Нигаронии Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ аз сарнавишти партовгоҳҳои уран дар Тоҷикистон

Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ ҳамкории худ дар самти поксозии партовгоҳҳои уран бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро то соли 2030 тамдид карда, аз вазъи безарарсозии ин моддаҳои зарогин дар кишвари мо нигаронӣ кардааст. Ин ниҳод, дар Барномаи нави стратегии худ, ки моҳи январи соли 2026 нашр шудааст, гуфтааст, дар вилояти Суғди Тоҷикистон 10 партовгоҳи уран боқӣ мондааст, ки […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ ҳамкории худ дар самти поксозии партовгоҳҳои уран бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро то соли 2030 тамдид карда, аз вазъи безарарсозии ин моддаҳои зарогин дар кишвари мо нигаронӣ кардааст.

Ин ниҳод, дар Барномаи нави стратегии худ, ки моҳи январи соли 2026 нашр шудааст, гуфтааст, дар вилояти Суғди Тоҷикистон 10 партовгоҳи уран боқӣ мондааст, ки дар онҳо тақрибан 55 миллион тонна моддаҳои радиоактив нигаҳдорӣ мешавад, аммо барои безарарсозии пурраи онҳо то ин вақт маблағи кофӣ нест.

Тибқи барнома, ин созмони байналмилалӣ, барои муҳофизати амни партовҳо, корхонаҳо ва конҳои собиқи истихроҷ ва коркарди уран дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мадад мерасонад.

Ба гуфтаи манбаъ, барои безарарсозии партовгоҳҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла партовгоҳҳои Тоҷикистон то соли 2030 тақрибан 210 миллион евро зарур аст, вале то ҳол тақрибан 113 миллион евро аз ҷониби донорҳо ҷудо шудааст. Ин созмон аз адами қариб 100 миллион евро ҳушдор додааст.

Ба таъкиди гузоришгарон, партовҳои радиоактив дар Тоҷикистон дар ҳудуди тақрибан 170 гектар паҳн шуда, фаъолияти умумии бештар аз 6500 Кюри (воҳиди ченаки моддаҳои радиоактивӣ) доранд.

Ин маконҳо асосан дар шаҳрҳои Истиқлол, Бӯстон, шаҳраки Адрасмон ва атрофи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор доранд ва дар сурати фарсудашавӣ ё шуста шудани моддаҳо ба обу хок метавонад ба саломатии аҳолии маҳаллӣ зарари ҷиддӣ расонад. Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ гуфтааст, ки бидуни сармоягузории иловагӣ аз Бонки аврупоии тавсиа ва рушд анҷоми ин ду тарҳ дар Тоҷикистон зери суол меравад.

Ба гуфтаи ин созмон, агар масъалаи маблағгузорӣ сари вақт ҳал шавад, нақшаи то соли 2030 барои Тоҷикистон имконият медиҳад, ки бо истифода аз кӯмаки техникию молиявии шарикон бахше аз хатарноктарин мероси саноати уранро барои наслҳои оянда бехатар гардонад.

Мушкили мероси уран дар Тоҷикистон солҳои зиёд дар маркази таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад. Истихроҷ ва коркарди маъданҳои уран дар Осиёи Марказӣ аз солҳои 1940 оғоз ёфт. Дар Тоҷикистон ин корҳо дар конҳои бузурги Табошар ва Адрасмон анҷом дода мешуданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли 2025 Тоҷикистон барномаи нави давлатии барқарорсозии партовгоҳҳоро барои солҳои 2025-2030 ва нақшаи амалро барои солҳои 2025-2027 тасдиқ кард. Бо ҷузъиёти он дар ин матлаби “Азия-Плюс” огоҳӣ ёбед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.