Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаи интиҳорӣ ба масҷиде дар Покистонро маҳкум кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамлаи интиҳорӣ ба як масҷиди шииён дар шаҳри Исломободи Покистонро, ки даҳҳо кушта бар ҷой гузошт, амали террористӣ хонда, маҳкум кардааст. Ӯ дар робита ба ин ҳодиса рӯзи 7-уми феврал дар номае ба Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф, раисҷумҳур ва сарвазири Покистон таслият баён кардааст. “Аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамлаи интиҳорӣ ба як масҷиди шииён дар шаҳри Исломободи Покистонро, ки даҳҳо кушта бар ҷой гузошт, амали террористӣ хонда, маҳкум кардааст.

Ӯ дар робита ба ин ҳодиса рӯзи 7-уми феврал дар номае ба Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф, раисҷумҳур ва сарвазири Покистон таслият баён кардааст.

“Аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам. Тоҷикистон ин амали террористии золимона ва чун ҳамеша ҳама гуна зуҳуроти терроризмро шадидан маҳкум карда, зарурати муборизаи беамонро алайҳи он мудом таъкид менамояд”, – омадааст дар номаи раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи интиҳорӣ ба як масҷиди шииён дар Исломобод рӯзи 6-уми феврал рух дода, дар пайи он, тибқи иттилои охирин, 31 нафар кушта ва 169 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Масъулияти ин ҳамлаи интиҳориро гурӯҳи ДОИШ* бар ӯҳда гирифтааст.

Ба навиштаи расонаҳо, ҳамлагари интиҳорӣ дар даромадгоҳи масҷид баъд аз намози ҷумъа маводи таркандаро мунфаҷир кардааст.

*Дар Тоҷикистон террористӣ дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.