“2GIS” харитаи Душанберо дар шакли 3D фаъол кардааст. Он чӣ гуна кор мекунад?

Хадамоти байналмилалии харитавии "2GIS" харитаи Душанберо дар шакли 3D омода ва фаъол кардааст, ки дар он метавон суроғаи биноҳо, номи ширкат, масири лозимаро ҷӯстуҷӯ ва пайдо кард. Ин харита дар Тоҷикистон танҳо барои шаҳри Душанбе фаъол аст. Маълум нест, ки он кай фаъол гашта ва дигар минтақаҳои кишварро кай фаро мегирад. Бартарияти "2GIS" дар он аст, ки […]

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Хадамоти байналмилалии харитавии "2GIS" харитаи Душанберо дар шакли 3D омода ва фаъол кардааст, ки дар он метавон суроғаи биноҳо, номи ширкат, масири лозимаро ҷӯстуҷӯ ва пайдо кард.

Ин харита дар Тоҷикистон танҳо барои шаҳри Душанбе фаъол аст. Маълум нест, ки он кай фаъол гашта ва дигар минтақаҳои кишварро кай фаро мегирад.

Бартарияти "2GIS" дар он аст, ки масири лозима бо ишораи суроғаи дақиқ ва акси биноҳо ишора шуда, ба забони тоҷикӣ низ дастрас аст.

Бо пахши суроғаи лозима дар барнома соати корӣ, самти фаъолият, акс ва дигар маълумоти дақиқ пешниҳод мешаванд. Ҳамчунин, 3D модели биноҳои калидӣ ва нуқтаҳои сайёҳии Душанбе, мисли пайкараи Исмоили Сомонӣ, бинои парлумонва майдони "Истиқлол" тартиб дода шудааст. 

Кӯчаву хиёбонҳое, ки бештар тамбашавӣ мушоҳида мешаванд, дар харита ишора шудааст.

Ин харита ҳам дар шакли барномаи телефонӣ ва ҳам веб-саҳифа дастрас аст. Барнома барои боргирӣ дар платформаҳои "App Store" ва "Play Market" дастрас аст. Боргирӣ ва истифодаи барнома барои корбарон ройгон аст.

Дар саҳифаи расмии он маълумоти дақиқ дар бораи барнома пешниҳод шудааст. Забони тоҷикӣ дар бахши интихоби забонҳо “TG” ишора шудааст.

Дар саҳифаи расмии барнома гуфта мешавад, ки айни ҳол ин харита дар бештар аз 1400 шаҳри ИДМ ва Русия фаъол буда, бештар аз 85 млн истифодабаранда дорад.

Ин барнома аввал дар Русия фаъол гашта, ҳоло дар бештари кишварҳои ИДМ истифода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.