Home Blog Page 5111

Эҷод сохтани монеа ба воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба болоравии нархи маҳсулоти ба ин монанди истеҳсолкунандагони ватанӣ боис мегардад, – наз

0



           

Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мавриди шарҳи масъалаи маҳдуд кардани воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба кишвар раиси Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон Баҳодур Ҳабибов чунин ибрози ақида намуд, ки чунин иқдом ба болоравии нархи маҳсулоти ба ин монанди истеҳсолкунандагони ватанӣ боис мегардад ва интизорӣ доштани беҳбуди сифати моли истеҳсолкунандагони ватанӣ аз эҳтимол дур аст.





           

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Б.Ҳабибов изҳор дошт, ҷорӣ сохтани иқдоми мазкур рақобати озодро дар бозори дохилӣ заъиф сохта, ба коҳиши маҳсулот ва мутаносибан харидор оварда мерасонад. «Ҳар як иқтисодчӣ ба хубӣ дарк мекунад, ки то қадре мол дастнорастар гардид, арзиши он низ боло хоҳад рафт ва дар чунин ҳолат соҳибкори маҳаллӣ ба хубӣ хоҳад донист, ки истеҳсолкунандаи хориҷӣ дигар рақиби ӯ шуда наметавонад ва ба беҳбуди сифати молаш таваҷҷӯҳ зоҳир нахоҳад сохт», – гуфт ӯ.




           

Б.Ҳабибов мегӯяд, соли гузашта дар Русия воридоти мошинҳои навъи хориҷиро маҳдуд сохтанд, вале маълумоти оморӣ гувоҳи он аст, ки аз ин иқдом шумори воридоти мошинҳои навъи хориҷӣ коҳиш наёфта, ҳамзамон фурӯши автомобилҳои истеҳсоли ватанӣ низ зиёд нашудааст.


Моҳи апрел дар Тоҷикистон тамринҳои низомии кишварҳои узви СҲШ баргузор мешаванд

0


Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи нақшаи ягона ва қарори Шӯрои сохтори зиддитеррори кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзҳои 17-19-уми апрели соли ҷорӣ дар машқгоҳи низомии Фахробод тамринҳои низомии кишварҳои узви иттиҳод таҳти унвони «Норак-Антитеррор» баргузор мешаванд.




Чӣ тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тамринҳо дар ду марҳила баргузор шуда, дар он гурӯҳҳои фаврӣ ва воҳидҳои таъиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Чин ширкат хоҳанд варзид. «Дар тамринҳо аз қувваҳои низомии дифои ҳавоӣ, техникаи зиреҳпӯши вазнин ва аслиҳаву муҳимоти гуногун истифода хоҳад шуд», – гуфт ӯ.



Ф.Маҳмадалиев мегӯяд, ҳадаф аз баргузории тамринҳо ҳамоҳангсозии амалиёти муштараки зиддитеррористӣ, баланд бардоштани савияи тахассусии хизматчиёни ҳарбӣ, табодули таҷриба ва омодагии минбаъда ба мубориза алайҳи терроризми байнулмилалӣ ва ифротгароии сиёсӣ аст.


Дар Ашқобод маҷлиси навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад

0



 

Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – 10-уми апрел дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод ма


ҷ


лиси навбатии Ш


ӯ


рои вазирони корҳои хори


ҷ


ии мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар он қариб 20 масъала мавриди баррас


ӣ


қарор мегирад, ки ба ҳамкории мамлакатҳои Иттиҳод дар соҳаҳои сиёс


ӣ


, гуманитар


ӣ


, и


ҷ


тимо


ӣ


, муҳо


ҷ


ират ва таъмини амният марбут мебошад.





 

Иштирокчиёни мулоқот лоиҳаи р


ӯ


зномаи ма


ҷ


лиси Ш


ӯ


рои сарони ҳукуматҳоро тасдиқ менамоянд, ки 22-юми майи соли равон дар шаҳри Остона баргузор хоҳад гашт. Дар ма


ҷ


лиси мазкур вақт ва маҳалли гузаронидани мулоқоти ояндаи вазирони корҳои хори


ҷ


ӣ


муайян карда мешавад.



Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар маҷлис баррасии масоили ҳамкориҳо дар бахши гуманитарӣ барои солҳои 2009-2010, мувофиқасозии сиёсати муҳоҷират, рушди фазои ягонаи маърифатӣ, омодагӣ ба таҷлили ҷашни 65-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ғайра дар назар аст.


Пизишки олмонӣ тайи ду рӯз дар Душанбе ҳудуди 20 ҷарроҳии ройгони барқарорсозӣ ва пластикӣ анҷом дод

0


Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷарроҳи олмонӣ, профессор Эдгар Бимер, ки рӯзи 30-юми март ба Душанбе омада буд, тайи ду рӯз дар


Маркази


ҷ


умҳуриявии илмию таълимии


ҷ


арроҳии барқарорсоз


ӣ


ҳудуди 20 ҷарроҳии ройгони барқарорсозӣ ва пластикӣ анҷом дод.




Чӣ тавре ки ҷарроҳи дараҷаи олии


Маркази


ҷ


умҳуриявии илмию таълимии


ҷ


арроҳии барқарорсоз


ӣ Миралӣ Одинаев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҷарроҳӣ ройгон буда, пизишки олмонӣ ба беш аз 60 бемори ба чунин ҷарроҳиҳо ниёздошта маслиҳатҳои муфид додааст.



Эдгард Бимер маротибаи шашум аст, ки бо мақсади расонидани кӯмаки хайрия ба Тоҷикистон меояд ва ният дорад, ки дар марказ боз якчанд ҷарроҳии аёнӣ гузаронад. «Дар муддати 8 соли ташриф ба Тоҷикистон пизишки олмонӣ бемории беш аз ҳазор маризонро ташхис намуда, ба онҳо машваратҳои муфид дод ва беш аз 200 ҷарроҳии душвори пластикӣ анҷом дод», – афзуд манбаъ.






 

Дар маҷаллаи мисрии «Ал-Азҳар» мақолаи президенти Тоҷикистон «Имоми Аъзам ва ҳуввияти миллии тоҷикон» чоп шуд

0


Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Шумораи апрелии ма


ҷ


аллаи «Ал-Азҳар» (№4, соли 2009) бо акси Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон дар муқова ба табъ расид.




Ма


ҷ


аллаи «Ал-Азҳар», ки моҳномаи исломии Академияи пажуҳишҳои исломии назди Донишгоҳи Азҳари Шариф дар


Ҷ


умҳурии Мисри Араб мебошад, дар ин шумора мақолаи Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистонро зери унвони «Имоми Аъзам ва ҳуввияти миллии то


ҷ


икон» дар бахши «Сафҳае аз тамаддуни То


ҷ


икистон» чоп кардааст. Мақолаи мазкур аз


ҷ


ониби доктор Абдулваҳҳоб Аллуб – донишманди Донишгоҳи Қоҳира аз забони то


ҷ


ик


ӣ


ба араб


ӣ


тар


ҷ


ума шудааст.



Дар ма


ҷ


алла тар


ҷ


умаи ҳол ва акси муаллиф – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, саҳм ва нақши беназири


ӯ


дар истиқрори сулҳу ваҳдати милл


ӣ


ва пешрафти зина ба зинаи кишвар; ташаббусҳои зиёди созанда, аз


ҷ


умла «Даҳсолаи оби мусаффо»; чораву тадбирҳои муҳим оид ба


ҷ


ашну маросимҳои милливу дин


ӣ


, монанди соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шудани соли 2009 дар То


ҷ


икистон, дастрас шудани тар


ҷ


умаи то


ҷ


икии Қуръони ма


ҷ


ид ба ҳар хонадони то


ҷ


ик, тар


ҷ


ума ва чопи китоби фиқҳи ҳанаф


ӣ


-«Ҳидояи шариф» ва ғайра, ки он ҳама аз ҳисоби худи муаллиф сурат гирифтааст, дар


ҷ


гардидааст.



Гузашта аз ин, аз боздиди расмии Сардори давлати То


ҷ


икистон ба


Ҷ


умҳурии Мисри Араб (4-7 феврали соли 2007), китоби якуми асари се


ҷ


илдаи


ӯ


«То


ҷ


икон дар оинаи таърих», ки ба забони араб


ӣ


нахустин бор соли 2008 дар Қоҳира ба чоп расидааст, ёд мешавад. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҶТ хабар доданд.


Дар ҷануби Тоҷикистон пинҳонгоҳе бо миқдори зиёди аслиҳаву муҳимот ошкор гардид

0



           

Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни баргузории чорабиниҳои фаврии махсус кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар қаламрави шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон пинҳонгоҳеро бо миқдори зиёди аслиҳаву муҳимот ошкор карданд.





           

Чӣ тавре ки аз маркази робита бо ҷомеаи кумитаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз пинҳонгоҳ 2 адад автомати Калашников, 6 туфангча, 2 норинҷакафкан, 6 норинҷаки дастӣ, 11 милтиқи шикорӣ, 7 дастгоҳи инфиҷорӣ ва 1,5 дона тиру муҳимоти гуногун дарёфт ва мусодира гардид.




           

«Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд», – афзуд манбаъ.


Сарвазири мамлакат оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон бо масъулини вазорату идораҳо ҷаласа доир сохт

0



           




    

Душанбе. 2-юми апрел

 

– Имр


ӯ


з дар назди Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов оид ба тайёр


ӣ


ва гузаронидани зимистони солҳои 2009-2010


ҷ


аласа баргузор гардид, ки дар он масъулини вазорату идораҳои


ҷ


умҳур


ӣ


иштирок намуданд.





    


         

Дар


ҷ


аласа нақшаи чорабиниҳо оид ба саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию и


ҷ


тимоии кишвар барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010 муҳокима гардид.



Сарвазири


ҷ


умҳур


ӣ


О.Оқилов қайд кард, ки дар давраи тираҳому зимистон зиёда аз 60% ма


ҷ


м


ӯ


и маҳсулоти дохилии мамлакат истеҳсол мешавад. «Сарвари Давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон дар


ҷ


аласаи Ҳукумат, ки дир


ӯ


з баргузор гардид супориш дод, ки омодаг


ӣ


ба зимистони солҳои 2009-2010 бояд


ҷ


идд


ӣ


бошад. Аз ин р


ӯ


, мо бояд нақшаи чорабиниҳоро саривақт пешниҳод намоем», – тазаккур дод О. Оқилов.




             

Дар


ҷ


аласа роҳбарони вазорату идораҳо баромад намуда, фикру андешаҳояшонро оид ба нақшаю чорабиниҳо иброз доштанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Дар минтақаҳои кишвар реҷабандии барқ қариб пурра барҳам дода шуд

0





           

Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаҳои кишвар реҷабандии барқ қариб пурра барҳам дода шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз аз Хадамоти марказии танзими барқи ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд.









           

Ба гуфтаи манбаъ, феълан ба ҳамаи манотиқи кишвар интиқоли барқ мунтазам таъмин карда мешавад. «Танҳо ба баъзе маҳаллаҳои аҳолинишини дурдаст шабонарӯзӣ ба муддати 18-20 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад», – гуфт манбаъ.








           

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон ба кишвар аз Туркманистону Ӯзбекистон дар ҳаҷми 14-16 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид мегардад. Дар дохили ҷумҳурӣ то 20 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид мегардад, ки 70 дарсади он ба нерӯгоҳи Норак мансуб аст. «Талаботи кишвар ба нерӯи барқ дар як шабонарӯз 40 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад», – афзуд сарчашма.




Соли равон аз Тоҷикистон 5 ҳазор нафар шаҳрванд ба маросими ҳаҷ сафар мекунад

0



           

Душанбе. 1уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои хоҳишмандоне, ки соли равон ба сафари ҳаҷ рафтанианд, квота ҷудо намуд.





           

Чӣ тавре ки мудири шӯъбаи ҳаҷ ва сайёҳии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдусалом Раҷабов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли равон бо шумули

 

роҳбарони гурӯҳ, табибон ва дигар кормандон аз Тоҷикистон 5 ҳазор нафар шаҳрванд ба маросими ҳаҷ сафар мекунад.




           

Ба гуфтаи ӯ, квота миёни манотиқи кишвар ба таври зайл тақсим карда шуд: ВМКБ – 138, вилояти Суғд – 1 ҳазору 408, Вилояти Хатлон – 1 ҳазору 618, шаҳри Душанбе – 566 ва ноҳияҳои тобеи марказ – 1 ҳазору 70 квота.




           

А.Раҷабов афзуд, дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар бақайдгирии зоирин аллакай анҷом ёфтааст.




           

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта 5 ҳазору 200 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо шарафёб гардиданд.


Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ба тавсиаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва дастгирии иқтисодиёти он ҳавасманду манфиатдор аст

0


Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон Роҳбари гур


ӯ


ҳи соҳибкории Бонки та


ҷ


дид ва рушди Аврупо Оливе Декампро ба ҳузур пазируфт.




Дар вох


ӯ


р


ӣ


масоили ҳамкории То


ҷ


икистон бо ин муассисаи бонуфузи байналмилал


ӣ


, аз


ҷ


умла баҳри коҳиш додани таъсири б


ӯ


ҳрони


ҷ


аҳонии молияв


ӣ


баррас


ӣ


шуд.



Бо қаноатманд


ӣ


зикр гардид, ки айни ҳол дар То


ҷ


икистон бо маблағгузории Бонки та


ҷ


дид ва рушди Аврупо 47 лоиҳа амал


ӣ


мешаванд, ки маблағи умумии онҳо беш аз 150 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.



Ба гуфти мусоҳибон, Бонки та


ҷ


дид ва рушди Аврупо ҳамчунин нақша дорад, ки соли равон дар То


ҷ


икистон татбиқи боз 12 лоиҳаи дигарро бо маблағи 70 миллион доллари амрико


ӣ


оғоз намояд.



Ҷ


онибҳо оид ба тадбирҳои зиддиб


ӯ


ҳронии Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, роҳҳои баланд бардоштани қобилияти қарздиҳии бонкҳои саҳҳом


ӣ


ва созмонҳои


ҷ


удокунандаи қарзҳои хурд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварз


ӣ


, энергетика, обтаъминкун


ӣ


ва дигар бахшҳо, беҳсозии фазои инвеститсион


ӣ


ва вусъат додани дастгирии соҳибкории хурду миёна гуфтуг


ӯ


йи судманд ан


ҷ


ом доданд.



Таъкид гардид, ки дастгирии бонкҳои саҳҳом


ӣ


ва созмонҳои


ҷ


удокунандаи қарзҳои хурди кишвар ва соҳаҳои кишоварзию энергетика се самти асосии ҳамкории Бонки та


ҷ


дид ва рушди Аврупо бо То


ҷ


икистон аст.



Оливе Декамп изҳор дошт, ки Бонки та


ҷ


дид ва рушди Аврупо сиёсати Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистонро

 

оид ба дастгирии соҳаи кишоварз


ӣ


ва дигар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт дастгир


ӣ


мекунад.



Маблағгузории сохтмони нер


ӯ


гоҳҳои хурду миёнаи об


ӣ


аз афзалияти асосии ҳамкории Бонки та


ҷ


дид ва рушди Аврупо бо То


ҷ


икистон дар соҳаи энергетика арзёб


ӣ


гардид.



Ба гуфти Оливе Декамп, Бонки та


ҷ


дид ва рушди Аврупо бо 4 роҳу восита ба То


ҷ


икистон баҳри коҳиш додани таъсири б


ӯ


ҳрони


ҷ


аҳонии молияв


ӣ


к


ӯ


мак мерасонад, аз


ҷ


умла бо роҳи зиёд намудани маблағгузор


ӣ


аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо,


ҷ


удо намудани грантҳо аз ҳисоби маблағҳои худи бонк, тезондани татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда ва кам кардани м


ӯ


ҳлати омодасозии лоиҳаҳои нав.



Оливе Декамп ба тадбирҳои Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, ки ба беҳсозии фазои инвеститсионии кишвар равона гаштааст, баҳои баланд дода, таъкид дошт: «ҳолати зери назорат ва роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар қарор гирифтани беҳсозии фазои инвеститсионии кишвар худ аллакай боиси болоравии боварию эътимоди сармоягузорон аст».



Оливе Декамп ҳамчунин таъкид дошт, ки Бонки та


ҷ


дид ва рушди Аврупо ба тавсиаи ҳамкор


ӣ


бо То


ҷ


икистон ва дастгирии иқтисодиёти он ҳавасманду манфиатдор аст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.