“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Қаллобони сайберӣ дар Тоҷикистон усули тозае пайдо карданд: онҳо бо баҳонаи гузаштан ба шабакаи интернетии 5G ба шаҳрвандон занг зада, пули онҳоро аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои рақамӣ медузданд. Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти алоқа, Бонки миллӣ ва ширкатҳои мобилӣ ҳушдор медиҳанд, ки ин навъи қаллобӣ хатарнок буда, афзоиши нигаронкунанда дорад. Коршинос бошад, роҳи ҳимоя аз онро шарҳ дод.

Ва дар ин матлаб мо талош кардем қаллобии сайбериро муфассал, аммо сода барои хонандагон шарҳ диҳем.

“Беш аз 2 ҳазор долларам рабуда шуд”

Дилбар, як сокини Душанбе ба “Азия-Плюс” нақл кард, ки чӣ гуна ба доми қаллобон афтодааст. Ӯ гуфт, ки рӯзи 14-уми феврал бо рақами кории +992 37 223 2121 ба телефонаш занг омад. Аз он тараф духтаре бо русӣ ҳарф зада, худро корманди ширкати Tcell муаррифӣ кард.

“Гуфт, ки ширкат ҳамаи симкортҳоро ба интернети 5G мегузаронад ва аз ин пас 3G ва 4G кор намекунанд. Агар Шумо ба 5G нагузаред, симкортатон баста мешавад”, – мегӯяд Дилбар.

Ӯ афзуд, “пурсидам, ки чӣ бояд кард. “Корманди ширкат” гуфт, ки тариқи WhatsApp барномае мефиристем, онро бояд насб кунед ва телефонро дубора хомӯшу фаъол созед. Чанд дақиқа пас аз рақами русии +7 937 615-81-2 барномаи “5G+VOLTE.apk” дар ҳаҷми 33 мегабайт омад. Онро боргирӣ ва насб кардам”.

“Баъди чанд дақиқа аз картаи “Dushanbe City”-ам паём омад, ки маблағ интиқол шуд. Дар телефонам барномаҳои мобилии 4 бонк буд – “Dushanbe City”, “Алиф”, “Ориёнбонк” ва “Амонатбонк”. Ҳамаи барномаҳо шикаста ва маблағи ҳамаи кортҳо ба “Dushanbe City”-и ман интиқол ёфта, аз он ба бонки дигар фиристода шуд. Дар кортам доллари амрикоӣ буд, инчунин ҳама пули тоҷикиам – дар ҷамъ беш аз 2 ҳазор доллар рабуда шуд”, – нақл кард ӯ.

Дилбар ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД шикоят кардааст. Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқот нишон додааст, ки маблағ аввал ба корти як сокини пойтахт интиқол ёфта, сипас аз он ба як бонки дигари Русия, ки ба шаҳрванди 13-солаи сокини вилояти Самара рабт дорад, фиристода шуда, аз он боз интиқол ёфтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси барномае, ки тавассути он қаллобон ҳамёрҳоро рахна кардаанд

“Маъум нест, ки соҳиби корти “Dushanbe City”, ки маблағи ман ба ӯ интиқол ёфт, ба ин ҷоният даст дорад ё ӯ ҳам ҷабрдида аст. Намедонам, пули ман бармегардад ё не”, – бо нигаронӣ мегӯяд ӯ.

Сарусадо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Қаллобон айнан бо ҳамин роҳ ба дигар шаҳрвандони кишвар ҳам ба тамос баромадаанд. Аз ҷумла, рӯзноманигори тоҷик Иршод Сулаймонӣ гуфт, ки ба ӯ низ аз рақами +992 82 280 52 74 занг омад. Аз он сӯй бонуе бо русӣ ҳарф зада, худро корманди ширкати мухобиротии Tcell муаррифӣ кард.

“Гуфт, имрӯз рӯзи охирин аст ва агар кодеро нафиристӣ, аз фардо телефону ҳама кортҳои бонкият баста мешаванд. Ман гуфтам: "Бигзор баста шавад, ба ту чӣ?” Пас ба ӯ гуфтам, ки қаллобӣ. Хеле зуд тамосро қатъ кард”, – менависад Сулаймонӣ.

Муллораҷаб Юсуфӣ, рӯзноманигори дигар низ ба ин навъи қаллобӣ мувоҷеҳ шудааст. Ӯ ҳам навишт, ки аз рақами +992 37 223 2121 марде бо забони русӣ худро Алексей ва мушовири ширкати Tcell муаррифӣ кард.

“Ин мард гуфт, Tcell алоқаи 5G ҷорӣ кардааст ва ман бояд бо роҳнамоии онҳо танзимоти 5G-ро дар телефонам фаъол кунам. Ҳарчанд фаҳмидам қаллоб аст, аммо суҳбатро давом додам, то бинам кор ба куҷо мерасад. Ин мард баъди шунидани тамғаи телефон гуфт, ки мушовир аз тариқи WhatsApp бо шумо тамос мегирад ва чӣ гуна танзим кардани 5G-ро мефаҳмонад. Дар ҳақиқат чанд дақиқа пас аз як рақами Русия +7 960 335-45-74 ба WhatsApp-и ман занг омад, ки дигар ҷавоб надодам”, – навишт рӯзноманигор.

Дигар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам аз ин навъи қаллобӣ шикоят ва нигаронӣ доранд.

Вазир: “Ин мушкили тамоми дунё аст”

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ аз афзудани қаллобии интернетӣ нигаронӣ карда, навъи нави қаллобӣ – бо баҳонаи 5G-ро махсус ёдовар шуд.

МЕДИА (IFRAME)

“Шахсони бегона тариқи тамоси телефонӣ шаҳрвандонро ҷиҳати беҳтар кардани хидматрасонии интернетии 5G ҷалб карда, барои фаъол шудани он рамзи тасдиқ мепурсанд. Аз ҳама роҳи бехатар ин аст, ки дар телефон барномаҳои кортиро насб накунем, чунки роҳҳо хеле зиёд шудааст, қаллобон ба тарзҳои гуногун ба телефонҳо ва барномаҳои он дастрасӣ пайдо карда, ба ҳар роҳ маблағҳои ҳамёнҳои мобилиро дуздида истодаанд. Ин боиси ташвиш аст”, – гуфт Раҳимзода.

Ӯ изҳор дошт, ки ин корро “гурӯҳои муташаккили ҷиноятӣ” аз хориҷа анҷом медиҳанд: “ВКД ҳама чораҳои пешгирикунандаро меандешад, бо бонкҳо ва ширкатҳои мобилӣ ҳамкорӣ карда истодааст, лекин ин мушкили танҳо Тоҷикистон нест, мушкили амоми дунё аст. Мо бояд якҷоя кор кунем ва якҷоя пеши ин корро бигирем”.

Ба иттилои Саидаҳтам Ҳотамзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, соли 2025 вобаста ба ҷинояҳои киберӣ 45 парванди ҷиноятӣ алайҳи 114 тан боз шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, қаллобон аз кишварҳои Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина ва Маяма бо роҳҳои гуногун маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро тасарруф кардаанд.

Сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил гуфт, ки соли сипаришуда барои чунин ҷиноятҳо 7 кас дастгир шудааст. Аммо ӯ ҳувияти онҳо ва дар куҷо боздошт шуданашонро ошкоро нагуфт.

МЕДИА (IFRAME)

Tcell тавзеҳ дод

Дар пайи шикояти шаҳрвандон мо ва нигаронии мақомот ба ширкати Tcell муроҷиат карда, дар ин робита тавзеҳ пурсидем. Ширкати Tcell дар мавриди зангҳои қаллобӣ ба муштариён тавзеҳ дод, ки дар пайи санҷишҳои охир ҳодисаи рахна шудани низоми амниятӣ ё дуздида шудани маълумоти шахсӣ ошкор нашудааст. Ширкат гуфт, ки низоми ҳифзи иттилоот дар реҷаи муқаррарӣ кор мекунад ва барои муҳофизати пойгоҳи маълумоти муштариён аз механизмҳои бисёрсатҳаи ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ истифода мебарад.

Дар мавриди он ки чӣ гуна қаллобон аз хориҷа бо рақами шаҳрии Душанбе (+992 37 223 2121) занг мезананд, Tcell ҷавоб дод, ки ин як амали маъмули байналмилалии қаллобӣ мебошад. Ин усул берун аз инфрасохтори оператор амалӣ мегардад ва қаллобон рақами худро технологӣ иваз мекунанд. Ширкат илова кард, ки барои ошкор кардани ин гуна зангҳо бо шарикони байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад ва зангҳои воридотиро доимо назорат мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар робита ба суоли чаро ин зангҳо баста намешаванд, Tcell тавзеҳ дод, ки дар айни замон дар сатҳи байналмилалӣ ягон механизми ягона барои муайян кардани ҳақиқӣ будани рақами зангзананда (Caller ID) вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, ширкат гуфт, ки низоми мониторинги техникии худро пайваста такмил медиҳад, то хатарҳои мавҷударо кам кунад.

Ширкати Tcell расман таъкид кард, ки онҳо барои фаъол кардани хидматрасонии 5G ё дигар хидматҳо ҳеҷ гоҳ тавассути мессенҷерҳои WhatsApp ва Telegram ба муштариён занг намезананд, тавассути ин шабакаҳо ягон маълумоти махфиро дархост намекунад ва ҳар гуна муроҷиат аз ин тариқ қаллобӣ мебошад.

Барои фарқ кардани оператори воқеӣ аз қаллоб, Tcell шарҳ дод, ки кормандони ширкат ҳамеша дар доираи стандартҳо суҳбат мекунанд ва ҳеҷ гоҳ рамзи аз SMS омада, PIN-код ё маълумоти корти бонкиро намепурсанд. Ширкат гуфт, ки агар муштарӣ шубҳа кунад, ҳуқуқ дорад суҳбатро қатъ карда, мустақилона ба Маркази тамоси расмӣ занг занад.

Ҳушдори Хадамоти алоқа

Баъди афзудани шикоятҳо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам дар ин робита  ҳушдор дода, гуфт, ки ашхоси номаълум худро корманди бонк, оператор ё шахси шинос нишон дода, бо баҳонаҳои гуногун – “қарздоред”, “ҳисобатон баста мешавад”, “телефонатонро танзим мекунем” – рамзи SMS, рақами корт ва маълумоти махфиро мепурсанд.

Хадамоти алоқа хотирнишон кард, ки танзими интернети 4G ё 5G-ро аз дур анҷом додан имконнопазир аст ва барои он ягон рамз ё маълумоти бонкӣ лозим ҳам нест. Ин ниҳод ба шаҳрвандон тавсия дод, ки танҳо ба рақамҳои расмии ширкатҳои мобилӣ эътимод кунанд:

МЕДИА (IFRAME)

Бонкҳои кишвар ҳам бетараф нестанд

Бонкҳои Тоҷикистон ҳам дар пайи ин шикоятҳо вокуниш нашр кардаанд. Аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки қаллобон аз номи ширкатҳои Babylon, Tcell ва MegaFon аз хориҷи кишвар ба рақамҳои ба ҳамёнҳо васлшудаи муштариён занг зада, дархост мекунанд, ки “файл”-и ба воситаи Ватсап ё Телеграм равонкардаи онҳоро боз кунанд.

“Бо мақсади пешгирӣ тавсия медиҳем, ки ба зангҳои ношинос ҷавоб надиҳед ва қатъиян чунин файлҳоро накушоед, зеро ба ин васила қаллобон метавонанд ба ҳамёнҳо дастрасӣ пайдо карда, маблағҳои шуморо рабоянд. Ифшои рақами корт ё рамзи он ба шахсони сеюм хуб ҳам нест”, – омадааст дар ҳушдори БМТ.

“Амонатбонк”, бонки дигари Тоҷикистон, низ бо ҳамин мазмун ба муштариёнаш ҳушдор додааст: қаллобон аз номи провайдерҳо ваъда мекунанд, ки насли нави алоқаро насб мекунанд ва файл мефиристанд. Қатъиян ин файлҳоро нагушоед.

Бонкҳои “Алиф”, “Dushanbe City” ва “Ҳумо” – се бонке, ки маблағҳои Дилбарро аз кортҳояш рабуданд, дар саҳифаҳои расмии худ ин гуна ҳушдорро нашр накардаанд ва назари масъулини онҳо маълум нест.

Баъдтар аз бонки "Алиф" гуфтанд, ки вобаста ба ин навъи қаллобӣ корбаронашонро тариқи барномаи "Alif mobi" огоҳ кардаанд. Ва дар саҳифаашон дар ин мавзӯъ маводҳои омӯзишӣ низ нашр мекунанд.

Роҳҳои пешгирӣ

Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ва бонкҳои Тоҷикистон барои пешгирии ин навъи қаллобӣ чунин тавсия медиҳанд:

МЕДИА (IFRAME)

Дар хотир доред: амнияти молиявии шумо пеш аз ҳама ба ҳушёрии худи шумо вобаста аст. Ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқ, маълумоти корти бонкиро ба каси бегона надиҳед ва барномаҳои номаълумро дар телефони худ боргирӣ ва насб накунед.

Чӣ тавр худро муҳофиза бояд кард?

Рустам Гулов, мутахассиси фанновариҳои навин, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” иброз дошт, ки дар шароити имрӯза қаллобон аз соддалавҳӣ ва сатҳи пасти маърифати рақамии мардум истифода бурда, пайваста усулҳои нави фиребро пеш меоранд.

Ба қавли ӯ, бештар аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути усули "муҳандисии иҷтимоӣ" ба дом меафтанд, ки дар он қаллобон ба нуқтаҳои ҳассоси инсон, ба мисли боварҳои динӣ, эҳтиёҷоти молиявӣ ва ҳатто кунҷковӣ нисбат ба зиндагии шахсии дигарон даст мезананд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустам Гулов

Ин мутахассис иброз дошт, ки вақте сухан дар бораи фанновариҳои навин, ба мисли интернети 5G меравад, қаллобон аз ноогоҳии мардум истифода бурда, бо ваъдаҳои дурӯғини пайвастшавии имтиёзнок ё суръати фавқулода, корбаронро маҷбур мекунанд, ки ба пайвандҳои хатарнок "клик" кунанд ва бо ин роҳ маълумоти шахс ё маблағҳои онҳоро мерабоянд.

Дар мавриди роҳҳои пешгирӣ аз ин хатарҳо, Гулов таъкид кард, ки муҳимтарин силоҳ дар муқобили қаллобони интернетӣ ин тафаккури интиқодӣ мебошад.

Рустам Гулов мегӯяд, ки дар вазъияти шубҳанок, вақте ба шумо занг мезананд ё паёмак мефиристанд, набояд ба эҳсосот дода шуд, зеро ҳадафи асосии қаллобон дар ҳолати изтироб ва шитобкорӣ қарор додани қурбонӣ аст, то ӯ имкони фикр кардан ва интихоби дурустро надошта бошад.

Барои мисол меорад, ки агар дар месенҷерҳо аз номи шахсони ношинос паём, пайванд ё барномаие ирсол шавад, бидуни фикр онро боз накунед, зеро доме барои қаллобон буда метавонад.

Ин мутахассис иброз дошт, ки ба ғайр аз ҳушёрии равонӣ, риояи қоидаҳои техникии амният низ ҳатмист. Ӯ таъкид кард, ки барои ҳифзи саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳисобҳои бонкӣ, корбарон бояд аз рамзҳои мураккаб ва гуногун истифода бурда, ҳатман огоҳиномаҳо дар бораи воридшавӣ аз дастгоҳҳои навро фаъол созанд.

Рустам Гулов мегӯяд, ки пахш накардан ба пайвандҳои ношинос, насб накардани барномаҳои шубҳанок ва мунтазам навсозӣ кардани системаи оператсионии телефон метавонад садди роҳи бисёр ҳамлаҳои киберӣ гардад ва амнияти рақамии шаҳрвандонро таъмин намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.