Додситонии кулл ба ҳабси собиқ директори нерӯгоҳи «Норак» иҷозат дод

            Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Додситонии кулл ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб намудан ва ҳабси собиқ директори нерӯгоҳи «Норак»,   намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак иҷозат дод. Собиқ директори нерӯгоҳи бузургтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ Маҳмадулло Қурбонов ва муовини ӯ Маҳмадалӣ Ҳалимов дар азхудкунии маблағҳои давлатӣ ба миқдори наздик ба 380 […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Додситонии кулл ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб намудан ва ҳабси собиқ директори нерӯгоҳи «Норак»,

 

намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак иҷозат дод.




Собиқ директори нерӯгоҳи бузургтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ Маҳмадулло Қурбонов ва муовини ӯ Маҳмадалӣ Ҳалимов дар азхудкунии маблағҳои давлатӣ ба миқдори наздик ба 380 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешаванд.



Дар нишасти хабарӣ муовини додситони кулли ҶТ Абдусамеъ Додобоев изҳор дошт, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ аз Прокуратураи генералӣ дархост кард, дахлнопазирии собиқ роҳбари нерӯгоҳи «Норак» чун намояндаи мардумӣ мардумӣ бо мақсади тафтиши даст доштани ӯ дар содир намудани ҷиноят бекор карда шавад.



Собиқ роҳбари нерӯгоҳи «Норак» ва муовини ӯ Маҳмадалӣ Ҳалимов дар ғайриқонунӣ азхуд кардани маблағҳои давлатӣ ба миқдори 1 млн. 282 ҳазору 700 сомонӣ (ҳудуди 380 ҳазор доллари амрикоӣ) гумонбар дониста мешаванд.



Ёдрас мекунем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми сентябри соли 2008 Маҳмадулло Қурбонов аз вазифаи директори Нерӯгоҳи барқи обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев озод карда шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.