Home Blog Page 5091

Аз оғози соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 53 ҷинояти марбут ба коррупсия ошкор карда шуд

0


Хуҷанд. 25-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Аз оғози сол кормандони агентии зиддифасод дар вилояти Суғд 53 ҷинояти хусуияти иқтисодӣ ва корррупсионӣ доштаро ошкор сохтанд.




Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ сарвари Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд Ҷумъаназар Раҳматов изҳор дошт, ки аз рӯи ин далелҳо тибқи моддаҳои азхудкунӣ ва камомад, қаллобӣ, сӯиистифода аз мансаб, порадиҳӣ ва порахӯрӣ, қаллобии хизматӣ ва ғайриқонунӣ ҷудо кардани қарз 53 парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.



Ба содир намудани ҷиноят 1 корманди вазорати маориф, 13 корманди вазорати мудофиа, 2 корманди ширкати «Барқи тоҷик», 1 корманди вазорати кишоварзӣ, 1 намояндаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 5 хизматчии бонк ва 13 намояндаи сохтори дигар гумонбар дониста мешаванд.


Собиқ котиби Президиуми Шӯрои Олии ҶТ Ибодат Раҳимова дар сини 86-солагӣ аз олам даргузашт

0


Душанбе. 25-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Душанбе собиқ котиби Президиуми Шӯрои Олии ҶТ, аъзои фаъоли Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ибодат Раҳимова дар сини 86-солагӣ аз олам даргузашт.




Тӯли солҳои 50-80-уми асри гузашта Ибодат Раҳимова дар мансабҳои баланду масъули ҳизбӣ фаъолият карда, тамоми ҳаёти хешро ба хизмати мардум бахшида буд. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими видоъ бо марҳум доир гардида, ҷасади ӯ дар қабристони Сариосиё ба хок супурда хоҳад шуд.


Тоҷикистон ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ мегузарад

0



           

Душанбе. 25-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз бо мақсади таъмини ҳарчи беҳтари аҳол


ӣ


бо нер


ӯ


и барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфа


ҷ


ӯ


ёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва та


ҷ


ҳизоти каммасрафи барқ


ӣ


фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Дар фармони мазкур гуфта мешавад:





               

1. Дар қаламрави


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон аз 1 майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқ


ӣ


оғоз карда шавад.




               

2. Роҳбарони мақомоти марказ


ӣ


ва маҳаллии ҳокимияти давлат


ӣ


, ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, то охири соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқиро таъмин намоянд.




                

3. Вазорати молияи


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Вазорати энергетика ва саноати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи и


ҷ


тимоии аҳолии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, мақомоти и


ҷ


роияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва Ширкати саҳомии ҳолдингии кушодаи «Барқи То


ҷ


ик» то моҳи октябри соли 2009 241 ҳазор оилаи камбизоатро бо лампаҳои каммасрафи барқ


ӣ


таъмин намоянд.




               

4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Вазорати молияи


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Вазорати энергетика ва саноати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон вазифадор карда шаванд, ки


ҷ


иҳати давра ба давра маҳдуд кардани воридоти лампаҳои тафсон ба Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.




                

5. Вазорати рушди иқтисод ва савдои


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Вазорати энергетика ва саноати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ва Кумитаи давлатии сармоягузор


ӣ


ва идораи амволи давлатии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар давоми солҳои 2009 – 2011 бо


ҷ


алби сармояи дохил


ӣ


ва хори


ҷ


ӣ


сохта, ба истифода додани ду корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқиро таъмин намоянд.




                

6. Вазорати рушди иқтисод ва савдои


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Вазорати энергетика ва саноати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ва Хадамоти давлат


ӣ


оид ба назорат дар соҳаи энергетика


ҷ


иҳати и


ҷ


рои ҳамин Фармон стандартҳои дар соҳаи сарфаи энергия амалкунандаро такмил диҳанд.




                

7. Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва


ҷ


алби сармояи дохиливу хори


ҷ


ӣ


барои дар давоми се соли оянда бо гази табиии истеҳсоли худ


ӣ


ва дар зарфи чор сол бо нер


ӯ


и барқ таъмин намудани эҳтиё


ҷ


оти мамлакат чораҳои зарур


ӣ


андешад.




                

8. Вазорати энергетика ва саноати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Вазорати адлияи


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Хадамоти давлат


ӣ


оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва Ширкати саҳомии ҳолдингии кушодаи «Барқи То


ҷ


ик» Барномаи кам кардани талафоти энергия ва сарфаи онро барои солҳои 2010-2015 таҳия карда, то 1 сентябри соли 2009 ба Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон пешниҳод намоянд.




               

9. Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон:




               

– бо мақсади то охири соли 2013 ба истиқлолияти энергетикии мамлакат ноил шудан нақшаи чорабиниҳоро доир ба сохта, ба истифода додани нер


ӯ


гоҳҳои бузург, миёна ва хурд, та


ҷ


диди нер


ӯ


гоҳҳои барқи об


ӣ


ва марказҳои барқу гармидиҳии амалкунанда таҳия ва тасдиқ намояд;




              




ҷ


иҳати амал


ӣ


намудани чорабиниҳои сарфаи энергия аз ҳисоби коршиносони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони мақомоти и


ҷ


роияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияи босалоҳият таъсис диҳад;




              

– барои кам кардани талафоти энергияи барқ, гази таби


ӣ


ва об барномаи истифодаи самараноки захираҳои энергетикиро барои солҳои 2009 – 2015 таҳия ва тасдиқ намояд;




              

– доир ба истифодаи васеъ аз манбаъҳои ғайримуқаррар


ӣ


ва барқароршавандаи энергия тадбирҳои зарур


ӣ


андешад;




              

– тамоми сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор созад, ки ҳангоми таҳияи лоиҳа ва сохтмони бинову иншооти таъиноти истеҳсоливу и


ҷ


тимо


ӣ


масъалаи истифодаи технологияи каммасрафи барқиро ба эътибор гиранд;




              




ҷ


иҳати дар амал татбиқ намудани ҳамин Фармон санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул намояд.




                

10. Мақомоти и


ҷ


роияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, Вазорати маорифи


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Вазорати энергетика ва саноати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Хадамоти давлат


ӣ


оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва Ширкати саҳомии ҳолдингии кушодаи «Барқи То


ҷ


ик» оид ба аҳамияти истифодаи лампаҳои каммасрафи барқ


ӣ


дар байни аҳол


ӣ


корҳои мақсадноки ташкиливу тарғиботиро ан


ҷ


ом диҳанд.




                

11. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон инъикоси чорабиниҳои вобаста ба сарфаи нер


ӯ


и барқро ба таври ройгон ба роҳ монад.




           

Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Дар Душанбе беш аз ним тонна маводи мухаддир нобуд карда шуд

0



           

Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар оташдонҳои корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати умури дохилии ҶТ беш аз 506 кило маводи мухаддир сӯзонида шуд.





           

Чӣ тавре ки аз Вазоарти умури дохилӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар оташдонҳо зиёда аз 79 кило ҳероин, 119 кило афюн ва 307 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис нобуд карда шуд.



«Ин маводи мухаддири нобудгардида дар 118 парвандаи ҷиноӣ чун далели шайъӣ истифода бурда шуда, ҳалномаҳои додгоҳӣ оид ба онҳо ба ҳукми қонунӣ даромадааст», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки аз рӯи ин парвандаҳо 137 нафар маҳкум гардидаанд, ки 6 нафарашон шаҳрвандони Афғонистон мебошанд.


Квотаҳои таҳсил дар макотиби олии Русия барои Тоҷикистон ду маротиба зиёд карда шуданд

0



           

Хуҷанд. 25-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Квотаҳои таҳсил дар макотиби олии Русия барои ҳамватанон аз Тоҷикистон ду маротиба зиёд карда шуда, 200 ҷойро ташкил дод», – гуфт дар ҷамъи рӯзноманигорон консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Азим Ёраҳмедов.





           

Номбурда изҳор дошт, соли гузашта барои суғдиён 36 ҷойи таҳсил ҷудо гардида, соли равон бошад, ба иловаи 100 ҷой боз 5 ҷой барои таҳсил дар аспирантура ҷудо карда шудааст. Ғайр аз ин, 20 сокини вилояти Суғд имкон доранд, ки дар Русия ба курсҳои бозомӯзӣ барои баланд бардоштани сатҳи тахассус дохил шаванд.

 





           

А.Ёраҳмедов афзуд, талабот барои интихоби довталабон донистани хуби забони русӣ, хониши хубу аъло ва хоҳиши таҳсил дар Русяи буда, инихобшудагон имтиҳон намесупоранд ва бо хобгоҳу идрорпулӣ таъмин карда хоҳанд шуд.


Корпоратсияи «Асем Групп»-и Швейтсария баҳри коҳиши талафоти энергия ба «Барқи тоҷик» ва «Тоҷиктраснгаз» кӯмак мерасонад

0


Душанбе. 25-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Миёни корпоратсияи «Асем Групп»-и Швейтсария ва ШСХК «Барқи тоҷик» ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» оид ба амалисозии низоми билингӣ шартнома ба имзо расид. Низоми мазкур аз ҷузъҳои асосии лоиҳаи коҳиши талафоти энергия мебошад, ки тавассути котиботи давлатӣ оид ба иқтисод (


SECO


) дар ҳамдастӣ бо Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад.




Тавре аз Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, маблағи умумии шартнома бо ширкати «Барқи тоҷик» 1,4 млн. $ ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» 1,15 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.



Бино ба иттилои манбаъ, ҷорӣ сохтани низоми билингӣ ба ширкатҳои мазкур имкон медиҳад, ки талафоти тиҷоратии нерӯи барқ ва газро бамаротиб коҳиш диҳанд.


Беқурбшавии сомонӣ дар шароити бӯҳрон раванди ногузир аст ва мебояд ба он оромона муносибат кард, – назари коршинос

0



           

Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Беқурбшавии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ дар шароити бӯҳрон раванди ногузир аст ва мебояд ба он оромона муносибат кард», – изҳор дошт дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коршиноси масоили низоми бонкдорӣ Ҷамшед Раҳмонбердиев.





           

Номбурда гуфт, ин марҳилаи дуввуми беқурбшавии асъори миллӣ нисбат ба асъори захиравии ҷаҳонӣ аст ва дар марҳилаи аввал он то андозаи 10 дарсад поин рафта буд. «БМТ дар чунин шароит аз рӯи нақша қурби сомониро нисбат ба асъори миллии шарикони асосии мо – Русияву Қазоқистон танзим месозад, то ки молҳои ватанӣ ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори хориҷӣ рақобатпазир бошанд», – мегӯяд ӯ.




           

Ба гуфтаи ӯ, заъиф шудани асъори миллӣ хароҷоти истеҳсолкунандагони ватаниро ба қувваи корӣ камтар месозад, вале сарфи назар аз он, оқибатҳои беқурбшавии асъори миллӣ ба иқтисоди кишвар ва музди меҳнати аҳолӣ таъсири манфӣ расонида, имконоти харидории аҳолӣ бамаротиб поин меравад.



Ҷ.Раҳмонбердиев болоравии арзиши чанде аз маҳсулоти истеҳсоли ватаниро бар асари беқурбшавии асъори миллӣ аз эҳтимол дур намедонад.




           

Коршинос афзуд, рӯзҳои ахир оид ба беҳбуди вазъ дар ИМА хабарҳои аввалин интишор гардиданд ва агар ояндаи наздик вазъи иқтисодиву молиявии ҷаҳон усутвор гардад, пас аз ду-се сол вазъи Тоҷикистон низ рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард.


Дар Душанбе мушкилоти ҳамкории дуҷонибаи ТҒД ва ВАО баррасӣ мешавад

0



           

Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 28-29-уми апрел дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи пешбурди манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби бунёди рушди Оғохон дастгирӣ мешавад, дар шаҳри Душанбе семинар-тренинг

 

доир гардида, дар он мушкилоти роҳандозии ҳамкории дуҷонибаи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва васоити ахбори умум мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.





           

Чӣ тавре ки ҳамоҳангсози лоиҳа Илҳом Нарзиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар чорабинӣ баррасии лоиҳаҳои арзишманду ҷолиб барои ВАО ва муҳокимаи иштибоҳоти маъмули ҷойдошта дар ҳамкории ТҒД ва ВАО ба нақша гирифта шудааст.




           

Ба гуфтаи ӯ, дар тренинг ба машғулиятҳои амалӣ, аз ҷумла вижагиҳои инъикоси мавзӯъҳои марбут ба ҳаёти ҷомеа, таҳияи иттилоияҳо ва баргузории конфронсҳои матбуотӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд.




           

Семинар дар бинои маҷмааи табъу нашри шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он омӯзгорони факултаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба ҳайси тренерон иштирок мекунанд.


Агентии зиддикоррупсионӣ истифодаи мақсадноки воситаҳои давлатӣ дар вазорату идораҳоро мавриди санҷиш қарор хоҳад дод

0


Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сарвари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Шерхон Салимзода дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки баҳри иҷрои супориши сарвари давлат, ки дар паёми солонааш ба парлумони ҷумҳурӣ садо дод, агентӣ истифодаи мақсадноки воситаҳои давлатӣ дар вазорату идораҳоро мавриди санҷиш қарор хоҳад дод.




Ш.Салимзода гуфт, ба хароҷоти маблағҳо баҳри харидории воситаҳои нақлиёт, сохтмон, таъмир ва дигар хароҷоти пешбинишуда ба вазорату идораҳо таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда мешавад. «Ба кормандони агентӣ супориш дода шудааст, ки маҳз чунин моддаҳои хароҷотро дақиқ бисанҷанд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Ш.Салимзода, чунин санҷишҳо дар тамоми вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар корхонаву муассисаҳое, ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, баргузор хоҳанд шуд.


Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт

0


Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти даста


ҷ


амъ


ӣ


Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили ҳамкор


ӣ


дар доираи ин созмон ва болобарии минбаъдаи нуфузу эътибори он дар арсаи


ҷ


аҳон


ӣ


баррас


ӣ


шуд.



Тава


ҷҷ


ӯ


ҳи махсус ба ҳалли масоили ҳуқуқии ташкилдиҳ


ӣ


, ҳайат, фаъолият ва мавриду рохҳои

 

истифодаи Нер


ӯ


ҳои даста


ҷ


амъии зудамал зоҳир карда шуд.



Масоили ҳамкории ҳарб


ӣ


-техник


ӣ


ва омода кардани кадрҳои низом


ӣ


барои Қувваҳои Мусаллаҳи То


ҷ


икистон низ аз мавз


ӯ


ъҳои асосии с


ӯ


ҳбат буд.



Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва минтақа сурат гирифт.



Хотиррасон бояд кард, ки ҳамаи ин ва дигар масоил дар мулоқоти ояндаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти даста


ҷ


амъ


ӣ


, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, мавриди баррас


ӣ


қарор хоҳанд гирифт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.