Дар Кӯлоб пас аз марги як мард бародараш хонаи муттаҳамро бо трактор вайрон кардааст

Билоли Шамс, Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар натиҷаи баҳси ду ҳамсоя дар шаҳри Кӯлоб як нафар кушта шудаву бародари марҳум хонаи муттаҳамро бо трактор тахриб кардааст. Дар пайи ин ҷангҷол як нафар боздошт шудааст. Ин қазияро аз Додситонии шаҳри Кӯлоб ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, гуфтанд, ки тафтишот идома дорад.

Ба иттилои додситонӣ, рӯзи 7-уми феврал дар маҳаллаи 1-уми майи шаҳри Кӯлоб миёни ду ҳамсоя баҳс сар зада, ба муноқиша табдил меёбад. Сабаби ҷанҷол мудохила ба ҳарами хусусӣ гуфта мешавад.

Манобеи “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Маҳмуд Маҳмудов, ки ба биносозӣ машғул аст, дар маҳаллаи 1-уми майи шаҳри Кӯлоб ба сохтмони бинои баландошёна оғоз кардаааст.

Ба гуфтаи манобеи мо, кормандони биносоз сангу хоки сохтмонро қисман ба замини хонаи ҳамсоя, ки аз он Алихон Орифов ном мебаранд, рехтаанд. Ин боиси норозигии оилаи Алихон мешавад ва онҳо хоҳиш мекунанд, ки сангу хоки зиёдатиро аз ҳудуди замини онҳо бардоранд.

Кироякорони сохтмонсоз масъаларо ба дӯши бародари Маҳмуд Маҳмудов – Қурбоналӣ Маҳмудов мегузоранд, вале ӯ ба ин эътироз беэътиноӣ мекунад.

Дар натиҷа, баҳси лафзӣ сар зада, ба зӯроварӣ табдил ёфтааст. Чанд шоҳиди ҳодиса имрӯз ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки пас аз таноқузи лафзӣ писари бузурги Алихон Орифов ба рӯйи Қурбоналӣ Маҳмудови 56-сола муште мезанад, ки ба замин афтода, аз ҳуш меравад. Ӯро шаби 7-уми феврал дар ҳолати вазнин ба Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб бурда, бистарӣ кардаанд.

 

Пас аз хабардор шудан аз вазъият, ба гуфтаи манобеи “Азия-Плюс”, бародари ҷабрдида Маҳмуд Маҳмудов бо як навъ трактор, ки бели механикӣ дорад (механическая лопата), хонаи ҳамсояро қисман тахриб кардааст.

Аксҳои макони ҳодиса ва хонаи қисман вайроншуда дастраси “Азия-Плюс” шуд.

Ин ҳодисаро имрӯз, 9-уми феврал, аз Додситонии шаҳри Кӯлоб ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, гуфтанд, ки парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Аз додситонӣ ному насаби Қурбоналӣ Маҳмудовро тасдиқ карда, вале ҳувияти ҳамсояи дигарро ошкор накарданд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо аз Додситонии шаҳри Кӯлоб, дар пайи ин қазия як писари Орифов боздошт шудааст ва як тани дигар дар кофтуков қарор дорад.

Субҳи имрӯз, 9-уми феврал, аз Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ҳам ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Қурбоналӣ Маҳмудов дар беморхона бо сабаби ҷароҳатҳои вазнин фавтидааст.

Як манбаъи дигар аз шаҳри Кӯлоб ба мо гуфт, ки намози ҷанозаи Маҳмудов пас аз намози пешин дар масҷиди ҷомеи ҳамин шаҳр, ки бо номи масҷиди Мулло Ҳайдар маъруф аст, баргузор шуд ва ӯро ба хок супориданд.

Танҳо яке аз пайвандони Маҳмудовҳо фавтидани Қурбоналӣ Маҳмудовро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, вале “бинобар сабаби таъзия доштан” ҷузъиёти ҷанҷолро нагуфт.

Инчунин, назари ҷониби Орифовҳо ҳам ба мо маълум нест.

Дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки хабарҳои баҳси лафзии ба муноқиза печида ва дар пайи он касе осеб дида ё фавтида расонаӣ мешавад. Моҳи январи соли равон дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон хонандаи синфи 10-и мактаби рақами 78-и Душанбе кушта шуд.

Аз ин пештар ҳам, моҳи ноябри соли 2025 пулиси Душанбе ҷузъиёти ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғонро дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар пайи он як наврас кушта ва як тани дигар маҷруҳ шудааст, расонаӣ карда буд. Ин ниҳод он вақт гуфта буд, ки ҳодиса рӯзи 9-уми ноябр дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рух додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...