Ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” дар 8 донишгоҳ. Муҳассилини ин ихтисос чӣ меомӯзанд ва баъди хатм дар куҷо метавонанд кор кунанд?

Дар ҳашт донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ихтисоси ҳуши маснӯӣ роҳандозӣ шудааст, ки дар онҳо қариб 470 донишҷӯ таҳсил мекунанд. Имсол аввалин донишҷӯён ин ихтисосро хатм мекунанд ва ба гуфтаи масъулин, имкони кор кардан дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусиро хоҳанд дошт.   Чанде пеш Ҳоким Холиқзода, муовини якуми сарвазир дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳуши […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар ҳашт донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ихтисоси ҳуши маснӯӣ роҳандозӣ шудааст, ки дар онҳо қариб 470 донишҷӯ таҳсил мекунанд. Имсол аввалин донишҷӯён ин ихтисосро хатм мекунанд ва ба гуфтаи масъулин, имкони кор кардан дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусиро хоҳанд дошт.  

Чанде пеш Ҳоким Холиқзода, муовини якуми сарвазир дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳуши маснӯӣ гуфт, ки дар барномаҳои таълимии 10 донишгоҳи кишвар ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” ворид карда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар доираи татбиқи “Стратегияи рушди ҳуши маснӯӣ барои давраи то соли 2040”  беш аз 750 мутахассиси ҷавон тайёр карда шудаанд.

 

Дар кадом донишгоҳҳо ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” ҷорӣ шудааст?  

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳоло дар 8 донишгоҳу донишкадаи ҷумҳурӣ ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” роҳандозӣ шудааст ва дар онҳо 468 донишҷӯ таҳсил мекунанд.

Ин ихтисос дар Донишгоҳи технологӣ, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ,  Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии “МИСиС” дар Душанбе, Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд, Донишкадаи байналмилалии Леваканд ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар Хуҷанд роҳандозӣ шудааст.

Ба иттилои ин вазорат, дар факултаи иқтисоди рақамӣ ва ҳуши маснӯии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ихтисоси ҳуши маснӯӣ мавҷуд аст, ки ҳоло дар он 40 донишҷӯ таҳсил мекунанд.

“Дар ин донишгоҳ ихтисосҳои ҳуши маснӯӣ дар иқтисодиёт, дар тиб ва идоракунии шабакаҳои барқӣ соли 2025 таъсис дода шудааст. Айни замон дар ихтисосҳои мазкур 48 донишҷӯ дар курси якум ба таҳсил фаро гирифта шудааст”,-гуфтанд аз Вазорати маориф ва илм.   

Ба маълумоти Вазорати маориф ва илм дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон “Маркази ҳуши маснӯӣ” низ таъсис ёфтааст, ки дар он чор лабораторияи ҳуши маснӯӣ бо технологияҳои муосир мавҷуданд. Ҳамчунин 8 омӯзгори ин донишкада дар Кореяи Ҷанубӣ, Хитой ва Ҳиндустон дар самти ҳуши маснӯӣ аз такмили ихтисос гузаштаанд.

 

Дар ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” чиро меомӯзанд?

Фирӯзҷон Ғаффоров, муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳоло донишҷӯёни ихтисоси “ҳуши маснӯӣ”-и ин донишгоҳ дар курси 4 таҳсил мекунанд ва имсол ҳамчун мутахассис дар самтҳои гуногун ба кор оғоз хоҳанд кард.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ихтисоси мазкур ба донишҷӯён фанҳои тахассусии асосҳои алгоритмсозӣ ва барномарезӣ, муқаддимаи ҳуши маснӯӣ, сохтор ва алгоритмҳои коркарди додаҳо, шинохти тасвир ва нутқ, системаҳои идоракунии манбаъҳои додаҳо, ёдгирии мошинӣ, барномасозӣ, системаҳои ҳуши маснӯӣ, лоиҳакашии ҳуши маснӯӣ, таҳлили зеҳнии маълумот, барномасозии замимаҳои мобилӣ, амнияти ҳуши маснӯӣ ва ғайра омӯзонида мешавад.

“Ба донишҷӯёни ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” устодони ботаҷриба, ки курсҳои такмили ихтисосро дар давлатҳои Испания, Русия ва Словения гузаштаанд, тадрис медиҳанд. Ҳамчунин устодон аз Кореяи Ҷанубӣ дар доираи ҳамкориҳои муштарак ҳам тариқи ҳузурӣ ва ҳам маҷозӣ ба донишҷӯён фанҳои асосҳои ҳуши маснӯӣ ва таҳлили маълумот бо истифода аз ҳуши маснӯиро меомӯзонанд”,-гуфт номбурда.

 

Донишҷӯён баъди хатми ин ихтисос дар куҷо метавонанд кор кунанд?

Хатмкунандагони ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” дар Тоҷикистон метавонанд дар чанд соҳаҳои муҳим ва рӯ ба рушд фаъолият кунанд. Аз ҷумла, онҳо метавонанд ҳамчун барномасоз, мутахассиси таҳлили додаҳо, таҳияи чатботҳо, мутахассиси амнияти иттилоотӣ дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ фаъолият кунанд.

Масъулини Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мегӯянд, хатмкунандагони ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” метавонанд ҳамчунин дар ширкатҳои IT, бонкҳо ва муассисаҳои молиявӣ, ширкатҳои телекоммуникатсионӣ, марказҳои таҳқиқотӣ, вазоратҳо ва сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои саноатӣ ва ғайра кор кунанд.

Ба гуфтаи коршиносон, талабот ба чунин кадрҳо дар Тоҷикистон сол аз сол меафзояд. Ҳуши маснӯӣ имрӯз дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия, телекоммуникатсия, энергетика, саноат, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, логистика, инчунин савдо ва маркетинг бештар истифода мешавад.

Бояд гуфт, дар пайи рушди иқтисоди рақамӣ ва ҷорӣ шудани технологияҳои нав дар Тоҷикистон дар бозори меҳнат ба мутахассисони ҳуши маснӯӣ талабот зиёд аст.

Пештар Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар барои ҷорӣ кардани браузери ҳуши маснӯӣ дар бахши давлатӣ санадҳо қабул ва дар сад мактаби кишвар низ дарси ҳуши маснӯиро роҳандозӣ кард.

Аз соли хониши имсола дар беш аз 100 мактаби кишвар дарсҳои иловагии ҳуши маснӯӣ ба роҳ монда шуд ва ин дарсҳо берун аз барномаи таълимӣ буда, ҳафтае як маротиба барои синфҳои 10 ва 11 ройгон гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, бо вуҷуди талошҳои вазорату кумитаҳои дахлдор дар Тоҷикистон набудани мутахассисон дар соҳаи истифодаи ҳуши маснӯӣ аз мушкилоти доғ маҳсуб меёбад ва дар аксари вазорату идораҳо шеваи истифода аз онро намедонанд. Илова бар ин, интернети суст ва гарон ва маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар ҳам пеши роҳи рушджи босуръати ин соҳа шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.