Home Blog Page 5102

Вазорати молия буҷаи соли 2009-ро ба «буҷаи бӯҳронӣ» иваз мекунад

0



           

Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати молияи Тоҷикистон барномаи идораи хазинаи давлатиро дар доираи андешидани чорабиниҳо нисбат ба бӯҳрони молӣ тасдиқ кард. Мутобиқи маълумоти гузориши имрӯз интишоргардида дар сомонаи вазорат



www

.

minfin

.

tj



, сарфи назар аз зимистони сарду бебарқ ва баланд будани нишондиҳандаҳои афзоиш дар соли гузашта, аввали соли равон нишонаҳои таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ баръало зоҳир гардида истодаанд.





           

Дар робита ба ин вазъ ва пешгирии оқибатҳои ногувори бӯҳрони молӣ Вазорати молия як қатор чораҳо андешидааст, ки онҳо иборатанд аз – танзими мутавозини буҷаи соли 2009 ва иваз кардани буҷаи соли 2009 ба буҷаи идоракунии бӯҳрон, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодии идораи хазинаи давлат, таъмини ҳифзи иҷтимоии қишри осебпазири аҳолӣ ва нигаҳдории сатҳи пешбинишудаи хароҷоти иҷтимоӣ ва ҳавсамандгардониву дастгирии бахшҳои афзалиятноки иқтисод.




           

Дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои мазкур вазоарт пешниҳод месозад, ки ба муҳити макроиқтисодӣ ва иҷрои қисмати даромади буҷа, муносибот бо ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ, талабот ба захираҳо ва чораҳои минбаъдаи макроиқтисодӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шавад.




           

Дар маҷмӯъ, чорабиниҳои дарозмуддатро Вазорати молия дар таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, афзудани талабот ба маҳсулоти дохилӣ, сармоягузорӣ ба рушди шахсият, озод кардани тиҷорат аз монеаҳои сунъиву маъмурӣ ва инкишофи низоми рушдёфтаи молиявӣ дар кишвар ва ғайра маънидод мекунад.


Тӯли се моҳ дар Тоҷикистон 3 ҳазору 333 ҷиноят ба қайд гирифта шуд

0



           

Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Тӯли се моҳ дар қаламрави Тоҷикистон 3 ҳазору 333 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2,8 дарсад бештар аст.





           

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ муовини додситони кулли ҶТ Абдусамеъ Додобоев изҳор дошт, ки дар ин давра мутобиқи қарори додгоҳҳо 826 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 2 ҳазору 35 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 217 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шуданд.




           

«Дар натиҷаи ошкор сохтани қонуншиканиҳо ва норасоиву камбудиҳо дар зарфи се моҳи соли равон ба давлат дар ҳаҷми беш аз 18 млн. сомонӣ зарар расонида шуд», – афзуд муовини додситони кулли ҷумҳурӣ.


 

Тоҷикистон то ҳанӯз аз захоири воқеии газ дар кони «Саргазон» огаҳии комил пайдо накардааст

0



           

Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҶТ Азими Иброҳим изҳор дошт, ки корҳои иктишофиву ҷусутуҷӯӣ, ки аз ҷониби ширкати русиягии ҶСК «Зарубежнефтегаз» дар майдони нафту гази кони «Саргазон» гузаронида шуданд, бентаиҷа анҷом ёфтанд.





           

А.Иброҳим бар ин назар аст, ки корҳо дар ин майдон бидуни истифода аз фанновариҳои замонавӣ сурат гирифта, аз ин рӯ, натоиҷи он низ қаноатбахш нест. «Мо то ҳанӯз аз захоири воқеии нафту газ дар майдони «Саргазон» огаҳии комил пайдо накардем ва коршиносони русро зарур аст, дубора дар ин кон корҳои иктишофиро бо сифати баланд ба анҷом расонанд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи ӯ, айни замон тамоми нерӯву имконоти коршиносони ҶСК «Зарубежнефтегаз» ба иҷрои корҳо дар майдони нафту гази «Сариқамиш»-и ноҳияи Шаҳринав равона гардидааст. «Корҳои иктишофиро дар ин майдон мутахассисони идораи нефтегеофизикаи шаҳри Саратови Русия баргузор месозанд ва мо ҷиҳати истифодаи тарзу усулҳои тоза ва технологияи замонавӣ зимни баргузории корҳо бо онҳо гуфтушунид кардем», – баён дошт А.Иброҳим.




           

Сардори Сарраёсати геология афзуд, ҳарчанд истифодаи технологияи замонавӣ гарон аст, бо кӯмаки он метавон дақиқан аз захоири майдон маълумот пайдо кард. «Мо боварӣ дорем, ки дар майдони «Сариқамиш» коршиносони рус бо назардошти таҷрибаи пешинаи майдони «Саргазон» аз фанновариҳои ҷадид ва тарзу усулҳои тозаи иктишофӣ пурсаамр истифода хоҳанд бурд», – гуфт вай.


Додситонии кулл тафтиши парвандаи ҷиноии қатли фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаро дубора шурӯъ кард

0



           

Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти хабарӣ муовини додситони кулли ҶТ Абдусамеъ Додобоев ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Додситонии кулл тафтиши парвандаи ҷиноии қатли фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) Олег Захарченкоро дубора шурӯъ кардааст. «Рӯзҳои наздик оид ба парвандаи мазкур қарори ниҳоӣ қабул карда хоҳад шуд», – гуфт ӯ.





           

Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ

 

ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуд.



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар сардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба даст доштан дар ин ҷиноят гумонбар медонистанд.



Дар ҳамин ҳол, 3-уми октябр бо фармони вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт барҳам дода шуд. Ҳамаи кормандони раёсати мазкур, ки ба он полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов роҳбарӣ мекард, силоҳҳояшонро ба мақомот супориданд. Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Аҳмадов изҳор дошта буд, ки пас аз мулоқот бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба чунин қарор омадаанд. «Мо 14 адад аслиҳаи оташфишон супоридем ва акнун ҷои кори минбаъдаи моро Раёсати кадрҳои вазорат ҳал хоҳад кард», – гуфта буд ӯ. Феълан М.Аҳмадов бо корҳои хоҷагидорӣ машғул аст.


Кумитаи кор бо занон ва оила хостори зиёд кардани синнусоли никоҳ барои духтарон аст

0


Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Хайринисо Юсуфӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки тибқи маълумот, дар ҷумҳурӣ тайи се моҳи соли равон 1 ҳазору 509 оила никоҳи худро бекор кардаанд ва ин шумор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 178 адад зиёд аст. «Сабаби асосии ҷудо гардидани оилаҳо дар барвақт ба шавҳар баромадани духтарон аст», – гуфт ӯ.




Ба гуфтаи Х.Юсуфӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии духтарон ва барпо сохтани оилаи оилаи комилу солим кумита ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки синнусоли иҷозати никоҳи духтарон болотар муқаррар карда шавад, зеро аз духтари бомаърифат оянда оилаи бомаърифат низ бунёд мегардад.



Дар ҳамин ҳол, дар зарфи се моҳи соли равон дар кишвар тамоили афзоиши бақайдгирии оилаҳои нав ба мушоҳида расидааст. Агар дар ҳамин давраи соли гузашта 24,2 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда бошад, пас ин рақам соли равон ба 26,5 ҳазор адад баробар шудааст.




 

Нақшаи даъват ба сафи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ 45 дарсад иҷро гардид

0



           

Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар даҳаи аввали моҳи апрел нақшаи даъват ба хизмат дар сафи Артиши миллии ҶТ ба миқдори 45 дарсад ба иҷро расид.





           

Чӣ тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нақшаи даъват дар ВМКБ – 60, вилояти Хатлон – 54, Суғд – 43 ва ноҳияҳои тобеи мараз – ба андозаи 40 дарсад иҷро шуд.




           

Ба гуфтаи Ф.Маҳмадалиев, феълан дар шаҳри Норак ва ноҳияҳои Шуғнон, Зафаробод, Балҷувон ва Носири Хисрав нақшаи даъват пурра иҷро гардидааст.


ҲНИТ лоиҳаи қонун дар бораи ворид сохтани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро таҳия мекунад

0


Душанбе. 13-уми апрел – Ҳизби наҳзати исломии То


ҷ


икистон дар садади таҳияи як пешнависи


ҷ


адиди “Қонун дар бораи озодии ви


ҷ


дон ва иттиҳодияҳои дин


ӣ


” ва ироаи он ба Ма


ҷ


лиси Намояндагон ё ма


ҷ


лиси суфлои порлумони ин кишвар аст.




Ин матлаб р


ӯ


зи шанбеи 11 апрел дар поёни ҳамоиши “Қонуни То


ҷ


икистон дар бораи озодии ви


ҷ


дон ва иттиҳодияҳои дин


ӣ


: андеша ва мулоҳизот” дар шаҳри Душанбе эълом шуд.



Масъулони ҳизб мег


ӯ


янд ин иқдомро ба дунболи тасвиби “Қонуни озодии ви


ҷ


дон ва иттиҳодияҳои дин


ӣ


” дар порлумон ва таъйиди раиси


ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар авохири моҳи гузашта р


ӯ


и даст хоҳанд гирифт.



Ба гуфтаи Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии То


ҷ


икистон , порлумон аз тарҳи “Қонуни озодии ви


ҷ


дон ва иттиҳодияҳои дин


ӣ


“, ки ин ҳизб дар ҳудуди ду сол пеш ироа карда буд, истифода накардааст. Даро ин бораи сомонаи хабаргузории ВВС бо забони форсӣ иттилоъ медиҳад.


Додситонии кулл ба ҳабси собиқ директори нерӯгоҳи «Норак» иҷозат дод

0



           

Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Додситонии кулл ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб намудан ва ҳабси собиқ директори нерӯгоҳи «Норак»,

 

намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак иҷозат дод.




Собиқ директори нерӯгоҳи бузургтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ Маҳмадулло Қурбонов ва муовини ӯ Маҳмадалӣ Ҳалимов дар азхудкунии маблағҳои давлатӣ ба миқдори наздик ба 380 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешаванд.



Дар нишасти хабарӣ муовини додситони кулли ҶТ Абдусамеъ Додобоев изҳор дошт, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ аз Прокуратураи генералӣ дархост кард, дахлнопазирии собиқ роҳбари нерӯгоҳи «Норак» чун намояндаи мардумӣ мардумӣ бо мақсади тафтиши даст доштани ӯ дар содир намудани ҷиноят бекор карда шавад.



Собиқ роҳбари нерӯгоҳи «Норак» ва муовини ӯ Маҳмадалӣ Ҳалимов дар ғайриқонунӣ азхуд кардани маблағҳои давлатӣ ба миқдори 1 млн. 282 ҳазору 700 сомонӣ (ҳудуди 380 ҳазор доллари амрикоӣ) гумонбар дониста мешаванд.



Ёдрас мекунем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми сентябри соли 2008 Маҳмадулло Қурбонов аз вазифаи директори Нерӯгоҳи барқи обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев озод карда шуд.


Имрӯз дар Маскав мулоқоти додситонҳои кулли кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад

0



            



Душанбе


13-


уми




апрел







Имрӯз




дар




пойтахти




Русия





шаҳри




Маскав




ма


ҷ


лиси




ҳафтуми




прокурорҳои




генералии




давлатҳои




аъзои




Созмони




ҳамкории




Шанхай




баргузор




мегардад


.


Ҳайати То


ҷ


икистон дар ин ма


ҷ


лис таҳти роҳбарии прокурори генералии мамлакат Бобо


ҷ


он Бобохонов иштирок хоҳад кард.





           

Дар ма


ҷ


лис масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, мубориза ба муқобили қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисод


ӣ


дар шароити б


ӯ


ҳрони


ҷ


аҳонии молияв


ӣ


, пешгирии фаъолияти созмонҳои ифротии дин


ӣ


, тақвияти мубориза ба муқобили хариду фур


ӯ


ши ғайриқонунии маводи нашъадор ва гур


ӯ


ҳҳои


ҷ


инояткори байналхалқ


ӣ


муҳокима карда мешаванд.




           

Айни ҳол Чин, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон, То


ҷ


икистон ва


Ӯ


збекистон аъзои СҲШ мебошанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Раиси шаҳри Душанбе барои сохтмони мактаби нав дар маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ маблағ ҷудо кард

0



           

Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсид Убайдуллоев оид ба сохтмони мактаби нав дар маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ барои 660 ҷойи нишаст қарор ба имзо расид.





           

Чӣ тавре ки сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, лоиҳаи сохтмони мактабро ҶДММ «Гипрострой» омода сохта, он бояд дар пешорӯи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти ҶТ, соли 2011 ба истифода дода шавад. «Ҷиҳати сохтмони мактаб барои истифодаи бемӯҳлат


1,4 гектар

замин ҷудо гардид», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Ш.Саидов, арзиши лоиҳаи сохтмон пас аз доир сохтани тендер, ки мақомоти шаҳрдорӣ то ахири ҳамин моҳ эълон хоҳанд кард, муайян мешавад.