Home Blog Page 5145

ХБА ба Тоҷикистон ҷиҳати коҳиши таъсири манфии бӯҳрони молӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ кӯмаки молиявӣ мерасонад

0




Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти




Ҷ




умҳурии То




ҷ




икистон Эмомал




ӣ




Раҳмон Роҳбари гур




ӯ




ҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба То




ҷ




икистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.








Аксел Шиммелпфенниг ба Сарвари давлат оид ба кори гур




ӯ




ҳи Хазинаи байналмилалии асъор, ки тайи ду ҳафта бо сохторҳои дахлдори То




ҷ




икистон оид ба нати




ҷ




аҳои барномаи ан




ҷ




омёфта ва таҳияи Барномаи нави ҳамкор




ӣ




гузарондаанд, гузориш дод.







Зикр гардид, ки Ҳукумати




Ҷ




умҳурии То




ҷ




икистон ва сохторҳои молиявию бонкии кишвар ҳамаи шарту шароитро барои идома ва густариш додани ҳамкор




ӣ




бо Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар созмонҳои байналмилалию кишварҳои мададрасон

 

и




ҷ




ро намудааст.







Ба гуфти




ӯ




, марҳилаи аввали гуфтушунидҳо оид ба таҳияи Барномаи нави ҳамкор




ӣ




ба поён расид. Мутобиқи ин барнома

 

Хазинаи байналмилалии асъор ба То




ҷ




икистон барои коҳиш додани таъсири манфии б




ӯ




ҳрони




ҷ




аҳонии молияв




ӣ




ва паст кардани сатҳи камбизоат




ӣ




к




ӯ




маки молияв




ӣ




мерасонад.







Аксел Шиммелпфенниг ҳамчунин таъкид намуд, ки Хазинаи байналмилалии асъор дигар созмонҳои байналмилал




ӣ




ва кишварҳои мададрасонро низ ба расондани к




ӯ




макҳои молияв




ӣ




ба То




ҷ




икистон ташвиқ хоҳад кард.







Зимни с




ӯ




ҳбат тарафҳо ҳавасмандии худро баҳри густариши ҳамкориҳои минбаъда таъкид намуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




Ширкати «Донхва Констракшн»-и Куриёи Ҷанубӣ дар шаҳри Душанбе манзили зисти баландошёна ва Маркази намоишгоҳ бунёд мекунад

0


Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев президенти ширкати «Донхва Констракшн»-и Куриёи Ҷанубӣ Сео Сеок Херо ба ҳузур пазируфт.




Тавре сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили рафти лоҳакашии чаҳор манзили зисти баландошёна ва Маркази намоишгоҳ дар кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанберо, ки сохтмони онро ширкати мазкур ба ӯҳда гирифтааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.



«М.Убайдуллоев таъкид сохт, ки барои фаъолияти пурсамари ширкати хориҷӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ тамоми шароитҳо муҳайё хоҳанд шуд», – афзуд Ш.Саидов.


Муовини сарвазири ҶТ: Ӯзбекистон барои Тоҷикистон шарики асосии иқтисодиву тиҷоратӣ боқӣ мемонад

0


Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни ифтитоҳи ҷаласаи комиссияи байниҳкуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон изҳор дошт, ки Ӯзбекистон барои Тоҷикистон шарики асосии иқтисодиву тиҷоратӣ боқӣ мемонад.




Дар навбати худ муовини нахуствазири Ӯзбекистон, вазири молияи ин кишвар ва ҳамраиси комиссияи байниҳукуматӣ Рустам Азимов зикр намуд, ки кори имрӯзаи комиссия барои минбаъд густариш додани ҳамкориҳо ва қабл аз ҳама, ҳамкориҳо дар бахши истифодаи захоири обиву энергетикии минтақа шароитҳои мусоид фароҳам хоҳад овард.



Дар ҳамин ҳол, комиссия кори худро дар се самт – масоили ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, масоили марбут ба аломатгузорӣ дар марз ва масоили истифодаи захоири обиву энерертикӣ идома медиҳад.


Собиқ вазири умури дохилӣ М.Солеҳовро касе ба ҳабс нагирифтааст, – шарҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

0



           

Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ перомуни «ба ҳабси хонагӣ маҳкум гардидани собиқ вазир умури дохилии ҷумҳурӣ»-ро рад месозанд.





           

Сомонаи


Centrasia


.


ru


бо истинод ба сомонаи дигар –

 



tajmigrant


.


com


маводи сиёсатшинос Фирӯз Мирназаршоевро интишор сохт, ки дар он гуфта мешавад, гӯё М.Солеҳов бо супориши сарвари давлат ба ҳабси хонагӣ маҳкум гардида бошад

 

ва гӯё ин супоришро президент пас аз баргаштан аз сафари хориҷӣ додааст.




           

Аммо дар мақомоти салоҳиятдори ҷумҳурӣ чунин иттилоъро рад сохтанд. Мууовини аввали додситони кулли ҷуҳурӣ Абдусамеъ Додобоев изҳор дошт, ки «мо чунин маълумот дар даст надорем». Сардори назорати тадорукотии раёсати Вазорати умури дохилӣ Тоҳир Норматов ишора ба он кард, ки «аввалан, дар қонунгузории мо моддаи ҳабси хонагӣ вуҷуд надорад ва дуввум ин овозае беш нест ва собиқ вазирро касе ба ҳабс нагирифтааст».




           

Ёдрас мекунем, ки 29-уми январи соли ҷорӣ М.Солеҳов аз мансаби вазири умури дохилии ҷумҳурӣ сабукдӯш гардид. Он замон сабаби аз кор озод кардани вазирро шарҳ надода буданд.


Президенти Тоҷикистон дар даҳаи саввуми моҳи феврал барои боздиди корӣ озими Русия мешавад

0



 

Душанбе. 18-уми феврал – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон 24 феврал барои боздиди кор


ӣ


ба Федератсия Русия хоҳад рафт.




Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати умри хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни сафар масъалаҳои ҳамкории ти


ҷ


оратию иқтисод


ӣ


, илмию фарҳанг


ӣ


ва ҳарбию техник


ӣ


муҳокима карда мешаванд.



Ҳадафи сафар тезонидани и


ҷ


рои паймонҳои ба даст овардаи сарони ҳар ду давлат зимни сафари Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба То


ҷ


икистон моҳи августи соли 2008 мебошад.


Дар Маскав роҳбарони Хадамоти муҳоҷирати Русияву Тоҷикистон бо намояндагони диаспораҳои тоҷик мулоқот оростанд

0



           

Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Маскав роҳбарони Хадамоти муҳоҷирати Русияву Тоҷикистон бо намояндагони диаспораҳои тоҷик мулоқот оростанд.





           

Тавре роҳбари медиа-холдинги «


Tajinfo


» Муҳаммади Эгамзод ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот директори Хадамоти муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский, сардори хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев, роҳбарони диаспораву иттиҳодияҳои тоҷикон дар Русия, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон ширкат варзида, атрофи масоили будубоши муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия ибрози назар намуданд.




           

Ба гуфтаи номбурда, дар мулоқот масоили дароз кардани мӯҳлати будубош, мӯҳлати гирифтани иҷозаи кор аз 90 рӯз то 1 сол, тарзи будубоши оилаҳои муҳоҷирон, мушкилоти хориҷкунии онҳо, ҷорӣ сохтани механизми соддаи қонунӣ гардонидани будубоши муҳоҷирон тавассути ҷаримабандӣ ва пешбинӣ намудани ҷазои сахттар ба милисаҳо, ки ҳуҷҷатҳоро ғайриқонунӣ аз муҳоҷирон мегиранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




           

М.Эгамзод мегӯяд, оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати назорат ва ҳалли мушкилот бо корфармоён, ки муҳоҷиронро ба таври қонунӣ ба кор намегиранду аз пардохти маошашон саркашӣ мекунанд, тавофуқ ҳосил шудааст. «Дар доираи Комиссияи байниҳукуматии амалкунандаи Русияву Тоҷикистон баррасӣ ва пешниҳоди асноди меъёрҳои таъмин бо нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ гардид», – афзуд М.Эгамзод.


Президенти Тоҷикистон ҳайати ҳукумати Ӯзбекистонро ба ҳузур мепазирад

0


Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи аввали имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати ҳукумати Ӯзбекистонро, ки дирӯз ҷиҳати баргузории ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии кишварҳо ба шаҳри Душанбе ташриф овард, ба ҳузур мепазирад. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Лариса Кислякова ба рӯзоманигорон хабар дод.




Л.Кислякова мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон ба густариши равобити ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо бо кишвари ҳамсоя омода аст. «Ҳаҷми ҳарсолаи муомилоти молӣ миёни кишварҳо аз 4 то 7 дарсади ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.



Номбурда таъкид сохт, ки лоиҳаи протокол оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва истифодаи захоири обиву энергетикӣ аллакай таҳия гаштааст.



Ёдрас мекунем, ки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2001 таъсис ёфта, худи ҳамон сол ҷаласаи аввал ва алҳол ягонаи он баргузор шуда буд.


Вақти он расидааст, ки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар асоси талаботи бозор ҷорӣ гардад, – назари коршинос

0


Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов бар чунин назар аст, ки мебояд муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар асоси талаботи бозор ҷорӣ гардад.





           

Номбурда мегӯяд, Ӯзбекистон дар масъалаи фурӯши газ кайҳо тибқи талаботи бозор амал мекунад ва дар интиқоли барқ, ки кишварҳо мавсимӣ бо ҳам додугирифт доранд, низ мебояд ба чунин тарзи муносибат гузашт. Ёдрас мекунем, ки қаблан Ӯзбекистон дар мавсими тирамоҳу зимистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода, ба ивази он дар мавсими баҳору тобистон аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 900 млн. кВт/соат барқ мегирифт.




           

Ба ақидаи коршиноси масоили сиёсӣ, чунин иқдом имкон хоҳад дод, ки дар фасли тобистон об захира гардида, он дар фасли зимистон ҷиҳати истеҳсоли барқ истифода гардад ва маҳдудият сабуктар карда шавад. А.Мамадазимов гуфт, дар замони шӯравӣ ба ивази об ҳамсоягон ба мо нафту газ медоданд ва кунун низ бояд чунин таҷрибаро роҳандозӣ намуд, вале бо назардошти манфиатҳои ҳама ҷонибҳо.




           

Сиёсатшинос чунин мешуморад, ки боздиди ҳайати Ӯзбекистон метавонад дар ин самт гоми нахустин бошад. «Пешравӣ дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли баҳси энергетикӣ миёни кишварҳо муносиботи дуҷонибаро беҳбуд хоҳад бахшид», – афзуд коршинос.


Анҷоми марҳилаи аввали лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди «Душанбе-Бӯстон-Чаноқ» моҳи июни соли ҷорӣ пешбинӣ мешавад

0


Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Анҷоми марҳилаи аввали лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди «Душанбе-Бӯстон-Чаноқ» моҳи июни соли ҷорӣ пешбинӣ мешавад.




Тавре аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, айни замон бинокорони ширкати чиноии


China




Road


корҳои аломатгузории роҳҳоро ба сомон мерасонанд.



Ба иттилои манбаъ, дар татбиқи марҳилаи дуввуми лоиҳа сохтмони нақбҳо ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати иҷрои он 12,1 млн. $ маблағ ҷудо гардидааст.



Ёдрас мекунем, ки лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи мошингарди «Душанбе-Бӯстон-Чаноқ» дар се марҳила ба анҷом мерасад.


Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии буҷаи давлатӣ ба Тоҷикистон 20 млн. $ ҷудо мекунад

0



           

Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи бурси барномавии саввум барои таҳияи чорабиниҳо бо мақсади рушд Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии буҷаи давлатӣ ба Тоҷикистон 20 млн.


$




ҷудо мекунад.





           

Дар иттилоияи расмии интишоргаштаи намояндагии бонк дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки «бурси барномавии саввум барои таҳияи чорабиниҳо бо мақсади рушд ба дастгирии ислоҳот дар бахши хусусӣ, идораи бахши давлатӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ равона гардидааст». Бо дархости ҳукумати Тоҷикистон мақомоти раҳбарии бонк ҳаҷми бурсро аз 10 млн. долллари пешбинишуда то 20 млн. $ зиёд кардааст. «Бурси мазкур ба Тоҷикистон барои коҳиши оқибатҳои ногувори бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ихтисос дода мешавад», – оварда шудааст дар иттилоия.




           

Дар иттилоия ҳамчунин зикр мегардад, ки қабл аз тавофуқ ҳосил кардан оид ба ҷудо кардани ин бурс ҳукумати ҷумҳурӣ дар бахшҳои калидӣ як қатор ислоҳот ҷорӣ сохтааст. Тибқи иттилои бонк, ин саввумин бурсест, ки бонк ҷиҳати дастгирии барномаи ислоҳоти ҳукумат баҳри коҳиши сатҳи камбизоатӣ ҷудо менамояд.