Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) пас аз бозгашт ба кишвараш фавран ба бозпурсӣ даъват шудааст.
Бино ба иттилои манобеи расонаи қирғизистонии Kaktus.media, Тошиев имрӯз, 19-уми март, вориди Қирғизистон шуда, мустақиман ба Сарраёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон бурда шудааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ ҳамчун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ мавриди бозпурсӣ қарор мегирад. Ҷузъиёти ин парвандаҳо ҳанӯз ифшо нашудааст.
Интизор меравад, ки пас аз анҷоми бозпурсӣ дар бинои ВКД, Қамчибек Тошиев ба саволҳои сершумори хабарнигорон, ки дар назди бино ҷамъ омадаанд, посух диҳад.
Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки мошини шахсии ӯ дар ҳудуди Сарраёсати тафтишотии ВКД қарор дорад.
Камчибек Тошиев рӯзи 10-уми феврал, аз сӯйи Содир Жапаров, раисҷумҳури ин кишвар ба истеъфо фиристода шуд. Ба ҷойи Тошиев генерал-майор Ҷумгалбек Шабданбеков, раиси КДАМ-и Қирғизистон таъин шуд.
Якҷо бо Тошиев, муовинҳои ӯ ҳам ба истеъфо фиристода шуданд.
Тошиев он вақт ҳам дар хориҷи кишвар, ба гуфтаи расонаҳо, дар Олмон буд, вале рӯзи 13-уми феврал ба Қирғизистон баргашта, изҳор дошт, ки табобаташро нотамом гузошта омадааст, вале пас аз чор рӯз, яъне 17-уми феврал, дубора кишварро тарк кард. Ӯ то ин дам дар хориҷ қарор дошт.
Расонаҳои Қирғизистон аз будубоши ӯ дар Олмон ва эҳтимол Испания хабар медоданд.
Қамчибек Тошиев аз “дӯстонии наздиктарин” ва ҳамақидаву ҳамсангари Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон дониста мешавад. Ӯ якҷо бо Жапаров паси панҷараи додгоҳ рафтааст, дар озодии раисҷумҳури кунунӣ саҳми муассир доштааст ва аз рӯзи аввали сари қудрат омадани Жапаров дар паҳлӯи ӯ ва дар вазифаи раиси КДАМ будааст.
Чанде пештар дар филми “Раисҷумҳур”, ки ба давраи ҳукмронии Жапапов бахшида шуда буд, Тошиев аз корномаи раисҷумҳураш бо эҳсосот ва ифтихор нақл кардааст.
Чанеде пеш аз истеъфои Тошиев дар саҳифаҳои қирғизии шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он ҳамакнун раиси пешини КДАМ мегӯяд, “дӯстӣ бо қудрату пул набояд чен карда шавад”.
Чанд лаҳза баъди эълони истеъфои Тошиев, расонаҳо Содир Жапаров сабаби ин истеъфоро шарҳ дод.
“Ман ин тасмимро пеш аз ҳама барои манфиати давлат, бо мақсади пешгирӣ аз ҷудоӣ дар ҷомеа, аз ҷумла миёни ниҳодҳои давлатӣ ва баръакс, барои тақвияти ваҳдат, гирифтам”, – гуфт Жапаров.
Худи Тошиев то ҳол дар бораи истеъфоаш расман ва ошкор чизе нагуфтааст.
Ёдовар мешавем, ки Тошиев дар музокироти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли баҳси марзӣ низ аз чеҳраҳои калидӣ буд. Ӯ аз ҷониби кишвари ҳамсоя роҳбарии ҳайати музокиротро ба зимма дошт вачанд маротиба ба Тоҷикистон сафар кардаву бо ҳамтои тоҷикаш мулоқот карда буд.
Фурӯпошии қудрати мувозӣ дар Қирғизистон. Ё чаро “бозӣ бо арбоб” ба поёни як давраи сиёсӣ анҷомид? Дар ин бора муфассал дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.



