Санадро шаҳрдори Маскав имзо кард. Нархи патент барои муҳоҷирон дар ин шаҳр 10 ҳазор рубл мешавад

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав қарори баланд кардани арзиши “патент” ё иҷозатномаи кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳудуди ин шаҳрро тасдиқ кардааст. Ҳамакнун, аз 1-уми январи соли 2026 муҳоҷирон ба ҷои 8 ҳазору 900 рубл ба буҷаи ин кишвар 10 ҳазор рубл пардохт мекунанд.

Дар ин бора хабаргузории “ТАСС” бо истинод ба ҳукумати ин шаҳр хабар додааст

Тибқи қонуни мазкур дар соли нав арзиши коэффитсиенте, ки хусусиятҳои минтақавии бозори меҳнатро дар Маскав инъикос мекунад, аз 2,8592 ба 2,9323 боло меравад. 

Охири моҳи октябр, Кумитаи сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии Думаи шаҳри Маскав тарҳи қонун дар хусуси зиёд кардани боҷи “патент” барои шаҳрвандони хориҷиро омада ва баррасӣ карда буд

Маскав ягона минтақае нест, ки аз соли 2026 арзиши патнет барои муҳоҷирон дар он гарон мешавад. Соли оянда дар чанд шаҳру ноҳияҳои дигари Русия низ нархи иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон меафзояд.

Аз ҷумла, нархи патент дар вилояти Тюмен аз 9 ҳазору 385 ба 11 ҳазору 471 рубл, минтақаи Камчатка аз 9 ҳазор то 13 ҳазору 800 рубл ва дар вилояти Иркутс 12 ҳазор рубл мешавад.

Дар Дар Санк-Петербург ва вилояти Ленинград низ нархи муҷаввизи кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз 6 ҳазори ҳозира ба 8 ҳазор рубл боло бурда мешавад. Нархи патент дар Новосибирск низ то 10 ҳазору 860 рубл баланд карда мешавад, ки нисбат ба соли 2025-ум 11% (2954 рубл) бештар аст. 

Боз дар кадом шаҳр чӣ қадар нарх баланд мешавад, дар ин матлаби мо мутолиа кунед.

Бояд гуфт, ки ҳамасола арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия тағйир меёбад ва дар минтақаҳои гуногун ба таври назаррас нарх боло бурда мешавад.

Ҳоло “патент” ба муҳоҷирон дар Русия ҳуқуқ медиҳад, ки дар як минтақа ва соҳаи муайян кор кунанд. Барои доштани “патент” муҳоҷирон пул пардохт мекунанд, ки арзиши моҳонаи он дар минтақаҳои Русия гуногун аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...