Home Blog Page 5131

Дар Душанбе аз таҳқиқоти талаботи бозори меҳнат ба сифати маълумоти касбӣ натиҷагирӣ мекунанд

0



           

Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба мавзӯи «Натоиҷи таҳқиқоти талаботи бозори меҳнат ба сифати таълимоти касбӣ» тренинг баргузор мешавад.





           

Тавре аз Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тренинг дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи dvv international – «Дастгирии маълумоти касбӣ дар Тоҷикистон – марҳилаи 2» доир гашта, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад ва дар ҳамдастӣ бо Вазорати маорияи кишвар созмон дода мешавад.




           

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни тренинг иштирокдорон ба дарки моҳияти бозори меҳнат ва вижагиҳои он ва талабот ба сифати маълумоти касбӣ дар бозори меҳнати муосир муваффақ гашта, бо тарзҳои гузаронидани таҳқиқот дар ин бахш ва истифодаи амалии натиҷаҳои он дар роҳандозии маълумоти касбӣ огаҳии амиқ пайдо хоҳанд намуд.


Ҳайати Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба Душанбе меояд

0



           

Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия аз 10 то 12-уми март аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.





           

Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Русия бо мақсади гуфтушунид оид ба амалисозии лоиҳаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи муҳоҷират ва роҳандозии фаъолияти пурсамари муштарак ба ҷумҳурӣ ташриф меорад.




           

Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯбаи сафар баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи « Фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар ҶТ ва сафарбарсозии муташаккили муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия» дар назар буда, оид ба масоили таъмини муҳоҷирони тоҷик бо ҷойи кор дар манотиқи Русия гуфтушунид сурат хоҳад гирифт.




           

Интизор меравад, дар ҷараёни боздид ҳайати хадамоти муҳоҷирати Русия аз омӯзишгоҳҳои касбиву техникӣ, ки барои муҳоҷирати корӣ дар Русия мутахассис тайёр мекунанд, боздид намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик ошно хоҳад гашт.




           


 



Парлумони ҷумҳурӣ Созишнома дар бораи таъсиси Бонки рушди Авруосиёро тасдиқ карданист

0




 




           

Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи тасдиқи Созишнома дар бораи таъсиси Бонки рушди Авруосиё мавриди баррасӣ қарор мегирад.




           

Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа ҳамчунин баррасии лоиҳаи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои ҷудогонаи фаъолият» ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.




           

Ёдрас мекунем, ки Бонки рушди Авруосиё бо сармояи оиннномавии 1,5 млрд. доллари ИМА дар асоси созишномаи ҳкуматҳои Русия ва Қазоқистон моҳи январи соли 2006 таъсис ёфта буд. Тоҷикистон ахири соли гузашта ба узвияти ин бонк пазируфта шуд. Феълан Белорус ва Арманистон низ аъзои он мебошанд.


Олимони Тоҷикистон навъҳои нави пахта ва гандуми мулоим ихтироъ карданд

0



           

Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Навъҳои нави зироати кишоварзӣ, ки аз ҷониби олимони Тоҷикистон ихтироъ шуданд, соҳиби гувоҳномаи ҳуқуқи муаллифӣ гардида, барои истифода дар истеҳсолот патент гирифтанд.





           

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, навъҳои нави пахтаи «Шавкат-80» ва «ВД-11», зироати хӯроки чорвои «Зиддӣ» ва навъи гандуми мулоим барои кишти баҳорӣ ва тирамоҳӣ соҳиби патент гаштанд.




           

Ба иттилои манбаъ, ахири ҳафтаи гузашта директори Муассисаи давлатии санҷиши навъҳои зироати кишоварзӣ ва муҳофизати рустаниҳо Сафаралӣ Орифов ба олимон гувоҳномаи ҳуқуқи муаллифиро супурд.


Президенти Тоҷикистон аз Эрон ва Туркия боздид мекунад

0



           

Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуввуми имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи


X


-уми сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ОЭС) озими шаҳри Теҳрон мешавад.





           

Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба ҷуз ширкат дар кори ҷаласаи созмон, президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз як қатор музофотҳои Эрон низ боздид намуда, баҳри густариши ҳамкориҳои минтақавӣ замина хоҳад гузошт. «Масъалаи рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шароити бӯҳрони молӣ дар меҳвари баррасии ҷаласа қарор хоҳад гирифт», – гуфт манбаъ.




           

Тибқи маълумоти сафорати Эрон дар Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи сафари сарвари давлати Тоҷикистон дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод низ дар назар аст.




           

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дастгоҳи сарвари давлат, пас аз сафари Эрон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми март ба Туркия хоҳад рафт. Дар шаҳри Анқара Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Туркия иштирок мекунад. Худи ҳамин рӯз прзиденти Тоҷикистон озими шаҳри Истанбул гардида, дар Ҳамоиши


V


-уми умумиҷаҳонӣ оид ба об суханронӣ хоҳад намуд.


Дафтари ҷумҳуриявии дифоъ аз ҳуқуқи инсон: Низоми дифоъи ҳуқуқи бонувони тоҷик заъиф аст

0



           

Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузориши Дафтари ҷумҳуриявии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон барои соли 2008 гуфта мешавад, масъалаи истифодаи зӯроварӣ нисбати занон дар кишвар мушкилоти умда боқӣ мемонад ва он бонувонро ба худкушӣ маҷбур месозад.





           

Дар гузориш зикр мегардад, ки ҳарчанд дар қонунгузории ҷумҳурӣ баробарҳуқуқии зану мард кафолат дода шуда бошад ҳам, вазъи занон тайи 15 соли ахир мушкилтар гаштааст. «Аксари занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок намекунанд ва айни замон дар ҳоли фақру нодорӣ қарор дошта, аз низоми заъифи дифоъ бархӯрдоранд, ки он ба афзоиши истифодаи зӯроварӣ ва поймолкунии ҳуқуқ нисбати онҳо боис мегардада», – омадааст дар гузориш.




           

Дар гузориш таъкид мегардад, ки зӯроварӣ нисбати занон дар Тоҷикистон ҳамчун як ҳодисаи маъмулӣ арзёбӣ шуда, он чун мушкилоте, ки ҷиҳати ҳалли он дахолати ҷомеа зарур бошад, маҳсуб намегардад ва аз ин рӯ, зан бояд хомӯшона ба рафтори дағалона ва зӯроварӣ сабру таҳаммул пеша намояд.




           

Тибқи маълумоти таҳқиқоти намояндагии минтақавии


UNIFEM


, дар Тоҷикистон ҳамасола нисбат ба беш аз 70 дарсади занон зӯроварӣ истифода мегардад. Танҳо дар зарфи 9 моҳи соли 2008 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар 240 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани занонро ба қайд гирифтааст, ки мувофиқи моддаи 109 КҶ ҶТ (Ба худкушӣ оварда расонидан) аз рӯи онҳо 30 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.




           

Ҳамчунин дар гузориш аз мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирати меҳнатӣ, афзоиши шумори никоҳи барвақт ва қайднагардида, поймол сохтани ҳуқуқҳои амволии занон ва дигар масоили марбут ба дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда шудааст.


Дар шаҳри Душанбе бар асари сӯхтор ду ноболиғ ба ҳалокат расид

0


Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соати 8-у 41 дақиқаи рӯзи 8-уми март дар манзили истиқоматии шаҳрванд Ҷамолиддин Ҷалолов – сокини кӯчаи Заргари ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар масоҳати 60 метри мурббаъ сӯхтор ба амал омад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» масъули Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати умури дохилаи кишвар – Кароматулло Абдуллоев хабар дод, ҳангоми сӯхтор аз дуди ғализ 2 нафар ноболиғон Зулфия Ҷалоловаи 6-сола ва Мӯъминшо Ҷалолови 4-сола ба ҳалокат расиданд. Сабаби сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор ҳангоми истифодабарии асбоби гармидиҳандаи барқӣ будааст.




 

Ба гуфтаи манбаъ, дар рафти таҳқиқ муайян гардид, ки дар дохили ҳуҷраи хоб пеш аз ба вуқӯъ омадани ҳодиса, модари яке аз кӯдакон Зебӣ Ҷалолова бо се нафар ноболиғон хоб буданд. Ҳангоми ба амал омадани оташсӯзӣ Зебӣ Ҷалолова тавонистааст танҳо Раҷабалӣ Ҷалолови 9-соларо аз ҳудуди ҳуҷраи оташгирифта ба берун барорад. Сӯхтори ба амал омада, бо истифода аз 3 адад автомашинаҳои оташнишонӣ дар соати 9-у 32 дақиқа хомӯш карда шуд.



Абдуллоев ҳамчунин хабар дод, ки қабл аз ин ҳодиса, соати 2-и шаби 7-ум ба 8-уми март дар манзили шаҳрванд Исмоил Сафарови нафақахӯр низ воқеъ дар кӯчаи Заҳматободи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, дар натиҷаи бе назорат гузоштани асбоби гармидиҳандаи худсози барқӣ сӯхтор ба амал омад, ки бар асари он соҳибхона аз дуди ғализ ба ҳалокат расид. Ба иттилои манбаъ, аз аввали сол дар миқёси ҷумҳурӣ, 224 сӯхтор ба амал омадааст, ки дар натиҷа 14 нафар, аз ҷумла 4 ноболиғ ба ҳалокат расиданд.




 

Ид муборак, бонувони азиз!

0



Ид муборак, бонувони азиз!






Модарону хоҳарони гиромӣ! Ҳамаи Шуморо бо рӯзи байнулмилалии занон ва Рӯзи модар аз самими қалб табрику таҳният гуфта, бароятон тамоми хушиҳои зиндагӣ ва ҷомаи амал пӯшидани ҳама орзуҳоро

 

таманнно дорем!



Ҳайати кормандони медиа-гурӯҳи «Азия-


Plus


».



Дар Конибодом бодомзорҳоро аз нав эҳё месозанд

0



           

Конибодом. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар ноҳияи Конибодом масоҳати бодомзорҳо ба андозаи


47,5 гектар

афзуда шуд.





           

Тавре мутахассиси раёсати кишоварзии ноҳия Валӣ Ғаниев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, шароити зимистони имсола имкон фароҳам сохтааст, ки масоҳати боғҳо ба андозаи

176 гектар

зиёд карда шавад ва қарор шудааст, дар ҳудуди

50 гектар

ниҳоли бодом парвариш карда шавад. «Ҳамчунин наздики 20 ҳазор бех ниҳоли навъҳои дар водии Фарғона маъруфи бодом дар ду канори роҳи мошингарди Конибодом-Хуҷанд шинонида шуд», – гуфт ӯ.




           

Био ба иттилои сарчашма, умуман дар масоҳати

127 гектар

ниҳоли мевадиҳандаи донакдор шинонида шуда, дар ду гектар ангурзор бунёд гардидааст ва дар майдони умумии

164 гектар

боғҳои кӯҳан аз нав эҳё карда шуданд. «Дар ҳамаи шаш ҷамоати деҳот ва ду бозори шаҳрӣ ярмарка-фурӯши ниҳолҳои дарахтони мевадору ороишӣ ва кӯчати гулу буттаҳо идома дорад», – афзуд В.Ғаниев.


«Агроинвестбонк» бо Иттиҳодияи бонкии кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ҳамкориро ба роҳ мемонад

0



           

Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти раиси раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» Ниёзмурод Саидмуродов бо Дабири кулли Иттиҳодияи бонкии кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ Иштван Лендел масъалаи роҳандозии муносиботи ҳамкориҳои дуҷонибаи минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифт.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти ҶСК «Агроинвестбонк» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, И.Лендел оид ба фаъолияти Иттиҳодияи бонкии кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ мухтасар маълумот дода, қайд кард, ки феълан 52 бонк аз 30 кишвари дунё шомили иттиҳодия буда, тавозуни асъории муштараки бонкҳои узви иттиҳодия беш аз 2 млрд. Евроро ташкил медиҳад.




           

Ба гуфтаи И.Лендел, сиёсати иттиҳодия ба мусоидат ҷиҳати роҳ ёфтани бонкҳои Аврупои Марказиву Шарқӣ ва кишварҳои узви ИДМ ба бозорҳои байнулмилалӣ, ҷалби воситаҳо аз ин бозорҳо , табодули таҷрибаву дониш оид ба фанновариҳои муосири бонкӣ ва омода сохтани кадрҳо дар ин бахш нигаронида шудааст.




           

Ба иттилои манбаъ, дар навбати худ Н.Саидмуродов изҳор доштааст, ки ҶСК «Агроинвестбонк» пеши худ мақсад гузоштааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибаро бо иттиҳодияи мазкур роҳандозӣ намуда, дар барномаҳои татбиқшавандаи он фаъолона ширкат варзад.