мегузаронед. Магар ҳоло ҳам бо корҳои ҷамъиятӣ зиёд банд ҳастед?

– Бале, ман агарчи нафақахӯр ҳастам, вале ҳоло ҳам қариб дар хона наменишинам. Маро ба чорабиниҳои давлативу ҷамъиятӣ зиёд даъват мекунанд, аз таҷрибаам истифода карданӣ мешаванд. Бо сохторҳои давлативу ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамвора кору ҳамкорӣ карда истодаам. Рӯз ба рӯз кори ҷамъиятии маро зиёд мекунанду кам не.

Бояд гӯям, ки на фақат чанд диплом гирифтам, балки мактаби зиндагиро гузаштам. Ҳоло бояд аз таҷрибаи касбкардаам барои пешравии давлату миллатам истифода барам. Фикр намекунам, ки вақти хонашинии ман расидааст, то замоне қувват дар тан дорам, дар хидмат мемонам. Хушбахт ҳастам, ки аз таҷрибаи кору ҳаётам ба ҷавонҳо манфиат мерасонам ва хурсандам, ки барои давлату миллатам нафъ мерасонам.

 

– Шуморо бештар бо кадом мавзӯъ ва масъалаҳо ба чорабиниҳои давлативу ҷамъиятӣ даъват мекунанд?

– Дар масъалаҳои баробарҳуқуқии зану мард, таҳсили духтарон, зан дар сиёсат, пешгирии зӯроварӣ нисбати занҳо, муҳоҷират, иқтисодиёт ва ғайра ба мизҳои мудаввар, конфронсҳо ва дигар маъракаҳои даъват мекунад. Ман ҳам мекӯшам, ки дар ҳамаи он ширкат варзам, пешниҳоди худро гӯям ва мушкилотро ба самъи масъулин расонам.

Ман фикр мекунам, ҳама пешниҳодоте, ки мо ироа мекунем, аз ҷониби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ мешавад. Бовар дорам заминаи ҳуқуқие, ки мо барои ҳуқуқи занон дар замони истиқлол гузоштем, дар оянда саҳифаи хушбахтии онҳоро боз мекунад.

 

– Аз Шумо то ҳол чун нафари соҳибтаҷриба дар соҳаи идораи давлатӣ маслиҳатҳо мепурсанд?

– Бале, бо ҳар гуна дархостҳо занг мезананд ва ба хонаам меоянд. Шогирдонам зиёд муроҷиат мекунанд. Агар кам ҳам бошад, хушбахтам, ки то имрӯз барои хушбахтии занони миллатам саҳм мегузорам.

 

– Ба зиндагии гузашта чӣ нигоҳе доред ва аз худ розӣ ҳастед?

– Ифтихор мекунам ва аз худам розиям. Солҳоеро, ки котиби аввали Кумитаи комсомоли пойтахт ва ҷумҳурӣ будам, саҳифаҳои тиллоии умрам ҳисоб мекунам. Фикр мекунам, ки дар ин солҳо корҳои хуберо барои миллату давлатам анҷом додам.

 

– Ин роҳро барои Шумо кӣ ҳамвор кард ва аз чӣ имрӯз ифтихор мекунед?

– Ман бисёр аз волидонам, ба вижа аз модарам миннатдорам. Нахустин қадамҳои мемондаамро маҳз модарам ҷонибдорӣ мекарданд ва бароям рӯҳия мебахшиданд. Шавҳарам ҳам марди бузурге буданд ва барои ҳама корҳои анҷомдодаям шарик ва мададгорам ба ҳисоб мерафтанд. Барои тарбияти фарзандонам ҳам саҳми бузургро ин ду нафар гузоштаанд. Аз ҳамаашон мамнун ҳастам.

 

– Дар охир ба ҳамватанон чӣ паёме доред?

– Барои миллатам ваҳдати комил мехоҳам!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио