Гурҷистон муҳоҷирони тоҷикро ба кор даъват мекунад. Маош чӣ қадар ва талабот чӣ гуна аст?

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро барои кор дар Гурҷистон дар самти бурдарасонӣ (доставка) даъват кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки музди кор дар як соат беш аз 6 доллар (ҳудуди 58 сомонӣ) аст.  Аммо, ба қавли манбаъ, хариди билет, хӯрок ва ҷои зист аз ҳисоби худи коргар пардохт карда мешавад. Хоҳишмандон дар асоси […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро барои кор дар Гурҷистон дар самти бурдарасонӣ (доставка) даъват кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки музди кор дар як соат беш аз 6 доллар (ҳудуди 58 сомонӣ) аст. 

Аммо, ба қавли манбаъ, хариди билет, хӯрок ва ҷои зист аз ҳисоби худи коргар пардохт карда мешавад. Хоҳишмандон дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба муддати як сол дар ин кишвар фаъолият карда метавонанд. 

Талаботҳо чунинанд:

– аз 18 то 45 сол доштан;

– надоштани доғи судӣ;

– доштани шаҳодатномаи ронандагӣ (категорияҳои А ва В);

Вазорати меҳнат гуфтааст, ки хоҳишмандон барои бақайдгирӣ ба “Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” воқеъ дар кӯчаи Садриддин Айнӣ 121 дар шаҳри Душанбе муроҷиат карда метавонанд.

Рақамҳо барои тамос: 225-05-75, 225-02-21, +992938131372 (WhatsApp).

Бояд гуфт, ки аксари муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия қарор дошта, солҳои охир ба фишор ва маҳдудиятҳои зиёд дар ин кишвар дучор мешаванд. 

Аз ин лиҳоз, мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Аз ҷумла, ба бозори кории Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар, Қувайт, Арманистон, Литва ворид шудан мехоҳанд. 

Соле пеш созишномаи ниҳоӣ оид ба ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея ба имзо расид. Ҳамчунин,  Вазорати меҳнату муҳоҷират беш аз 600 шаҳрвандони кишварро барои кор дар ширкати “Jusour” дар фурудгоҳи Қатар ба ҳайси фурӯшанда-мушовир даъват карда буд. 

Аз ин пештар, муҳоҷирони тоҷикро барои кор дар Литва ва Арманистон низ даъват карда гуфта буд, ки ин кишвар айни ҳол ба 60 корманд ниёз дорад. Аммо дақиқ нест, ки дар доираи ин ҳамкориҳо ва пас аз даъвати ин кишварҳо чанд нафар соҳиби ҷои кор шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.