Тоҷикистон бе Русия буда наметавонад, чунки ба он вобаста аст, – назари коршиноси олмонӣ

Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Профессори   кафедраи Осиёи Маразии Донишгоҳи ба номи Гумболдт дар шаҳри Берлин Лутс Жехак дар мусоҳиба ба хабарнигори «Мавҷи Олмон» ( Deutsche Welle ) изҳор доштааст, ки ахиран ба сардӣ гаравидани муносиботи Тоҷикистону Русия падидаи муваққатӣ аст, зеро Тоҷикистон бе Русия буда наметавонад. Дар идомаи сӯҳбат профессор чунин баён […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Профессори

 

кафедраи Осиёи Маразии Донишгоҳи ба номи Гумболдт дар шаҳри Берлин Лутс Жехак дар мусоҳиба ба хабарнигори «Мавҷи Олмон» (


Deutsche




Welle


) изҳор доштааст, ки ахиран ба сардӣ гаравидани муносиботи Тоҷикистону Русия падидаи муваққатӣ аст, зеро Тоҷикистон бе Русия буда наметавонад.




Дар идомаи сӯҳбат профессор чунин баён доштааст: «Ба назари ман чунин мерасад, ки сард шудани муносибот бо Маскав ба он марбут аст, ки дар худи Русия феълан самти сиёсати хориҷӣ аз нав тарҳрезӣ мегардад, вале Тоҷикистон бе Русия буда наметавонад ва ҳамаи сиёсатмадорони варзидаи кишвар аз ин огаҳанд. Як замоне ҳатто мехостанд ба забони русӣ низ мақоми давлатӣ диҳанд ва чунин пешниҳодот ҷой дошт. Маъмулан аҳолии кишвар ба Русия дилбастагиву умедвории зиёд дорад ва аз ин рӯ, ин нофаҳмиҳо миёни кишварҳо муваққатӣ аст».



Зимни ибрози назари худ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар маҷмӯъ, профессор зикр кардааст, ки он дар интихоб хеле маҳдуд буда, ба вазъи душвори иқтисод марбут аст ва дар ин росто бо шарикон, аз ҷумла бо Эрон ҳамкориҳо роҳандозӣ мешаванд, ҳарчанд метавон дар бораи наздикшавии Тоҷикистон бо Эрон шартан ҳарф зад. Лутс Жехак чунин мешуморад, ки вазъи душвори иқтисодӣ сиёсати хориҷии кишварро муайян месозад ва Тоҷикистон бо кишварҳое, ки ба рушди иқтисодии ҷумҳурӣ сармоягузорӣ менамоянд, ҳамкориро ба роҳ хоҳад гузошт. Дар ин ҷо се кишвар – Эрон, Русия ва Чин нақши муҳим доранд, ки дар Тоҷикистон лоҳаҳои бузургро татбиқ месозанд. «Иқтисод муайянкунандаи самти сиёсат аст ва аз ин рӯ, наздикшавии Тоҷикистон бо Эрон ва баръакс ба мушоҳида мерасад», – афзудааст профессор.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.