Home Blog Page 3

Тоҷикистон ба Эрон кумаки башардӯстона фиристод

0

Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон, Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумаки башардӯстона фиристод.

Дар ин бора имрӯз, 18-уми март, сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, навиштааст, ки ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон равон карда шуд. 

Ба иттилои манбаъ, кӯмакҳо аз 3 ҳазору 610 тонна бор, аз ҷумла, аз 45 тонна доруворӣ, маводи беҳдоштӣ, сару либоси кӯдакона, анвои гуногуни хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор, рахти хоб, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат аст.

“Корвони ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо 110 мошини пурбор рӯзи 18-уми март ба ҷониби Эрон раҳсипор шуд ва ба зудӣ дастраси мардуми ниёзманд дар кишвари дӯсту бародар мегардад”, – навиштааст манбаъ.

Бояд гуфт, субҳи 28-уми феврали соли 2026 Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳоротҳои худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло ҳамлаҳои тарафҳо идома доранд. Вазъият печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Эрон кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймониро тасдиқ кард

0

Мақомоти Эрон тасдиқ карданд, ки Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ, фармондеҳи Созмони “Басиҷ”-и Сипоҳи посдорон кушта шудаанд. Вазорти дифои Исроил рӯзи гузашта эълон карда буд, ки ҳардуи онҳо дар ҳамлаи шабонаи ин кишвар ба Теҳрон кушта шудаанд.

Дабирхонаи Шӯрои амнияти миллии Эрон шаби гузашта дар изҳороте гуфт, ки Алии Лориҷонӣ ҳамроҳ бо яке аз фарзандонаш – Муртазо Лориҷонӣ, инчунин, Алиризо Баёт, муовини амнияти Дабирхонаи Шӯрои амният ва ҷамъе аз муҳофизонаш дар саҳаргоҳи моҳи мубораки Рамазон кушта шудааст.

Аз ин пештар, Сипоҳи посдорони Эрон дар баёнияе кушта шудани Ғуломризо Сулаймониро таъйид карда, изҳор дошт, ки “ин террори ноҷавонмардона ҳокӣ аз аҳаммият ва нақши Басиҷ дар майдони набарди ҳамаҷониба бо Артиши террористии Амрико ва режими саҳюнистиву муздурони онҳо ба вижа дар ҷанги ахир мебошад”.

Мақомоти Эрон дар мавриди ҷузъиёти куштори ин мақомдорони эронӣ иттилои дигаре нашр накардаанд.

Алӣ Ардашер Лориҷонӣ, сиёсатмадори куҳнакор ва низомии Эрон буд, ки зиёда аз чор даҳа дар сатҳи баландтарини сохтори ҳокимияти Ҷумҳурии Исломӣ фаъол будааст. Номи ӯ пайваста бо нуқтаҳои ҳассосу баҳсноки таърихи муосири Эрон – аз музокироти ҳастаӣ то вокуниш ба эътирозот пайванд хӯрдааст. Ахиран Амрико номи Лориҷониро шомили феҳристе карда буд, ки барои пешниҳоди маълумот дар бораи онҳо то 10 млн доллар мукофот дода мешавад.

Алии Лориҷонӣ кист ва дар низоми Эрон чӣ нақше дошт, дар ин маводи мо хонед: Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?

Ғуломризо Сулаймонӣ 62 сол дошт ва аз соли 2019 фармондеҳи созмони "Басиҷ" буд. Ӯ соли 1988 узви ин созмон шуд ва дар даҳҳо амалиёт дар ҷанги Эрону Ироқ (солҳои 2001-2008) ҳамчун узв ва фармондеҳи гурӯҳону гардон (рота ва баталион) ширкат варзид.

Ӯ фармондеҳи баландпояи Сипоҳи посдорон ба ҳисоб мерафт. "Басиҷ", созмони зери раҳбарии ӯяке аз ниҳодҳои амниятии ҳукумати Эрон ва зертобеи Сипоҳ буда, дар идораи бӯҳронҳои дохилӣ нақши муҳим мебозад.

Қаблан, дар пайи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Теҳрон Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон ва теъдоде аз фармондеҳони баландпояи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, мисли Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии дифоъ, Азиз Насирзода, вазири дифоъ, Муҳаммад Покпур, фармондаи кулли Сипоҳи посдорон Абдурраҳим Мусавӣ, раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳ кушта шуданд. Бо гузашти беш аз як ҳафта аз кушта шудани Алии Хоманӣ, ба курсии роҳбари олии Эрон Муҷтабо Хоманаӣ, яке аз фарзандони ӯ интихоб  шуд. Маълум нест, ки ба ҷои фармондеҳони кушатшуда, нафарони нав таъин шудаанд ё не.

Субҳи 28-уми феврали соли 2026 Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳоротҳои худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло ҳамлаҳои тарафҳо идома доранд. Вазъият печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Ҷаримаи як сокини Суғд барои сохтани муҳри қалбакии кормандони гумрук

0

Мақомот як сокини вилояти Суғдро бо иттиҳоми сохтани муҳри қалбакии кормандони гумрук ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида, беш аз 10 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Дар ин бора, рӯзи 17-уми март Эраҷ Давлатов, сардори шуъбаи мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, аз ин шахс Наимҷон Эркинов ном бурд, ки ронандаи мошини боркаш будааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ ҳангоми содироти маҳсулот ба хориҷа, мӯҳри кормандони гумрукро нусхабардорӣ ва дар Русия муҳри қалбакиро омода кардааст.

Манбаъ афзуд, номбурда муҳри қалбакиро ҳангоми убури сарҳади гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои худ истифода мебурд ва бидуни навбат ва пеш аз вақти муайяншуда бор ва мошини худро аз сарҳад интиқол медод.

 

Мақомот баъди ошкор шудани ин кирдори Эркинов, нисбати ӯ бо иттиҳоми сохтакории мӯҳр (моддаи 340, қисми 2, Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ба Додситонии ноҳияи Мастчоҳ ирсол кардааст.

Аммо маълум нест, ки ин амали ӯ кай ва дар кадом шароит ошкор шудааст.

Аз Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ, ки парванда баъди баррасӣ ба ин идора ворид шудааст, ба мо гуфтанд, Наимбой Эркинов бо ҳукми додгоҳ 10 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима  шудааст.

Бояд гуфт, ба иттилои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, давоми соли 2025 дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 1719 қонуншиканӣ ошкор шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум 385 ҳолат зиёд аст. Ҳамчунин, соли гузашта 26 ҷиноят дар ин самт ошкор шудааст.

Таълим дар мактаби Тоҷикистон чанд пул аст?

0

Таълим дар Тоҷикистон расман бепул шуморида мешавад. Муассисаҳои давлатӣ барои таълим пул нагирифта, кӯдакистонҳо бо дастгирии давлат фаъолият мекунанд ва дар макотиби олӣ ҷойҳои буҷетӣ пешниҳод мешавад. Дар асл бошад, таълим ё худ омӯзиш  яке аз сармоягузориҳои бузург барои оила аст.

Бисёр вақт падару модарон ҳатто дарк намекунанд, ки барои таълиму омӯзиши фарзандони худ чӣ қадар маблағ сарф мекунанд…

Оилаи Ҳамидовҳо се фарзанд доранд: ду мактабхон, ки якеаш дар мактаби давлатӣ ва дигарӣ дар литсейи давлатӣ таҳсил мекунанд. Боз як фарзанди онҳо ҳоло дар кӯдакистон таълиму тарбия мегирад.

Ин оила ҳамаи хароҷоти худро дар китоби оилавӣ ба қайд мегиранд.

 

Кӯдакистон: қадами аввали молиявӣ

Вақте ки кӯдак ба кӯдакистони давлатӣ меравад, волидон маъмулан умедвор мешаванд, ки хароҷот муътадил мешавад. Аммо дар ин ҷо низ пардохтҳои ҳармоҳа, пулҷамъкунӣ барои эҳтиёҷоти хоҷагӣ, иду маросим ва лавозимоти мактабӣ тадриҷан маблағи зиёдро талаб мекунанд. Дар сурати интихоби кӯдакистони хусусӣ хароҷот чандин маротиба зиёд мешавад.

Фарзанди хурдсоли оилаи Ҳамидовҳо дар кӯдакистони давлатӣ тарбият мегирад. Маблағи ҳармоҳаи он 400 сомониро ташкил медиҳад. Пардохт тариқи портали “Хадамоти давлатӣ” (Госуслуги) сурат мегирад.

Биёед хароҷоти кӯдакистонро дар як сол ҳисоб мекунем.

– 400 сомонӣ дар як моҳ — хӯрок ва пардохтҳои ҳатмӣ;

– ҳудуди 500 сомонӣ дар як сол — сарулибос, чорабинҳои субҳгоҳӣ (утренник), лавозимоти канселярӣ.

Ҳисоб мекунем: 400 сомонӣ × 12 моҳ = 4 800 сомонӣ дар як сол. Ҳамагӣ: 4 800 сомонӣ + 500 = 5 300 сомонӣ.

Кӯдакистони хусусӣ

Нарх аз 1 500 то 2 000 сомонӣ дар як моҳ. Дар як сол хароҷот чунин аст:

– 1 500 сомонӣ × 12 = 18 000;

– 2 000 сомонӣ × 12 = 24 000.

Ба ин тариқ, оила давоми як сол дар кӯдакистони хусусӣ метавонад аз 18 000 то 24 000 сомонӣ масраф кунад.

 

Мактаб: "бепул" маънои бе хароҷотро надорад

Таҳсил дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ расман бепул аст. Лекин ҳар як оила медонад, ки соли хониш аз харидҳо оғоз мегардад: сарулибоси мактабӣ, пойафзол, ҷузвдон, лавозимоти хониш.

Хароҷоти ҳадди ақалл барои асбобу лавозимоти мактабӣ барои як хонанда ҳудуди 1 000 сомониро ташкил медиҳад.

Хароҷот бахусус барои мактабхонҳои синфҳои болоӣ назаррас аст, вақте ки қабулшавӣ ба мактаби олӣ бидуни дарсҳои иловагӣ бо муаллими алоҳида ғайриимкон аст.

Инак, хароҷоти мактабро дар як сол барои ду нафар хонанда ҳисоб мекунем.

Фарзанди якум (мактаби одӣ (маъмулӣ):

– 1 500 сомонӣ — сарулибос ва лавозимоти мактабӣ;

– 800 сомонӣ — маҳфилҳо (кружокҳо) ва ҷамъоварии маблағҳо.

Ҳамагӣ: 2 300 сомонӣ дар як сол.

Фарзанди дуюм (литсей/гимназияи давлатӣ, таълим бепул, лекин барои дарсҳои иловагӣ пардохт мебояд кард):

– 2 300 сомонӣ — хароҷоти заминавии мактабӣ;

– 2 700 сомонӣ — машғулиятҳои иловагӣ.

Ҳамагӣ: 5 000 сомонӣ дар як сол.

Хароҷоти умумии оила дар як сол: 2 300 + 5 000 = 7 300 сомонӣ.

Ба ин тариқ, агар як кӯдак дар мактаби маъмуливу фарзанди дигар – дар литсей бо пардохти машғулиятҳои иловагӣ таҳсил кунад ва боз як фарзанд дар кӯдакистон бошад, хароҷот тақрибан ба 12 200 сомонӣ дар як сол (бидуни гирифтани муаллимони иловагӣ) баробар аст.

 

Ҳамидовҳо чӣ қадар пул кор мекунанд ва чӣ қадар харҷ мекунанд?

Даромади оилаи Ҳамидовҳо дар як моҳ 8 000 сомонӣ буда, қариб сеяки он – ҳудуди 2 200 сомонӣ барои таҳсилу тарбияи се фарзандашон сарф мешавад. Ва ин ҳам бидуни назардошти хӯроку хадамоти коммуналӣ ва сарулибосу хароҷоти тиббӣ.

Дар зер тақсими маблағи даромади оилаи Ҳамидовҳо аз рӯйи категорияҳо.

Ба сурати умум, даромади оилаи Ҳамидовҳо бо се фарзанд дар як сол 96 000 сомонӣ ва хароҷот қариб 94 000 сомониро ташкл дода, барои ҷамъкунии пул ҳамагӣ 2 000 сомонӣ – камтар аз 2%-и буҷет боқӣ мемонад. Ҳама гуна болоравии нархҳо ва хароҷоти ғайриинтизор метавонад ба касри буҷет оварда расонанд.

 

Хароҷоти пӯшида, ки дар бораи он кам мегӯянд

Ба таҳсил бармегардем. Оила ба он танҳо барои чизҳои аз ҳамам зарурӣ харҷ кард, лекин нархи воқеӣ на танҳо аз пардохтҳои расмӣ ба вуҷуд меояд.

Интернет барои омӯзиши фосилавӣ, ноутбук ё смартфон, маълумотномаҳои тиббӣ, иштирок дар озмунҳо, давраҳои омӯзишии иловагӣ ва ғайра низ қисмати ноаёни хароҷоти буҷети оиларо ташкил медиҳад.

Бисёре аз падару модарон доимо ин хароҷотро ба қайд намегиранд ва ин кор ба зиёдшавии назарраси маблағ боис мегардад.

 

Чаро ҳисоби пешакӣ муҳим аст?

Саводнокии молиявӣ ин на танҳо малакаи истифода аз маҳсулоти бонкӣ ва қарз гирифтан, балки маҳорати тарҳрезӣ (ба нақша гирифтан) низ мебошад.

Агар оила пешакӣ донад, ки барои таҳсили кӯдак маблағи ҷиддӣ лозим аст, метавонд пулро пешакӣ ҷамъ кунад, даромадро дуруст тақсим созад ва сарбории қарзро минбаъд пешгирӣ намояд.

Онлайн-калкулятори мо ба шумо ҷиҳати дуруст ба нақша гирифтани хароҷоти буҷети оила кумак мекунад:

Роҳ аз кӯдакистон то гирифтани диплом дар Тоҷикистон ин на танҳо солҳои таҳсил, балки солҳои ҳаллу фасли масоили молиявӣ низ мебошад. Чӣ қадре ки ин қарорҳо огоҳонаву дуруст қабул шаванд, ҳамон қадар оила устувортар хоҳад шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 марти соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1953 – Бори аввал дар доираи барномаи Хадамоти Осиёи Марказӣ Радиои “Озодӣ” ба забони тоҷикӣ пахш гардид.

Соли 2010 – Дар Тоҷикистон дар натиҷаи сафари давлатии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”-ро имзо намуд.

Соли 2016 – Дар Душанбе Симпозиуми байналмилалии шеъри намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор шуд.

Соли 2018 – Дар Тоҷикистон китоби тарҳҳои намунавии либосҳои миллӣ барои занон бо номи “Дастурамали либоси тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар ҶТ” нашр гардид.

Соли 2020 – Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиёи кишвар олимони тоҷикро барои асардӯздӣ ё плагиат интиқод кард.

Соли 2021 – Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик ва қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро барои истифодаи моддаи мамнӯъ ду сол аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум карда шуд.

Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузошт. Аз ҷумла, ба қонунҳо “Дар бораи захираҳои генетикӣ”, “Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ” ва як қатор тағйиру иловаҳо дар кодексҳои андоз ва гумрук.

Соли 2024 – Дар доираи парвандаи рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси "Ориёнбонк" 14 нафар ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд. Аз ҷумла 5 гумонбар ба ҳукми абад маҳкум гариданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1936 – Мавлуди Отахон Латифӣ, рӯзноманигори шинохта ва сиёсатмадори тоҷик.

Отахон Латифӣ яке аз шахсиятҳои намоёни журналистика ва сиёсат дар Тоҷикистон буд. Ӯ фаъолияти худро аз журналистика оғоз намуда, дар нашрияҳои бонуфузи шӯравӣ, аз ҷумла “Комсомолская правда”, “Правда” ва “Известия” кор кардааст.

Соли 1989 ба вазифаи муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон таъин шуда, барои ба эътидол овардани нооромиҳои кишвар нақши калидӣ бозид. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ маҷбур шуд, ки Тоҷикистонро тарк кунад, аммо ҳамчун раҳбари Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократӣ талошҳои сулҳҷӯёнаи худро идома дод.

Латифӣ яке аз ташаббускорони музокироти сулҳи байни тоҷикон буд. Пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997 ба Душанбе баргашта, ба ҳайси раиси зеркумиссиони ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ фаъолият кард.

Отахон Латифӣ 22 сентябри соли 1998 дар Душанбе ба қатл расонида шуд. Куштори ӯ то имрӯз мармуз боқӣ мемонад.

Соли 1956 – Мавлуди Шамсиддин Орумбекзода, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Шамсиддин Орумбекзода шахсияти сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон аст. Ӯ соли 1977 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии Тошкандро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгор оғоз намуда, баъдан дар бахшҳои телевизион ва радио, мақомоти идоракунии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва идоракунии давлатӣ кор кардааст. Аз соли 2011 мушовири Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо ва аз соли 2013 то 2020 Вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.

Соли 1966 – Мавлуди Маҳмадсаид Шоҳиён (Пиров), ҳунарпеша ва директори “Тоҷикфилм”.

Маҳмадсаид Шоҳиён дорои таҳсилоти олӣ дар соҳаҳои ҳунар, иқтисод, ҳуқуқ ва идоракунии давлатӣ аст. Ӯ фаъолияти худро ҳамчун ҳунарпешаи Театри академию драмавии ба номи А. Лоҳутӣ оғоз намуда, сипас дар телевизион, кино ва идоракунии расонаҳо фаъолият кардааст.

Шоҳиён дар вазифаҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио, раиси “Телевизиони Сафина”, директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон кор кардааст. Маҳмадсаид Шоҳиён аз соли 2020 то ҳол роҳбари “Тоҷикфилм” аст.

Шоҳиён инчунин дар синамои тоҷик як қатор нақшҳо офаридааст. Аз ҷумла, нақши  Восеъ дар “Ашк ва шамшер”,  Маҷнун дар “Муҳаббат дар сад сол”, Ҳалимбой дар “Буд набуд”, Абдушукур дар “Дар орзӯи падар” иҷро кардааст.

Ахиран иҷрои нақши Ҷомӣ дар филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” баҳсбарангез шуд ва ӯ, ки бозигари филм интихоб шуда буд, баъди анҷоми чанд марҳилаи сабт ва вокуниши тунди ҷомеа аз ин нақш канор рафт ва ба ҷойи ӯ Қурбони Собир ҳамчун бозигари ин нақш интихоб шуд.

Соли 2004 – Абдуҷалил Самадов, ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик, собиқ сарвазири Тоҷикистон дар 54-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2017 – Низом Нурҷонов, олим, санъатшинос ва театршиноси тоҷик дар синни 93-солагӣ аз олам даргузашт.

 

Низом Нурҷонов яке аз санъатшиносони шинохтаи тоҷик дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Айни балоғати ӯ ба даврони ҷанги Шӯравӣ муқобили Олмон ё ба истилоҳ ҷанги бузурги ватанӣ рост омад ва ӯ ба ҷанг рафт. Баъди бозгашт дар Донишкадаи давлатии педагогии Шевченко таҳсил намуд ва ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт.

Ӯ асосгузори шуъбаи таърихи санъат дар Академияи улуми кишвар аст. Дар самти таҳқиқи санъат корҳои бузург анҷом дода, рисолаҳояшро дар риштаи “Таърихи театри шӯравии тоҷик” (солҳои 1917-1941) ва “Театри мардумии тоҷик: бар асоси маводи вилоят Кӯлоб” ҳимоя кард.

Саҳми мунаққиди номӣ дар инкишофи нақди театр пурарзиш буда, мақолаҳо ва тақризҳояш дар маҷаллаҳои бонуфузи гуногуни Тоҷикистону берун аз он ба табъ расидаанд. Умуман, шумораи китобу рисолаву мақолаҳои мухталифи муаллиф то имрӯз беш аз 900 номгӯйро ташкил медиҳад, ки гувоҳи равшани соҳибҳунарӣ ва заҳматписандии беназири ӯ мебошанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола, 18-уми март Рӯзи Коммунаи Париж таҷлил мешавад.

18 марти соли 1871, дар натиҷаи як шӯриши мусаллаҳонаи мардуми Париж, ҳукумати буржуазӣ сарнагун карда шуд ва ҳокимияти халқӣ – Коммунаи Париж таъсис ёфт.

Инқилоб 72 рӯз идома кард (аз 18 март то 28 майи 1871) ва дар ин муддат як қатор тағйироти муҳим амалӣ гардид. Аз ҷумла, артиши доимӣ барҳам дода шуд ва ҷои онро милитсияи халқӣ гирифт, ҷудоии калисо аз давлат эълон шуд, музди кори рӯҳониён бекор гардид, маориф хусусияти дунявӣ пайдо кард.

Аммо инқилоб натавонист дар тамоми Фаронса пирӯз шавад. Неруҳои ҳукумати Версал бо истифода аз артиши зиёд ва таҷҳизоти пешрафта, Коммунаро шикаст доданд. Пас аз фурӯ нишондани шӯриш, зиёда аз 13 000 нафар боздошт шуданд, ки 7 500 нафар ба маҳбасҳо ва минтақаҳои дурдаст бадарға ва зиёда аз 20 нафар эъдом шуданд.

Дар ҳамин рӯзи соли 1662 дар Париж нахустин хидмати нақлиёти ҷамъиятӣ оғоз ёфт. Ин як аробаи ҳаштнафара буд, ки “омнибус” (маънояш – “барои ҳама”) ном дошт ва бо қувваи асп ҳаракат мекард.

Аввалан, омнибус барои шахсоне пешбинӣ мешуд, ки тавони истифодаи карета ё паланкинро надоштанд, вале баъдан ба одамони табақаи поинӣ манъ гардид. Дар натиҷа, нақлиёт аз сабаби кам шудани мусофирон барҳам хӯрд. Танҳо дар аввали асри XIX, омнибус дубора дар Аврупо пайдо шуд.

Имрӯз, дар бархе аз шаҳрҳои Аврупо омнибусҳо барои гардишгарон истифода мешаванд, дар баъзе шаҳрҳои Куба бошад, то ҳол нақши нақлиёти ҷамъиятиро иҷро мекунанд.

18 марти соли 1965 аввалин бор дар таърих одам ба фазои кушод баромад. Ин шахс кайҳоннаварди шӯравӣ Алексей Леонов буд, ки тақрибан 12 дақиқа дар беруни киштии “Восход-2” қарор дошт. Барои ин сафар, дар киштии “Звезда” скафандри махсуси “Беркут” таҳия гардид.

Баъд аз чанде, кайҳоннавардони амрикоӣ низ чунин таҷрибаро такрор карданд. Рӯзи 3 июни соли 1965, кайҳоннавардони амрикоӣ Ҷеймс Макдивитт ва Эдвард Уайт, ки бо киштии кайҳонии “Gemini-4” парвоз карданд, дари киштиро боз намуданд ва Уайт ба фазои кушод баромад.

18 марти соли 1980 дар майдони озмоишии “Плесецк” (вилояти Архангелск) ҳангоми омодагӣ ба парвози мушаки борбари “Восток-2М” таркише рух дод, ки боиси талафоти зиёди инсонӣ гардид. Рӯзи 17 март, як рӯз пеш аз таркиш, мушак дар таҷҳизоти парвозӣ насб шуда, тамоми санҷишҳоро бидуни мушкил гузашт. Аммо 2 соату 15 дақиқа пеш аз парвози нақшавӣ таркиш рух дод.

Дар натиҷаи ин фоҷеа, 44 хизматчии ҳарбӣ ба ҳалокат расиданд, зиёда аз 40 нафар ҷароҳатҳои гуногун гирифта, ба беморхона интиқол ёфтанд, ки баъдан 4 нафари дигар дар он ҷо вафот карданд.

18 марти соли 1892 ҷоизаи Ҷоми Стэнли барои беҳтарин дастаи хоккей таъсис дода шуд. Ин ҷоиза ҳар сол ба ғолиби силсилаи плей-оффи Лигаи Миллии Хоккей дода мешавад. Ҷоми Стэнли як ҷоми нуқрагинест, ки баландиаш тақрибан 90 см буда, пояи баланди силиндршакл дорад.

Ин ҷоиза ба шарафи Лорд Стэнли Престон, губернатори генералии Канада, ки мафтуни бозии хоккей шуда буд, номгузорӣ шудааст. Ӯ барои қадрдонии беҳтарин дастаи хоккейи Канада як косаи нуқрагинро, ки дар платформаи чӯби сиёҳ ҷойгир буд, харидорӣ кард. Номҳои ғолибонро дар ин коса ҳаккокӣ мекарданд. Баъдан, бо гузашти вақт, андозаи пояи Ҷоми Стэнли ба 135 см, баландиаш ба 90 см ва вазнаш ба 15,5 кг расид.

18 марти соли 1931 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин мошини риштарошии барқӣ ба истеҳсоли оммавӣ бароварда шуд.

Ин дастгоҳро Ҷейкоб Шик (Jacob Schick) ихтироъ кард. Ӯ пас аз таҷрибаҳои зиёд мошини барқии риштароширо таҳия намуд, ки раванди риштароширо осон ва бехатар гардонд.

Ихтирои мошини риштарошии барқӣ як қадами муҳим дар соҳаи нигоҳубини шахсӣ буд ва он то имрӯз яке аз асбобҳои маъмул барои мардон боқӣ мондааст.

18 марти соли 1999 аввалин сабти блог дар платформаи “Живой журнал” (LiveJournal) нашр шуд.

Ин платформа аз ҷониби Бред Фиспатрик (Brad Fitzpatrick), барномасози амрикоӣ сохта шудааст. Домен ё нишонии "LiveJournal.com" бошад, 15 апрели соли 1999 ба қайд гирифта шуд. "LiveJournal" як блог-платформаест, ки ба корбарон имкон медиҳад рӯзномаи шахсӣ (блог) эҷод кунанд ва мундариҷаи худро бо дигарон мубодила намоянд. Ин платформа ба шарофати имкони муоширати фаъол миёни корбарон "зинда" номида шудааст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок, рӯзона борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо нимаи дуюми рӯз борон меборад ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо  рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф ва дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -1+4º, дар ғарби вилоят шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард.  

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо нимаи дуюми рӯз борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 3+5º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 18 ба 19-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?

0

Ба иттилои мақомот, ба ҳолати соҳи июли соли 2025 дар кӯҳҳои кишвар 31 ҳазор гӯсфанди Ғурм, 6 ҳазор бузи Морхӯр, зиёда аз 6 ҳазор гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ва тақрибан 800 хирси тиёншонӣ ба сар мебаранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хирси маллаи тиёншонӣ

Зимнан, ахиран вакилони парлумон рӯзи 11-уми марти имсол ба қонун “Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор” тайғирот ворид карданд.

Дар сурати имзои ин қонун, барои гирифтани роҳхати шикор дар ҳудуди кишвар ба таври ғайринақдӣ бояд пардохт кард.

Бояд гуфт, ҳоло дар кишвар шикори ҳайвоноти нодир музднок буда, тартиби пардохти маблағи роҳхати он аз ҷониби ҳукумати кишвар муайян ва ситонида мешавад.

“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?

0

Қаллобони сайберӣ дар Тоҷикистон усули тозае пайдо карданд: онҳо бо баҳонаи гузаштан ба шабакаи интернетии 5G ба шаҳрвандон занг зада, пули онҳоро аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои рақамӣ медузданд. Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти алоқа, Бонки миллӣ ва ширкатҳои мобилӣ ҳушдор медиҳанд, ки ин навъи қаллобӣ хатарнок буда, афзоиши нигаронкунанда дорад. Коршинос бошад, роҳи ҳимоя аз онро шарҳ дод.

Ва дар ин матлаб мо талош кардем қаллобии сайбериро муфассал, аммо сода барои хонандагон шарҳ диҳем.

“Беш аз 2 ҳазор долларам рабуда шуд”

Дилбар, як сокини Душанбе ба “Азия-Плюс” нақл кард, ки чӣ гуна ба доми қаллобон афтодааст. Ӯ гуфт, ки рӯзи 14-уми феврал бо рақами кории +992 37 223 2121 ба телефонаш занг омад. Аз он тараф духтаре бо русӣ ҳарф зада, худро корманди ширкати Tcell муаррифӣ кард.

“Гуфт, ки ширкат ҳамаи симкортҳоро ба интернети 5G мегузаронад ва аз ин пас 3G ва 4G кор намекунанд. Агар Шумо ба 5G нагузаред, симкортатон баста мешавад”, – мегӯяд Дилбар.

Ӯ афзуд, “пурсидам, ки чӣ бояд кард. “Корманди ширкат” гуфт, ки тариқи WhatsApp барномае мефиристем, онро бояд насб кунед ва телефонро дубора хомӯшу фаъол созед. Чанд дақиқа пас аз рақами русии +7 937 615-81-2 барномаи “5G+VOLTE.apk” дар ҳаҷми 33 мегабайт омад. Онро боргирӣ ва насб кардам”.

“Баъди чанд дақиқа аз картаи “Dushanbe City”-ам паём омад, ки маблағ интиқол шуд. Дар телефонам барномаҳои мобилии 4 бонк буд – “Dushanbe City”, “Алиф”, “Ориёнбонк” ва “Амонатбонк”. Ҳамаи барномаҳо шикаста ва маблағи ҳамаи кортҳо ба “Dushanbe City”-и ман интиқол ёфта, аз он ба бонки дигар фиристода шуд. Дар кортам доллари амрикоӣ буд, инчунин ҳама пули тоҷикиам – дар ҷамъ беш аз 2 ҳазор доллар рабуда шуд”, – нақл кард ӯ.

Дилбар ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД шикоят кардааст. Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқот нишон додааст, ки маблағ аввал ба корти як сокини пойтахт интиқол ёфта, сипас аз он ба як бонки дигари Русия, ки ба шаҳрванди 13-солаи сокини вилояти Самара рабт дорад, фиристода шуда, аз он боз интиқол ёфтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси барномае, ки тавассути он қаллобон ҳамёрҳоро рахна кардаанд

“Маъум нест, ки соҳиби корти “Dushanbe City”, ки маблағи ман ба ӯ интиқол ёфт, ба ин ҷоният даст дорад ё ӯ ҳам ҷабрдида аст. Намедонам, пули ман бармегардад ё не”, – бо нигаронӣ мегӯяд ӯ.

Сарусадо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Қаллобон айнан бо ҳамин роҳ ба дигар шаҳрвандони кишвар ҳам ба тамос баромадаанд. Аз ҷумла, рӯзноманигори тоҷик Иршод Сулаймонӣ гуфт, ки ба ӯ низ аз рақами +992 82 280 52 74 занг омад. Аз он сӯй бонуе бо русӣ ҳарф зада, худро корманди ширкати мухобиротии Tcell муаррифӣ кард.

“Гуфт, имрӯз рӯзи охирин аст ва агар кодеро нафиристӣ, аз фардо телефону ҳама кортҳои бонкият баста мешаванд. Ман гуфтам: "Бигзор баста шавад, ба ту чӣ?” Пас ба ӯ гуфтам, ки қаллобӣ. Хеле зуд тамосро қатъ кард”, – менависад Сулаймонӣ.

Муллораҷаб Юсуфӣ, рӯзноманигори дигар низ ба ин навъи қаллобӣ мувоҷеҳ шудааст. Ӯ ҳам навишт, ки аз рақами +992 37 223 2121 марде бо забони русӣ худро Алексей ва мушовири ширкати Tcell муаррифӣ кард.

“Ин мард гуфт, Tcell алоқаи 5G ҷорӣ кардааст ва ман бояд бо роҳнамоии онҳо танзимоти 5G-ро дар телефонам фаъол кунам. Ҳарчанд фаҳмидам қаллоб аст, аммо суҳбатро давом додам, то бинам кор ба куҷо мерасад. Ин мард баъди шунидани тамғаи телефон гуфт, ки мушовир аз тариқи WhatsApp бо шумо тамос мегирад ва чӣ гуна танзим кардани 5G-ро мефаҳмонад. Дар ҳақиқат чанд дақиқа пас аз як рақами Русия +7 960 335-45-74 ба WhatsApp-и ман занг омад, ки дигар ҷавоб надодам”, – навишт рӯзноманигор.

Дигар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам аз ин навъи қаллобӣ шикоят ва нигаронӣ доранд.

Вазир: “Ин мушкили тамоми дунё аст”

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ аз афзудани қаллобии интернетӣ нигаронӣ карда, навъи нави қаллобӣ – бо баҳонаи 5G-ро махсус ёдовар шуд.

МЕДИА (IFRAME)

“Шахсони бегона тариқи тамоси телефонӣ шаҳрвандонро ҷиҳати беҳтар кардани хидматрасонии интернетии 5G ҷалб карда, барои фаъол шудани он рамзи тасдиқ мепурсанд. Аз ҳама роҳи бехатар ин аст, ки дар телефон барномаҳои кортиро насб накунем, чунки роҳҳо хеле зиёд шудааст, қаллобон ба тарзҳои гуногун ба телефонҳо ва барномаҳои он дастрасӣ пайдо карда, ба ҳар роҳ маблағҳои ҳамёнҳои мобилиро дуздида истодаанд. Ин боиси ташвиш аст”, – гуфт Раҳимзода.

Ӯ изҳор дошт, ки ин корро “гурӯҳои муташаккили ҷиноятӣ” аз хориҷа анҷом медиҳанд: “ВКД ҳама чораҳои пешгирикунандаро меандешад, бо бонкҳо ва ширкатҳои мобилӣ ҳамкорӣ карда истодааст, лекин ин мушкили танҳо Тоҷикистон нест, мушкили амоми дунё аст. Мо бояд якҷоя кор кунем ва якҷоя пеши ин корро бигирем”.

Ба иттилои Саидаҳтам Ҳотамзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, соли 2025 вобаста ба ҷинояҳои киберӣ 45 парванди ҷиноятӣ алайҳи 114 тан боз шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, қаллобон аз кишварҳои Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина ва Маяма бо роҳҳои гуногун маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро тасарруф кардаанд.

Сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил гуфт, ки соли сипаришуда барои чунин ҷиноятҳо 7 кас дастгир шудааст. Аммо ӯ ҳувияти онҳо ва дар куҷо боздошт шуданашонро ошкоро нагуфт.

МЕДИА (IFRAME)

Tcell тавзеҳ дод

Дар пайи шикояти шаҳрвандон мо ва нигаронии мақомот ба ширкати Tcell муроҷиат карда, дар ин робита тавзеҳ пурсидем. Ширкати Tcell дар мавриди зангҳои қаллобӣ ба муштариён тавзеҳ дод, ки дар пайи санҷишҳои охир ҳодисаи рахна шудани низоми амниятӣ ё дуздида шудани маълумоти шахсӣ ошкор нашудааст. Ширкат гуфт, ки низоми ҳифзи иттилоот дар реҷаи муқаррарӣ кор мекунад ва барои муҳофизати пойгоҳи маълумоти муштариён аз механизмҳои бисёрсатҳаи ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ истифода мебарад.

Дар мавриди он ки чӣ гуна қаллобон аз хориҷа бо рақами шаҳрии Душанбе (+992 37 223 2121) занг мезананд, Tcell ҷавоб дод, ки ин як амали маъмули байналмилалии қаллобӣ мебошад. Ин усул берун аз инфрасохтори оператор амалӣ мегардад ва қаллобон рақами худро технологӣ иваз мекунанд. Ширкат илова кард, ки барои ошкор кардани ин гуна зангҳо бо шарикони байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад ва зангҳои воридотиро доимо назорат мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар робита ба суоли чаро ин зангҳо баста намешаванд, Tcell тавзеҳ дод, ки дар айни замон дар сатҳи байналмилалӣ ягон механизми ягона барои муайян кардани ҳақиқӣ будани рақами зангзананда (Caller ID) вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, ширкат гуфт, ки низоми мониторинги техникии худро пайваста такмил медиҳад, то хатарҳои мавҷударо кам кунад.

Ширкати Tcell расман таъкид кард, ки онҳо барои фаъол кардани хидматрасонии 5G ё дигар хидматҳо ҳеҷ гоҳ тавассути мессенҷерҳои WhatsApp ва Telegram ба муштариён занг намезананд, тавассути ин шабакаҳо ягон маълумоти махфиро дархост намекунад ва ҳар гуна муроҷиат аз ин тариқ қаллобӣ мебошад.

Барои фарқ кардани оператори воқеӣ аз қаллоб, Tcell шарҳ дод, ки кормандони ширкат ҳамеша дар доираи стандартҳо суҳбат мекунанд ва ҳеҷ гоҳ рамзи аз SMS омада, PIN-код ё маълумоти корти бонкиро намепурсанд. Ширкат гуфт, ки агар муштарӣ шубҳа кунад, ҳуқуқ дорад суҳбатро қатъ карда, мустақилона ба Маркази тамоси расмӣ занг занад.

Ҳушдори Хадамоти алоқа

Баъди афзудани шикоятҳо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам дар ин робита  ҳушдор дода, гуфт, ки ашхоси номаълум худро корманди бонк, оператор ё шахси шинос нишон дода, бо баҳонаҳои гуногун – “қарздоред”, “ҳисобатон баста мешавад”, “телефонатонро танзим мекунем” – рамзи SMS, рақами корт ва маълумоти махфиро мепурсанд.

Хадамоти алоқа хотирнишон кард, ки танзими интернети 4G ё 5G-ро аз дур анҷом додан имконнопазир аст ва барои он ягон рамз ё маълумоти бонкӣ лозим ҳам нест. Ин ниҳод ба шаҳрвандон тавсия дод, ки танҳо ба рақамҳои расмии ширкатҳои мобилӣ эътимод кунанд:

МЕДИА (IFRAME)

Бонкҳои кишвар ҳам бетараф нестанд

Бонкҳои Тоҷикистон ҳам дар пайи ин шикоятҳо вокуниш нашр кардаанд. Аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки қаллобон аз номи ширкатҳои Babylon, Tcell ва MegaFon аз хориҷи кишвар ба рақамҳои ба ҳамёнҳо васлшудаи муштариён занг зада, дархост мекунанд, ки “файл”-и ба воситаи Ватсап ё Телеграм равонкардаи онҳоро боз кунанд.

“Бо мақсади пешгирӣ тавсия медиҳем, ки ба зангҳои ношинос ҷавоб надиҳед ва қатъиян чунин файлҳоро накушоед, зеро ба ин васила қаллобон метавонанд ба ҳамёнҳо дастрасӣ пайдо карда, маблағҳои шуморо рабоянд. Ифшои рақами корт ё рамзи он ба шахсони сеюм хуб ҳам нест”, – омадааст дар ҳушдори БМТ.

“Амонатбонк”, бонки дигари Тоҷикистон, низ бо ҳамин мазмун ба муштариёнаш ҳушдор додааст: қаллобон аз номи провайдерҳо ваъда мекунанд, ки насли нави алоқаро насб мекунанд ва файл мефиристанд. Қатъиян ин файлҳоро нагушоед.

Бонкҳои “Алиф”, “Dushanbe City” ва “Ҳумо” – се бонке, ки маблағҳои Дилбарро аз кортҳояш рабуданд, дар саҳифаҳои расмии худ ин гуна ҳушдорро нашр накардаанд ва назари масъулини онҳо маълум нест.

Баъдтар аз бонки "Алиф" гуфтанд, ки вобаста ба ин навъи қаллобӣ корбаронашонро тариқи барномаи "Alif mobi" огоҳ кардаанд. Ва дар саҳифаашон дар ин мавзӯъ маводҳои омӯзишӣ низ нашр мекунанд.

Роҳҳои пешгирӣ

Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ва бонкҳои Тоҷикистон барои пешгирии ин навъи қаллобӣ чунин тавсия медиҳанд:

МЕДИА (IFRAME)

Дар хотир доред: амнияти молиявии шумо пеш аз ҳама ба ҳушёрии худи шумо вобаста аст. Ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқ, маълумоти корти бонкиро ба каси бегона надиҳед ва барномаҳои номаълумро дар телефони худ боргирӣ ва насб накунед.

Чӣ тавр худро муҳофиза бояд кард?

Рустам Гулов, мутахассиси фанновариҳои навин, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” иброз дошт, ки дар шароити имрӯза қаллобон аз соддалавҳӣ ва сатҳи пасти маърифати рақамии мардум истифода бурда, пайваста усулҳои нави фиребро пеш меоранд.

Ба қавли ӯ, бештар аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути усули "муҳандисии иҷтимоӣ" ба дом меафтанд, ки дар он қаллобон ба нуқтаҳои ҳассоси инсон, ба мисли боварҳои динӣ, эҳтиёҷоти молиявӣ ва ҳатто кунҷковӣ нисбат ба зиндагии шахсии дигарон даст мезананд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустам Гулов

Ин мутахассис иброз дошт, ки вақте сухан дар бораи фанновариҳои навин, ба мисли интернети 5G меравад, қаллобон аз ноогоҳии мардум истифода бурда, бо ваъдаҳои дурӯғини пайвастшавии имтиёзнок ё суръати фавқулода, корбаронро маҷбур мекунанд, ки ба пайвандҳои хатарнок "клик" кунанд ва бо ин роҳ маълумоти шахс ё маблағҳои онҳоро мерабоянд.

Дар мавриди роҳҳои пешгирӣ аз ин хатарҳо, Гулов таъкид кард, ки муҳимтарин силоҳ дар муқобили қаллобони интернетӣ ин тафаккури интиқодӣ мебошад.

Рустам Гулов мегӯяд, ки дар вазъияти шубҳанок, вақте ба шумо занг мезананд ё паёмак мефиристанд, набояд ба эҳсосот дода шуд, зеро ҳадафи асосии қаллобон дар ҳолати изтироб ва шитобкорӣ қарор додани қурбонӣ аст, то ӯ имкони фикр кардан ва интихоби дурустро надошта бошад.

Барои мисол меорад, ки агар дар месенҷерҳо аз номи шахсони ношинос паём, пайванд ё барномаие ирсол шавад, бидуни фикр онро боз накунед, зеро доме барои қаллобон буда метавонад.

Ин мутахассис иброз дошт, ки ба ғайр аз ҳушёрии равонӣ, риояи қоидаҳои техникии амният низ ҳатмист. Ӯ таъкид кард, ки барои ҳифзи саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳисобҳои бонкӣ, корбарон бояд аз рамзҳои мураккаб ва гуногун истифода бурда, ҳатман огоҳиномаҳо дар бораи воридшавӣ аз дастгоҳҳои навро фаъол созанд.

Рустам Гулов мегӯяд, ки пахш накардан ба пайвандҳои ношинос, насб накардани барномаҳои шубҳанок ва мунтазам навсозӣ кардани системаи оператсионии телефон метавонад садди роҳи бисёр ҳамлаҳои киберӣ гардад ва амнияти рақамии шаҳрвандонро таъмин намояд.

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

0

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат ба моҳи январи соли 2025 аст. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Музди меҳнати ҳадди ақалл (минималӣ) дар сатҳи 1000 сомонӣ боқӣ мемонад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Омор зидди ҳамён. Даромади аҳолии Тоҷикистон зиёд мешавад, вале сифати зиндагӣ беҳтар не

Музди меҳнати аз ҳама баланд дар бахшу соҳаҳои гуногун ба қайд гирифта шудааст:

– миёнаравии молиявӣ ва суғурта — 7647,44 сомонӣ;

– иттилоот ва алоқа — 6072,79 сомонӣ;

– истихроҷи канданиҳои фоиданок — 4819,05 сомонӣ;

– таъминот бо нерӯи барқ, газ, гармӣ ва ҳавои софкунанда — 4713,29 сомонӣ;

– сохтмон — 3682,08 сомонӣ;

– фаъолият дар соҳаи нақлиёт ва нигаҳдории борҳо — 3452,95 сомонӣ;

– саноати коркард — 3019,20 сомонӣ.

Музди меҳнати аз ҳама пасттар дар соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ ба қайд гирифта шудааст – 1463,32 сомонӣ.

Дар байни минтақаҳо музди меҳнати баландтарин дар шаҳри Душанбе ва пасттарин – дар вилоятҳои Хатлону ВМКБ пардохт мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин ҳол, маблағи умумии қарз аз пардохти музди меҳнат (бо назардошти солҳои пешин) то охири моҳи январи соли 2026 ба зиёда аз 14,5 млн сомонӣ (1,5 млн доллар) баробар аст.

Сарфи назар аз афзоиши назаррас, ҳаҷми музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон дар муоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври назаррас пасттар аст:

дар Қазоқистон — 1030 доллар

дар Ӯзбекистон — 527 доллар

дар Қирғизистон — 524 доллар

Маълумот дар бораи музди меҳнат дар Туркманистон дар манбаъҳои кушода мавҷуд нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ

0

Ду рӯзи ҳаждаҳуми ҷанг алайҳи Эрон, вазири дифои Исроил иддао кард, ки дар пайи як ҳамлаҳои ин кишвар, Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва Ғуломризо Сулаймонӣ, фармондеҳи Басиҷ кушта шудаанд. Эрон то ҳол ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш Алии Лориҷонӣ дар номае кишварҳои исломиро интиқод кард, ки онҳо ба таври шоиста аз Эрон ҳимоят накардаанд. Ин ва дигар ҳаводиси охирро дар Ховари Миёна, дар ин матлаби мо хонед.

 

Аз мактуби интиқодии Лориҷонӣ ба кишварҳои исломӣ то хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани ӯ

Чанд лаҳза пеш, Исроил Катс, вазири дифоъи Исроил гуфт, қароргоҳи Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ, ҳадафи ҳамлаи рӯзи гузаштаи Исроил қарор гирифт ва дар ин ҳамла Лориҷонӣ ва Сулаймонӣ кушта шудаанд.

Ин иттилоъро чанде аз расонаҳои исроилӣ ва байналмилалӣ бо такя ба Катс нашр карданд. Аз ҷумла, BBC навиштааст, ки Лориҷонӣ ҳамроҳи писараш кушта шудааст. Вале мақомоти Эрон ин хабарро рад ё тасдиқ накардаанд. Аммо дар саҳифаи "Х"-и Лориҷонӣ имрӯз дастнависе нашр шудааст, ки гуфта мешавад, ӯ онро дар остонаи видоъ бо малооҳони кушташудаи эронӣ навиштааст.

Алии Лориҷонӣ кист ва дар низоми Эрон чӣ нақше дорад, дар ин маводи мо хонед: Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?

Ин ҳам дар ҳолест, ки шаби гузашта, Алии Лориҷонӣ, дар як номае  кишварҳои исломӣ интиқод карда буд, ки ба ҷуз “мавридҳои нодир” онҳо аз Эрон ҳимоят накардаанд.

“Аммо миллати Эрон бо иродаи қавӣ душмани нобакорро саркӯб кард. Ба наҳве, ки имрӯз душман намедонад аз ин бунбасти стратегӣ чӣ гуна раҳоӣ ёбад”, – омадааст дар номаи ӯ, ки расонаҳои эронӣ нашр карданд.

Ӯ дар ин нома гуфтааст, ки Амрико ва Исроил дар фикри “таҷзияи Эрон” буданд, вале бо муқовимати миллӣ ва исломии эрониён рубарӯ шуданд.

Лориҷонӣ аз бархе кишварҳо интиқод карда, таъкид кардааст, ки “онҳо гуфтанд, чун Эрон пойгоҳҳо ва зерсохтҳои Амрико ва Исроилро дар он кишварҳо ҳадаф қарор дода, пас Эрон душмани мост”.

“Оё Эрон бояд даст рӯйи даст гузорад, ки аз пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои шумо ба Эрон ҳамла шавад?!…”, – пурсидааст дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон.

Лориҷонӣ дар охир номаи худ ба кишварҳои исломӣ гуфтааст, ки Эрон хайрхоҳи шумост ва “ваҳдати уммати исломӣ бо ҳама қудрат метавонад амният ва истиқлол кишварҳоро барои ҳама таъмин ва тазмин кунад”.

 

Аз кушта шудани кӯдаки серӯза то ҳамла ба анбори марказҳои муҳимоти пойгоҳҳо

Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи гузашта ҳамлаи тарафҳо ба минтақаҳои якдигар идома доштааст. Аз ҷумла,  хабаргузории “Форс” менависад, ки дар пайи ҳамлаи 16-уми марти Амрикову Исроил ба шаҳри Арок дар як манзили маскунӣ як навзоди 3-рӯза дар оғуши модараш кушта шудааст. 

Ҳамчунин, рӯзи 16-уми март дар пайи як ҳамла ба идораи барқ дар Теҳрон чанд муҳандис кушта шудааст.

Субҳи 17-уми март ба ҳарими маҷмааи таърихии Кохи Саъдободи ҳамла шудаааст. Ба гузориши расонаҳо, ёдгориҳои ин кохро қаблан ба ҷойҳои бехавф интиқол дода буданд, вале бар асари таркишҳо бархе биноҳои таърихии ин маҷмааи осеби ҷиддӣ дидааст. Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Кохи Саъдобод бузургтарин маҷмааи таърихии Эрон ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, нисфирӯзии 17-уми март чанд таркиш дар Теҳрон шунида шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Эрон мегӯяд дар 17-умин рӯзи ҷанг, пойгоҳҳои Амрикоро ҳадаф гирифта, ба анбори марказҳои муҳимоти пойгоҳҳои “Аз-Зуфра”-и Иморот ва “Шайх Исо”-и Кувайт зарба задааст.

Инчунин, нерӯҳои Эрон мегӯянд, ҷойи фармондеҳӣ ва мушакии “Рафаел”-и Исроилро хароб кардаааст. Ҷузъиёти ин ҳамлаҳо маълум нест, зеро дар Исроил сонсури шадиди низомӣ ҷорист ва дастрасӣ ба иттилоъи воқеӣ маҳдуд аст.

Вазорати тандурустии Исроил мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои шабонарӯзи гузашта ба Исроил 70 тан захмӣ шуда, дар умум теъдоди маҷрӯҳон аз оғоизи ҳамлаҳо ба 3 ҳазору 530 тан расидааст.  

 

Ароқчӣ: Ҷанг бояд тавре хотима ёбад, ки дигар такрор нашавад

Дар ҳамин ҳол, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар посух ба гуфтугузор дар бораи хотима додани ҷанг гуфтааст, он бояд ба сурате хотима ёбад, ки дигар такрор нашавад. Ӯ дар посух ба иддаои Доналд Трамп, президенти Амрико гуфтааст, ки Теҳрон на паёме ба Амрико фиристодааст ва на тақозои оташбас дорад.

“Инки мо мегӯем оташбас намехоҳем, на ба ин далел аст, ки мо дунболи ҷанг ҳастем, ба ин далел, ки ин бор ин ҷанг бояд ба шакле тамом шавад, ки душманони мо дигар ҳаргиз ба фикри такрори ин ҳамлаҳо ва ин таҷовуз наафтанд”, – тавзеҳ додааст Ароқчӣ. 

Пеш аз ин, 16-уми март дар нишасти хабарӣ Доналд Трамп ба саволи рӯзноманигорон, ки оё ин ҳафта метавонад ҷанг бо Эрон хотима ёбад, гуфтааст, ки “бале, албатта”. Вале пас аз такрори ин савол изҳор доштааст, ки “фикр намекунам, аммо ба зудӣ тамом мешавад, зиёд тӯл намекашад”.

Зимнан, Аббос Ароқчӣ дар навиштае дар саҳифаи “Х”-и худ, хабарҳои нашршударо, ки гӯё ӯ бо Стивв Уиткофф, намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар Ховари Миёна мулоқот кардааст, рад кард.

Ҳамчунин, нисфирӯзии 17-уми март вазири корҳои хориҷии Эрон дар суҳбати телефонӣ бо Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ аз масъулияти СММ ва шахсан дабири кулл барои маҳкум кардани ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ёдоварӣ кардааст.

"…Ҳар кишвар ё ниҳоди байналмилалие, ки дағдағаи сулҳ ва амният дорад, бояд масъулона ва бидуни гузашт кардан, ҷинояти ин ду режимро маҳкум карда ва хостори қатъи таҷовузи низомии онҳо алайҳи миллати Эрон шавад", –  навиштаанд расонаҳои эронӣ аз номи ӯ.

СММ ва худи Гутериш дар бораи ин суҳбат  то ҳол иттилое нашр накрадаанд.

 

Пизишкиён: Ин ҷанги ваҳшиёнаро Эрон оғоз накардааст

Дар ҳамин ҳол, Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон дар як суҳбати телефонӣ бо Эмануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса гуфтааст, ки Эрон ин ҷанги “ваҳшиёна”-ро оғоз накардааст.

“Дифоъ дар баробари ҳуҷум як ҳаққи табиӣ аст, ки мо онро хуб метавонем. Истифода аз пойгоҳҳои Амрико дар минтақа бар алайҳи Эрон бо ҳадафи барҳам задани равобити мо бо ҳамсоягонамон бояд қатъ шавад”, – зикр кардааст ӯ.

Ба таъкиди Пизишкиён, сулҳу субот дар Ховари Миёна бо нодида гирифтани “таҷовузи саҳюнистӣ-амрикоӣ ба Эрон” амалӣ намешавад.

Ба навиштаи раоснаҳои эронӣ, раисҷумҳури Эрон аз кишварҳо ҷаҳон хостааст, ин ҳамларо маҳкум ва Амрикову Исроилро ба эҳтироми қонунҳои байналмилалӣ водор кунанд.

Дар навбати худ, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар саҳифаи “Х”-и худ навиштааст, ки дар суҳбат бо Масъуд Пизишкиён аз Эрон хостааст, ки ҳамла ба кишварҳои Ховари Миёнаро қатъ кунад.

Ӯ ҳамчунин даъват кардааст, ки убури нафткашҳо аз тангаи Ҳурмуз ҳарчӣ зудтар барқарор карда шавад.

Зимнан, ҳамаи кишварҳио узви НАТО дар бораи пешниҳоди Доналд Трамп барои кумак ба бозгушоии тангаи Ҳурмуз ҷаовби рад додаанд. Аз ҷумла, Кир Стармер, нахуствазири Бритониё  гуфтааст, бозкушоии ин гулӯгоҳ, набояд рисолати НАТО бошад.  Ба гуфтаи ӯ барои бозкушоии тангаи Ҳурмуз бояд эътилофе бошад, ки кишварҳои Аврупо, Халиҷи Форс ва ИМА дар он ҳузур дошта бошанд.

Ҳамчунин, Йоханн Вадефул гуфтааст, бозкушоии он ба НАТО ҳеҷ рабте надорад: “Ман намебинам, ки НАТО дар ин самт ягон қарор қабул карда бошад ё тавонад масъулияти тангнои Ҳурмузро ба уҳда гирад".

Қаблан Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз кишварҳои аврупоӣ ва Чин хоста буд, ки эътилофе ташкил карда, барои бозкушоии тангаи Ҳурмуз кумак кунанд, дар акси ҳол барои НАТО “бисёр бад” хоҳад шуд.

 

Афви байналмилал хостори посухгӯии тарроҳои ҳамла ба мактаби Миноб шуд

Зимнан, Созмони афви байналмилал мегӯяд, таҳқиқоти пурдоманаи ин созмон дар бораи ҳамла ба мактаби Миноб нишон додааст, ки Амрико тамоми эҳтиётҳои зарурӣ барои пешгирӣ аз осеби ғайринизомиён анҷом надодааст ва ба ин тартиб қонунҳои башардӯстонаи байналмилалиро нақз кардааст.

Ин созмон хостори таҳқиқи сареъ ва шафофи Амрико дар ин бора шуда, гуфтааст, “касоне, ки масъули барномарезӣ ва иҷрои ҳамлаи ғайриқонунии Амрико ба як мактаб дар Миноб ҳастанд”, бояд посухгӯ бошанд.

Ҳамла ба мактаби ибтидоии духтаронаи Шаҷараи Тайиба дар шаҳристони Миноби вилояти Хузистон 28-уми феврал дар рӯзи аввали ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон сурат гирифт ва дар он 168 нафар, аз ҷумл 110 кӯдак кушта шудаанд, ки кӯдакон аз 7 то 12-сола будаанд.

Ҳамла ба ин мактаб чӣ гуна сурат гирифт ва паёмадҳои он барои Амрико чист, дар матлаби мо хонед: Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад.

 

Вазъ дар дигар кишварҳои Ховари Миёна

Дар шабонарӯзи гузашта дигар кишварҳои Ховари Миёна низ ором набудааст. Аз ҷумла дар ҳамла ба минтақаи Наҳария, ки 16-уми март аз ҷониби “Ҳизбуллоҳ” сурат гирифта, дар пайи он 6 нафар захмӣ гаштааст. Дар ҳамлаи заминӣ низ як сарбози исроилӣ маҷрӯҳ шудааст.

“Ал-Ҷазира” хабар медиҳад, ки Исроил рӯзи гузашта ва имрӯз ба чанд шаҳр дар Лубнон зарба задааст.

Абуалӣ Аскарӣ, яке аз фармондеҳони аршад ва сухангӯи “Ҳизбуллоҳ”-и Ироқ кушта шудааст. Кушта шудани ӯро душанбеи 16-уми март раҳбари ин гурӯҳ дар баёнияе эълон кард, вале дар он замон ва макони ин ҳодиса гуфта нашудааст.

Хабаргузории “AFP” навиштааст, ки Абуалӣ Аскарӣ рӯзи шанбеи 14-уми март дар ҳамлае дар Бағдод кушта шудааст. Ӯ пас аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон вориди ҷанг бо Исроил шуда буд. 

Мақомоти Лубнон гуфтаанд, ки дар пайи даргириҳои ахир дар ин кишвар беш аз 1 миллион нафар овора шудаанд.

Ҳамзамон, бомдоди 17-уми март сафорати Амрико дар Бағдод мавриди ҳамлаи мушакиву паҳподӣ қарор гирфтааст.

Шаби 16 ба 17-уми март майдони гази “Шоҳ” дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳам пас аз ҳамлаи паҳподӣ оташ гирифтааст. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки оташ хомӯш карда шуда, фаъолияти ин ин таъсисот ба таври муваққат қатъ шудааст. Маълум нест, ки дар пайи ин ҳодиса касе захмӣ шудааст ё не.

Рӯзи 17-уми март мақомоти Иморот гуфтаанд, ки як нафар дар Абу-Забӣ бар асари зарбаи як мушаки раҳгирӣ шуда як покистонӣ кушта шудааст.

Вазорати мудофиаи Қатар эълон кардааст, ки рӯзи гузашта аз 14 мушаки балистикӣ ва чанд паҳпод 13 мушак ва ҳамаи паҳподҳоро раҳгирӣ карда, як мушак дар ҷойи беодам суқут кардааст.

Кувайт ва Арабистони Саудӣ низ аз раҳгирии чанд паҳпод хабар доданд.

“Ассошиейтед Пресс” низ бо такя ба Фармондеҳи марказии Амрико мегӯяд, теъдоди сарбозони амрикоии захмишуда дар ин ҷанг таҷрибан 200 нафар аст.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

0

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов, маҳкумшудагони асосии ҳамла ба толори консерти “Крокус Сити Ҳол” дар канораи Маскав ва дигар иштирокчиёни ин парванда аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикояти кассатсионӣ бурдаанд. Дар доираи ин парванда рӯзи 12-уми март 15 тан ба ҳукми абад ва 4 каси дигар аз 19 то 22 сол ба зиндон маҳкум шуданд.

Дар ин бора, хабаргузории "ТАСС" бо истинод ба гуфтаҳои вакилони дифоъи онҳо хабар дода, навиштааст, ки маҳкумшудагон “ҳукми додгоҳро аз ҳад бераҳмона ҳисобидаанд”.

“Мо аз болои ҳукми зерҳимояҳоямон шикояти кассатсионӣ пешниҳод кардем”,-гуфтааст яке аз вакилони дифои онҳо.

Ин расона навиштааст, ки ҳимоятгарони дигар маҳкумшудагон низ нисбат ба ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд. Вале аз вакилони дифои онҳо ном набурдааст ва ҳамин тариқ, маълум нест, ки мушаххас кадом маҳкумшудаҳо аз болои ҳукми додгоҳ шикоят кардааст.

Рӯзи 12-уми март, дар доираи ин парванда, 4 муттаҳами асосӣ ва 11  гумонбари дигар ба ҳукми абад маҳкум шуда, 4 тани дигар аз 19 то 22 сол зиндонӣ шуданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд

Хабаргузории BBC аз ин 11 нафар Умедҷон Солиев, Мустақим Солиев, Шаҳромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Ҳусейн Ҳамидов, Муҳаммад Шарифзода, Ёкубҷон Юсуфзода, Лутфуллои Назримад, Ҷумахон Қурбонов, Ҳусен Медов ва Ҷабраил Аушев ном бурд. Ба ғайр аз Медов ва Аушев, ки шаҳрвандони Ингушистон ҳастанд, дигар ҳама шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

Қаблан, айбдоркунандаи давлатӣ ҳам ин ҷазоро талаб карда буд. Бар асоси ҳукми додгоҳ, ҳар яки онҳо ҳамчунин 990 ҳазор рубл (12,5 ҳазор доллар) ҷарима бояд пардохт кунанд.

Ин расона гуфта буд, чор маҳкумшудаи асосии ин парванда, ки зодагони Тоҷикистон ҳастанд, аз ҷониби додгоҳ барои омӯзиши фаъолиятҳои террористӣ, муомилоти ғайриқонунии силоҳ, иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ ва содир кардани амали террористӣ гунаҳкор дониста шудаанд.

Назари онҳо дар робита ба ҳукми додгоҳ ба расонаҳо дастрас нест. Наздиконашон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, ки бовар надоранд, ин чор нафар даст ба чунин ҷинояте зада бошанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 сурат гирифта, тибқи иттилои пешакӣ, 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб дида буданд.

Тафтишоти ин ҳодиса, ки 4-уми августи соли 2025 оғоз шуд, қариб 7 моҳ идома карда, аз ҷониби Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ғарбии №2 ҳафтае се навбат пушти дарҳои баста ҷараён дошт.

Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.