Home Blog Page 5140

Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати кӯмаки ҳамаҷониба ба Тоҷикистон дар баргузории интихоботи демократӣ омода аст

0



Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҶТ Мирзоалӣ Болтуев ва муовини котиби иҷроияи Комиссияи Венетсиании Иттиҳоди Аврупо Томас Маркерт доир гашт.






Тавре аз комиссияи

 

маркази интихоти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот М.Болтуев изҳор доштааст, ки Тоҷикистон дар баргузории интихоботи озоду мустақил таҷрибаи кофӣ андӯхтааст. Ӯ меҳмонро бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба баргузории интихоботи парлумонии соли 2010 шинос кард.





Дар навбати худ Томас Маркет зикр намуд, ки Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати кӯмаки ҳамаҷониба дар баргузории интихоботи демократӣ дар Тоҷикистон ва такмили бештари қонунгузории миллӣ дар ин самт омода аст.





Ба иттилои намояндаи комиссияи марказии интихобот, боздиди ҳайати Комиссияи Венетсиании Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи ҳамкории ИА бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши такмили қонунгузориҳои миллӣ оид ба интихобот ва райъпурсӣ ҷараён дорад.



А.Мамадазимов: Муносиботи дуҷонибаи Русияву Тоҷикистон нишонаҳои воқеъгароёна ва оқилонаро касб мекунанд

0


Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Асссостсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов бар чунин назар аст, ки бо сафари президенти Тоҷикистон ба Маскав дар муносиботи Тоҷикистону Русия марҳилаи нав шурӯъ мегардад.




Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос изҳор дошт, ки муносиботи дуҷонибаи Русияву Тоҷикистон акнун нишонаҳои воқеъгароёна ва оқилонаро касб карда, назардошти манфиати миллӣ дар меҳвари муносибот қарор хоҳад дошт. «Муносибот чунинанд, ки ҷонибҳо ба ҳамкории дуҷониба шадидан ниёз доранд», – гуфт ӯ.

 




Сиёсатшиноси тоҷик аз рӯйдодҳои зимни сафари президенти Русия ба Ӯзбекистон рухдода ёдовар шуда, мегӯяд, акнун ҳама чиз возеҳ гардид ва ҷонибҳо эҳсосоти худро изҳор дошта, ҷой танҳо барои ҳамкории мушаххас ва ба ҳарду ҷониб судманд боқӣ мондааст. «Аз ин рӯ, мо аз такони ҷиддӣ дар роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши истихроҷи газ, идомаи иштироки Русия дар сохтмони иншооти гидроэнегетикии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои дигар интизорӣ дорем», – гуфт ӯ.



Ба ақидаи А.Мамадазимов, дар гуфтушуниди қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон атрофи масоили нигаҳдории квотаҳо барои муҳоҷирони тоҷик ва андешидани чораҳо ҷиҳати пурзӯр кардани дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои онҳо табодули афкори ошкоро сурат хоҳад гирифт. «Баррасии масоили ҳамкории минбаъдаи низомиву техникӣ, ки миёни кишварҳо афзалиятнок арзёбӣ мегардад, низ аз эҳтимол дур нест», – афзуд коршноси масоили сиёсӣ.


Тоҷикистон бе Русия буда наметавонад, чунки ба он вобаста аст, – назари коршиноси олмонӣ

0


Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Профессори

 

кафедраи Осиёи Маразии Донишгоҳи ба номи Гумболдт дар шаҳри Берлин Лутс Жехак дар мусоҳиба ба хабарнигори «Мавҷи Олмон» (


Deutsche




Welle


) изҳор доштааст, ки ахиран ба сардӣ гаравидани муносиботи Тоҷикистону Русия падидаи муваққатӣ аст, зеро Тоҷикистон бе Русия буда наметавонад.




Дар идомаи сӯҳбат профессор чунин баён доштааст: «Ба назари ман чунин мерасад, ки сард шудани муносибот бо Маскав ба он марбут аст, ки дар худи Русия феълан самти сиёсати хориҷӣ аз нав тарҳрезӣ мегардад, вале Тоҷикистон бе Русия буда наметавонад ва ҳамаи сиёсатмадорони варзидаи кишвар аз ин огаҳанд. Як замоне ҳатто мехостанд ба забони русӣ низ мақоми давлатӣ диҳанд ва чунин пешниҳодот ҷой дошт. Маъмулан аҳолии кишвар ба Русия дилбастагиву умедвории зиёд дорад ва аз ин рӯ, ин нофаҳмиҳо миёни кишварҳо муваққатӣ аст».



Зимни ибрози назари худ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар маҷмӯъ, профессор зикр кардааст, ки он дар интихоб хеле маҳдуд буда, ба вазъи душвори иқтисод марбут аст ва дар ин росто бо шарикон, аз ҷумла бо Эрон ҳамкориҳо роҳандозӣ мешаванд, ҳарчанд метавон дар бораи наздикшавии Тоҷикистон бо Эрон шартан ҳарф зад. Лутс Жехак чунин мешуморад, ки вазъи душвори иқтисодӣ сиёсати хориҷии кишварро муайян месозад ва Тоҷикистон бо кишварҳое, ки ба рушди иқтисодии ҷумҳурӣ сармоягузорӣ менамоянд, ҳамкориро ба роҳ хоҳад гузошт. Дар ин ҷо се кишвар – Эрон, Русия ва Чин нақши муҳим доранд, ки дар Тоҷикистон лоҳаҳои бузургро татбиқ месозанд. «Иқтисод муайянкунандаи самти сиёсат аст ва аз ин рӯ, наздикшавии Тоҷикистон бо Эрон ва баръакс ба мушоҳида мерасад», – афзудааст профессор.


Меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe дарҳои худро 1-уми март боз мекунад

0


Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Нахустин меҳмонхонаи пан


ҷ


ситорадори сатҳи байналмилал


ӣ


– Hyatt Regency Dushanbe дарҳои худро 1-уми марти соли 2009 дар пойтахти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон боз мекунад. Оид ба ин р


ӯ


йдод роҳбарияти меҳмонхона имрӯз 24-уми феврал дар шаҳри Душанбе конфронси матбуот


ӣ


доир месозад.

 



Дар ташкил ва баргузории конфронси матбуотӣ Мактаби мустақили рӯзноманигории


«


Тоҷикистон – асри


XXI


»


мусоидат мекунад.






Тавре Шӯҳрат Шодмонов, мене


ҷ


ер оид ба равобити маркетинги


и


Hyatt Regency Dushanbe ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Hyatt Regency Dushanbe – лоиҳаи арзишаш 140 млн. доллари ИМА буда, молики он ширкати «Русские Отели» мебошад, ки ба холдинги «Базовий Элемент» шомил аст.



Меҳмонхона аз с


ӯ


и ширкати маъруфи NBBJ (Сиэтл) дар ҳамкор


ӣ


бо HAS Architects Ltd. (Истамбул) тарроҳ


ӣ


шудааст. Hyatt Regency Dushanbe бинои 12-ошёна буда, аз 202 ҳу


ҷ


ра иборат аст. Ҳар як ҳу


ҷ


ра бо та


ҷ


ҳизоти замонав


ӣ


ва Интернети бесими дорои суръати баланд таъмин гардидааст.



Ҷ


иҳати фарқкунандаи ҳар як меҳмонхонаи Hyatt Regency мав


ҷ


удияти Regency Club аст. Дар ҳудуди он меҳмонон метавонанд аз хизматрасонии ёварони шахс


ӣ


истифода кунанд.



Дар меҳмонхона ҳамчунин дар масоҳати беш аз 1400 метри мураббаъ толору ҳу


ҷ


раҳое мав


ҷ


уданд, ки

 

дар онҳо метавон конфронсу мизҳои мудаввар,


ҷ


аласаҳо ва чорабиниҳои гуногуни тантанав


ӣ


доир кард. Дар ин му


ҷ


тамаъ толори масоҳаташ 500 метри мураббаъ ву


ҷ


уд дорад, ки онро бо девори садоногузар метавон ба ду бахш тақсим кард.



Тарабхонаҳои Hyatt Regency Dushanbe на танҳо баҳри меҳмонон, балки барои сокинони шаҳр низ макони вох


ӯ


риҳои


ҷ


олиб хоҳад буд. Дар тарабхонаи Foccacia Grill муштариён аз ғизоҳои хори


ҷ


ие баҳравар хоҳанд шуд, ки дар р


ӯ


и оташ пухта мешаванд. Ошпазхонаи он кушод буда, пухтупаз дар пеши назари меҳмонон


ҷ


араён мегирад.



Ба


ҷ


уз ин, дар хидмати меҳмонон спа-салон, маркази фитнес, ҳавзи оббоз


ӣ


, толори варзиш, ҳаммоми буғ


ӣ


, инчунин истгоҳи воситаҳои нақлиёт


ӣ


хоҳад буд.



Hyatt Regency Dushanbe дорои сатҳи Бизнес-Ҳотел буда, хизматрасонии он мутобиқи меъёрҳои


ҷ


аҳон


ӣ


ба роҳ монда мешавад.




Маълумотнома:



Ширкати байналмилалии Hyatt (Global Hyatt Corporation) – яке аз шабакаҳои м


ӯ


ътабари байналмилалии меҳмонхонаҳо буда, хизматрасонии зиёда аз 365 меҳмонхонаю фароғатгоҳҳоро дар 45 кишвари


ҷ


аҳон фаро мегирад. Усули асосии фаъолияти Hyatt чунин аст: муносибати хос дар хизматрасон


ӣ


, идораи иншооти муҳими фарҳанг


ӣ


, муносибати ғамхорона ба муҳити зист. Дафтари марказии ширкат дар шаҳри Чикагои ИМА


ҷ


ойгир аст. Бахшҳои ширкат меҳмонхонаю фароғатгоҳҳои зеринро идора мекунад: Hyatt®, Hyatt Regency®, Hyatt Resorts®, Grand Hyatt®, Park Hyatt®, Hyatt Place®, Hyatt Summerfield Suites® ва Andaz. Ҳамзамон ширкати байналмилалии Hyatt молики Hyatt Vacation Ownership Inc., ширкати мудири Hotel Vacations Club® мебошад. Ҳудуди 90 000 корманди ширкат дар тамоми


ҷ


аҳон саҳми арзандаи худро дар фаъолияти муваффақонаи Hyatt мегузоранд.


СММ ба мамолики қашшоқ пешниҳод мекунад, ки ба содироти ашёи хом умед набанданду аққалан ба истеҳсоли тугма машғул шаванд

0



           

Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузориши тозаи СММ оид ба рушди саноатӣ, ки чанде қабл дар Лондон пешниҳод гардид, гуфта мешавад, барои миллиард нафар аҳолии сайёра, ки даромади якрӯзаашон аз1 $ камтар аст, роҳи раҳоӣ аз қашшоқӣ рушди устувори саноатӣ мебошад.





           

Дар гузориш аз мамолики қашшоқи дунё даъват ба амал оварда шудааст, ки ба содироти ашёи хом умед набанданду аққалан ба истеҳсоли тугма машғул шаванд, зеро нархҳо ба ашёи хом дар бозори ҷаҳонӣ ҳамеша дар ҳоли тағйирот қарор доранд ва ин метавонад ба рушди истеҳсолот монеъа эҷод созад. Дар гузориш таъкид мегардад, ки ба кишварҳои қашшоқ шароиту имконот фароҳам сохта, ҷиҳати ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфтани маҳсулоти онҳо дар чаҳорчӯбаи муқаррароти Созмони ҷаҳонии тиҷорат имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шавад.




           

Тибқи маълумоти интишоргашта дар санади татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар соли 2007, беш аз 17 дарсади аҳолии ҷумҳурӣ дар шароити қашшоқӣ қарор дошт ва даромади якрӯзаи онҳо аз 1 доллари ИМА камтар буд.


Созмони «Оперейшн Мерси» ба макотиби деҳоти ҷумҳурӣ ҷиҳати харидории мебел ва таҷҳизоти варзишӣ кӯмак мекунад

0


Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи сипаригашта аз ҷониби вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва намояндаи шӯъбаи тоҷикистонии созмони байнулмилалии «Оперейшн Мерси» Андреа Вогт Ёддошти ҳамкорӣ дар бахши маориф ба имзо расид.




Тавре сухангӯи вазорат Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи барномаи ҳамкорӣ, созмони мазкур ҷиҳати таъминоти макотиби деҳот ва шаҳрҳои Хуҷанду Хоруғ бо асбобу лавозимоти мактабӣ, дастгоҳҳои тасфияи об ва таҷҳизоти варзишӣ кӯмак расонида, ҳамчунин дар таъмир ва ивази мебели кӯҳнаву фарсудаи мактабҳо низ саҳм хоҳад гирифт.



Ба иттилои манбаъ, дар доираи татбиқи барнома барои такмили ихтисос ба омӯзгорони забони англисӣ, мураббияҳои мактабҳои махсус ва кӯдакистонҳо кӯмак расонида шуда, дар мавсими тобистон ташкили истироҳатгоҳҳо барои кӯдакони ятим ва ғайра дар назар аст.


Эмомалӣ Раҳмон озими Маскав мешавад

0



Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азии-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ озими Русия мегардад.






Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳадаф аз сафар суръат бахшидан ба амалисозии қарордодҳое мебошад, ки оид ба онҳо зимни сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта тавофуқ ҳосил гардида буд.





Дар ҷараёни сафар ба шаҳри Маскав масоили ҳамкории дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ ва низомиву техникӣ миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.





Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти Кремл иттилоъ медиҳад, ки зимни гуфтушуниди сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои муносиботи дуҷониба, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дигар масоили муҳими мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ба нақша гирифта шудааст.



Дар мавсими имсолаи киштукор Тоҷикистон аз Туркия беш аз 350 тонна тухмии хушсифати пунбадона мехарад

0


Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Тоҷикистон барои харидории тухмии хушсифати пунбадона аз буҷаи давлатӣ 6 млн. сомонӣ маблағ ҷудо намуд.




Тавре сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Саидмурод Баҳриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тухмии пунбадона барои мавсими имсола аз Туркия оварда мешавад. «Бо ин маблағ ҳудуди 360-370 тонна тухмии хушсифати пунбадона харидорӣ мегардад, ки аз ҳар як гектар то 50-60 сентнер ҳосил медиҳад», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки мавсими киштукор чун анъана пас аз таҷлили Иди Наврӯз шурӯъ мешавад. Соли ҷорӣ кишоварзони ҷумҳурӣ ният доранд, дар 200 ҳазор гектар пунбадона кишт кунанд.


КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи 9 млн. $ 10 вагони истеҳсоли Русия дастрас кард

0


Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи 9 млн. $ 10 вагони истеҳсоли Русия дастрас кард.





           

Тавре муовини сардори хадамоти таъминоти моддиву техникии корхона Зикриё Маликов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз нисф зиёди техникаи дасртасгардида пагоҳ вориди ҷумҳурӣ мешавад. «Вагонҳо дар ҶСК корпоратсияи илмӣ-техникии «Уралвагонзавод»-и ба номи Дзержинский оид ба истеҳсоли вагонҳо сохта шудаанд», – гуфт ӯ.




           

Ба қавли З.Маликов, ояндаи наздик КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вагонҳои корхонаи дигари истеҳсоли вагонҳои Русия – ҶСК «Олтойвагон»-ро низ харидорӣ менамояд. «Соли равон корхона ният дорад, дар маҷмӯъ ҳудуди 100 вагони нав дастрас созад», – афзуд ӯ.


Президенти Тоҷикистон афсарону хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро табрик кард

0


Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон афсарону хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро ба муносибати 16-умин солгарди таъсиси Артиши Миллӣ табрик таҳният намуд.




Дар табрикоти сарвари давлат, аз ҷумла гуфта мешавад: «Имр


ӯ


з ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон 16 – сол пур мешавад, ки ба ин муносибат ҳамаатонро табрику таҳният мег


ӯ


ям. Бояд ҳамеша дар

 

хотир дошт, ки баробари соҳиби истиқлолияти давлат


ӣ


шудани


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон аз


ҷ


умлаи аввалин иқдоми Ҳукумати кишвар, сарфи назар аз ҳама мушкилот, ба ву


ҷ


уд овардани Қувваҳои Мусаллаҳ буд.



Зеро ягон давлат бе Артиши миллии муқтадир ва му


ҷ


аҳҳаз пойдор нест. Чунин артиш сипари мамлакат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум маҳсуб мешавад.



Ҳукумати кишвар бо назардошти вазъияти тағйирёбандаи ҳарб


ӣ


-сиёсии


ҷ


аҳони имр


ӯ


за ба таъмини модд


ӣ


-техник


ӣ


, пуррагардонии сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар эътибори хоса медиҳад. Дар ин


ҷ


ода, аз як тараф бо роҳи ташкил, пуррагардон


ӣ


ва


ҷ


оба


ҷ


огузории қисму воҳидҳои ҳарб


ӣ


дар самти муҳими ҳарб


ӣ


-стратег


ӣ


, аз тарафи дигар бо роҳи муҳайё сохтани шароити мусоид барои сарбаландона и


ҷ


ро намудани вазифаҳо дар ҳама ҳолатҳои фавқулодда тава


ҷҷ


ӯ


ҳи хоса зоҳир мегардад.



Дар Конститутсияи


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар


ҷ


шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.


Ҷ


авонони мо бояд қарзи худро бо ҳисси ифтихор ва масъулият и


ҷ


ро намоянд.



Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт


ӣ


мебошад. Маҳз дар ҳамин


ҷ


о


ҷ


авонписарон сабақи шу


ҷ


оату мардонаг


ӣ


гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меом


ӯ


занд. Вақте ки мо ватанд


ӯ


ст


ӣ


мег


ӯ


ем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватанд


ӯ


ст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдор


ӣ


аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи То


ҷ


икистон мебошад.



Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона созем, то мардуми шарифи мо дарк намояд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро дорад ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта барад.

 




Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати 16-умин солгарди таъсисёбии Кувваҳои Мусаллаҳи


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон табрику муборакбод намуда, ба шумо сиҳатию саломат


ӣ


, р


ӯ


згори хуш, осмони соф, хушбахтии оилав


ӣ


ва дар ҳифзи Ватан бурдбориҳо орзу менамоям». Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.