Аз Турсунзодаву Қаноат то Низорамоҳ Зарипова. Китоби наве бо унвони “Тоҷикистон дар масири сулҳ” интишор шуд

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон китоби тозае бо унвони “Тоҷикистон дар масири сулҳ” интишор гардид, ки аз таърихи таъсис ва корномаи аъзоёни “Кумитаи сулҳу ризоияти миллӣ” бо бурҳону санадҳои таърихӣ нақл мекунад. Дар фасли алоҳидаи ин китоб корномаи раисон ва фаъолони ин кумита, ки дар таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон саҳм доштаанд, мунташир шудааст.

Китоби “Тоҷикистон дар масири сулҳ” ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 75-умин солгарди таъсиси “Кумитаи сулҳу ризоияти миллӣ” рӯйи чоп омадааст.

Китоб аз чор фасл иборат буда, фасли аввал силсилаи мақолаҳоро дар бораи хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба таҳкими сулҳ фаро мегирад. Дар он аксҳои таърихӣ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Тоҷикистон то маросими савгандёдкунии ӯ ҷо дода шудаанд.

Фасли дуввуми китоб корнома ва саҳми раисони “Кумитаи сулҳу ризоияти миллӣ”, аз ҷумла, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Юсуф Носиров, Наримон Бақозода ва дигар раҳбарони кумитаро дарбар мегирад.

Дар фасли сеюм аз аъзои фаъоли Кумитаи сулҳу ризоияти миллӣ, чун Низорамоҳ Зарифова, Ҳамро Тоҳирова, Гулназар Келдӣ, Марям Исоева, Саодат Азизова ва дигар фаъолон, ки дар таҳкими сулҳ саҳм доштаанд, ёд шуда, хидматҳои онҳо дар ин робита таъкид мешавад.

Дар фасли охир аксҳои таърихӣ, ки бозгӯи ҳаводиси муҳими таърихи кишвар ва ё зиндагии шахсиятҳои калидӣ мебошанд, мунташир шудаанд.

Дар умум, китоби “Тоҷикистон дар масири сулҳ” ҷодаи 75-солаи “Кумитаи сулҳу ризоияти миллӣ”-ро дар як маҷмуа гирд овардааст.

Бояд гуфт, мураттиби китоб Латофат Шарипова буда, Кароматулло Олимов ва Сайфулло Сафаров муҳаррирони масъули он мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...