Дар Ховари Миёна рӯзи 8-ум аст, ки даргириҳо идома дорад. Амрикову Исроил шабонарӯзи гузашта ба Эрон, махсусан Теҳрон ҳамлаҳои сахт анҷом додааст. Ҷумҳурии Исломӣ низ дар посух, Исроилро ҳадаф қарор дода, ҳамчунин ба чанде аз пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои Амрикоро дар кишварҳои Халиҷи Форс зарба задааст. Муҳимтарин ҳаводиси шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёнаро дар матлаби мо хонед.
Пизишкиён: Дигар ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла намекунем
Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳур ва узви Шӯрои муваққати раҳбарии Эрон гуфт, ки тасмим гирифтаанд, дигар ба кишварҳои ҳамсояашон ҳамла накунанд, агар аз хоки онҳо ба Эрон ҳамла сурат нагирад.
Пизишкиён чанд соат пеш дар як паёми телевизионӣ изҳор дошт, ки тасмими қатъи ҳамла ба кишварҳои ҳамсояи Эрон дар Шӯрои муваққати раҳбарии ин кишвар гирифта шудааст.
Ӯ аз кишварҳои ҳамсояи Эрон, ки мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, узрхоҳӣ карда, изҳор дошт, ки ин мавзуъ бояд бо роҳи дипломатӣ ҳал шавад.
“Агар мо ихтилофе дорем, беҳтар аст бо ҳам онро ҳал кунем, аммо бозичаи дасти Амрикову Исроил нашавем”, – илова кардааст Пизишкиён.

Ҳамчунин, рӯзи гузашта Масъуд Пизишкиён, дар саҳифаи “Х”-и худ аз талошҳои миёнаравии баъзе кишварҳо барои хотиа додани ҷанг хабар дод ва изҳор дошт, ки посухи мо ба ин кишварҳо равшан аст.
“Мо ба сулҳи пойдор дар минтақа пойбандем, аммо дар дифоъ аз иззат ва иқтидори кишвари худ заррае шаку шубҳа надорем”, – афзуд ӯ.
Раисҷумҳури Эрон таъкид кард, ки “мухотаби миёнҷигарӣ бояд касоне бошанд, ки бо дасти кам гирифтани мардуми Эрон оташафрӯзӣ карданд”.
МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Ҳамлаҳои давомдор ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта Исроил ба Теҳрон, аз ҷумла маҳаллаи Нозиобод ҳамла кардааст. Хабаргузории нимарасмии “Тасним” низ шабона ва субҳи имрӯз аз шунида шудани чанд таркиш дар нуқтаҳои гуногуни Теҳрон хабар дод.
Ба иттилои ин хабаргузорӣ, ҳамчунин дар пайи ҳамлаҳои шабонаи Амрико ва Исроил ба Исфаҳон 8 тан кушта шудааст. Дар ҳамла ба як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Қум ҳам 2 нафар кушта шудааст.
Дар Хузистон низ, ба ду дармонгоҳ ҳамла шудааст, ки осеби ҷиддӣ дидаанд. Нерӯҳои Эрон ҳамчунин аз раҳгирии як паҳпод дар ин минтақа ва як паҳподи дигар дар шаҳри Кирмон хабар додаанд.
Ҳамчунин, дар пайи ҳамлаҳои шаби гузашта фурудгоҳи “Меҳробод”-и Теҳрон ҳадаф қарор гирифтааст.

Нисфирӯзии 7-уми март, ҳамчунин ба яке аз пойгоҳҳои ёрии таъҷилии Теҳрон ҳамла шудааст.
Сухангӯи ҳукумати Эрон рӯзи гузашта дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ҳудуди 30%и кушташудаҳои ҳамлаҳои Амрикову Исроил дар Эрон кӯдакон ҳастанд.
Ҳилоли аҳмари Эрон гуфтааст, ки дар ин муддат ба 65 мактаб ва 13 маркази ин ҷамъият ҳамла шудааст.
Ба иттилои ин ин созмон, 6 ҳазору 668 бинои ғайринизомӣ 5 ҳазору 535 бинои истиқоматӣ ва 10 ҳазору 41 бинои тиҷоратӣ мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Артиши Исроил гуфтааст, рӯзи 7-уми март тавассути “80 ҷангада” ҳамлаҳои нав ба Эрон анҷом додааст.
Давоми шаби гузашта ва имрӯз низ, Эрон Исроилро ҳадаф қарор додааст. Расонаҳо аз шунида шудани “бонки хатар” дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар хабар додаанд. Таркишҳо дар Байтулмуқаддас низ шунида шудааст.
Ҷуъиёти бештари ин ҳамлаҳо маълум нест.
Сонсури шадиди расонаҳо аз ҷониби мақомоти амниятии Исроил дарёфти иттилоъи воқеӣ аз ин кишварро душвор кардааст.
Аз ҷумла, “ББС” рӯзи гузашта хабар дод, ки ҳатто ба рӯзноманигор дар маконҳои ғайристратегӣ низ иҷозаи сабт дода намешавад ва пас аз ҳамлаҳо ва ба садо даромадани “бонги хатар” наметавонанд рӯзноманигорон аз ҷойи ҳодиса гузориш диҳанд.
МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
Иддаои Трамп ва посухи Пизишкиён
Дар ҳамин ҳол, Доналд, Трамп, раисҷумҳури Амрико, дирӯз аз артиши Эрон “таслими беқайду шарт”-ро талаб карда буд.
Ӯ дар изҳороти хуб гуфта буд, ки “бори дигар аз ҳамаи аъзои Сипоҳи посдорон, артиш ва нерӯҳои пулиси Эрон мехоҳам, силоҳҳои худро замин гузоранд. Дар ғайри ин сурат танҳо чизе, ки насибашон хоҳад шуд, марг аст”.
Вале Масъуд Пизишкиён дар вокуниш ба ин иддаои Трамп гуфт, “чунин хоберо бояд онҳо бо худашон ба хок баранд”.
“Ин ки мо бидуни қайду шарт бихоҳем таслим шавем, чунин хоберо бояд онҳо бо худашон ба хок баранд. Он чизе, ки мо ба он пойбандем қонунҳои байналмилалӣ, чорчубҳои инсонист ва он усуле, ки онҳо дам аз он мезананд, бояд ба он пойбанд бошанд ва ҳаққу ҳуқуқҳои ҳамаи кишварҳоро, табиатан Эрони моро онҳо ҳақ надоранд, нодида бигиранд”, изҳор дошт ӯ 7-уми март дар муроҷиати худ ба мардуми кишвараш.
Ӯ аз мардуми кишвараш даъват кард, ки “ҳама бояд даст ба дасти ҳам диҳем ва аз обу хоку сарзамини худамон бо қудрат дифоъ кунем ва то пойи ҷон истодаем, то Эронамонро сарбаланд аз ин буҳроне, ки ҳаст берун кашем”.
Расонаҳо: Русия маълумоти маконҳои ҷойгиршавии нерӯҳо ва иншооти низомии Амрикоро ба Эрон медиҳад
Бо гузашти беш аз як ҳафта аз ҷанг, имрӯз, расонаҳо гузориш додаанд, ки Русия иттилооти мавзеъу қароргоҳҳои нерӯҳои амрикоӣ ва иншооти низомии Амрикоро дар ихтиёри Эрон қарор додааст.
Дасти кам ду расонаи амрикоӣ – рӯзномаи “Washington Post” ва шабакаи “CBS News” бо такя ба манбаъҳои худ навиштаанд, ки маълумоти иктишофие, ки Русия ба Эрон медиҳад, шомили маҳалли ҷойгиршавии новҳо ва ҳамвопаймоҳои ҷангии Амрико ҳастанд.

Мақомоти Эрон ва Маскав дар ин бора расман иттилоъ надодаанд.
Вале Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико бидуни тасдиқ ё рад кардани хабари кумаки иттилоотии Русия ба Эрон, гуфтааст, ки "фармондеҳони мо аз ҳама чиз иттилоъ доранд”.
Ин дар ҳолест, ки чанд соат пеш аз пахши ин иттилоъ, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пас аз ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон бори аввал бо Масъуд Пизишкиён телефонӣ суҳбат кард.
Ӯ дар ин сӯҳбат, куштори Алии Хоманаӣ, раҳбари олии ин кишвар, аъзои оилааш ва фармондеҳони низомӣ ва сиёсии кишвар, инчунин талафоти зиёди ғайринизомӣ ба Масъуд Пизишкиён тасаллият гуфтааст.
МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.
Раисҷумҳури Русия ба “қатъи фаврии хусуматҳо дар Ховари Миёна ва бозгашти ҳарчӣ зудтар ба ҳаллу фасли сиёсӣ ва дипломатӣ таъкид кардааст.
Масъуд Пизишкиён, дар ин суҳбат таъкид кардааст, Эрон ҳамеша роҳи дипломатиро пеш гирифтааст, “аммо ба ҳамагон аён гашт, ки дуруғгӯӣ ва хабосат ҷузъи зоти онҳост ва дар миёнаи музокира бори дигар ба мо ҳамла карданд”.
Ҳушдор ба кишварҳои Аврупо
Дар ҳамин ҳол, Маҷид Тахтравончӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, аз қабл ба кишварҳои аврупоӣ ҳушдор дода шудааст, ки агар дар ҷанг алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ ширкат кунанд, ба ҳадафҳои қонунии ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Эрон табдил хоҳанд ёфт.
Ӯ рӯзи 6-уми март дар суҳбат бо шабакаи “France 24” илова кардааст, "ҳар кишваре, ки ба Амрико ва Исроил дар таҷовуз алайҳи Эрон ҳамроҳ шавад, бидуни тардид, он кишвар низ ҳадафи қонунии интиқомҷӯёнаи Эрон хоҳад буд".
Ин дар ҳолест, ки то рӯзи 6-уми март 6 кишвари аврпуоӣ омодагии худро барои кумак ба “муттаҳидони худ” дар Халиҷи Форс эълон карда буданд.
Ҳамчунин, Амрико як ҷангандаҳои худро дар яке аз пойгоҳҳои Бритониё дар минтақа ҷойгир кардааст. Қаблан Кир Стармер, сарвазири ин кишвар гуфта буд, ки ба Амрико барои истифода аз пойгоҳҳояш дар иҷоза додааст.
Буҳрони нафт ва коҳиши таҳримҳои Амрико алайҳи нафти Русия
Зимнан, Амрико дар пайи афзоиши арзиши нафт дар пайи даргириҳо дар Ховари Миёна таҳримҳои худро алайҳи нафти Русия коҳиш додааст.
Вазири хазинадории Амрико, гуфтааст, ки барои кам кардани ин таъсир дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ба Ҳинд барои хариди нафти таҳримшуда аз Русия 30 рӯз иҷоза додааст.
Интизор меравад, ки кам кардани таҳримҳо бештар шавад.

Доналд Трамп пас аз ҳамлаи Маскав ба Украина, нафти Русияро таҳрим кард ва харидоронро маҷбур сохт, ки барои он ҷойгузин ҷустуҷӯ кунанд.
“Ройтерз” чанд пӯз пеш навишт, ки Чин бо Эрон музокира мекунад, то ба киштиҳои ҳомили нафти хом ва гази моеи Қатар барои гузаштан аз тангаи Ҳурмуз иҷозат диҳад.
Пас аз ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон, таҳдидҳои Ҷумҳурии Исломӣ боис шуд, ки рафтуомади киштиҳои нафткашон аз тангаи Ҳурмуз қатъ шавад.
Тақрибан 20% нафти ҷаҳон аз тангаи Ҳурмуз убур мекунад ва ин боис шуд, ки танҳо дар чанд рӯзи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ 20% гарон шуд.
Вазъ дар Ховари Миёна
Исроил давоми шабонарӯзи гузашта ба чанд минтақа дар Лубнон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст. Дар пайи ҳамлаҳои субҳи имрӯзи Исроил дар Лубнон 12 нафар кушта шудааст.
Дар посух ба ҳамлаҳои Исроил “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ба якчанд макон дар шимоли Исроил мушак партоб кардааст. Ҳамчунин, “Ҳизбуллоҳ” аз даргирӣ бо нерӯҳои исроилӣ дар марз хабар додааст.
Тибқи маълумоти ахар, дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон 217 тан кушта ва беш аз 600 нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ низ, субҳи 7-уми март аз ҳамла ба "гурӯҳҳои ҷудоиталаб" дар минтақаи Курдистони Ироқ гузориш дод. Расонаҳо низ, аз шунида шудани чанд таркиш дар ин минтақа хабар доданд.
Сипоҳи посдорон дар изҳороти худ гуфтааст, ки “агар гурӯҳҳои ҷудоиталаб дар ин минтақа алайҳи тамомияти арзии Эрон иқдоме анҷом диҳанд, мо онҳоро ҳадаф қарор хоҳем дод”. Ҳамчунин Сипоҳ гуфт, як нафткашро дар пайи беэътиборӣ ба ҳушдорҳо мавриди ҳамла қарор додааст.
МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ва посухи Эрон. Шаби гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Арабистони Саудӣ субҳи 7-уми март аз раҳгирии ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакӣ ба як полоишгоҳи нафтӣ ва як пойгоҳи ҳавоӣ хабар дод.
Ба иттилои ширкати нафтии Арабистон “Арамко”, ин майдон ҳар рӯз як миллион баррел нафт истеҳсол мекунад.
Рӯзи гузашта низ ин кишвр аз раҳгирии чанд паҳпод хабар дода буд.
Рӯзи гузашта низ, Қатар, Кувайт ва Иморати Муттаҳидаи Арабӣ аз ворид шудани мушакҳо ва паҳподҳо ба қаламравҳои худ хабар додаанд.
Қатар гуфт, ки системаҳои дифоъи ҳавоии он 6-уми март аз 10 ҳавопаймои бесарнишини эронӣ, ки рӯзи ҷумъа ба ин кишвар партоб шуда буд, 9-тои онро раҳгирӣ кардааст.
Фурудгоҳи Дубайи Иморот дар пайи хатари ҳамлаҳо дубора баста шуд. Ин фурудгоҳ 28-уми феврал дар пайи даргириҳо дар Ховари Миёна парвозҳои худро лағв карда, 2-юми март қисман парвозҳоро иҷозат дода буд.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон
Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.