Дар рӯзи 19-уми ҷанг алайҳи Эрон ва таниш дар Ховари Миёна, ки бо ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Ҷумҳурии Исломӣ шуруъ шуд, Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумак фиристод. Имрӯз, ҳамчунин, дар ҳоле, ки мардуми Эрон бо Алии Лориҷонӣ, яке аз чеҳраҳои матраҳи Эрон видоъ мегуфтанд, Вазорати дифои Исроил гуфт, Исмоил Хатиб, вазири иттилоот (истихборот)-и Эронро ҳам куштааст. Вале мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд. Охирин таҳаввулоти Ховари Миёнаро дар ин матлаби мо хонед.
Корвони ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо 110 мошин рӯзи 18-уми март ба Эрон раҳсипор шуд ва он аз 3 ҳазору 610 тонна бор, аз ҷумла, аз 45 тонна доруворӣ, маводи беҳдоштӣ, сару либоси кӯдакона, анвои гуногуни хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор, рахти хоб, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат аст.
Дар ҳамин ҳол, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба куштори Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломӣ гуфтааст, ки будан ва ё набудани як фард дар сохтори сиёсии Ҷумҳурии Исломӣ таъсир надорад.
Ӯ 18-уми март ба шабакаи “Ал-Ҷазира” гуфтааст, “мо фарди муҳимтар аз роҳбар надоштем ва ҳатто замоне, ки роҳбар ба шаҳодат расид, низом ба кори худаш идома дод ва билофосила ҷойгузин таъйин шуд”.
Ароқчӣ дар ин суҳбат, ҳатто бо ишора эҳтимоли кушта шудани худ зикр кардааст, ки агар рӯзе кушта шавад “дар ниҳояд фарди дигаре ҷойи ӯро хоҳад гирифт”.
Дар ҳамин ҳол, Амир Хотамӣ, фармондеҳи кулли Артиши Эрон гуфтааст, ки дар пайи кушта шудани Алии Лориҷонӣ дар ҳамлаи ҳавоии Амрикову Исроил “дар замон ва макони муносиб посухи қотеъ, боздоранда ва пушаймонкунанда” дода мешавад.
Алии Лориҷонӣ кист ва дар низоми Эрон чӣ нақше дошт, дар ин маводи мо хонед: Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Аз хабари тасдиқнашудаи куштори Исмоил Хатиб то идомаи ҳамлаи тарафҳо
Замоне, ки дар Эрон бо Алии Лориҷонӣ ва чанде аз қурбониёни дигари ин ҷанг хайрбод мекарданд, Исроил Катс, вазири дифои Исроил, ки қаблан дар бораи куштори Лориҷонӣ аввалин шуда хабар дод, аз кушта шудани Исмоил Хатиб, яке аз дигар чеҳраҳои матраҳи Эрон дар пайи як ҳамлаи Исроил хабар дод.
Мақомоти Эрон то ҳол ин хабарро рад ё тасдиқ накардаанд.
Вале дар пайи кушта шудани Лориҷонӣ, Сипоҳи посдорони Эрон хабар дод, ки ба самти Исроил мушакҳо партоб кардааст. Яке аз ин ҳамлаҳо боиси марги ду нафар шуда, ҳамлаҳои дигар боиси сӯхтор ва хисороти густурда шудаанд.
Гузориши расонаҳои нишон медиҳад, ки ҳамлаҳои шаби гузаштаи Эрон хисороти чашмрасе ба биноҳои Телавив ва Ҳайфо ворид кардааст.
Дар умум, теъдоди кушташудҳо дар Исроил аз оғози ҷанг ба 14 нафар расидааст. Танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар Исроил 192 захмӣ ба бемористонҳо интиқол ёфтаанд ва теъдоди умумии маҷрӯҳон аз оғози даргириҳо ба 3 ҳазору 727 нафар расидааст.
Дар посух ба ин, Амрикову Исроил шаби гузашта чанд ҳамла ба Эрон анҷом додаанд. Аз ҷумла, дар атрофи нерӯгоҳи ҳастаии Бушаҳр таркиш рух додааст. Созмони нерӯи ҳастаии Эрон гуфтааст, ки ҳамла ба ин нерӯгоҳ шоми сешанбеи 17-уми март рух дода, дар пайи он ҳеҷ зараре ба ин нерӯгоҳ нарасида ва касе аз кормандони он осеб надидааст.
Ҳамчунин, дар ҳамла ба як минтақаи маскунии вилояти Луристон 4 кас кушта ва 8 нафар захмӣ шудааст.
Ба ғайр аз ин, нисфирӯзии 18-уми март расонаҳои давлатии Эрон аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба таъсисоти нафтии Порси Ҷанубӣ ва Асалӯя хабар доданд. Ҷузъиёти ин ҳамла ҳоло маълум нест.
Таҳдиди Трамп ба кишварҳои узви НАТО
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз омодаи поён додани ҳамла ба Эрон нест, аммо “дар ояндаи бисёр наздик амалан аз он хориҷ хоҳем шуд”.
Ӯ ин суханҳоро 17-уми март ба хабарнигорон гуфт, вале санаи мушаххасеро зикр накард.
Дар идома, Трамп аз кишварҳои НАТО, ки ба дархости ӯ барои ташкили эътилофи бозкушоии тангаи Ҳурмуз ҷавоби рад доданд, танқид кардааст ва тасмими онҳоро “иштибоҳи бисёр аҳмақона” хондааст.
Раисҷумҳури Амрико афзудааст, “мо аз онҳо муҳофизат мекунем, аммо онҳо дар муқобил, ба вижа дар замони ниёз коре барои мо анҷом намедиҳанд”.
Баъд аз ин, Доналд Трамп дар саҳифааш дар “Truth Social” кишварҳои НАТО-ро тундтар интиқод карда, навиштааст, ки “дигар ниёзи кумаки кишварҳои НАТО-ро надорем ва ҳато тамоюл ҳам ба он надорем, аслан ҳеҷвақт ҳам надоштем. Ҳамчунин ба кумаки Ҷопон, Австралия ва Куриёи Ҷанубӣ ҳам ниёз надорем”.
Истеъфои як мансабдори баландпояи Амрико дар эътироз ба ҷанг алайҳи Эрон
Истодагарии Трамп дар ҷанг алайҳи Эрон дар ҳолест, ки рузи гузашта, Ҷозеф Кент, раиси Маркази миллии мубориза бо терроризми Амрико дар эътироз ба ҷанги ин кишвар алайҳи Эрон аз мақоми худ истеъфо дод. Ӯ моҳи феврали соли 2025 ба ин вазифа таъин шуда буд.
Кент 17-уми март, дар саҳифаи “Х”-аш навишт, ки “ман наметавонам бо виҷдони ором аз ҷанги кунунӣ бо Эрон пуштибонӣ кунам”.
"Эрон барои кишвари мо ҳеҷ таҳдиди фаврие эҷод накарда буд. Маълум аст, ки мо ин ҷангро аз сабаби фишори Исроил ва лоббии пурқудрати амрикоии он оғоз кардем", – илова кардааст ӯ.
Дар вокуниш ба истеъфои ӯ Доналд Трамп гуфт, "ман ӯро хуб намешинохтам, аммо вақте баёнияашро хондам, фаҳмидам, хуб шуд, ки рафт, чун гуфта буд, Эрон таҳдид нест".
Вазъ дар кишварҳои дигари Ховари Миёна
Бо идомаи ҷанг дар Эрон, таниш дар дигар кишварҳои Ховари Миёна ҳам идома дорад. Аз ҷумла, шабонарӯзи гузашта, ҳамлаҳо миёни Исроилу “Ҳизбуллоҳ” ва зарбаҳои Эрон ба зерсохтҳои Амрико дар ин минтақа идома дошт.
Танҳо дар пайи ду ҳамлаи Исроил ба маркази Бейрут дастикам 6 кас кушта шуда, 24 нафар захмӣ шудааст. Ба иттилои Вазорати тандурустии Лубнон дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба ин кишвар беш аз 900 тан кушта шудааст.
Субҳи 18-уми март сафорати Амрико дар Бағдод, пойтахти Ироқ низ мавриди ҳамлаҳои шадид қарор гирифтааст. Хабаргузории “AFP” навиштааст, ки дар “Минтақаи сабз”-и Бағдод, ки макони муҳофизашаванда ва мақари сафоратҳову созмонҳои байналмилалӣ, аст, садои чанд таркиш шунида шудааст. Аз оғози ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон ин аллакай бори чандум аст, ки сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Бағдод мавриди ҳамла қарор мегирад.
Ҳамчунин, шаби гузаштаи 17 ба 18-уми март Арабистони Саудӣ ва Кувайт аз ҳамлаҳои мушакиву паҳподӣ хабар доданд. Арабистон мегӯяд, 6 паҳподро дар шарқи кишвар раҳгирӣ кардааст.
Бояд гуфт, ки имрӯз нуздаҳумин рӯзи ҷанг дар Эрон ва таниш дар Ховари Миёна аст. Даргирие, ки бо ҳамлаи ҳавоии Амрикову Исроил ба Эрон шуруъ шуд, ки бо ҷавоби Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва пойгоҳҳоу зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёна идома дорад ва ҳанӯз поёни он маълум нест…
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон



