Home Blog Page 5099

Сарфи назар аз таъсири бӯҳрони молӣ, ҳудуди 90 дарсади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боз ба Русия хоҳанд баргашт, – назари коршинос

0



           

Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти хабарӣ сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов изҳор дошт, ки сарфи назар аз таъсири бӯҳрони молӣ, ҳудуди 90 дарсади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боз ба Русия хоҳанд баргашт.





           

Номбурда гуфт, тибқи маълумоти дар даст доштаи онҳо, 90-95 дарсад аз шумори умумии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик айни замон дар Русия қарор доранд ва қисми асосии муҳоҷирон, ки ба ватан баргашта буданд, аллакай ба Русия баргашта, соҳиби ҷойи корӣ шудаанд.




           

Ба гуфтаи Ф.Саидов, мувофиқи пешгӯӣҳои Бонки ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳо, соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба ватан ба андозаи 50 дарсад коҳиш хоҳад ёфт, ки он ба имконоти харидории аҳолӣ, низоми бонкӣ, буҷа ва гардиши мол дар ҷумҳурӣ бетаъсир нахоҳад буд.




           

Дар мавриди мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ коршинос ба сатҳи тахассусӣ ва маълумоти ғайриқаноатбахши муҳоҷирон ишора карда, гуфт, тайи 20 соли ахир низоми маълумоти касбии кишвар таҷдиди назар нашудааст ва бо назардошти рақобатпазирии шадид дар бозори меҳнат, он ба муҳоҷирати меҳнатӣ таъсири манфӣ мерасонад.


Э.Раҳмон: Сарфи назар аз бӯҳрони молӣ, ҳаҷми пешбинишудаи афзоиши музди меҳнат, нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо бетағйир боқӣ мемонад

0


Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни ироаи Паёми солонаи худ ба пралумони ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон изҳор дошт, сарфи назар аз бӯҳрони молӣ, ҳаҷми пешбинишудаи афзоиши музди меҳнат, нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо дар соли равон бетағйир боқӣ мемонад. «Имрӯз низ, бо вуҷуди ин, ки имкониятҳои давлат бинобар шароити бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ маҳдуд шуда истодаанд, мо ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа – илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда, бори дигар таъкид менамоем, ки сарфи назар аз душвориҳои бамиёномада ба ин соҳаҳо афзалият медиҳем», – гуфт ӯ.

 





Сарвари давлат гуфт, дар буҷети соли ҷорӣ маблағи умумии хароҷот барои соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа ба андозаи 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ ё 44 фоизи ҳаҷми умумии буҷет пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ ё 56 фоиз зиёд мебошад. «Дар доираи маблағҳои пешбинишуда аз 1 июли соли ҷорӣ маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг 30 фоиз ва аз 1 сентябр маоши кормандони соҳаи илм ва маориф 15 фоиз зиёд карда

 

мешавад», – таъкид дошт президенти Тоҷикистон.


Дар Душанбе шаби эҷодии муаллифи операи «Рӯдакӣ» баргузор шуд

0



                 



Душанбе. 15-уми апрел – Дирӯз дар Консерваторияи миллии То


ҷ


икистон бахшида ба 80-солагии оҳангсози машҳури то


ҷ


ик Шарофиддин Сайфиддинов шаби э


ҷ


од


ӣ


баргузор гардид. Ҳунарпешагони Театри опера ва балети ба номи С. Айн


ӣ


, оркестри асбобҳои халқии Филармонияи


Ҷ


Т, дониш


ҷ


ӯ


ёни мактабҳо ва колле


ҷ


ҳои мусиқ


ӣ


Ш. Сайфиддиновро табрик намуда, асарҳои э


ҷ


однамудаи


ӯ


ро и


ҷ


ро карданд.





               

Ш Сайфиддинов барандаи


ҷ


оизаи давлатии ба номи А. Рудак


ӣ


ва Ҳунарманди халқии То


ҷ


икистон мебошад.




               

Барномаҳои телевизион ва радиои


ҷ


умҳур


ӣ


ҳар субҳ бо суруди «Республикаи ман» оғоз мекунанд, ки муаллифи он Ш. Сайфиддинов аст.

 

Р


ӯ


зҳои наздик дар Театри опера ва балети ба номи С. Айн


ӣ


операи «Р


ӯ


дак


ӣ


» намоиш дода мешавад, ки мусиқии онро Ш. Сайфиддинов офаридааст. Нахустнамоиши асари мазкур имрӯз баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Дар макотиби Тоҷикистон зиёд кардани раванди таҳсил то 12-сол ба нақша гирифта мешавад

0


Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар макотиби тҳсилоти умумии Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ зиёд кардани раванди таҳсил то 12-сол ба нақша гирифта мешавад.




Дар нишасти хабарӣ президенти Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов изҳор дошт, ки иқдоми мазкур баҳри ҳуқуқи таҳсил пайдо намудани хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар макотиби олии ИМА, Канада, Ҷопон ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад. «Аз ин рӯ, таҳсилоти ҳатмӣ бояд даҳ солро дарбар гирифта, таҳсилоти пурра 12 сол муқаррар гардад», – гуфт ӯ.


САҲА Дар Душанбе оид ба мавзӯи мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ семинар доир месозад

0


Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси парлумони ҷумҳурӣ ва Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ҶТ семинари минтақавии Ассамблеяи парлумонии созмон баргузор мешавад.




Чӣ тавре ки аз дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар семинар масъалаи мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар доираи семинар нишасти хабарӣ доир мегардад ва ба суолҳои рӯзноманигорон намояндагони парлумон, Дафтари САҲА ва дигар шахсони расмӣ посух хоҳанд гуфт.



Зикр гардид, ки дар кори семинар намояндагони кишварҳои аъзои Ассамблеяи парлумонии САҲА аз минтақаи Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Аврупо, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд ва ҳамчунин роҳбари намояндагии САҲА дар ҶТ Владимир Пряхин, намояндагони созмонҳои бйнулмилалӣ ва ВАО ширкат хоҳанд варзид.


Фаъолияти коргоҳи истеҳсоли хонаи занбӯри асал дар назди КВД «Асали Тоҷикистон» дубора барқарор гардид

0



           

Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз бозистии чандинсола бо дастгирии вазорати кишвоарзии ҷумҳурӣ фаъолияти коргоҳи истеҳсоли хонаи занбӯри асал дар назди КВД «Асали Тоҷикистон» дубора барқарор гардид .





           

Чӣ тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд,



феълан дар ин коргоҳ аллакай 600 кило хонаи занбӯри асал тайёр карда шудааст, ки барои таъмини занбӯрисалпарварони кишвар басанда мебошад. «Тайи чанд соли ахир хонаи занбӯри асал аз кишварҳои ҳамсоя дастрас мегардид», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки соли равон вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ният дорад, 550 оилаи занбӯри асал харидорӣ намояд. «Соли равон ҳукумати кишвар барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кард, вале бинобар бӯҳрони молӣ шояд он камтар карда шавад», – афзуд манбаъ.




           

Тибқи иттилои сарчашма, айни замон дар ҷумҳурӣ 134,5 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 16 ҳазор оила бештар мебошад.


Бар асари бӯҳрони молӣ шумори мусофирони Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд торафт камтар мегардад

0



           

Хуҷанд. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари бӯҳрони молӣ шумори мусофирони Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд торафт камтар мешавад.





           

Чӣ тавре ки иҷрокунандаи вазифаи сардори ситоди фурудгоҳ Рақиб Умаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ тавассути хатсайрҳои гуногун 55 ҳазор нафар мусофир ба хориҷи кишвар сафар кард, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 18 дарсад камтар аст. «Ғайр аз ин, 1500 кило моли почта ва 50 тонна борхои гуногун низ ҳамлу нақл шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 15 дарсад камтар аст», – гуфт ӯ.




           

Ба иттилои манбаъ, нархи роҳкиро дар ин давра боло нарафтааст. «Акнун барои раҳоӣ ёфтан аз чунин вазъ ният дорем парвози тайёрҳоро ба хатсайрҳои нав, аз қабили Алмаато, Бишкек ва Чин ба роҳ монем», – афзуд Р.Умаров.


Академияи улуми ҶТ ба ҳукумат оид ба истифодаи сарчашмаҳои алтернативии барқароршавандаи энергия пешниҳоди тоза ирсол мекунад

0


Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ президенти Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов изҳор дошт, ки дар академия оид ба истифодаи сарчашмаҳои алтернативии барқароршавандаи энергия пешниҳоди тоза таҳия гардида, рӯзҳои наздик он ба ҳукумати кишвар ирсол мегардад.




Ба қавли ӯ, дар ин самт аз ҷониби олимони тоҷик корҳои зиёде анҷом дода шуданд ва феълан низ як қатор муассисаҳои академия ба таҳқиқот дар ин бахш машғуланд.



М.Илолов мегӯяд, имрӯз дар паёми президент оид ба масъалаи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи ҳарчи бештари сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия сухан рафт ва пешниҳоди академия посухест ба гуфтаҳои сарвари давлат.




 


 


 



М.Алимардон: Ман бо сармоягузорон ба соҳаи пахтакорӣ ҳеҷ манфиати молиявӣ надоштам ва ба ин васила маблағе ҳам ба даст наовардаам

0



           

Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мавриди шарҳи гузориши ширкати мустақили бритониёии «Ernst and Young» оид ба аудити Бонки Миллии Тоҷикистон, ноиби нахуствазири кишвар Муродалӣ Алимардон изҳор дошт, ки бо сармоягузорон ба соҳаи пахтакорӣ ҳеҷ манфиати молиявӣ надоштааст ва ба ин васила маблағе ҳам ба даст наовардааст.





           

Собиқ раиси БМТ эътироф кард, ки тартиби маблағгузории хоҷагиҳои пахтакорӣ тавассути қарзҳои Бонки миллиро ӯ таҳия кардааст ва он баҳри дастгирии бахши кишоварзии ҷумҳурӣ, ки он замон шадидан ба маблағ ниёз дошт, роҳандозӣ шудааст. «Аз ҳисоби ин маблағҳо маҷмӯи мушкилоти кулли соҳаи кишоварзӣ ҳал мегардид», – гуфт ӯ.




           

Тибқи маълумоти ӯ, тӯли солҳои 1996-2006 ба бахши кишоварзии ҷумҳурӣ беш аз 1,5 млрд. $ маблағгузорӣ сурат гирифта, ин ҷо аслан сари қарзҳои додашуда сухан меравад. «Бо истифода аз ин маблағҳо корҳои барқароркунӣ ба иҷро расида, инчунин корхонаву муассисаҳои дигар низ бунёд гардиданд», – афзуд ӯ.


Пешгӯии ташвишовар: Ахири моҳи апрел малах дар беш аз 80 ҳазор гектар заминҳои ҷумҳурӣ паҳн шуда метавонад

0



           

Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Феълан малахҳо ба беш аз 27 ҳазор гектар заминҳои ҷумҳурӣ зарар расонида, дар 17 ноҳияи кишвар паҳн шудаанд.





           

Чӣ тавре ки директори КВД «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, малах ба ҷуз вилояти Хатлон, дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд низ пайдо шудааст. «Айни замон барои мубориза бо паҳншавии малах 17 трактори чангпош (ОВХ), 645 адад чанпошакҳои дастӣ ва ҳудуди 1,5 ҳазор нафар қувваи корӣ сафарбар шуда, 13 ҳазор гектар замини зарардида бо маводи кимиёвӣ коркард шуданд», – гуфт ӯ.




           

Қ.Ғаниев мегӯяд, дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир, Данғара ва Хуросон 4 ҳазор гектарӣ замин аз ҳамлаи малахҳо зарар дидааст. «Ин нишндиҳанда дар ноҳияҳои тобеи марказ беш аз ҳазор гектар ва дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 20 гектарро ташкил медиҳад», – изҳор дошт ӯ.




           

Коршиносони соҳа пас аз тадқиқоти беш аз 220 ҳазор гектар замин чунин пешгӯӣ мекунанд, ки ахири моҳи апрел малах дар беш аз 80 ҳазор гектар заминҳои


ҷ


умҳур


ӣ


паҳн шуда метавонад