Home Blog Page 5147

Тоҷикистону Ӯзбекистон шояд марҳилаи тозаи роҳандозии муносиботи дуҷонибаро пеш гиранд, – назари коршинос

0


Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини директори Маркази тадқиқотии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров бар чунин назар аст, ки шояд Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи тозаи роҳандозии муносиботи дуҷонибаро пеш гиранд.




Ақидаи худро коршинос ба суханронии сарвари давлат дар Брюссел нисбат медиҳад ва мегӯяд, он ҷо Э.Раҳмон изҳор дошт, ки дар ниҳояти кор масоили баҳсталаби минтақа бо кишварҳои ҳамсоя роҳи ҳалли худро пайдо хоҳанд намуд.



Ба гуфтаи коршиноси масоили сиёсӣ, ташаннуҷи вазъ миёни кишварҳои ҳамҷавор ба манфиати ҷонибҳо нест ва «мо бояд ҳамсоягони хуб бошем, зеро агар мо чунин воқеиятро дарк насозем, ин вазъро дигарон алайҳи мо истифода хоҳанд бурд». «Эҳтиром гузоштан ба манфиатҳои миллии ҳамдигар – омили аслии беҳбуди муносиботи дуҷониба мебошад ва мантиқи рушди сиёсии минтақа гувоҳи он аст, ки мо бидуни ҳамдигар ба таъмини рушд муваффақ нахоҳем гашт», – гуфт ӯ.



С.Сафаров мӯътқид аст, ки раҳбарияти сиёсии давлатҳо аз ин ба хубӣ огаҳанд. «Зарур аст, то ҷомеаи коршиносон низ тарзи бархӯрди хешро ба муносиботи дуҷониба миёни кишварҳо тағйир бидиҳанд», – афзуд коршинос.


Дар Душанбе гузориши натиҷаҳои лоиҳаи минтақавии «Мубориза бо шиканҷа дар Осиёи Марказӣ» муаррифӣ мегардад

0


Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар шаҳри Душанбе гузориши натиҷаҳои лоиҳаи минтақавии «Мубориза бо шиканҷа дар Осиёи Марказӣ» муаррифӣ мегардад.





           

Тавре ҳамоҳангсози лоиҳа Сергей Романов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, лоиҳа дар давоми солҳои 2007-2009 аз ҷониби Иттиҳодияи ҷамъиятии «Дафтар оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» бо дастгирии Комиссияи Аврупо татбиқ гардид.




           

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи муаррифиномаи гузориш ба ҳозирин перомуни тағйироти рухдода дар ин самт тайи ду соли ахир, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқшиносон оид ба барҳам додани шиканҷа ва фаъолияти рӯзноманигорон дар инъикоси мушкилоти марбут ба истифодаи шиканҷа маълумот пешниҳод хоҳад гардид.




           

«Дар бораи натиҷаҳои гузориш ҳамоҳангсози минтақавӣ, директори фонди «Садои озодӣ» (Қирғизистон) Сардор Бакишбеков маърӯза намуда, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон атрофи ин масъала ибрози назар хоҳанд кард», – афзуд С.Романов.

 



Вазорати маориф ва намояндагии котиботи стратегияи байнулмилалии СММ оид ба коҳиши офат Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд

0


Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи сипаригашта Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва намояндагии котиботи стратегияи байнулмилалии СММ оид ба коҳиши офат Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд.




Тавре сухангӯи вазорати маориф Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ёддошт бо мақсади эҳёи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши маориф, аз ҷумла иҷрои талаботи «Барномаи амалисозии Хиого», ки ҳукумати Тоҷикистон аз он пуштибонӣ кардааст, ба имзо расид.



Ба гуфтаи Н.Нуралиев, ҳамкории мазкур дар чаҳорчӯбаи амалисозии лоиҳаи «Таҳкими имконот баҳри коҳиши хатари офат ва иҷрои барномаи амалисозии Хиого дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби департаменти кӯмаки башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо «ДИПЕКО» маблағгузорӣ мегардад, ба роҳ монда мешавад. Дар доираи татбиқи ёддошт баргузории як қатор чорабиниҳо оид ба амалисозии консепсияи амният дар макотиб ва коҳиши хатари офатҳо дар соҳаи маориф пешбинӣ шудааст.



Оқои Нуралиев афзуд, мувофиқи қарордод, ба омӯзгорони макотиб тарзи амал ва расонидани кӯмаки фаннӣ дар ҳолатҳои фақулодда омӯзонида шуда, нашри дастурҳои иттилоотиву маърифатӣ ба нақша гирифта шудаанд.


Ҳалокати шаш қочоқчии афғон дар марз

0



           

Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни баргузории амалиёти вижа дар марзи Афғонистону Тоҷикистон миёни марзбонон ва қочоқчиёни афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа шаш қочоқчии афғон ба ҳалокат расид.





           

Тавре сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амияти миллии ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар амалиёт марзбонон беш аз 300 кило маводи мухаддири гуногун, 4 адад автомати Калашников, 15 тирдон ва беш аз 450 тирро мусодира намуданд.




 

«Феълан қаламрави наздик ба ҷойи ҳодиса таҳти назорат қарор гирифта, афроди дигари ба ин ҷиноят дастдошта ҷустуҷӯ карда мешаванд», – афзуд Х.Раҳматуллоев.


Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ бо адабиёти соҳаи ҳуқуқшиносӣ ғанӣ гардид

0


Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Аз ҷониби Раёсати Комиссариати СММ оид ба умури гурезагон ба Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ адабиёти соҳаи ҳуқуқшиносӣ тақдим карда шуд.




Тавре аз китобхонаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, акнун фонди китобхона боз бо 300 нусха номгӯи китоб ғанитар шуд.



Ба иттилои манбаъ, дар китобҳои воридгашта мавзӯъҳои ҳуқуқи инсон, гурезагон ва дигар масоили ҳуқуқӣ матраҳ гардидаанд. «Аз ин ба баъд дар китобхона феҳристи вижаи адабиёти марбут ба соҳаи ҳуқуқшиносӣ ташкил мегардад», – афзуд манбаъ.


Бинобар камшавии шумори мусофирон дар хатсайрҳои байнулмилалӣ даромади корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон коҳиш меёбад

0



           

Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳаҷми даромади КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 8 млн. сомонӣ коҳиш ёфт.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, кам шудани шумори мусофирон ба хатсайрҳои байнулмилалӣ ба чунин вазъ боис гаштааст. «Шумори мусофирон нисбат ба 40 рӯзи соли гузашта ба миқдори 9 ҳазору 154 нафар кам гашта, даромади вагон-тарабхонаҳо низ ба андозаи 30 дарсад коҳиш ёфт», – гуфт манбаъ.




           

Ба итилои манбаъ, агар вазъ ба чунин мааром идома ёбад, то ахири сол коҳиш ёфтани даромади корхона нисбат ба соли гузашта ба миқдори 200 млн. сомонӣ аз эҳтимол дур нест.


Дар Олимпиадаи махсуси зимистона дар Амрико тоҷикистониён соҳиби чаҳор медали тилло гаштанд

0




           

Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ду варзишгари дорои имконияти маҳдуд, ки дар Олимпиадаи махсуси зимистона дар штати Айдахои Амрико Тоҷикистонро намояндагӣ мекарданд, соҳиби чаҳор медали тилло гаштанд.







           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори миллии Спешиал Олимпикси Тоҷикистон Дилбар Шарипова хабар дод, тоҷикистониён Шоҳрух Маҳмудов ва Фирдавс Муродов ин ҷоизаҳоро дар мусобиқаҳои лижаронӣ ба даст овардаанд.






           

Д.Шарипова мегӯяд, ин бори нахсут аст, ки дар чунин намуди варзиш тоҷикистониён ба чунин дастовард ноил мегарданд.



IFC дар Тоҷикистон Барномаи нахустини пилотии худро оид ба идоракунии корпоративӣ ҷорӣ мекунад

0


Душанбе 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» — IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, бо ҶСК «Суғдагросерв» (САС) баҳри беҳтар кардани идоракунии корпоративии ширкати мазкур ҳамкорӣ карда истодааст. САС аввалин ширкатест, ки барои татбиқи Лоиҳаи IFC оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ бо IFC дар Тоҷикистон ҳамкорӣ карда истодааст. Иштирок дар барномаи IFC ба САС имкон медиҳад, ки бештар инвеститсия ҷалб намояд ва самараи афзалиятҳои идоракунии корпоративии самаранокро

 

ба тамоми ҷомеаи соҳибкорони тоҷик, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ нишон диҳад.




Тавре аз корпоратсияи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соҳаи кишоварзӣ сарчашмаи асосии даромади бисёрии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки бештар аз 60 фоизи аҳолӣ дар ин соҳа фаъолият мекунад. Бо вуҷуди ин, таҷҳизот ва таҷрибаи идоракунӣ мувофиқи замона нест ва маблағгузорӣ, ки ба кишоварзон барои навоварӣ ва васеъ кардани кардани фаъолияташон ниҳоят зарур аст, хело маҳдуд аст. САС ҷамъияти саҳҳомиест, ки тамоми саҳмияҳои он ба кишоварзон тааллуқ дорад. Ширкат ба кишоварзон, истеҳсолкунандагон ва ширкатҳои коркарди пахтаву дигар маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ хизмати молиявӣ, маркетинг, фурӯши чакана ва дигар намуди хизматҳоро мерасонад. САС пеш аз ҳама дар ҷойҳои деҳоти Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дар баланд бардоштани сатҳи даромади кишоварзони маҳаллӣ тавассути фароҳам овардани имконият ба истеҳсоли мустақилона ва фаъолияти хоҷагиҳои тиҷоратӣ кӯмак мерасонад.

 




Дар чорчӯбаи лоиха IFC таҷрибаи ҷории идоракунии корпоративии САС-ро арзёбӣ мекунад, инчунин ба саҳҳомону кормандони он маслиҳат медиҳад ва омӯзишҳо мегузаронад. IFC инчунин дар дигаргун сохтани сохтор ва фаъолияти шӯрои директорон ва кумитаи иҷроия ва ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ намудани оинномаи ширкат кӯмак мерасонад.

  




«Бӯҳрони молиявӣ дар тамоми соҳаҳо дар миқёси Тоҷикистон ҳис карда шуда истодааст ва машварати коршиносони IFC

 

дар ин ҷода ниҳоят саривақтӣ ва зарур мебошад. Тавассути беҳтар намудани идоракунии корпоративии ширкат мо барои ҷалб намудани инвеститсия ва васеъ намудани фаъолияти худ

 

имконияти бештар пайдо мекунем, ки ба шарофати он метавонем ба ҷомеа ва саҳҳомони худ барои расонидани

 

хизматрасонии баландсифат кӯмак расонем», – мегӯяд Директори иҷроияи САС Абдусаттор Ҳайдаров.



Аз соли 2006 инҷониб IFC барои беҳтар кардани идоракунии корпоративии ширкатҳо ва бонкҳо дар миқёси Осиёи Марказӣ кор карда, ба онҳо барои рушди фаъолият ва тавоноиашон дар ҷалби инвеститсия кӯмак расонида истодааст.


Эмомалӣ Раҳмон президенти Кумитаи мили олимпӣ интихоб гардид

0



           

Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ассамблеяи


XI


-уми ҳисоботию интихоботӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон якдилона ба мансаби президенти Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2009-2012 интихоб гардид.





           

Мудири шӯъбаи варзиш ва таблиғоти КМО профессор Анвар Бобоҷонов мегӯяд, интихоби сарвари давлат ба ин мақом ба варзишгарони ҷумҳурӣ нерӯву илҳоми тоза мебахшад. «Умедворем, ки дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Олимпии соли 2012 дар Лондон аз пешина беҳтар хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи А.Бобоҷонов, имрӯз ҳамчунин ҳайати нави Кумитаи иҷроияи КМО иборат аз 11 нафар низ интихоб шуд, ки раҳбарони федератсияҳои футбол, камонварӣ, варзиши сабук, дзюдо ва таэквондо шомили он гаштанд.


Дастаи футболи «Парвоз» дар Ҷоми президенти Туркманистон ширкат меварзад

0


Душанбе. 16-уми феврал – Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, дар Ҷоми президенти Туркманистон ширкат хоҳад кард.




Понздаҳумин давраи ин мусобиқаи байнулмилалӣ аз 19-ум то 28-уми феврал дар шаҳри Ишқобод баргузор хоҳад шуд.



Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб соҳиби Ҷоми президенти Туркманистон ва 20 ҳазор доллар мешавад. Ба дастае, ки ҷои дуввумро мегирад, 10 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд. Дастае, ки севум мешавад, бо 5 ҳазор доллар сарфароз мегардад.



Воқеъан, дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров соли 2005 бо ҷоизаи севум мукофотонида шуда буд, ки ин то ҳоло беҳтарин дастоварди футболбозони тоҷик дар Ҷоми президенти Туркманистон мебошад. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.