Home Blog Page 14

Бордорконии “ЭКО” дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод

0

Бордоркунии сунъӣ ё “ЭКО” – бордоркунӣ миёни мусулмонҳо барои муддати дароз мавриди баҳс буд ва ҳаст. Теъдоде аз суннатгароён бо такя ба боварҳо ва эътиқоди худ, талош мекунанд, аз ин навъи бордоркунӣ дурӣ ҷӯянд. Аммо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки ҳамзамон муфтии кишвар аст, роҳи иҷозашудаи ин навъи бордоркуниро шарҳ дод.

Бо муфтии кишвар мудири ширкати “Farna Euroclinic” суҳбат кард ва аз ҷумла, ба суолҳои зерин посух пурсид:

Ислом дар бораи "ЭКО" чӣ мефармояд?

Дар кадом шароит "ЭКО" иҷоза аст?

Чаро донистаи мавқеи Ислом муҳим аст?

Бояд зикр кард, ки ин танҳо як суҳбат нест. Ин посухи раиси Шӯрои уламо, муфтӣ, мутахассиси бахши дин – ба суолҳои мутахассиси бахши тиб аст. Он барои оилаҳои зиёде, ки дар орзуи фарзанданд, муҳим ва ҳатто сарнавиштсоз аст.

Дар навори зерин, муфассал тамошо кунед:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд

0

То шоми 6-уми март дар умум, 288 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути марзи Туркманистон ва Озарбойҷон аз Эрон берун шудаанд.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки аз ин теъдод 116 касашон тариқи марзи Туркманистон ва 172 тани дигар тавассути сарҳади Озарбойҷон тарки Эрон кардаанд.

Қаблан, рӯзи 4-уми март ин ниҳод гуфта буд, ки баъди ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон, 219 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар хориҷ шудаанд: 118 нафар тавассути марзи Туркманистон ва 101 тани дигар тариқи марзи Озарбойҷон.

Вале маълум нест, ки омори онҳое, ки тариқи Туркманистон аз Эрон берун шудаанд, чаро тафовут дорад. Аз Вазорати корҳои хориҷӣ танҳо гуфтанд, “то шоми 6-уми март чунин оморро аз сафорати Тоҷикистон дар Эрон дастрас кардаанд”.

Ҳоло аниқ нест нест, ки онҳо то ба Тоҷикистон расидаанд ё не.

Ёдовар мешавем, ки дар ВКХ Тоҷикистон ситоди доимамалкунанда таъсис ёфта, намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Ховари Миёна вазифадор шудаанд, то тамоми маълумот дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳамарӯза ба ин ситод пешниҳод кунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд

Қаблан, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфта буд, дар Эрон ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон қарор дошта, онҳо асосан барои тиҷорат ва табобату сайёҳат ба ин кишвар омада буданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумат кӯшиш дорад, ки онҳое, ки дар пайи ин даргирииҳо дар кишварҳои Ховари Миёна банд монданд берун орад. Бо ин мақсад, бо қарори ҳкукумати кишвар ширкати "Сомон Эйр" вазифадор шудааст, ки дар ҳолати зарурӣ парвози чартерӣ созмон дода, шаҳрвандони кишварро аз ин минтақаҳо баргардонад. 

Аз ҷумла, шаби 5 ба 6-уми март ҳам 115 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи хатсайри чартерӣ аз шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Ватан омада буданд. Ин парвоз тариқи ҳавопаймот "Сомон Эйр" анҷом шуда буд.

Ҳамчунин, субҳи рӯзи 6-уми март 117 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи парвози чартерӣ аз шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Душанбе омадаанд. Ин парвоз дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Иморот, мақомоти маҳаллии ин кишвар ва ширкати “Fly Dubai” сурат гирифтааст.

Ҳамчунин, ин ширкати ҳавопаймоӣ рӯзи 8-уми март низ барои баргардонидани ҳамватанон аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Тоҷикистон, парвози чартерӣ анҷом медиҳад. Нархи билет барои калонсолон 600 ва барои кӯдакон 400 доллар гуфта мешавад.

Ҳоло маълум нест, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин минтақаҳо банд мондаанд ва талаби ба Тоҷикистон баргаштанро кардаанд.

Қаблан, ВКХ аз шаҳрвандон хоста буд, ки "то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ намоянд".

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд

0

Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон, то шоми 6-уми март 288 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи марзи Туркманистон ва Озарбойҷон ба Ватан баргаштанд. “Азия-Плюс” бо чанде аз онҳо сӯҳбат кард ва аз вазъи Эрону роҳи тайкардаи онҳо то ба Тоҷикистон пурсид. 

Аксари онҳо барои табобат ба Эрон рафта буданд, вале вазъи мавҷуда онҳоро маҷбур кард, ки табобатро ба охир нарасонида, ин кишварро тарк кунанд.

 

“Худро бесоҳиб эҳсос накардем”

Раҳматулло Раҳматуллоев, сокини Душанбе яке аз онҳое аст, ки рӯзи 4-уми феврал тавассути сарҳади Туркманистон аз Эрон ба Ватан баргашт. Ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, барои табобати фарзандаш ба шаҳри Машҳади Эрон рафта буд ва рӯзи 10-уми март барои бозгашт чипта дошт. Аммо дар пайи лағви парвозҳо ва тавсияи сафорати Тоҷикистон дар хусуси тарки Эрон, барои ба Ватан баргаштан дархост дод.  

“Аз сафорат гуфтанд, рӯзи 3-юми март дар назди марзи Эрон бо Турманистон ҳозир шавед. Мо соати 12-и ҳамон рӯз ба марз рафтем ва соати 14 – баъди нисфирӯзӣ вориди Турманистон шудем. Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон моро хуб қабул карданд ва барои ифтор низ шароит фароҳам оварданд. Дар ин муддат онҳо корҳои расмиятиро иҷро намуда, автобус омода карданд. Кормандони сафорат то марзи Ӯзбекистон моро ҳамроҳӣ карданд ва дар чунин вазъ худро бесоҳиб эҳсос накардем”,-нақл кард номбурда.

 

“Беморон дар роҳ ранҷ кашиданд”

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар муддати 12 соат аз Туркманистон то ба Ӯзбекистон расиданд, вале ба қавли ӯ, “дар ин кишвар намояндагии сафорати Тоҷикистон ба онҳо кӯмак накардаанд” ва баъди назорату тафтиши тӯлонии мақомоти Ӯзбекистон, мустақилона ба ватан баргаштаанд.

“Мо тахминан 33 нафар будем ва аксарият занон ва беморон буданд, ки дар роҳ ранҷ кашиданд. Дар марзи Ӯзбекистон бештар аз як соат назорати ҳуҷҷатҳо идома кард. Аввал гурӯҳи занҳоро тавассути “таксӣ” ба ватан равон карда, баъдан худамон низ “таксӣ” киро кардем. Тавассути роҳи Бухоро ва шаҳри Турсунзода, тахминан соати 19-и шоми рӯзи 4-уми март вориди Тоҷикистон шудем”, – гуфт Раҳматуллоев.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, замоне ки дар шаҳри Машҳади Эрон қарор доштанд, дар ин шаҳр даргирӣ ё ҳамлае сурат нагирифта буд. Аммо бо ноором шудани вазъ дар шаҳрҳои ҳамсоя, дар ҳоле ки табобати фарзандаш ба итмом нарасида буд, маҷбур шуд Эронро тарк кунад.

“Инҷо маризон бисёр буданд ва баъди оғози ҷанг нигарон шуданд. Ҳамаи беморон аз тарси ҷони худ маҷбур шуданд, ба Ватан баргарданд. Умедвори ором шудани вазъ дар Эрон ҳастем, то тавонем дигарбора барои идомаи табобат ба ин кишвар равем”, – афзуд номбурда.

 

“Духтари маризамро гирифта, маҷбур баргаштам”

Сафармоҳ Саидова, мусофири дигари ин гурӯҳ низ баъди оғози ҷанг ва ноором шудани вазъ маҷбур шуд, духтари маризашро, ки ҳанӯз муҳлати зиёде аз ҷарроҳиаш нагузаштааст, тавассути марзи Туркманистон ба Ватан биёрад.

Ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, байни нафароне, ки бо онҳо баргаштанд, беморони гирифтори саратон, дарди гурда зиёд буданд ва ҳанӯз табобаташон ба анҷом нарасида, маҷбур шуданд дар шароити душвор ба Тоҷикистон баргарданд. 

“Табобат нимкора маҷбур шудем, баргардем. Гуфтанд, ки шояд даргириҳо шадидтар шаванд, аз ин рӯ бо тавсияи сафорат аз Эрон берун шудем. Чашми духтарамро ҷарроҳӣ карданд, бахияҳо (куки ҷарроҳӣ)-и чашмашро ҳоло наканда будем. Духтурони тоҷик ҳастанд, вале табиби эроние, ки ҷарроҳӣ кард, иҷозат надод дар инҷо бахияҳояшро гиранд. Акнун маҷбурем дубора ба Эрон баргардем, чун баъди оғози ҷанг ҳатто ҷавобҳои ташхиси духтарамро нагирифтаем”, – таъкид кард мусофири тоҷик.

 

“Диламон ба Эрон месӯзад”

Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 17-уми феврал барои табобати духтараш ба шаҳри Машҳади Эрон рафта буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон

Нақл мекунад, ки дар Машҳад садои таркишро шунид, аммо аз наздик надидааст.

“Гуфтанд, ҳудуди фурудгоҳи ин шаҳрро задаанд, ки он аз меҳмонхонае, ки мо қарор доштем, дур буд. Дигар ягон тағйирот набуд, назди духтур мерафтем ва дар меҳмонхона меистодем.

Умедворам ҳарчи зудтар оромиву тинҷӣ ба Эрон баргардад, мардуми ин кишвар мо тоҷиконро хеле дастгирӣ карданд. Дили ҳамаи мо тоҷикон барои мардуми Эрон месӯзад”, – гуфт Саидова.

 

“Садои таркишро шунидем, вале осеб надидем”

Беҳрӯз, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳам рӯзи 4-уми март аз Теҳрон тавассути марзи Озарбойҷон ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ шабу рӯзи оғози ҳамлаҳои низомӣ дар пойтахти Эрон буд ва садои таркишро дар ин шаҳр шунидааст. Ӯ табиб аст.

“Бо ман ягон мушкил ё иттифоқе рух надод ва аз сафорат занг зада, номнавис карданд. Кормандони сафорат аз Теҳрон то шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҳамроҳӣ намуда, ҳамаҷониба кӯмак расониданд. Аз ҷумла, барои гирифтани иҷозатҳои зарурӣ, убури сарҳад ва сафар аз Теҳрон ба самти Боку мусоидат карданд”, – гуфт Беҳрӯз.

Ёдрас мешавем, шанбеи 28-уми феврал Амрико ва Исроил ба шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон, Қум, Караҷ ва Кирмоншоҳ – шаҳрҳои муҳими Эрон ҳамлаи мусаллаҳона карданд.

Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳороти худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло ҳамлаҳои тарафҳо идома дорад. Вазъият печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Тибқи иттилои ВКХ, то шоми 6-уми март, 116 шаҳрванди кишвар тавассути марзи Туркманистон ва 172 тани дигар тариқи марзи Озарбойҷон аз Эрон берун шуда, ба Тоҷикистон омадаанд.

Қаблан, дар рӯзи дуввуми ҷанг, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфта буд, ки дар Эрон ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон қарор дошта, онҳо асосан барои тиҷорат ва табобату сайёҳат ба ин кишвар омадаанд. Он замон сафир гуфта буд, ки 200 кас дасрхости бозгашт ба Ватан додаанд. Ҳоло маълум нест, ки шумораи онҳо ба чанд расидааст.

Дар пайи нооромиҳо ва баста шудани ҳарифи ҳавоии Эрон, ширкати “Сомон Эйр” эълон карда буд, ки маҷбур аст, парвозҳои худро дар масири Душанбе-Теҳрон то 31-уми март боздорад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2013 – Ширкати ҳавопаймоии “Tajik Air” хатсайри Душанбе – Бокуро роҳандозӣ кард.

Соли 2015 – Нашрияи бритониёии “The Guardian” мақолаеро дар бораи рӯзноманигорони зан аз кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар бораи Олга Тутубалина, муҳаррири рӯзномаи “Asia-Plus” нашр кард.

Соли 2016 – Дар назди кафедраи “Омӯзиши Осиёи Марказӣ”-и факултети “Муносибатҳои байналмилалӣ”-и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Корея шуъбаи забони тоҷикӣ ифтитоҳ шуд.

Соли 2018 – Дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон (дар ноҳияи Шаҳритус) гузаргоҳи роҳи оҳани “Амузанг” ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2020 –Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо занон дар бораи хатари коронавирус сухан гуфта, аз мардум даъват кард, ки осуда бошанд ва ба иттилооти бардурӯғ бовар накунанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1922 – Мавлуди Зулфия Баҳриддинова, сӯзанидӯз, Рассоми халқии Тоҷикистон.

Зулфия Баҳриддинова cанъати қаламкаширо аз падар омӯхтааст. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ленинобод ва Институти давлатии педагогии Ленинобод буда, беш аз даҳ сол омӯзгор ва директори омӯзишгоҳи мазкур будааст.

Солҳои 1957-1987 сарвари шуъбаи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар Суғд буд. Давоми 70 соли фаъолият беш аз 300 асар офаридааст. Ба туфайли сӯзаниҳои ӯ бисёр нақшҳои сӯзаниҳои садаҳои 18-19 ва аввали садаи 20 (чун нақшҳои “Пайпоқи уштур”, “Офтоб”, “Бодомгул”, “Қаламфур”, “Моҳу ситора”) эҳё гардидаанд.

Соли 1938 – Зодрӯзи Ҷӯра Латифов, доктори илмҳои таърих.

Соли 1953 – Зодрӯзи Қаҳҳор Расулиён, муҳаққиқ ва таърихнигори тоҷик.

Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) фаъолияти омӯзгории худро оғоз намуда, дар муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Солҳои тӯлонӣ ба омӯзиш ва таҳқиқи тамаддуни тоҷикон, равобити фарҳангии онҳо бо халқҳои ҷаҳон ва нақши фарҳанги эронитаборон дар таърих машғул буда, зиёда аз 30 китоб ва 500 мақолаи илмӣ таълиф намудааст. Аз осори муҳими ӯ метавон “Таърихи халқи тоҷик”, “Ду ҳазор соли таърихнигории тоҷикон”, “Тоҷик кист?” ва "Пантуркизм: дирӯз ва имрӯз”-ро ном бурд.

Як замон декани факултети журналистикаи ДМТ буд.

Соли 1952 – Мавлуди Назарбегим Муборакшоева, собиқ раиси шаҳри Хоруғ.

Соли 1993 – Меҳрубон Назаров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар синни 70-солагӣ даргузашт.

Меҳрубон Назаров хатмкардаи Институти театрии ба номи А.Островскийи шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ва мактаби олии партиявии назди КМ ВКП шаҳри Маскав аст.

Ӯ солҳо дар рӯзномаи "Тоҷикистони сурх", Саридораи санъати Вазорати маданияти Тоҷикистони Шӯравӣ, ҷонишини якуми Вазири маданият, ҷонишини раиси Комитаи давлатӣ оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, раиси Комитети давлатӣ оид ба киноматография, Вазири маданияти Тоҷикистони Шӯравӣ, ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд.

Ӯ беш аз 30 намоишнома, чун "Гунаҳкорони бегуноҳ", "Макр ва муҳаббат", "Қишлоқи тиллоӣ", "Калтакдорони сурх", "Тошбек ва Гулқурбон", "Шӯҳрати нек"-ро ба саҳна гузоштааст.

Меҳрубон Назаров асосгузори санъати театри касбии Афғонистон буд. Ӯ муаллифи пйесаҳои бисёрпардагии "Орзу", "Дасти дӯст", "Ҳалокати одат" ва як зумра пйесаҳои якпардагӣ ва чанд асари оммавӣ мебошад.

Ӯ дар баҳори соли 1993, дар сахтарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандии кишвар, дар синни 71-солагӣ даргузашт

Дар бораи кору пайкори Меҳрубон Назаров дар ин мақолаи “Азия-Плюс” шинос шавд: Меҳрубон Назаров, вазири фарҳанге, ки фарҳангро вазири Тоҷикистон кард: 8 бахше аз рӯзгори ӯ.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз, рӯзи ихтирои телефон таҷлил мешавад. 7-уми марти соли 1876, олими амрикоӣ Александр Белл телефони ихтирокардаи худро патент кард. Як сол пас, ӯ нахустин ширкати телефонӣ – “Bell Telephone Company”-ро таъсис дод.

 

Рӯзи 7-уми марти 1912 Руал Амундсен, сайёҳи норвегӣ аз ҷазираи Тасмания расман эълон кард, ки ба Қутби Ҷанубӣ расидааст. Аслан, ӯ мехост ба Қутби Шимолӣ равад, аммо вақте Фредерик Кук ва Роберт Пири изҳор доштанд, ки онро кашф кардаанд, ӯ самти сафарро ба ҷониби Антарктида иваз кард. Рӯзи 14-уми декабри соли 1911 ӯ бо чаҳор ҳамсафар ба Қутби Ҷанубӣ расид. Танҳо дар моҳи марти 1912 гурӯҳи ӯ ба Тасмания баргашта, ҷаҳонро аз ин кашфиёти худ огоҳ карданд.

 

Дар ҳамин рӯзи соли 1960 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин гурӯҳи кайҳоннавардон таъсис ёфт. Ин гурӯҳ 12 халабони ҳарбиро дар бар мегирифт, ки аз рӯйи талаботи махсус интихоб шуда буданд. Синнашон то 35 сол, қадашон на бештар аз 175 см ва вазнашон то 75 кг буд. Ба ин гурӯҳ, кайҳоннавардони машҳур, мисли Юрий Гагарин, Алексей Леонов, Валерий Быковский, Владимир Комаров ва Герман Титов шомил буданд.

Як сол баъд, 12-уми  апрели соли 1961, Юрий Гагарин ҳамчун аввалин инсон ба кайҳон парвоз кард.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона бебориш дар назар буда, шабона дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона бебориш дар назар буда, шабона дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 2+4º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 7 ба 8-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд

0

Дар пайи ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон ва нооромиҳо дар Ховари Миёна, субҳи имрӯз, 6-уми март 117 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи парвози чартерӣ аз шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Душанбе омадаанд. 

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки ин парвоз дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Иморот, мақомоти маҳаллии ин кишвар ва ширкати “Fly Dubai” сурат гирифтааст.

Қаблан, шаби 5 ба 6-уми март ҳам 115 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи хатсайри чартерӣ аз шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Ватан омада буданд. Ин парвоз тариқи ҳавопаймот "Сомон Эйр" анҷом шуда буд.

Ҳамчунин, ин ширкати ҳавопаймоӣ рӯзи 8-уми март низ барои баргардонидани ҳамватанон аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Тоҷикистон, парвози чартерӣ анҷом медиҳад. Нархи билет барои калонсолон 600 ва барои кӯдакон 400 доллар гуфта мешавад.

ВКХ Тоҷикистон рӯзи 4-уми март эълон кард, ки бо дастури ҳукумати кишвар, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар ҳолати зарурӣ барои баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ноором парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад.

Вазорат гуфт, ки шаҳрвандоне, ки нияти ба Ватан баргаштанро тавассути ин парвозҳо доранд, метавонанд барои сабти ном ба Сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои дахлдор муроҷиат кунанд. Бо рақами телефони ширкати “Сомон Эйр” ва сафаорату консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Ховари Миёна дар ин пайванд шинос шавед.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад

Ҳамчунин, дар назди ВКХ ситоди доимоамалкунанда таъсис ёфта, намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Ховари Миёна ҳамарӯза ба ин ситод маълумот пешниҳод мекунанд.

Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи ин кишвар ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна, вазъ дар минтақа вахим шуда, даҳҳо ширкати ҳавопаймои парвозҳои худро ё бекор карданд ва ё ба рузи номаълумр гузоштанд. Ин сабаб шуд, ки садҳо мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон натавонистанд ба кишварҳои худ баргарданд ва ҳоло дар меҳмонхонаҳо ва ё фурудугоҳҳои ин кишварҳо банд мондаанд.

Ҳоло маълум нест, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин минтақаҳо банд мондаанд ва талаби ба Тоҷикистон баргаштанро кардаанд.

Қаблан, ВКХ аз шаҳрвандон хоста буд, ки "то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ намоянд".

Зимнан, дар пайи нооромиҳо дар Ховари Миёна, чанд рӯз пеш, “Сомон Эйр” эълон карда буд, ки маҷбур аст, аз сабаби маҳдудиятҳои фазои ҳавоӣ дар ин минтақа парвозҳои худро дар масири Душанбе-Теҳрон то 31-уми март боздорад. Аз ин пештар гуфта бд, ки парвозҳояшро дар масири Душанбе-Дубай то 6-уми март бозмедорад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод

0

Имрӯз, 6-уми март Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохторҳои Додгоҳи олӣ, Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ анҷом додааст. Дар ин бора Хадамиоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Аз ҷумла, Тоҷиддин Ҳафиззода аз вазифаи муовини якуми раиси додгоҳи вилояти Суғд озод гардида, раиси додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ таъин шудааст.

Ҳамчунин, бо дастури раисҷумҳур, додситон ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Мастчоҳ аз вазифа сабукдӯш ва ба ҷойи онҳо нафарони дигар таъин шудааст.

Сабаби аз вазифаи озод шудани онҳо ва номи нафарони навтаъин гуфта нашудааст.

Ҳамчунин, додситон ва сардорони шуъбаҳои ВКД дар якчанд шаҳру навоҳии кишвар иваз шудаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат фаъолияти ин сохторҳоро баррасӣ карда, “барои рафъи камбудиҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, истеъмолу фуруши маводи мухаддир, қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи ғайримақсадноки замин, таъмини тартиботу волояти қонун ва амну суботи ҷомеа супоришҳои мушаххас додааст”.

Дар гузашта, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кори додрасҳо сахт интиқод карда, чанд нафари онҳоро ҳам бо сабаби паст задани шаъну шарафи додрас аз вазифа сабукдӯш гарда буд. Ҳамчунин, чанде аз додрасҳои кишвар ба ҷавобгарӣ низ кашида шуданд.

Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас амал мекунад, ки онҳо бо фармони президент таъин ва озод мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?

0

Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон як ҳафта гузашт. То ҳол ҳамлаҳои ду тараф ба кишварҳои якдигар ва пойгоҳҳои низомиву зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёна на танҳо идома дорад, балки даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад.

Дар ҳоле ки шаби гузашта, Эрон бо навъҳои ҷадиди мушакҳои худ Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар минтақаро ҳадаф қарор дод, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар изҳор дошт, ки Эрон дархости ҳеҷ музокирае бо Амрико накардааст ва омодаи муқовимати заминӣ бо ин кишвар аст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико низ гуфтааст, ки аз ҳамлаи курдҳо ба Эрон ҳимоят мекунад, вале фиристодани нерӯҳои амрикоиро “беҳуда сарф кардани вақт” медонад.

Муҳимтарин ҳаводиси Ховари Миёнаро, ки аз бегоҳи 5-уми март то имрӯз гузаштааст, дар ин матлаби мо хонед.

 

Идомаи ҳамлаҳо

Давоми шаби гузашта ва субҳи 6-уми март низ ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва ҳамчунин, зарбаҳои Эрон ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна идома дошт.

Расонаҳои Эрон аз таркиш дар Теҳрон ва дигар нуқоти ин кишвар гузориш медиҳанд. Ҳамчунин, шаби гузашта ба Шероз, Исфаҳон ва Кирмоншоҳ низ ҳамлаҳо сурат гирифаанд. Ба иттилои хабаргузории “Тасним” дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии шаби гузашта ба Шероз, 20 тан кушта ва 30 нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, дар миёни кушташудаҳо ду корманди ёрии таъҷилӣ ҳастанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон

Инчунин, дар пайи ҳамлаҳои рӯзи гузашта як толори 12 ҳазорнафараи варзишгоҳи "Озодӣ"-и Теҳрон низ хароб шудааст.

Дар ҳамин ҳол, маркази “Хотам-ул-анбиё”-и Эрон субҳи 6-уми март аз мавҷҳои нави ҳамла ба Исроил, таъсисоти Амрико дар Кувайт ва Ироқ хабар дод. Ҳамчунин расонаҳо аз ҳамлаҳо ба Баҳрайн, Қатар ва Арабистони Саудӣ низ хабар доданд.

Вале Исроил ҳамлаҳои ахири Эронро тасдиқ ё рад накардааст.

 

Афзоиши кушташудаҳо дар Эрон

Бунёди шаҳиди Эрон шоми дирӯз теъдоди кушташудаҳои ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба ин кишварро 1 ҳазору 230 тан эълон кард

Рӯзи гузашта як намояндаи Вазорати беҳдошти Эрон иттилоъ дода буд, ки дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба ин кишвар беш аз 6 ҳазор тан маҷрӯҳ шуда, зиёда аз 2,5 ҳазори онҳо дар беморхонаҳо бистарианд.

Ҳамчунин, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ҳаддиақал 181 кӯдак кушта шудааст.

Дар ин ҳол, Ҳилоли аҳмари Эрон шаби гузашта иттилоъ дод, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил 3 ҳазору 646 бинои истиқоматӣ, 528 маркази тиҷоратӣ ва 14 дармонгоҳ ва 9 муассисаи худи Ҳилоли аҳмар осеб дида, се бемористон пурра аз хизматрасонӣӣ берун мондааст.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи гузашта ҳамла ба 13 дармонгоҳ дар Эрон тасдиқ карда, изҳор дошт, ки марги 4 тан ва захмӣ шудани 25 нафари дигарро, ки ба кори табобатӣ машғул буданд, таҳқиқ мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико

Вазорати тандурустии Исроил ҳам аз ҷароҳат бардоштани 140 тан дар як шабонарӯзи гузашта хабар додааст. Ба навиштаи “The Times Of Israel” дар умум аз оғози ҳамлаҳои Эрон ба ин кишвар 1619 нафар захмӣ шудааст.

Қаблан Исроил расман аз кушта шудани 11 нафар хабар дода буд.

 

Эрон ҳамлаи паҳподӣ ба Озарбойҷонро рад кард

Дар ҳамин ҳол, Аббос Ароқҷӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар суҳбат бо ҳамтои озарии худ ҳамлаи паҳподӣ ба Озарбойҷонро, ки рӯзи гузашта, 5-уми март ба Ҷумҳурии худмухтори Нахҷевони ин кишвар партоб шуда буд, рад кард.

Рӯзи гузашта Озарбойҷон аз партоб шудани як паҳпод ба фурудгоҳи Нахҷевон хабар дод ва гуфта мешуд, дар пайи он ду нафар захмӣ шудааст. Расонаҳо хабар доданд, ки ҳамла аз Эрон сурат гирифтааст.

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ин ҳамларо “амали террористӣ” номида маҳкум кард ва гуфт, бояд Эрон дар пайи ин ҳодиса посух гӯяд. Ӯ ҳамчунин, таъкид кард, ки Озарбойҷон ба даргирии Амрикову Исроил алайҳи Эрон ҳамроҳ намешавад.

Дар пайи ҳодиса сафири Эрон дар Боку ба Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон даъват шуда буд.

 

Ароқчӣ: "Эрон дархости музокира бо Армикоро накардааст"

Шаби гузашта бори дигар масъалаи оташбас ва дархости музокирот хостани Эрон аз Амрико бархост. Вале Аббос Ароқчӣ гуфт, ки кишвараш дархосте барои оташбас ё музокира бо Амрико надодааст. Ӯ рӯзи 5-уми март дар мусоҳиба бо шабакаи амрикоии “NBC”, ҳамчунин, изҳор доштааст, ки аз ҳафтаи гузашта тамосе бо Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер, музокиракунандагони Амрико надоштааст.

"Воқеият ин аст, ки мо ҳеҷ таҷрибаи мусбате аз музокира бо Иёлоти Муттаҳида надоштаем, бахусус бо ҳукумати кунунии он. Мо соли гузашта ва имсол ду маротиба музокира кардем ва дар миёнаи музокирот онҳо ба мо ҳамла карданд", – илова кардааст Ароқчӣ.

Ӯ дар идома ба саволе дар бораи эҳтимоли ҳамлаи заминии Амрико ва вокуниши Эрон посух дода, гуфт, ки нерӯҳои низомии кишвараш мунтазири муқовимати заминӣ бо сарбозони амрикоӣ ҳастанд, зеро, ба андешаи ӯ, "мо итминон дорем, ки метавонем бо онҳо рӯ ба рӯ шавем ва ин барои онҳо фоҷиаи бузурге хоҳад буд".

Вазири умури хориҷии Эрон, ҳамчунин, дар бораи ҳамлаи Эрон ба кишварҳои минтақа гуфт, "мо ба ҳадафҳои амрикоӣ ва пойгоҳҳо ва иншооти амрикоӣ, ки мутаассифона дар қаламрави ҳамсоягони мо ҷойгиранд, ҳамла кардем".

Вазири корҳои хориҷии Эрон, дар бораи пуштибонии низомии Чин ва Русия аз ин кишвар гуфт, “ҳамкории низомии мо бо Русия хеле вақт аст, ки ошкор аст". Аммо, илова кард, ки ба далели шароити ҷангӣ тафсилоти бештар дар бораи ин ҳамкорӣ намедиҳад.

 

Трамп гуфтааст, ки аз ҳамлаи курдҳо ба Эрон ҳимоят мекунад

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад

Дар ҳаимн ҳол, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бори аввал ба таври ошкоро изҳор доштааст, ки аз ҳамлаи курдҳо ба Эрон ҳимоят мекунад.

Ӯ рӯзи гузашта дар мусоҳиба бо хабаргузории “Ройтерз” илова кардааст, ки “фикр мекунам, ки олӣ аст, ки онҳо (курдҳо) мехоҳанд ин корро (ҳамла ба Эронро) анҷом диҳанд. Ман комилан бо ин иқдом мувофиқ ҳастам”.

Ин дар ҳолест, ки Кохи Сафед қаблан хабарҳоеро, ки дар онҳо гуфта мешуд, Трамп дар ҳоли баррасии мусаллаҳ кардани курдҳо барои ҳамла ба Эрон аст, рад карда буд.

Ҳамзамон, курдҳои мухолифи Ҷумҳурии Исломӣ дар Ироқ гузоришҳо дар бораи вуруди баъзе аз нерӯҳои худ ба Эронро рад карданд.

 

Кишварҳои ИА аз кумак ба шарикони худ дар Халиҷи Форс хабар доданд

Ҳамчунин, шаби гузашта, чанде аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз омодагии кумак ба “муттаҳидони худ” дар Халиҷи Форс, хабар додаанд.

Пас аз ҳамла ба пойгоҳои Нерӯҳои ҳавоии Бритониё дар Қибрис, Бритониё, Юнон ва Фаронса гуфтаанд, ки ба ин кишвар сомонаҳои дифоъии ҳавоӣ мефиристанд.

Пас аз ин кишварҳои Италия, Испания ва Ҳолланд низ эълон кардаанд, ки кумак ба кишварҳои ин минтақаро баррасӣ мекунанд.

Ин кишварҳо гуфтаанд, ки мехоҳанд “амнияти киштиронӣ дар дарёи Сурхро таъмин кунанд ва ҳамзамон ҳабастагии худро ба муттаҳидони аврупоии худ дар Шарқи Наздик нишон диҳанд”.

Кир Стармер, нахуствазири Бритониё гуфт, ки ба Қибрис ва Қатар ҷанганда ва чархболҳои низомӣ мефиристад.

Ҳамзамон, дирӯз, 5-уми март дар нишасти маҷозии кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардидааст ва дар он ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои Амрико дар кишварҳои Халиҷи Форс маҳкум карда, гуфтаанд, Эрон “фавран ҳамлаҳои худро қатъ кунад”.

Дар ин нишаст ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эронро, ки боиси кушта шудани беш аз ҳазор ғайринизомӣ тайи як ҳафтаи охир гаштааст, маҳкум накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон шаби гузашта дар мусоҳиба бо шабакаи амрикоии “NBC” таъкид кард, ки ҳадафи онҳо пойгоҳҳо ва зерсохтҳои Амрико дар минтақа аст.

Ӯ изҳор дошт, ки “мо пешопеш ба ҳама кишварҳои минтақа ҳушдор дода будем, агар Амрико ба мо ҳамла кунад, чорае ҷуз ҳамла ба таъсисоти онҳо дар хоки шумо надорем ва мумкин аст, ҷанг аз идора хориҷ шавад ва кулли минтақа дучори фоҷеа гардад”.

 

Ховари Миёна

Ҳамзамон, шаби гузашта ҳамлаи Исроил ба Лубнон идома ёфтааст. “Ҳизбуллоҳ” дар ҷануби Лубнон ба артиши Исроил ҳамла кард. Субҳи имрӯз, артиши Исроил ба Бейрут 26 зарба задааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ва посухи Эрон. Шаби гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?

“Ал-Ҷазира” чанде пеш хабар дод, ки “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон мошинҳои артиши Исроилро, ки дар ҷануби Лубнон буданд, ҳадаф қарор додааст. Ҷунбиши мазкур шаби гузашта ба исроилиён ҳушдор додааст, ки марзи Лубнонро тарк кунанд.

“Ҳизбуллоҳ” субҳи имрӯз ба нерӯҳои заминии Исроил, аз ҷумла онҳоеро, ки дар рӯзҳои охир ба қаламрави Лубнон ворид шуда буданд, ҳадаф қарор додааст.

Талафоти ин ҳамлаҳо маълум нест.

Ин расона имрӯз, 6-уми март бо такя ба Вазорати тандурустии Лубнон навишт, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон аз рӯзи душанбе то кунун дар маҷмӯъ 123 нафар кушта ва 683 нафар захмӣ шудаанд.

Ҳамзамон, Арабистони Саудӣ субҳи 6-уми март аз раҳгирии се паҳпод ва Урдун аз сарнагун кардани як паҳпод хабар додаанд. Ин кишвар шаби гузашта аз нобуд кардани се мушак иттилоъ дода буд.

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ дирӯз, 5-уми март гуфта буд, 6 мушаки баллистикӣ ва беш аз даҳҳо паҳподро раҳгирӣ кардааст.

“Ал-Ҷазира” менависад, шаби гузашта як маркази тиҷоратии шаҳри Манама, пойтахти Баҳрайн маврид ҳамла қарор гирифтааст. Дар наздикии ин маркази тиҷоратӣ сафорати исроил дар Баҳрайн қарор дорад. Вале хабаргузории “Ройтерз” навиштааст, ки як паҳпод дар наздии ин марказ нобуд карда шудааст.

Қатар ва Кувайт низ шаби гузашта аз ҳамлаҳои паҳподӣ хабар дода, гуфаанд, ки онро раҳгирӣ кардааст.

Дар пайи боло рафтани даргириҳо дар ин минтақа Амрико баъзе сафоратҳои худро дар кишварҳои Ховари Миёна таътил кардааст. 

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Hyundai Tajikistan” дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад

0

Давоми моҳи мубораки Рамазон, ширкати "Hyundai" барои муштариёни худ пешниҳоди махсус дорад: ҳангоми хариди ҳар як мошини ин тамға, ба харидор корти сӯзишворӣ барои 500 литр бензин эҳдо мешавад.

Рамазон замоне барои андешидан, гирифтани тасмимҳои дуруст ва таваҷҷуҳи бештар ба наздикон аст. Дар ин давра бисёр оилаҳо нақша мекунанд, то харидҳои муҳим анҷом диҳанд, аз ҷумла иваз ё хариди мошини нав.

"Hyundai" мехоҳад бо як имтиёзи муфид муштариёни худро дастгирӣ кунад, то моҳҳои аввалини истифодаи мошин бароҳаттар бошанд.

Корти сӯзишворӣ барои 500 литр — ин сарфаҷӯии воқеӣ ва итминони бештар ҳангоми ҳаракат дар роҳ аст. Ин пешниҳод ба тамоми намудҳои мошин, ки дар маркази расмии фурӯши "Hyundai" пешниҳод мешаванд, дахл дорад.

Иқдом танҳо барои муддати маҳдуд — дар давоми моҳи Рамазон амал мекунад.

Барои гирифтани маълумоти бештар метавонед ба маркази расмии фурӯш муроҷиат кунед ё ба рақами 2299 занг занед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон

0

Бо ишора ба решаҳои таърихиву фарҳангӣ ва тамаддуниву забонӣ, ҷанг дар Эрон шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан сиёсатмадорону аҳли зиёи кишварро бетараф нагузошт. Чанде аз онҳо, дирӯз, 5-уми март ба Сафорати Эрон дар Душанбе, ки дар пайи кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ва чанде аз мақомдорону даҳҳо шаҳрвандони ин кишвар дафтари ёдбуд боз шуда буд, омаданд ва ҳамдардии худро ба мардуми ин кишвар баён карданд.

“Азия-Плюс” аз ин маросим гузориш омода кард ва аз чанде аз чеҳраҳои сиёсату илму адаб, ки дар ин ҳамоиш ширкат доштанд, назарашонро дар бораи вазъ дар Эрон пурсид.

 

Миёнаи бастаи мӯйсафед ва ашки зане бо акси Хоманаӣ

Ба маросими ёдбуд дар сафорати Эрон, мансабдорони баландпояи тоҷик, намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ, аҳли илму адабу фарҳанг ва шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон омаданд. Аз ҷумла, бо намояндагӣ аз ҳукумати Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ба Сафорати Эрон  омад ва ба сафир ва мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ кард.

Инчунин, мансабдорони дигари тоҷик, ба мисли муовини вазири корҳои хориҷӣ, намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ ва парлумони Тоҷикистон, раисони Иттифоқи нависандагон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва муфтии кишвар ба ин маросим рафта, ба мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ баён карданд.

Дар давоми рӯз, ҳамчунин, академикон ва олимон, рӯзноманигорон, нависандагон ва фарҳангиёни кишвар ба ин маросим омаданд. Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба сафорат омада, дар дастари ёдбуд ҳамдардии худро нигоштанд. Мӯйсафеде бо нишони мотам миёнашро баста буд, зане дар даст сурати роҳбари олии Эрон ашк мерехт.

Теъдоди зиёди эрониёни муқими Тоҷикистон ҳам дар маросим дида шуданд, ки либоси сиёҳ пӯшидаву гиря мекарданд. Мусаввараи бузурги бо гул оростаи Алии Хоманаӣ, ки бо нишони қурбонӣ шуданаш дар гӯшае хати сиёҳ дошт, дар маркази маросими ёдбуд қарор дошт. Садои қироати “Қуръон” фазоро пахш карда буд.

ГАЛЛЕРЕЯ (14)














Чанде аз сафирон ва дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ, ба мисли сафирони Туркия, Русия, Белорус, Қазоқистон ва Афғонистон низ барои изҳори ҳамдардӣ ба сафорат ҳозир шуданд.

Дар ҷараёни маросим, “Азия-Плюс” назари бархе чеҳраҳои сиёсиву адабии тоҷикро дар мавриди ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон ва мавқеи онҳо нисбат ба ин таҳаввулот пурсид.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад

 

Фоҷиаи ниҳоят сангину дарди муштарак

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сиёсатмадор ва дипломати собиқ, ҳаводиси Эронро “фоҷиаи ниҳоят сангину вазнин” номида, гуфт, ки ҳама чизе ки дар ин кишвар мегузарад, мусибати муштараки ҳар як ҳамфарҳангу ҳамзабон аст.

Раҳмонзода ҳузури сарвазир ва дигар мансабдорони тоҷик дар ин маросимро аз нуқтаи назари дипломатӣ хеле муҳим донист ва гуфт, “агар мо, ки ҳамфарҳанг, ҳамзабон, ҳамнажод ва ҳамхун бо ин мардум ҳастем, дар ин шабу рӯз ҳамроҳ набошем, моро хуб намефаҳманд”.

“Барои кишвари мисли Тоҷикистон, ки вазнинию сангинии низоъҳои шаҳрвандиро аз сар гузаронда ва талафоти зиёде додааст, барои мардуми тоҷик, барои тамоми Ҳукумати Тоҷикистон ин, албатта, як фоҷиаи вазнин аст, чунки ҳамзабонону ҳамфарҳангони мо талафот дода истодаанд”, – гуфт ин сиёсатмадори тоҷик.

Ӯ пас аз изҳори ҳамдардӣ ба мардуми Эрон таъкид дошт, “мо боварӣ дорем, ки на танҳо ин мушкилоту фоҷиа пушти сар мешавад, балки дар оянда боз ҳам ҳамкориҳои ҳасана миёни ду кишвар беш аз пеш сурат мегиранд”.

 

“Эрони бузург ҳатман пирӯз хоҳад шуд”

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон ва узви палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, дар суҳбат бо мо гуфт, ки “Тоҷикистону Эрон аз қадимулайём мисли ду ҷисму як ҷон ҳастанд ва ин ҳамдаму ҳамғаму ҳамнишотӣ дар замони истиқлолияти Тоҷикистон беш аз пеш афзуд. Мо ҳар пешрафти Эронро пешрафти худ меҳисобем ва ҳар нокомии Эронро нокомии худ медонем”.

Ӯ ҳамлаи Амрикову Исроилро бо сароҳат маҳкум карда, афзуд “аз ин таҳоҷуми номардонаи гурӯҳи кафторҳо ба Эрони бузург бисёр нохуш ҳастем ва аз дилу ҷон пирӯзии Эронро мехоҳем”.

Низом Қосим ба унвони ҳамқаламони эронии худ гуфт, “мо дар ин лаҳзаҳои душвор бо онҳо ҳастем. Бори дигар осори онҳоро ба ёд меорем, муҳаббати онҳоро ба кишвари бузургашон, ба фарҳанги муштаракамон ба ёд меорем ва ҳамаи ин ба мо бовар мебахшад, ки Эрони бузург ҳатман пирӯз хоҳад шуд”.

Раиси Иттифоқи нависандагон дар бораи пайванди ду кишвар сухан гуфта, маҳаки ин пайвандро дар забони муштарак номид: “то забони тоҷикӣ, забони форсӣ ҳаст, Эрон побарҷо хоҳад буд, Тоҷикистон побарҷо хоҳад буд ва дӯстии мо, пайванди мо побарҷо хоҳад буд”.

Ба гуфтаи Низом Қосим, ин гуна ҷангҳо ба равобити адабии ду кишвар таъсири манфӣ нахоҳад расонд ва дер нест, ки он бо пирӯзии Эрон хотима ёбад.

“Ҷанг аслан хасми ҳама гуна ҳамкориҳои фарҳангӣ, хасми ҳама гуна созандагию бунёдкориҳост. Ва барои ҳамин ҳам инсони соҳибақл аз қадимулайём муқобили ҷанг аст, муқобили хунрезӣ аст, муқобили истилову таҷовуз аст. Мо ин ҳама корҳоеро, ки имрӯз Амрико, Исроил, дигар кишварҳои беандеша анҷом медиҳанд, маҳкум мекунем. Умед дорем, ки Эрони азиз дар ин росто пойдор мемонад, барқарор мемонад ва бар ҳама душманиҳо, бар ҳама бадхоҳиҳои хасмон пирӯз мешавад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

 

“Сарнавишти Эронро бояд худи мардуми Эрон ҳал кунад”

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Академик Кароматулло Олимов ба адибон ва фарҳангиёни Тоҷикистон паём дод ва аз онҳо хост, ки дар ин рӯзҳои сангин бо ҳамзабонони эронии худ ҳамдард бошанд.

“Дар ин рӯзҳо, ки воқеан барои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мардуми шарифу ҳамзабону ҳамфарҳанги мо рӯзҳои сангин аст, аввалан ман сабр орзу мекунам. Дигар ин ки, ин кушторҳое, ки ноодилона, ноҷавонмардона сурат гирифтааст, воқеан изтироби мову тамоми аҳли ҷаҳонро ба вуҷуд овардааст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Олимов ин ҳамларо хилофи қонун ва меъёрҳои Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки “ин кор зидди тамоми башарият аст”

Ӯ аҳли фарҳанг ва илму адаби Эронро ҳамчун меросбарони тамаддуни бузурги муштараки Тоҷикистону Эрон номида, гуфт, ки “мардуми Эрон ҳарчанд бисёр мушкил аст, вале бояд мубориза баранд”.

Дар мавриди таъсири ҷанг ба ҳамкориҳои илмию академии ду кишвар Олимов ба воқеъбинӣ иқрор шуд, ки рафтуомадҳои мустақим феълан имконнопазир аст, аммо бо итминон гуфт, ки ҳамкориҳои муштарак дар ин самт қатъ нахоҳад шуд.

Ӯ бо қатъият гуфт, ки “бояд сарнавишти Эронро худи мардуми Эрон ҳал бикунад”.

 

Таърихчаи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Рӯзи шанбеи 28-уми феврал Амрико ва Исроил амалиёти муштараке оғоз карда, ба шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон, Қум, Караҷ ва Кирмоншоҳ – шаҳрҳои муҳими Эрон ҳамла карданд.

Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳоротҳои худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло ҳамлаҳои тарафҳо идома доранд. Вазъият печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд

0

Муҳоҷирони меҳнатӣ бо пардохти 240 сомонӣ метавонанд, ки муоинаи тиббиро барои гирифтани "патент" дар Тоҷикистон гузаранд. Дар ин бора Саломуддин Юсуфӣ, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як ҷаласаи парлумон гуфтааст.

Дар ин маҷлис, вакилони парлумони Тоҷикистон, Созишнома дар бораи гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ дар кишвари худ то ворид шудан ба Русияро ба тасвиб расонидаанд.

Ин созишнома ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия мераванд, иҷозат медиҳад, ки дар Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии пизишкиро ҳаминҷо бигиранд. Ҳоло муҳоҷирони тоҷик муоинаи тиббиро танҳо дар Русия мегузаранд. Гузаштан аз ташхиси тиббӣ яке аз талабот барои гирифтани иҷозатномаи кор (патент) дар Русия аст.

Саломуддин Юсуфӣ рӯзи 4-уми марти имсол дар назди вакилони парлумон гуфтааст, дар сурати қабули созишномаи мазкур, шаҳрвандони кишвар метавонанд муоинаи тиббиро дар ҳудуди Тоҷикистон бо пардохти 240 сомонӣ  (бахши хусусӣ – 300 сомонӣ) “дар муассисаҳои интихобшуда” гузаранд.

Вале нагуфтааст, ки муассисаҳои интихобшуда кадомҳоянд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нуқтаи тиббӣ дар яке аз муассисаҳои тиббии Душанбе таъсис меёбад ва дар асоси қонунгузории Русия кор карда, Тоҷикистон ин марказро аз супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ озод мекунад.  

Ба иттилои ӯ, ин хидматрасонӣ дар ҳудуди Русия аз 8 то 10 ҳазор рубл (тақрибан 960-1200 сомонӣ ба ҳисоби имрӯз) арзиш дорад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳукумати Русия аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷиронро дар Тоҷикистон тасдиқ кард

“Агар шаҳрванди Тоҷикистон бидуни пешниҳоди маълумот дар бораи вазъи саломатиаш ва мусофирати муваққатӣ ба Русия мубталои бемории ВНМО ё сил пас аз муоинаи тиббӣ ошкор шавад, дар бисёр маврид онҳо табъид (депортатсия) мешаванд”, – гуфтааст муовини вазир.

Ба қавли ӯ, яке аз далоили қабули созишномаи мазкур низ пешгирии саривақтӣ аз чунин ҳолатҳо буда, лоиҳаи созишнома бо ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла, вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, меҳнат ва муҳоҷират, Оҷонсии зиддифасод, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук мувофиқа шудааст.

Ин созишнома рӯзи 9-уми октябри соли 2025 дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расида буд

Баъдтар онро ҳукумати Русия тасдиқ карда, барои баррасӣ ба Думаи давлатии ин кишвар фиристода буд.

Қаблан, муҳоҷирон дар Русия аз муоинаи тиббӣ мегузаштанд, ки сарсонии зиёд, хароҷоти зиёди молиявӣ дар пай дошт ва аксаран бо баҳонаи мубталои бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар бозпас мегардониданд.

Мақомоти ҳарду кишвар изҳор мекунанд, ки ин санад "ҷиҳати танзиму тартиби раванди муҳоҷирати корӣ, баланд бардоштани шаффофияти расмиёт ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи шуғл равона шудааст".

Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд.

Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши "патент" ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо кор ба муҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.