Home Blog Page 5144

Дар яке аз марҳилаҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо варзишгари тоҷик соҳиби медали тилло гашт

0




Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Мусобиқоти




XIII




-уми кушоди қаҳрамонии Белорус оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаҳои президенти Белорус варзишгари тоҷик соҳиби медали тилло гашт.








Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар вазни 57 кило медали тилло насиби самбочии тоҷик Олим Зикаев шуд. Ба иттилои манбаъ, мусобиқоти мазкур мақоми яке аз чаҳор марҳилаҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба самборо дорад.







Дар мусобиқа намояндагони беш аз 15 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, дар қувваозмоии даставӣ Русия бо 4 медали тилло, 4 нуқра ва 8 биринҷӣ мақоми аввалро ишғол кард. Варзишгарони белорус 4 медали тилло ба даст оварда, як медали дараҷаи олӣ насиби варзишгари тоҷик гашт.




Дар гуфтушуниди ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ду протокол ба имзо расид

0


Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои ду ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон ду протокол ба имзо расид.




Ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва муайянсозиву аломатгузории марзҳои давлатӣ протокол ба имзо расониданд.



Дар ҳамин ҳол, аз шарҳи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматӣ роҳбарони ҳайатҳо – муовини сарвазири Тоҷикистон – М.Алимардон ва муовини сарвазири Ӯзбекистон, вазири молия Р.Азимов худдорӣ намуданд. Ҳайати Ӯзбекистон пас аз имзои аснод озими ватан гардид.


Операторони таъмини нерӯи барқи Осиёи Марказӣ масоили боэътимодии низоми хатҳои интиқолро баррасӣ мекунанд

0


Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Алмаато намояндагони ширкату муассисаҳои таъмини барқи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар семинаре, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (


USAID


) ва Асссотсиатсияи энергетикии ИМА (


USEA


) созмон дода шудааст, масоили имконоти таҳкими боэътимодии низоми хатҳои интиқоли барқро дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.




Дар семинар масоили насби низоми муҳофизати махсус барои интиқоли барқ дар ҳолатҳои фавқулодда ва ҳаҷми табодули интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистонро тавассути хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Шимол-Шарқ» ба ин кишвар муҳокима мекунанд.



Низоми мазкур барои интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон шароити муосид фароҳам сохта, боэътимодии таъмини минтақаи шимолу шарқии Афғонистон бо барқро муҳайё месозад ва ҳамчунин баҳри тавсеъаи бозори фурӯши барқи кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.


Президенти Тоҷикистон раиси Созмони садо ва симои Эронро ба ҳузур пазируфт

0


Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ҳамчунин Раиси Созмони садо ва симои


Ҷ


умҳурии Исломии Эрон

 

Изатулло Зарғомиро ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили ҳамкории То


ҷ


икистону Эрон дар соҳаи фарҳангу иттилоот, аз


ҷ


умла телевизион,

 

радио ва синамо баррас


ӣ


шуд.



Изатулло Зарғом


ӣ


дар оғоз ба президенти То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон баҳри с


ӯ


ҳбати пурм


ӯ


ҳтавояш бо намояндагони Парлумони Аврупо ва пуштибон


ӣ


аз ҳуқуқу манофеи

 



Ҷ


умҳурии Исломии Эрон арзи сипос намуд.



Дар мавриди робитаҳои ду


ҷ


ониба таъкид гардид, ки умумиятҳои фарҳанг


ӣ


, аз


ҷ


умла таърих


ӣ


, забон


ӣ


ва динии ду кишвар худ заминаи мусоиде аст барои рушди ҳамкориҳои густурда дар ин самтҳо.



Ҳарду


ҷ


ониб бар он таъкид доштанд, ки сохторҳои марбутаи То


ҷ


икистону Эрон баҳри таҳия ва тавлиди маводи муштараки телевизионию радио


ӣ


ва синамо, ом


ӯ


зиши мутахассисони


ҷ


авон ва дар дигар самтҳо бояд ҳамкориро тақвият диҳанд.



Гуфтуг


ӯ


йи судманд ҳамчунин атрофи омодаг


ӣ


ба ифтитоҳи телевизиони муштараки То


ҷ


икистону Эрону Афғонистон ва дигар мавз


ӯ


ъҳои мавриди тава


ҷҷ


ӯ


ҳ сурат гирифт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти срвари давлат хабар доданд.


ҲНИТ хостори ғайривоқеӣ эътироф сохтани натиҷаҳои интихоботи миёнадавраӣ ба парлумон аст

0


Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт ба баррасии даъвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбат ба ҳавзаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шурӯъ намуд.




Тавре сухангӯи раиси ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳизб кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то натиҷаҳои интихоботи миёнадавраӣ ба МН МО ҶТ дар ин ҳавза, ки 8-уми феврали соли ҷорӣ баргузор шуданд, ғайривоқеӣ эътироф гарданд.



Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ муовини раиси ҳизб Муҳаммадалии Ҳаит изҳор дошта буд, ки шӯрои сиёсии ҳизб бо таҳлил аз натоиҷи интихобот «ба тақаллубкории комили он мӯътақид гаштааст». «Санҷиши мо нишон дод, ки дар интихобот ҳамагӣ 18 дарсад, на 77,6 дарсади интихобкунандагон ширкат варзидаанд ва аз ин рӯ, мо интихоботро дар ин ҳавза баргузорнашуда мешуморем», – гуфта буд ӯ.



Ба гуфтаи ӯ, намояндагони ҳизб муайян сохтаанд, ки дар қитъаҳои интихоботӣ 2697 нафар ширкат варзида ва 82 дарсади онон ба ҷонибдории номзади ҲНИТ – Д.Абдуллоев овоз додаанд.



Ёдрас мекунем, ки Комиссияи марказии интихобот ва райъдиҳии ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаҳои интихобот дар ҳавзаи мазкур эълом дошт, ки дар маъракаи интихоботи миёнадавраӣ ба парлумони кишвар 77,6 дарсади интихобкунандагони қайдшуда ширкат варзида, 91 дарсади овозҳо ба ҷонибдории номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Амир Катаев ва 6,7 дарсади овозҳо ба ҷонибдории номзади ҲНИТ Додихудо Абдуллоев дода шуданд.


Дар минтақаи ҷануби кишвар кишоварзон ба киштукори баҳорӣ оғоз намуданд

0


Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони мамлакат аз обуҳавои мусоид истифода намуда, фаъолона киштукори баҳории зироати ғалладонагиро идома медиҳанд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, то имрӯз аз 135 ҳазор гектари барои соли равон пешбинишуда дар 21,6 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 13,5 ҳазор гектар зиёдтар мебошад. Қобили зикр аст, ки дар мавсими имсола 90 дарсади майдони киштро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд.



Бино ба иттилои манбаъ, киштукор аслан дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав ва Рӯдакӣ ҷараён дошта, дар вилояти Суғд феълан ба киштукор омодагӣ мегиранд.



Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, ки дар ҳудуди 216 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд, ки солҳои ахир яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин аст, аммо танҳо 8,5 ҳазор гектари майдони кишт бо нуриҳо ғизо дода шудааст, ки ин нишондиҳанда ҳамагӣ 3,9 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.


Э.Раҳмон ва муовини сарвазири Ӯзбекистон ҳалли масоили баҳсталаби миёни кишварҳоро бо назардошти анъанаҳои неки дӯстиву ҳамкориҳои чанди

0


Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ҳамчунин Муовини якуми сарвазири


Ҷ


умҳурии


Ӯ


збекистон Рустам Азимовро, ки дар раъси қисмати


ӯ


збекистонии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию ти


ҷ


орат


ӣ


ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.




Бояд тазаккур дод, ки ҳамзамон бо ин Комиссия дар Душанбе ҳайати байниҳукуматии ду кишвар оид ба баррасии масоили сарҳади давлат


ӣ


низ и


ҷ


лоси худро баргузор намудааст, ки ҳамин тариқа дар доираи фаъолияти ин ду комиссия куллияи масоили ду


ҷ


ониба баррас


ӣ


шуданд.

 




Дар мулоқоти Сарвари кишвар ва Раиси ҳайати мамлакати ҳамсоя масоили беҳтарнамоии муносибатҳои байни То


ҷ


икистону


Ӯ


збекистон мавриди мубоҳиса қарор гирифт.



Ба ҳаллу фасли масоили вобаста ба истифодаи захираҳои обию энергетикии То


ҷ


икистон, муайяннамоии хатти сарҳади давлатии миёни ду кишвар, рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодию ти


ҷ


орат


ӣ


ва як теъдод масоили мавриди нигарон


ӣ


, аз


ҷ


умла мушкилоти раводиду интиқоли транзитии мавод, тава


ҷҷ


ӯ


ҳи асос


ӣ


зоҳир карда шуд.



Ҳарду


ҷ


ониб таъкид бар он доштанд, ки ҳамаи масоили баҳсталаби миёни То


ҷ


икистону


Ӯ


збекистон бояд бо назардошти анъанаҳои неки д


ӯ


стиву ҳамкориҳои чандинасра ҳаллу фасл шаванд.



Тарафҳо изҳори омодаг


ӣ


намуданд, ки Аҳдномаи қитъаҳои мувофиқатшудаи сарҳади ҳарду кишварро дарбаргиранда ҳарч


ӣ


зудтар дар парлумонҳои ҳарду кишвар ба тасвиб расанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


ХБА ба Тоҷикистон 120 млн. $ ҷудо карданист

0


Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ






Роҳбари гур




ӯ




ҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба То




ҷ




икистон Аксел Шиммелпфенниг бо натиҷагирӣ аз фаъолияти дуҳафтаинаи ҳайати ин созмон дар Тоҷикистон (аз 5 то 18-уми феврал) изҳор дошт, ки соли равон барои Тоҷикистон душвор ҷараён хоҳад дошт ва дар робита бо чунин вазъ ХБА дар чаҳорчӯбаи барномаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ ҳаҷми кӯмаки молиявиро ба Тоҷикистон афзун карданист.








Ба гуфтаи ӯ, миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳайати ХБА оид ба татбиқи барномаи «Коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ» тавофуқи пешакӣ ҳосил гардидааст ва ҷиҳати дастгирии амалисозии он дар муддати се сол ҷудо кардани 120 млн. $ аз эҳтимол дур нест. «Аммо ин тавофуқро акнун бояд Шӯрои иҷроияи ХБА (Вашингтон) тасдиқ созад ва интизор меравад, ки масъалаи мазкурро шӯро аввали моҳи апрел мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод», – афзуд Аксел Шиммелпфенниг.





 





Дар Вазорати умури хориҷии ҶТ маросими имзошавии Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳо миёни Тоҷикистону Ҳиндустон сурат гирифт

0


Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Вазорати корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон маросими имзошавии Протокол сурат гирифт




18уми феврали соли 2009 дар Вазорати корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон маросими имзошавии Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳои Шартнома байни


Ҷ


умҳурии То


ҷ


кистон ва


Ҷ


умҳурии Ҳиндустон дар бораи экстрадитсия аз 14 ноябри 2003 сурат гирифт.



Ин ху


ҷҷ


атро аз


ҷ


ониби То


ҷ


икистон Вазири корҳои хори


ҷ


ӣ


Ҳамрохон Зариф


ӣ


ва аз


ҷ


ониби Ҳиндустон Сафири Фавқулъода ва Мухтори ин кишвар дар


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Амар Синха имзо карданд.



Ин Шартнома аз таърихи мубодилаи тасдиқномаҳо, яъне аз 18 феврали соли 2009 эътибор пайдо менамояд. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.

        



Ширкати ТВЕА ӯҳдадор шуд, ки сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимолро то охири соли равон ба поён расонад

0


Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои директорони ширкати ТВЕА – и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Синро ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат дар самти сохтмони иншооти энергетикӣ баррасӣ шуд.



Чжан Син ба Сарвари давлат оид ба рафти сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимол ва нақшаҳои бунёди нерӯгоҳи обии Нуробод-1 ва як Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе гузориш дод.



Ширкати ТВЕА бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯҳдадор шуд, ки сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимолро то охири соли равон ба поён расонад.



Ба гуфти Чжан Син, бунёди нерӯгоҳи обии Нуробод-1 дар болои дарёи Хингоб, ки иқтидори лоиҳавиаш 200 мегават аст, дар ҳоли омодасозии асоснокии техникию иқтисодӣ қарор дорад.



Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе бошад, бояд бо иқтидори зиёда аз 200 мегават ва бо харҷи тақрибан 30 миллион доллари амрикоӣ дар давоми 18-20 моҳ

 

сохта шавад.



Дар мулоқот оид ба имконоти ҳамкорӣ дар татбиқи дигар тарҳу барномаҳо низ гуфтугӯ сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.