Дар минтақаҳои кишвар реҷабандии барқ қариб пурра барҳам дода шуд

            Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаҳои кишвар реҷабандии барқ қариб пурра барҳам дода шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз аз Хадамоти марказии танзими барқи ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд.             Ба гуфтаи манбаъ, феълан ба ҳамаи манотиқи кишвар интиқоли барқ мунтазам таъмин карда мешавад. «Танҳо ба баъзе маҳаллаҳои аҳолинишини дурдаст […]

Пайрав Чоршанбиев





           

Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаҳои кишвар реҷабандии барқ қариб пурра барҳам дода шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз аз Хадамоти марказии танзими барқи ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд.









           

Ба гуфтаи манбаъ, феълан ба ҳамаи манотиқи кишвар интиқоли барқ мунтазам таъмин карда мешавад. «Танҳо ба баъзе маҳаллаҳои аҳолинишини дурдаст шабонарӯзӣ ба муддати 18-20 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад», – гуфт манбаъ.








           

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон ба кишвар аз Туркманистону Ӯзбекистон дар ҳаҷми 14-16 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид мегардад. Дар дохили ҷумҳурӣ то 20 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид мегардад, ки 70 дарсади он ба нерӯгоҳи Норак мансуб аст. «Талаботи кишвар ба нерӯи барқ дар як шабонарӯз 40 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад», – афзуд сарчашма.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.