«Агроинвестбонк» бо Иттиҳодияи бонкии кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ҳамкориро ба роҳ мемонад

            Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти раиси раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» Ниёзмурод Саидмуродов бо Дабири кулли Иттиҳодияи бонкии кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ Иштван Лендел масъалаи роҳандозии муносиботи ҳамкориҳои дуҷонибаи минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифт.             Тавре аз хадамоти матбуоти ҶСК «Агроинвестбонк» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, И.Лендел […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти раиси раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» Ниёзмурод Саидмуродов бо Дабири кулли Иттиҳодияи бонкии кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ Иштван Лендел масъалаи роҳандозии муносиботи ҳамкориҳои дуҷонибаи минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифт.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти ҶСК «Агроинвестбонк» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, И.Лендел оид ба фаъолияти Иттиҳодияи бонкии кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ мухтасар маълумот дода, қайд кард, ки феълан 52 бонк аз 30 кишвари дунё шомили иттиҳодия буда, тавозуни асъории муштараки бонкҳои узви иттиҳодия беш аз 2 млрд. Евроро ташкил медиҳад.




           

Ба гуфтаи И.Лендел, сиёсати иттиҳодия ба мусоидат ҷиҳати роҳ ёфтани бонкҳои Аврупои Марказиву Шарқӣ ва кишварҳои узви ИДМ ба бозорҳои байнулмилалӣ, ҷалби воситаҳо аз ин бозорҳо , табодули таҷрибаву дониш оид ба фанновариҳои муосири бонкӣ ва омода сохтани кадрҳо дар ин бахш нигаронида шудааст.




           

Ба иттилои манбаъ, дар навбати худ Н.Саидмуродов изҳор доштааст, ки ҶСК «Агроинвестбонк» пеши худ мақсад гузоштааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибаро бо иттиҳодияи мазкур роҳандозӣ намуда, дар барномаҳои татбиқшавандаи он фаъолона ширкат варзад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.