Home Blog Page 12

Роҳбари Маркази тоҷикони Қазоқистон: Ҳамватанони мо маҳз тавассути “Азия-Плюс” маълумоти зарурӣ ва боэътимодро дар бораи Тоҷикистон мегиранд

0

Сисолагии “Азия-Плюс”-ро на танҳо шарикону сарпарастон, ҳамкасбону ҳаводорон ва хонандагон аз дохили Тоҷикистон, ҳамчунин берун аз он табрик мекунанд. Аз ҷумла, дирӯз аз номи Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон ба унвонии мо номаи табрикотӣ расид.

Дар ин паём, ки аз номи Акбарҷон Исмоилов, роҳбари марказ ирсол шуд, аз ҷумла зикр мешавад, ки дар тӯли се даҳсола, “Азия Плюс” роҳи назарраси рушду нумӯро тай карда, ба рамзи журналистикаи мустақил, касбӣ ва масъулиятшинос дар Тоҷикистон табдил ёфт.

Ӯ ҳамчунин, саҳми расонаро дар тақвияти фазои иттилоотӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва пешбурди принсипҳои ошкорбаёнӣ ва муколамаи озод махсус таъкид кардааст.

“Ҳамчун намояндаи тоҷикони Қазоқистон ва ҳамчун шаҳрванди Қазоқистон, ман мехоҳам нақши “Азия Плюс”-ро дар ҳаёти тоҷикони муқими Қазоқистон махсусан таъкид кунам. Солҳои зиёд маҳз тавассути нашрияи шумо ҳазорҳо ҳамватанони мо маълумоти зарурӣ, боэътимод ва муҳимро дар бораи рӯйдодҳои Тоҷикистон гирифтаанд. Дар айни замон, шумо мунтазам дар бораи ҳаёти тоҷикони Қазоқистон маълумот медиҳед ва дастовардҳо, ташаббусҳо ва саҳми онҳоро дар ҷомеа таъкид мекунед”, – зикр мешавад дар номаи табрикотии Марказ.

Исмоилов дар номаи худ аҳамияти кори расонаро дар таҳкими робитаҳо байни Қазоқистон ва Тоҷикистон таъкид карда, гуфтааст, ки “моро таърихи муштарак, арзишҳои маънавӣ, эҳтироми мутақобила ва кушиши рушд ва шукуфоӣ муттаҳид мекунад”.

Дар охир, ӯ ба тими “Азия Плюс” муваффақият, фатҳи қуллаҳои нави касбӣ, илҳоми эҷодӣ, субот ва шукуфоӣ орзу кардааст.

Ёдовар мешавем, ки 2-юми апрел соли 1996 аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилии “Азия-Плюс” ба наш расид. Нашри ин варақаи иттилоотӣ таҳлилӣ, ба ташаккули Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” оғоз бахшид.

Он имрӯз ҳафтанома, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ бо се забон – забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳияву пешниҳод менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 17:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши “Ман кистам?” (“Кто Я”) ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши билет аз 50 то 80 сомонӣ вобаста ба ҷойи нишаст буда, дар сомонаи chipta.tj дастрас аст.

– Имрӯз соати 11:00 дар Тетари давлатии лӯхтак дар шаҳри Душанбе намоиши ҷашнии “Наврӯзи аҷам” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши билет барои вуруд 25 сомона буда, аз сомонаи ticketon метавон дастрас кард.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1930 – Экспедитсияи тоҷикӣ-помирии Академияи илмҳои СССР ташкил шуд.

Соли 1930 – Рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” таъсис ёфт, ки баъдан номи он ба “Ҷавонони Тоҷикистон” иваз шуд.

Соли 2010 – Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ба шаҳри Душанбе омад.

Соли 2019 – Дар Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Дар он ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад аз иғвоангезӣ пешгирӣ кунанд.

Ахиран, масоили марзӣ ҳаллӣ худро ёфт ва 31-уми март дар Хуҷанд президентони ду кишвар созишномаи ниҳоиро ба имзо расониданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1950 – Мавлуди Бекмуҳаммад Асомуддинов, ҳунарпешаи театр.

Соли 1962 – Зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Моҳрухсор Сафиева, ки соли 2023 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мушарраф гардид, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода буда, фаъолияти ҳунариашро дар ансамбли фолклорӣ-этнографии “Ганҷина”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси сароянда оғоз намудааст.

Соли 1989 узви дастаи навтаъсиси “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ гардид ва соли 2004 ба ансамбли навтаъсиси дигари ҳамин кумита “Фалак” гузашт.

Ӯ дар иҷрои сурудҳои халқию фалакӣ маҳорат дорад. “Нолаи дутор”, “Модар”, “Муҳаббат”, “Садқаи номат шавам”, “Афсонаи най”, “Афсуни вафо”, “Ёри ранҷида”, “Худо ёрат бод”, “Ҷони миллат”, “Шаб мегузарад” намунаи таронаҳояш мебошанд.

Соли 1972 – Зодрӯзи Қудрат Давлатзода, иқтисоддони тоҷик, доктори илмҳои иқтисод, профессор, узви Кумитаи Маҷлиси миллӣ.

Соли 1981 – Мавлуди Абдулфаттоҳ Аминзода, фолклоршинос ва фарҳангшиноси тоҷик, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг.

Соли 2003 – Гулчеҳра Сулаймонӣ, Шоири халқии Тоҷикистон дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

Гулчеҳра Сулаймонӣ хонаводаи шоири шаҳиру навовар Пайрав Сулаймонӣ дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ яке аз шоирони бачагонаи тоҷик буд ва барои кӯдакон шеърҳои ҷолибу самимӣ эҷод кардааст, ки “Бибиҷонам меояд” намунаи беҳтарини онҳост.

Гулчеҳра Сулаймонӣ то соли 1988 дар маҷаллаву рӯзномаҳои гуногуни кишвар фаъоляит мекард ва машғули кори эҷодӣ буд. Ӯ муаллифи беш аз 20 маҷмӯаи ашъор мебошад.

“Чил кокули бозигар”, “Имрӯз ид”, “Ду бех олу”, “Чархофалак”, “Лолаҳои дасти ман” аз маҷмуаҳои таълифнамудаи мавсуфанд.

Соли 2018 – Мирзо Аҳмадзода, адабиётшинос ва шарқшиниси тоҷик дар 87-солагӣ даргузашт.

Соли 2021 – Иқбол Тешаев (Илёсзода), журналист, сухангӯи пешини ҳукумати шаҳри Исфара дар 51-солагӣ аз олам даргузашт.

Иқбол Тешаев солҳи ахири зиндагиаш ба унвони сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара дар баҳсҳои марзӣ бо кишвари ҳамсояи Қирғизистон хеле фаъол буд. Аз марҳум ба унвони яке аз дастрастарин сухангӯёни ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон ном бурда мешуд.

Ӯ хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва дар шаҳри Исфара ҳамчунин як маҷаллаеро бо номи “Ганҷи Исфара” таъсис дода, сардабири он буд.

Соли 2025 – Субҳон Ибодов, физикдон ва ахтаршиноси тоҷик дар синни 81 даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

5 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ахлоқ таҷлил мешавад. Қарорномаи марбут ба ин сана 25 июли соли 2019 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул шудааст. Ахлоқ, ки қисман синоними этика ва маърифат аст, навъе аз меъёрҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад, ки муносибатҳои байни одамонро дар ҷомеа танзим мекунад.

СММ таъкид мекунад, ки нақши арзишҳои ахлоқӣ дар расидан ба рушди устувори ҷаҳонӣ бузург аст ва ин мутобиқ ба барномаҳо ва вазифаҳои ин ташкилоти байналмилалист.

5 апрели соли 1722 экспедитсияи Якуб Роггевен ҷазираи Пасхаро кашф кард. Голландиҳо аз дидани сокинони ранги пӯсташон сиёҳу сурх ҳайратзада шуданд, вале беш аз он ҳайкалу бутҳои сангини то 20-метра, ки дар соҳил гузошта шуда буданд, онҳоро дар тааҷҷуб монданд.

Имрӯз ҷазираи Пасха ба Чили тааллуқ дорад ва бо ҷазираи Тристан-да-Куня яке аз ҷазираҳои аз ҳама дур аз қитъаҳои аҳолинишин ба шумор меравад. Масофа то соҳили қитъавии Чили 3703 км ва то наздиктарин маҳали зист – ҷазираи Питкерн 1819 км аст.

5 апрели соли 1955 баъди беш аз 50 соли фаъолияти сиёсӣ, Уинстон Черчилл аз мансаби сарвазири Британия истеъфо дод. Ин охирин канораҷӯии ӯ аз мансаб ва сиёсат буд.

Черчилл дар таърихи Британия ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи сиёсии асри ХХ боқӣ мондааст, ки дар давраи ҳукмронии шаш подшоҳ – аз малика Виктория то набераи ӯ Елизаветаи II фаъолият кардааст. Ӯ дипломати моҳир ва сиёсатмадори тавоно буд. Яке аз нишонаҳои иродаи қавии ӯ идомаи ҷанг то ғалаба бар фашистони Олмон новобаста аз мухолифати баъзе аъзои ҳукуматаш мебошад.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии шӯрбо аст. Таърихи шӯрбо ҳамқадами таърихи санъати пухтупаз аст. Дар ҳар як кишвар шӯрбо бо услуби миллӣ омода мешаванд. Дар ҷаҳон тақрибан 150 намуди асосии шӯрбо вуҷуд дорад ва ҳар навъ дорои чандин вариант аст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 11+16º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5+10º гарм, дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, рузона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 13+15º гарм.  

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 7+9º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 5 ба 6-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

0

Ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи 3-юми апрел эълон кард, ки нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи кишварро 100% иҷро кардааст. Ҳукумати вилояти Суғд рӯзи гузашта хабар дод, ки дар рӯзи якуми маъракаи ҷалби ҷавонон ба артиш 46%-и нақша дар ин вилоят иҷро шудааст.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон қаблан эълон карда буд, ки дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

Ба итилои расмӣ то ҳол, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт ва чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла, Бохтар, Кӯлоб, Норак, Дӯстӣ, Ёвон, Вахш, Муъминобод ва Фархор аз иҷрои пураи нақшаи даъват гузориш додаанд.

Маълум нест, ки нақшаи даъват дар  Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеаи марказ чанд дарсад иҷро шудааст.

Мақомот иҷрои нақша дар рӯзи аввали маъракаи даъват ва як рӯз қабл аз оғози онро “афзоиши ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ” арзёбӣ мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.

Ҳамасола бо шуруъи маъракаи давъати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гуфта мешавад.

Ҳамчунин, ҳар сол бо оғози мавсими даъват ба хидмати ҳарбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои латукӯби сарбозон паҳн мешуд ва аз боздошти иҷбории ҷавононписарон аз сӯйи нафарони номаълум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардида, вокуниши ҷомеаро ба вуҷуд оварда буд.

Мақомот вуҷуди “облава”- ро ҳамеша рад мекунанд. Аммо мегӯянд, ки дар ҳолати баъди гирифтани даъватнома ҳозир нашудани ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ, мақомоти пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сафоратҳои Чин, Ҷопон, Белорус ва Ӯзбекистон “Азия-Плюс”-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик карданд

0

Ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аз ҷониби шарикону сарпарастон, ҳамкасбону кормандони пешин ва мансабдорону сафирони кишварҳои гуногун ва созмонҳои байналмилалӣ ба унвонии мо табиркоти зиёд ворид мешавад. Дирӯз, аз ҷумла, сафоратҳои Чин, Ҷопон, Ӯзбекистон ва Белорус дар Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро табрик гуфтанд.

Аз ҷумла, Кейко Фурута, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон дар номаи табрикии худ, сатҳи баланди ҳамкории ин ниҳоди дипломатиро бо гурӯҳи расонаҳо таъкид кард ва гуфт, ки ҷониби Ҷопон касбият ва кӯшиши рӯзноманигоронро барои инъикоси одилона ва объективии рӯйдодҳо хеле қадр мекунанд.

Ӯ таъкид кард, ки бо шарофати равиши мутавозин ва мустақили ҳайати таҳририя, сокинони кишвар дар бораи лоиҳаҳо ва ташабусҳои Ҷопон дар соҳаи рушди устувор, фарҳанг ва ҳамкории гуманитарӣ маълумот мегиранд.

“Умедворам, ки гузоришҳои шумо дар оянда ба одамон дар тамоми ҷаҳон — ҳам ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам ба хориҷиёне, ки дар кишвар зиндагӣ мекунанд, кӯмак мекунанд, то Тоҷикистон ва рӯйдодҳои ҷаҳонро амиқтар ва дақиқтар шиносанд”, — таъкид кард сафир.

Кейко Фурута инчунин изҳори эътимод кард, ки ҳамкории байни сафорат ва гурӯҳи расонаҳо бомуваффақият идома хоҳад ёфт ва ин ба таҳкими ҳамкории мутақобила ва робитаҳои дӯстона байни Ҷопон ва Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Дар охир, ӯ ба тими “Азия-Плюс” муваффақиятҳои нав, рушд, илҳоми эҷодӣ ва дастовардҳои нави касбӣ таманно кард.

Сафорати Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон низ бо ирсоли номаи табрикӣ, тими “Азия-Плюс”-ро бо 30-солагии таъсисёбиаш табрик кард.

Николай Колодкин, ваколатдори муваққатии сафорат дар паёми худ таъкид кард, ки се даҳсолаи фаъолияти “Азия-Плюс” саҳми назаррасе дар инъикоси рӯйдодҳо ва рушди фазои муосири иттилоотии Тоҷикистон гузоштааст. Таваҷҷӯҳи махсус ба инъикоси муносибатҳои Белорус ва Тоҷикистон равона карда шудааст, ки дӯстии байни мардуми ду кишварро тақвият медиҳад.

“Инъикоси объективии ҳамкориҳо ба таҳкими дӯстии байни мардуми Белорус ва Тоҷикистон мусоидат мекунад. Ман итминон дорам, ки таҷрибаи ҷамъшуда ва зарфияти баланди эҷодии расона барои манфиати ҷомеа ва ба рушди муколамаи созандаи иттилоотӣ хидмат мекунад”, — таъкид кард Николай Колодкин.

Дар номаи табрикотӣ, аҳамияти касбият ва садоқат ба анъанаҳои беҳтари рӯзноманигорӣ таъкид шуда, инчунин барои тими “Азия-Плюс” илҳоми саршор, лоиҳаҳои нав ба нав ва пайгирони бештар таманно шудааст.

Ҳамчунин, мо аз Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон паёми табрикӣ дарёфт кардем.

Дар табрикот зикр мешавад, ки “Азия-Плюс” дар тӯли се даҳсола дар рушди фазои расонаҳои миллии Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, ба яке аз манбаъҳои бонуфуз ва мӯътабари иттилоот дар кишвар табдил ёфтааст. Дар паём ба касбияти баланди даста, масъулият ва садоқати онҳо ба инъикоси объективӣ таъкид шудааст, ки эътимоди аудиторияро тақвият додааст.

“Мо нақши шуморо дар ташаккули фарҳанги муколамаи ошкоро ва мубодилаи созанда махсусан қадр мекунем. Бо шарофати таҷрибаи даста, татбиқи технологияҳои муосир ва вокуниши саривақтӣ ба мушкилоти замон, “Азия-Плюс” ба як пойгоҳи муҳим барои муҳокимаи масъалаҳои муҳим табдил ёфтааст”, — гуфта мешавад дар табрикот.

Ҳамчунин, дар он аҳамияти фаъолияти гурӯҳи расонаҳоро барои таҳкими институтҳои демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва имиҷи байналмилалии кишвар таъкид шудааст.

Дар охир, барои ҳамаи кормандон рушди минбаъда, ташаббусҳои нави эҷодӣ, нигоҳ доштани мавқеи пешсаф дар байни расонаҳо, саломатӣ ва дастовардҳои касбӣ таманно кардаанд.

Ба ғайр аз ин, паёми табрикии Го Чжисзюн, сафири Чин дар Тоҷикистон ба унвонии “Азия-Плюс” расид. Дар он аз ҷумла зикр мешавад, ки 30 сол сафари пур аз дастовардҳо ва заҳмати беандоза аст. Ҳамчун як нерӯи муҳим дар паҳн кардани иттилоот дар Тоҷикистон, оҷонсии шумо ҳамеша ба принсипҳои касбият риоя мекунад ва ба ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон маълумоти воқеъбинона, ҳамаҷониба ва фаҳмо мерасонад.

“30 сол на танҳо як марҳилаи муҳим, ҳамчунин як нуқтаи муҳим барои оғози нав мебошад. Дар тӯли беш аз 30 сол муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон мунтазам рушд кардаанд. Хусусан дар солҳои охир, таҳти роҳбарии сарони давлатҳои мо, муносибатҳои ду давлат дар давраи нав ба сатҳи ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегӣ ва шарикӣ расидаанд”, – зикр мешавад дар номаи табрикии сафири Чин.

Дар он ҳамчунин, зикр мешавад, ки солҳои зиёд аст, ки сафорати Чин дар Тоҷикистон ва Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс” шарикии самарабахшро нигоҳ медоранд, ки онро хеле қадр мекунанд. Сафири Чин изҳори умедворӣ кардааст, ки минбаъд низ муносибатҳои мутақобила ва талошҳои муштараки худро барои мусоидат ба мубодилаи иттилоот, тафоҳуми мутақобила байни мардумони худ ва бунёди ҷомеаи боз ҳам наздиктари Чин ва Тоҷикистон тақвият медиҳанд.

Дар охир, Го Чжисзюн, ба расона шукуфоӣ ва муваффақият орзу кардаст.

Ёдовар мешавем, ки 2-юми апрел соли 1996 аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилии “Азия-Плюс” ба наш расид. Нашри ин варақаи иттилоотӣ таҳлилӣ, ба ташаккули Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” оғоз бахшид.

Он имрӯз ҳафтанома, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ бо се забон – забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳияву пешниҳод менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Баъзе омӯзгорон аз хидмати ҳарбӣ озод нестанд. Кадом омӯзгор аз хидмати ҳарбӣ озод мешавад ва кадомаш на?

0
Аз сомонаи uzreport.news

Ҳоло дар кишвар мавсими баҳории даъват ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд ва он ду моҳ идома меёбад. Соли 2025 барои ҳифзи мақоми омӯзгор қонуни нав қабул шуд ва дертар дар асоси он ба қонуни хидмати ҳарбӣ тағйирот ворид гардид. Мувофиқи он барои ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбии бархе омӯзгорон имтиёз дода шуд. Аммо саволҳои зиёде боқӣ монд: кадом омӯзгорон аз ин имтиёз баҳраваранд ва кадомҳо – на? Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Маркази милии қонунгузорӣ ба “Азия-Плюс” тавзеҳ доданд.

Аз “деҳот” то “умумӣ” – тағйироти қонунгузорӣ

Дар Тоҷикистон то моҳи октябри соли 2025 танҳо омӯзгорони мактабҳои деҳот дар вақти кор аз хидмати ҳарбӣ озод буданд. Ҳамкасбони онҳо дар шаҳру ноҳияҳо ба артиш даъват мешуданд. Охири соли 2025 Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” қабул шуд, ки мувофиқи он омӯзгорони шаҳру ноҳия низ имтиёзи ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбиро ба даст оварданд.

Пасон парлумон, дар асоси қонуни қабулшуда, ба Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид кард: дар моддаи 31-и ин қонун калимаҳои “умумии деҳот” ба калимаи “умумӣ” иваз карда шуд. Яъне, тибқи ин тағйирот омӯзгорони муассисоти таҳсилоти умумии навоҳиву шарҳҳоро ҳам ҳуқуқ пайдо карданд, ки дар замони фаъолият хидмати ҳарбиро ба таъхир гузоранд.

Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илм дар парлумон изҳор дошт, ки ин тағйирот бо мақсади баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва ҳалли мушкили норасоии кадрӣ ворид карда шудааст.

Акнун, сархати 11-и моддаи 5-и Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” ба ҳамаи омӯзгорон ҳуқуқ медиҳад, ки адои хидмати ҳарбиро ба таъхир гузоранд, вале боз сархати 4, қисми 2, моддаи 31-и Қонун  “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ин имтиёзро маҳдуд мекунад. Яъне тибқи ин, танҳо омӯзороне, ки равияҳои омӯзгориро хатм кардаанд ва дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кор мекунанд, ҳаққи ба таъхир андохтани худмати ҳарбиро доранд.

Дар ин росто, корбарони “Азия-Плюс” савол гузоштанд: кадом омӯзгорон метавонанд хидмати ҳарбиро ба таъхир гузоранд?

Шарти якум. Кор дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Аз Вазорати маориф ва илм дар посухи хаттӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки тибқи талаботи моддаи 31, қисми 2, банди 4-и Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” танҳо омӯзгорони “муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ” ҳуқуқ доранд, ки хидмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро ба таъхир гузорад.

Ба гурӯҳи “муассисаҳои таҳсилоти умумӣ”, мувофиқи Низомнома, инҳо дохил мешаванд:

– Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ (синфҳои 1-4);

– Муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 5-9);

– Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 10-11);

– Гимназияҳо;

– Литсейҳо;

– Мактабҳои президентӣ;

– Мактаб-интернатҳо.

Яъне, омӯзгороне, ки дар муассисоти болозикр фаъолият мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки хидмати ҳарбии ҳатмиро ба таъхир гузоранд. Омӯзгороне, ки дар дигар муассисот, аз ҷумла дар коллеҷҳо, донишкадаҳо ва донишгоҳҳо кор мекунанд, аз имтиёзи мазкур баҳравар нестанд.

Шарти дуюм. Таҳсилоти олии омӯзгорӣ

Дар ҳамин ҳол, дар асоси банди дигари ин қонун, ҳатто ҳамаи омӯзгорони “муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” ҳам аз ин имтиёз баҳравар нестанд. Дар моддаи 31-и Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” таъкид шудааст, ки омӯзгорони “таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта” дар вақти фаъолият аз хидмати ҳарбӣ озод мешавад.

Ин нуктаро ҳам Вазорати маориф ва илм ба мо тавзеҳ дод: ҳар муҳассиле, ки донишкадаву донишгоҳҳоро дар “равияи омӯзгорӣ” хатм мекунад, “таҳсилоти олии омӯзгорӣ” мегирад.

Ихтисосҳои “равияи педагогика”-ро қарори ҳукумат “Дар бораи тасдиқи Феҳрист ва таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ” муайян кардааст. Дар ҷадвали 6-и замимаи ин қарор, ки дастраси “Азия-Плюс” шуд, дар равияи педагогика беш аз 600 ихтисос феҳрист шудааст.

Мисоли муқоисавӣ

Барои мисол, ихтисоси “Забони англисӣ” бо рамзи 1-02 03 06-01 ба гурӯҳи ихтисосҳои “Педагогика” ворид шуда, хатмкардаи он “омӯзгор” дониста мешавад. Аммо ихтисоси “Забони муосири англисӣ” бо рамзи 1-21 06 01-02 04 ба гурӯҳи ихтисосҳои “Илмҳои забоншиносӣ” ворид шуда, хатмкардаи он мутахассиси “Забоншинос. Тарҷумон” маҳсуб мешавад.

Ҳамрин тариқ, хатмкардаи ихтисоси аввал ҳангоми фаъолият дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳуқуқи ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбиро дорад, вале хатмкардаи ихтисоси дувуум, аз имтиёз баҳравар набуда, ба сафи артиш даъват мешавад.

Яъне, ҳар касе, ки донишкадаву донишгоҳҳоро бо ихтисоси равияи омӯзгорӣ хатм кардааст ва дар дипломаш дар баробари рақам ва номи ихтисос – “омӯзгор” навишта шудааст, дар вақти фаъолият дар мактабҳо, гимназияҳо, литсейҳо, мактабҳои президентӣ ва мактаб-интернатҳо ҳуқуқ дорад, ки хидмати ҳарбиро ба таъхир гузорад.

Аз Вазорати маориф ва илм ҳам гуфтанд, омӯзгороне, ки бо ихтисоси равияи педагогика муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олиро хатм накардаанд, аз ин имтиёз бархӯрдор нестанд ва ба сафи хидмати сарбозӣ ҷалб мешаванд – ҳатто агар онҳо солҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кор карда бошанд ҳам.

Чаро чунин фарқ вуҷуд дорад?

Вазорати маориф ва илм тавзеҳ дод, ки барномаҳои таълимии ихтисосҳои омӯзгорӣ махсус барои тайёр кардани мутахассисони таълим равона гаштаанд. Дар ин равия донишҷӯён на танҳо фанни худро меомӯзанд, балки методикаи таълим, равоншиносӣ, омӯзгорӣ ва дигар фанҳои марбутро низ мехонанд.

Аммо дар дигар равияҳо барномаҳои таълимӣ бештар барои тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ, ба мисли тарҷумон, суханшинос, муҳандис, иқтисоддон равона гаштаанду дар онҳо фанҳои марбут ба омӯзгорӣ тадрис намешавад.

Ба қавли Вазорат, ҳоло дар баробари Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, инчунин дар муассисаҳои таҳсилоти олии зерин низ мутахассисони самти омӯзгорӣ омода карда мешаванд: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон, Донишгоҳҳои давлатии Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Хуҷанд ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт.

Агар донишҷӯён дар донишгоҳҳои болозикр дар равияи педагогика таҳсил кунанд ва дар дипломашон рақами рамзбандишудаи ин гурӯҳи ихтисосҳо зикр шавад, онҳо аз имтиёзи ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбӣ бархӯрдор мешаванд.

Вазъияти омӯзгорон дар мактабҳо

Дар мактабҳои Тоҷикистон, ба вижа дар деҳоти дурдаст, хатмкардагони ихтисосҳои гуногун – иқтисодиёт, ҳуқуқ, тарҷумон, тарбияи ҷисмонӣ ва ҳатто рӯзноманигорӣ ба сифати омӯзгор кор мекунанд.

Ин нуктаро аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам зимни нишасти матбуотии рӯзи 30-юми январ тасдиқ карда, гуфтанд, ки ҳоло дар мактабҳои кишвар қариб 700 омӯзгори ғайриихтисос дарс мегӯянд.

Норасоии омӯзгорон дар мактабҳои Тоҷикистон яке аз мушкилоти мубрам дар чанд соли охир аст. Агарчи чанд сол боз ин ниҳод талош дорад, норасонии омӯзгоронро рафъ кунад, вале он натиҷаи лозимаро надодааст.

Ба гуфтаи масъулин, ҳоло дар кишвар 136 ҳазор омӯзгор вуҷуд дошта, 16 ҳазорашон барои нигоҳубини фарзандонашон дар мураххасӣ қарор доранд. Ин чке аз омилҳои норасоии омӯзгорон зикр мешавад.

Ҳарчанд, Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илм мегӯяд, ҳоло норасоии омӯзгорон дар мактабҳо “пурра бартараф шудааст”, вале қариб 700 тани онҳо ғайриихтисос ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки ҳар сол беш аз 10 ҳазор донишҷӯ риштаи омӯзгориро хатм мекунад.

Ҳуқуқшинос: миёни ду қонун ихтилоф вуҷуд дорад

Ба қавли Музаффар Бобоҷонов, ҳуқуқшиноси Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ (ДОШ), ки асосан ба мушкилоти даъват ба хидмати ҳарбӣ мепардозад, дар масъалаи таъхир андохтани мӯҳлати даъвати омӯзгорон ба хидмати ҳарбӣ байни ду қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Дар бораи мақоми омӯзгор” ва “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ихтилоф вуҷуд дорад.

Ӯ мегӯяд, мувофиқи моддаи 5, сархати 11-и Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”, ҳуқуқи ба таъхир гузоштани даъват ба хидмати ҳарбӣ ба “омӯзгорон дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ” дода шудааст, ки ин меъёр умумӣ буда, тамоми омӯзгоронро (сарфи назар аз намуди муассиса ва ихтисосу диплом) фаро мегирад.

Аммо, моддаи 31, қисми 2, сархати 4-и Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ин ҳуқуқро танҳо барои омӯзгорони “муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” ва танҳо барои онҳое, ки “таҳсилоти олии омӯзгорӣ” доранд, маҳдуд намудааст.

Ба гуфтаи ӯ, агарчи ба моддаи 31, қисми 2, сархати 4-и Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид шудааст, вале ҳамоно бо моддаи 5, сархати 11-и Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” мутобиқати комил надорад.

Ин ҳуқуқшинос зарурати рафъи ихтилоф миёни ду қонуни соҳавиро таъкид карда, ҳамзамон мегӯяд, то даровардани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, барои хидмати сарбозии омӯзгорон талаботи Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ба назар гирифта мешавад.

Музаффар Бобоҷонов мегӯяд, тибқи моддаҳои 9 ва 84-и Қонун “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ҳар дуи ин қонунҳо қувваи ҳуқуқии баробардараҷа доранд. Вале ин ҷо “санади махсус” нисбат ба “санади умумӣ” бартарӣ дорад:

“Дар ин ҳолат, оид ба таъхир андохтани мӯҳлати даъвати омӯзгорон, Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” санади меъёрии ҳуқуқии умумӣ буда, нисбат ба масъалаи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват, Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” санади меъёрии ҳуқуқии махсус мебошад”, – мегӯяд Бобоҷонов.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мухолифати ду банди қонунгузории соҳавӣ дар масъалаи даъвати омӯзгорон ба хидмати ҳарбиро рад карда, вале тавзеҳи онро ба дӯши Маркази миллии қонунгузорӣ гузошт.

Ниҳоди танзимкунанда ихтилофро қабул надорад

Иззатулло Саидзода, директори Маркази миллии қонунгузорӣ зимни шинасти матбуотии рӯзи 30-юми январ ба ин зиддияти гуфтаи ҳуқуқшинос посух дод.

Саидзода гуфт, ки дар мавриди ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбии омӯзгорон дар ду қонун “ягон мухолифат намебинам, баръакс, ин ҷо алоқамандии мантиқӣ ҷой дорад”.

“Ҳангоми амал, тибқи Қонун “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, бартарӣ ба қонуни соҳавӣ дода мешавад, яъне ба Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, – гуфта суханони ҳуқуқшиносро тасдиқ кард директори Маркази миллии қонунгузорӣ.

Бо вуҷуди он ки, ба қавли Музаффар Бобоҷонов, миёни ду қонун ихтилоф вуҷуд дорад, вале масъулини Вазорати маориф ва илм ва Маркази миллии қонунгузорӣ ин мухолифатро қабул надоранд, вазъи ҷалб шудани омӯзгорон ба хидмати ҳарбӣ чунин аст:

Танҳо он омӯзгороне, ки ҳарду шарти заруриро доранд, аз хидмати ҳарбӣ дар давраи фаъолият озод мешаванд:

– якум, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (мактабҳо, гимназияҳо, литсейҳо, мактабҳои президентӣ ва мактаб-интернатҳо) кор мекунанд;

– дуввум, дар равияи омӯзгорӣ таҳсил кардаанд.

Дигар категорияҳо, аз ҷумла омӯзгорони коллеҷҳо ва донишгоҳҳо, инчунин наздик ба 700 омӯзгори ғайриихтисосе, ки бо дипломҳои иқтисодиёт, ҳуқуқ, тарҷумон ё дигар соҳаҳо дар мактабҳо кор мекунанд, ҳатто агар солҳо тадрис кунанд ҳам, ба сафи хидмати сарбозӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

0
?????????????

Оҷонсии ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳиити зисти Тоҷикистон радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir”-и Швейтсария дар бораи ифлос будани ҳавои Тоҷикистонро шарҳ дода, гуфтааст, “раддабандии “IQAir”-ро наметавон нодида гирифт, аммо онро ҳамчун арзёбии пурраи сифати ҳаво дар тамоми қаламрави Тоҷикистон низ қабул кардан дуруст нест”.

Чан рӯ пеш, пажуҳишгоҳи “IQAir”, ки ба омӯзиши ҳамарӯзаи сифати ҳаво дар ҷаҳон машғул аст, дар як гузориши худ навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистонро аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ бо нишондиҳандаи 57,3 мкг/м³ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

Оҷонсии ҳавошиносӣ, имрӯз, 4-уми апрел бо нашри як иттилоия гуфтааст, зарур аст, ки чунин баҳогузориҳо ба шарҳи мутавозин, аз лиҳози илмӣ асоснок ва касбӣ арзёбӣ шавад.

“Раддабандии мазкур дар асоси консентратсияи миёнаи солонаи заррачаҳои хурди дисперсион андозаашон 2,5Мкр (PM2.5) таҳия гардида, ҳамаи омилҳои таъсиррасон ба сифати ҳавои атмосфериро дар қаламрави кишвар пурра инъикос намекунад”, – гуфтааст ин ниҳод.

Ҳамчунин дар иттилоия зикр мешавад, ки дар чунин шароити радабандӣ нишондиҳандаҳои кишвар аз маълумоти шумораи ками нуқтаҳои ченкунӣ гирифта шудаанд, махсусан аз нуқтаҳое, ки дар минтақаҳои таъсири партовҳои шаҳрӣ ва интиқоли чангу ғубор насб гардидаанд. Ин маънои онро дорад, ки баровардани хулосаҳои фарогир барои тамоми кишвар танҳо дар асоси маълумоти нисбатан ками нуқтаҳои сифати ҳаво аз нигоҳи методологӣ пурра дуруст нест.

“Бояд ба назар гирифт, ки ҷойгиршавии кишварҳо дар раддабандии байналмилалӣ на танҳо аз вазъи воқеии экологӣ, балки аз пуррагӣ, зичӣ ва шабакаи мушоҳидавии сифати ҳаво низ вобаста мебошад. Дар ҳолати маҳдуд будани шумораи нуқтаҳои мониторинг, нишондиҳандаи ниҳоӣ метавонад ба маълумоти истгоҳҳои алоҳида ё нуқтаҳои шаҳрӣ вобастагӣ дошта бошад ва дар ин ҳолат наметавон тамоми қаламрави давлатро пурра инъикос намуд”, – гуфтааст Оҷонсии ҳавошиносии кумитаи ҳифзи муҳити зист.

Ин ниҳод зикр мекунад, ки сарчашмаи маълумоти раддабандишуда ғайрирасмӣ буда, он ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ комилан мутобиқат намекунад. Аз ҷумла, дар иттилоъ омадааст, ки соли 2025 дар таркиби ҳавои шаҳри Душанбе консентратсияи PM2.5 бо нишондоди 57,3 (мкг/м3) ба қайд гирифта шудааст, ки аз меъёри пешниҳоднамудаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (5мкг/м3) 11,5 маротиба зиёд мебошад.

“Айни замон дар Агентии обуҳавошиносӣ аз рӯи меъёрҳои пешниҳоднамудаи давлатҳои ИДМ, ки дар кишвар қабул гардидааст, маълумот коркард мешавад. Тибқи пешниҳоди ин меъёрҳо қимати миёнаи рӯзона ва моҳонаи зарачаҳои 2,5мкр 35 мкг/м3 қабул гардидааст, ки он танҳо аз меъёр 1,17 маротиба зиёд мебошад”- гуфтааст ин ниҳод.

Оҷонсии ҳавошиносӣ гуфтааст, ки бо пешниҳоди маълумоти миқдори ками стансияҳои сифати ҳаво, ки танҳо дар шаҳри Душанбе мавҷуд мебошад, баҳогзории тамоми ҷумҳурӣ ба ҳақиқат мувофиқат нест Барои баҳогузории пурраи сифати ҳаво дар асоси дастурамалҳо меъёрҳои муосир, шароити ҷуғрофӣ ва ҳудуди фарогири мушоҳидавӣ бояд ба инобат гирифт шаванд.

“Раддабандии “IQAir”-ро наметавон нодида гирифт, аммо онро ҳамчун арзёбии комилан пурраи сифати ҳаво дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қабул кардан дуруст нест. Раддабандии мазкур мавҷудияти мушкилоти ҷиддиро бо заррачаҳои андозаашон 2,5Мкр (PM2.5) нишон медиҳад, аммо барои хулосаҳои дақиқ зарур аст, ки мониторинги васеъ, инчунин муқоисаи маълумоти байналмилалӣ бо мушоҳидаҳои миллӣ ва таҳлили манбаъҳои ифлосшавӣ анҷом дода шавад”, – гуфтааст Оҷонсии ҳавошиносии кишвар

Ин ниҳод гуфтааст, ки раддабандии байналмилалӣ бояд ҳамчун маводи таҳлилии роҳнамо истифода шуда, бо маълумоти миллии мониторинг, шароити обуҳавошиносӣ ва манбаъҳои ифлосшавӣ муқоиса гардад. Танҳо таҳлили дақиқ вазъи воқеии ҳаворо дар ҷумҳурӣ пурра нишон медиҳад.

Қаблан, низ мақомоти Тоҷикистон гузоришҳои созмонҳои ҷаҳонӣ дар бораи сифати бади ҳаво дар кишварро эътироф намекарданд. Аз ҷумла, Баҳодур Шерализода, раиси кумитаи ҳифзи муҳити зист дар нишасти матбуотии моҳи январи соли равон гуфт, “радабандиҳои ҷаҳонӣ дар бораи сифати ҳавои Тоҷикистон воқеъбинона нестанд ва баъзеи онҳо манбаъи маълумот” надоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

0

Аз 9-уми апрели соли 2026 парвози нави мунтазам дар самти Душанбе — Уфа — Душанбе оғоз мегардад. Дар ин бора ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар додааст.

Ин ширкат гуфтааст, ки парвозҳо ҳафтае як маротиба — рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд.

Қаблан, рӯзи 25-уми март “Сомон Эйр” хабар дода буд, ки парвозҳоро рӯзи 3-юми апрел оғоз мекунад, вале дар як иттилоияи дигар, ки рузи 28-ум март нашр шудааст, гуфта мешавад, ки парвозҳо 9-уми апрел оғоз мегардад. Кушишҳои мо барои рузи аниқи парвозҳо аз ин ширкат бенатиҷа анҷомид. Вале дар сомонаи ширкат як парвоз аз Душанбе ба Уфа дар рӯзи 9-уи апрел ба нақша гирифта шудааст.

Аз ширкат ба “Азия-Плюс гуфтанд”, ки нархи чипта барои рӯзи 9-уми апрел аз Душанбе ба Уфа 3 ҳазору 967 ва баръакс 1 ҳазору 189 сомонӣ муайян шудааст. Муҳлати парвоз 3 соату 30 дақиқаро ташкил дода, ҳавопаймои “Boeing 737-800NG” соати 13: 40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе парвоз мекунад.

Ҳамчунин, фурудгоҳи Уфа хабар медиҳад, ки аз 21-уми май ширкати “Nordwind” парвозҳо аз Уфа ба шаҳри Бохтарро аз сар мегирад. Парвозҳо дар як ҳафта як маротиба сурат мегирад, вале нагуфтааст, ки мушаххас кадом рӯз.

Ҳоло аз Душанбе ба Уфа ва баръакс танҳо ду ширкати русии “Уралские авиалинии” ва “Nordwind Airlines” парвоз мекунанд. Ҳамчунин, аз шаҳри Хуҷанд ҳам ба Уфа парвози мустақим амал мекунад, ки соли 2024 аз сари гирифта шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Паёмадҳои ду заминҷунбии охир. Мақомот гуфтанд, касе осеб надидааст, вале 22 хона қисман ва як молхона пурра хароб шудааст

0
Акс аз КҲФ

Дирӯз, 3-юми апрел Тоҷикистонро ду заминларза такон додааст. Яке соати соати 15:26 ва дигаре соати 21:12 рух дод. Мақомот мегӯянд, қувваи ҳарду заминларза дар марказаи он 5-6 балро ташкил дода, дар пайи он 22 хонаи сокинон қисман ва як молхона пурра хароб шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо такя ба Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои кишвар, хабар додааст, ки маркази заминҷунбии дуввум, ки шаби рух дод, дар 290-километрии ҷанубу шарқии Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон буда, ларзиши замин дар маркази заминҷунбӣ 5,8 баллро ташкил додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, заминларза дар минтақаҳои Тоҷикистон чунин ба қайд гирифта шудааст:

– минтақаи Рашт — 2 балл;

– Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 3–4 балл;

– вилояти Суғд — 2 балл;

– вилояти Хатлон — 3 балл;

– шаҳри Душанбе — 2–3 балл.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтааст, дар пайи ин ҳодиса, хисороти моддӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи заминларзаи якум, ки баъди зуҳри дирӯз дар ноҳияи Тоҷикобод рух дод, дар деҳаҳои Саринай, Ширинчашма ва Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашма 16 хонаи истиқоматӣ зарари сабук дида, 1 оғила) пурра зарар дидааст. Ҳамчунин, дар деҳаи Дараи Нӯшори ҷамоати деҳоти Нӯшор 6 хонаи истиқоматӣ зарари сабук дидаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳоло Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод ҳаҷми зарарро муайян мекунад.

Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳо, маркази ин заминларза 186 километр шимолу шарқии Душанбе, 49 километр шарқии ноҳияи Рашт ва 15 километр ҷанубии ноҳияи Тоҷикобод, дар ҳудуди ин ноҳия ҷойгир буда, қувваи он дар марказ 5–6 баллро ташкил додааст.

 Қувваи заминларза дар минтақаҳо чунин будааст:

– ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт ва Лахш – 4–5 балл;

– шаҳри Душанбе – 2 балл.

КҲФ гуфтааст, ки дар пайи ҳарду ҳодиса, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо заминҷунбӣ ба қайд гирифта мешавад, ки бархеи онҳо хисороти ҷониву молӣ ҳам дар пай доранд. Аз ҷумла, дар заминҷунбии 13-уми апрели соли гузашта дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамчунин, 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфтааст.

Тибқи иттилои КҲФ зарари заминларза дар маҷмӯъ, беш аз 17,78 миллион сомонӣ ($1,66 млн) ҳисоб шудааст. Дар маҷмуъ 1 ҳазору 331 оила, ҳамагӣ 5 ҳазору 639 нафар зарар дидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 апрели соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз аз соати 9:00 то соати 16:00 дар дар саҳни Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мешавад. Он дар доираи ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр баргузор шуда, беҳтарин намунаҳои китобҳои тозанашри ноширони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пешкаши ҳаводорони китобу мутолиа мегардад.

– Имрӯз аз соати 15:00 то 22:00 дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе ба муносибати Наврӯз ҷашнвораи “Dushanbe Navruz Fest баргузор мешавад. Дар ҷашнвора бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар ва берун аз он барномаи консертии идона сурат гирифта, намоиш ва фурӯши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва шириниву нӯшиданиҳо дар назар аст.

– Имрӯз соати 10:00 дар китобхонаи филиали 10-и ноҳияи Варзоб мактаби рақами 129-и ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд.

– Имрӯз соати 14:00 дар Театри драмавии русии ба номи Маяковский намоишномаи “Панҷ зани Хоҷа Насриддин” ба саҳна гузошта мешавад. Намоиш имрӯз ройгон буда, теъдоди ҷойҳо маҳдуд аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2003 – Президенти Тоҷикистон фармон дар бораи таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистонро имзо кард.

Соли 2012 – Созмони байналмилалии “Amnesty International” аз нопадидшавии асрорангези Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вилояти Суғд ва соҳибкор изҳори нигаронӣ кард. Ӯ моҳи марти соли 2012 пас аз озодшавӣ аз боздошт дар Русия нопадид шуд ва баъдтар дар Тоҷикистон “пайдо шуд”.

Соли 2013 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бори дувум раиси Кумитаи миллии олимпии (КМО) кишвар интихоб шуд.

Соли 2013 – Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири Тоҷикистон, ки қаблан дар Украина боздошт ва бар асоси дархости истирдодӣ нигоҳ дошта мешуд, аз боздоштгоҳи Киев озод карда шуд.

Соли 2017 – Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардид.

Соли 2018 – Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин қабул гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1933 – Мавлуди Сайёра Исоевa, меъмори Тоҷикистон.

Соли 1934 – Зодрӯзи Бурҳон Раҳмон, ровии телевизион ва радио.

Бурҳон Раҳмон

Бурҳон Раҳмон яке аз ровиёни маъруфи телевизион ва радио буда, беш аз 60 сол дар радиоҳои “Тоҷикистон” ва “Овози тоҷик” кор кардааст.

Инчунин ӯ дар телевизион барномаҳои “Аз почтаи телевизион” ва “Чашма”-ро худ таҳия ва наттоқӣ мекард. Ғайр аз фаъолияти ровигӣ ҳамчунин ба сифати муҳаррир, рӯзноманигор ва ҳунарманди театр низ кору фаъолият карда, дар тарҷумаи 300 филми мустанаду бадеӣ овоз додааст.

Бурҳон Раҳмон 28 декабри соли 2015 дар 81-солагӣ даргузашт.

Соли 1960 – Мавлуди Бобоҷон Садриддин, нависандаи тоҷик.

Соли 1961 – Зодрӯзи Хайрандеш, Шоири халқии Тоҷикистон.

Хайриддин Хайрандеш

Хайриддин Хайрандеш, ки бо тахаллуси Хайрандеш маъруф аст, беш аз 40 сол роҳбари маҳфили “Ҳамешабаҳор” буда, дар рушди эҷодкорони навқалам саҳм мегузорад.

Хайрандеш фаъолияти кориашро ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёт оғоз намуда, соли 1999 гимназияи хусусии “Хайрандеш”-ро таъсис додааст. Аз соли 2001 котиби масъули шуъбаи Хатлонии Иттифоқи нависандагон буд ва сипас дар Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият кардааст

Номбурда муаллифи маҷмӯаҳои “Зиёратнома”, “Сад қатра ашк”, “Замзама”, “Хайробод”, “Тоҷикнома”, “Чархофалак”, “Ғазалпайванд” аст.

Ҳамзамон, сардабири нашрияи бачагонаи “Пайрав” аст. Ӯ соли 2024 ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон соҳиб шуд.

Соли 1982 – Ҷаббор Расулов, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ, дар 68-солагӣ аз олам чашм баст.

Ҷаббор Расулов

Ҷаббор Расулов яке аз шахсиятҳои сиёсии Тоҷикистон буд, ки дар замони шӯравӣ беш аз 30 сол роҳбари Тоҷикистон буд. Ӯ даҳ сол раиси Шурои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва 21 сол Котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1946-1955 Ҷаббор Расулов ба ҳайси сарвазири Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон – раиси шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ҳамзамон вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Сипас дар вазифаи ҷонишини якуми вазири хоҷагии қишлоқи ИҶШС, котиби Кумитаи марзи ҲКТ  кор кардааст. Ӯ аввалин шахс аз Тоҷикистон аст, ки ҳамчун сафири ИҶШС дар Ҷумҳурии Того адои вазифа намудааст.

Охирин мансаби давлатии ӯ вазифаи Сарвари ҶШС Тоҷикистон – Котиби якуми ҲК ҶШС Тоҷикистон буд, ки солҳои 1961-1982 ба ухда дошт.

Ҷаббор Расулов 4 апрели соли 1982 дар синни 69-солагӣ ҳангоми иштирок дар анҷумани Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон аз бемории сактаи дил вафот кардааст.

Соли 2007 – Адҳам Бобоев, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика дар 71-солагӣ даргузашт.

Соли 2010 – Расул Ҳодизода, адабиётшинос, мунаққид, нависанда ва тарҷумони тоҷик дар 82-солагӣ даргузашт.

Расул Ҳодизода

Расул Ҳодизода яке аз донишмандон ва муҳаққиқони варзидаи адабиёти тоҷики асрҳои миёна ва нав аст, ки осори зиёде дар бораи таърихи адабиёти тоҷик ва шахсиятҳои барҷастаи он таълиф кардааст.

Ӯ муаллифи асарҳои арзишманде чун “Аҳмади Дониш”, “Баъзе масъалаҳои омӯхтани таърихи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX”, “Рӯдакӣ ва шоирони ҳамзамони ӯ”, “Ситорае дар тирашаб” буда, чандин асарҳои маъруфи ҷаҳониро тарҷума кардааст.

Соли 2021 – Асалбегим Саодатова, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар синни 70-солагӣ даргузашт.

Асалбегим Саодатова

Асалбегим Саодатоваро бештар бо нақши “Аҷузкампир” аз намоишномаи телевизионии “Алифбоҷон, Алифбо!” мешиносанд. Фаъолияти ин ҳунарпеша пурра дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон гузаштааст.

Тӯли беш аз чор даҳсола дар намоишномаҳои зиёд нақш бозида, симои қаҳрамонҳои аз лиҳози хислат, хулқу атвор, ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ ва идроки моҳияти зиндагӣ аз ҳам мутафовит офаридааст. Намоишномаҳои “Робиаи Балхӣ”, “Табиби зӯракӣ”, “Тангои ҷиноятӣ”, “Илоҷи беилоҷӣ ҳаст” зумрае аз онҳоянд.

Дар синамо бошад, дар филми “Асрори оилаи Ғаюровҳо” нақши хоҳар – Ғаюрова Руқияро бозидааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии огоҳонидан аз хатарҳои мина ва кӯмак дар безараргардонии минаҳо ҷашн гирифта мешавад. Маҷмаи Умумии СММ кишварҳоро даъват мекунад, ки барои поксозии заминҳо аз минаҳо чораҳои муассир андешанд, зеро онҳо ба амният, саломатӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ халал мерасонанд.

4 апрели соли 1949 Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) таъсис ёфтааст. Ин созмон як паймони мудофиавӣ ва сиёсӣ мебошад, ки асосан барои таъмини амният ва ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои худ таъсис ёфтааст. Дар оғоз 12 кишвар таъсисгузори НАТО буданд ва имрӯз ин созмон 30 аъзо дорад.

Ҳамасола 4 апрел ҳамчун Рӯзи интернет таҷлил мешавад. Ин сана бо рӯзи даргузашти Исидори Севиля, яке аз донишмандони асрҳои миёна, ки аввалин энсиклопедияи ҷаҳониро навиштааст, иртибот дорад.

Исидори Севиля, ки дар асрҳои 6-7 зиндагӣ кардааст, шахсияти маъруфи илмӣ ва динӣ буд. Вай бо эҷоди “Энсиклопедияи ягона” маъруф аст, ки дар он донишҳои васеъ дар бораи илм, фарҳанг, дин ва дигар соҳаҳои ҳаёт ҷамъ оварда шудаанд.

Инчунин, Рӯзи мутахассиси сомона таҷлил мегардад. Ин сана рамзӣ интихоб шудааст, зеро тарзи навишти санаи имрӯза бо рақам – 4.04 ба хатои маъруфи “404 – Саҳифа ёфт нашуд” шабоҳат дорад, ки ба фаъолияти устоҳои сомонаҳо алоқаманд аст.

Хатои “404” вақте ба вуҷуд меояд, ки сомона кӯшиш мекунад, ба саҳифа ё мазмуне, ки дигар вуҷуд надорад, дастрасӣ пайдо кунад. Ин хато барои мутахассисони сомонаҳо ба ҳайси нишонае барои пайгирӣ ва бартараф кардани мушкилот ва иштибоҳҳои эҳтимолӣ дар сомонаҳо боқӣ мемонад.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии сабзӣ аст. Ин рӯз аз соли 2003 инҷониб таҷлил мешавад ва ҳадафаш таъкид кардани фоидаи сабзӣ ба саломатӣ аст. Ҷолиб он аст, ки сабзӣ ибтидо дар Осиёи Марказӣ пайдо шуда, пеш аз пайдоиши ранги норинҷии муосир, ранги арғувон, зард, сафед ва ҳатто сиёҳ дошт.

Ҳамчунин, имрӯз Рӯзи ҷаҳонии каламушҳо таҷлил мешавад, ки онро дӯстдорони ин ҷонвар дар соли 2003 таъсис додаанд. Олимон муайян кардаанд, ки ДНК-и каламушҳо бо инсон 95% монандӣ дорад, онҳо ҳам мисли одамон таҷриба меандӯзанд, хатоҳои худро ислоҳ мекунанд ва ҳатто хоб мебинанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 16+21º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5+10º гарм, дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 6+8º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 3 ба 4-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон узви ИНТ шуд. Боз киҳо узви нави ин иттиҳодияи адабӣ гардиданд?

0
asia+

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон, доктори илмҳои филологӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) гардид. Инчунин, чанд адабиётшиносу шоиру нависандаи дигар ба узвияти ин иттиҳодияи адабӣ пазируфта шудаанд.

Толиби Луқмон, муовини раиси иттифоқ, имрӯз дар саҳифаи фейсбуки ИНТ навишт, ки маҷлиси навбатии Раёсати иттиҳодия, ки имрӯз, 3-юми апрел баргузор шуд, дар умум 7 нафар ба узвият қабул гардидаанд.

Ин нафарон аъзоёни нави Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуданд:

Адабиётшиносон: Низомиддин Зоҳидӣ ва Боймурод Шарифзода, Мурод Муродӣ;

Шоирон: Мирзоюсуф Тоҳирӣ ва Руъё Усмонӣ;

Нависандагон: Ҷумъахон Сайидалӣ, Сайидалӣ Муҳиддинов (адиби русизабон) ва Ойдиннисо Юлдошева (аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон).

Бино ба маълумоти Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, то охири соли гузашта сафи аъзои фаъоли ин ниҳод 377 нафарро ташкил медод. Бо қабули аъзои нав, шумораи адибони кишвар, ки дар ин иттиҳодия муттаҳид шудаанд, боз ҳам афзуд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфта, дар замони шӯравӣ яке аз марокизи таблиғу ташвиқи идеологияи ҳукумати давр буд. Бо вуҷуди ин, дар ин иттиҳодияи адабӣ чеҳраҳои барҷастае тарбият ёфтанд, ки барои худшиносии миллии тоҷикон ва бедории миллӣ саҳми босазо гузоштанд.

Ин иттиҳодия дар замони шӯравӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷамъиятӣ дониста мешуд ва раиси он дар ҷомеа аз мақом ва нуфузи болое бархӯрдор буд.

То кунун Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро Абулқосим Лоҳутӣ, Саид Носиров, Нодир Шанбезода, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ ва Низом Қосим раҳбарӣ кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.