“Starlink” аз дастрас шудани интернеташ дар Тоҷикистон хабар дод

“Интернети баландсуръати Starlink акнун дар Тоҷикистон дастрас аст”, – навиштааст ин ширкат дар Х. Моҳи октябри соли 2025 дар доираи Ҳамоиши байнулмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest–2025”, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ширкати “Starlink Tajikistan” (SpaceX) дар бораи оғози кори "Starlink" дар кишвар шартномаи литсензионӣ ба имзо расонида буд. "Starlink" ин шабакаи ҷаҳонии алоқаи моҳвораӣ барои таъмини интернети баландсуръат дар ҳар гӯшаи […]

Asia-Plus

“Интернети баландсуръати Starlink акнун дар Тоҷикистон дастрас аст”, – навиштааст ин ширкат дар Х.

Моҳи октябри соли 2025 дар доираи Ҳамоиши байнулмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest–2025”, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ширкати “Starlink Tajikistan” (SpaceX) дар бораи оғози кори "Starlink" дар кишвар шартномаи литсензионӣ ба имзо расонида буд.

"Starlink" ин шабакаи ҷаҳонии алоқаи моҳвораӣ барои таъмини интернети баландсуръат дар ҳар гӯшаи ҷаҳон аст.

Пас аз имзои шатрнома, Бахтовар Абдусатторзода, мудири кулли ҶСК “Тоҷиктелеком” гуфта буд, ки ҳамаи шартҳои пешниҳоди хадамот ва фаъолияти шабакаи "Starlink" дар кишвар дар бандҳои дахлдори шартнома зикр шуда, бо санадҳои меъёриву ҳуқуқии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Ӯ он замон зикр карда буд, ки ин шартнома дар навбати аввал ҷиҳати насби сокинони ноҳияҳои дурдасту душворгузар ва наздимарзии кишвар ба интернети моҳвораӣ, ки бунёди зерсохтори маъмулӣ (шоҳроҳҳо, нахҳои нурӣ) дар ин ҷойҳо бо сабаби мавзеи кӯҳӣ ва зичии аҳолӣ душвор аст, равона шудааст. Аз ҷумла, муассисаҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ – мактабу бемористон, мақомоти маъмурии деҳот.

Дар робита ба таъсир ба нархи интернет гуфта буд, ки он ба арзиши умумии интернет дар кишвар мустақиман таъсир намерасонад.

“Қобили зикр аст, ки технологияҳои алоқаи моҳвораӣ бо назардошти таҷҳизот нисбат ба шабакаҳои анъанавӣ гаронтаранд, лекин ба туфайли гуфтушунидҳои барпошуда, арзиши таҷҳизот ва таърифаҳо (тарифҳо) вобаста ба воқеъияти минтақавӣ муайян карда мешаванд”, – зикр карда буд Бахтовар Абдусатторзода.

Ба қавли ӯ, дар бисёре аз кишварҳо операторони глобалии беруна ба мисли "Starlink" тавассути шарики миллӣ – ширкати давлатӣ ё оператори миллии алоқа кор мекунанд. Дар ҳолати Тоҷикистон ин ҶСК “Тоҷиктелеком” мебошад.

“Чунин модел ба давлат ҷиҳати назорати трафик, таъмини бехатари киберӣ, танзими таърифаҳо ва риояи қонунгузории миллӣ имкон медиҳад. Имзои ҳамаи созишномаҳои тиҷоратӣ бо провайдерон ба воситаи “Тоҷиктелеком” сурат мегиранд. Ин назорат ба сифати хидматрасониҳо, сиёсати таърифаҳо, тақсими хатҳои гузариш ва масоили амнияти миллиро таъмин мекунад”, – гуфта буд ӯ.

Аз “Тоҷиктелеком” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар наздиктарин фурсат, маълумот дар бораи тарофаҳо, аз ҷумла нархи онҳоро пешниҳод мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.