Тоҷикистону Латвия ният доранд ҳамкориҳоро дар бахши коркарди нахи пахта ва канданиҳои фоиданок барқарор созанд

0




Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз маросими расмии сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Латвия бо истиқболи сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷониби президенти Латвия Валдис Затлер шурӯъ шуд.








Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» манбаъ аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлати Тоҷикистон хабар дод, сараввал гуфтушуниди як ба яки сарони кишварҳо баргузор шуда, сипас ба онҳо ҳайати васеъи ҷонибҳо ҳамроҳ гардиданд.







Бино ба иттилои манбаъ, дар дидору гуфтушунидҳо ба масъалаи барқарорсозии сатҳи пешинаи ҳамкориҳо миёни давлатҳо таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд.







Ҷонибҳо барқарорсозӣ ва густариши ҳамкориҳоро дар бахши коркарди нахи пахта, чарм, пашм, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, азхудкунии захираҳои обӣ, рушди роҳҳои нақлиётӣ мухобирот ва сайёҳӣ

 

таъкид сохтанд.




Реклама на asia+

Дар сурати сарфи назар кардани Фармони ахири президент дар бораи ВАО роҳбарони мақомоти давлатӣ мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешава

0


Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сурати сарфи назар кардани Фармони президенти Тоҷикистон дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқид ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма, роҳбарони мақомоти давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ва дигар қонунхои дахлдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин матлабро имрӯз дар як мизи мудаввар сардори шӯъбаи иттилооти дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат Саидалӣ Сиддиқов баён кард.




Ба гуфтаи ӯ, имрӯз нусхаи фармони раиси ҷумҳур, ки 7-уми феврали соли ҷорӣ содир гардид, миёни 700 муассисаи дахлдори кишвар тақсим карда шуд. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев гузошта шуда, мониторинг ва ҳамоҳангсозии механизми иҷрои фармони мазкур бар дӯши масъулини шӯъбаи иттилооти дастгоҳ вогузор гардидааст.


Реклама на asia+

Сардори нави шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб таъин карда шуд

0



           

Кӯлоб. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сардори нави шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб таъин карда шуд.




Тавре муовини сардори Раёсати умури дохилии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Абдураҳмон Бузмаков ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, собиқ сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Восеъ Искандар Ваҳҳобов ба ин вазифа таъин гардид.




           

Дар ин мансаб ӯ Холмурод Хоркашевро, ки муддати ду сол дар ин вазифа кор кард, иваз кард.




           

Ба гуфтаи А.Бузмаков, то ҳанӯз ба вазифаи сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Восеъ касе таъин нашудааст.


Реклама на asia+

Ширкати «Барқи тоҷик» барои пардохти қарзи ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» қарз меҷӯяд

0


Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба иллати бӯҳрони энергетикии мавҷуда дар кишвар, ширкат дар назди ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ба андозаи 16 млн. сомонӣ қарздор шудааст.




Ба гуфтаи Н.Ёдгорӣ, ширкат ҷиҳати ҷудо намудани қарз ба ниҳодҳои молиявӣ муроҷиат кардааст, то маблағи қарзи нерӯгоҳро пардохт созад. «Пас аз раҳоӣ ёфтан аз ин бӯҳрони энергетикӣ воситаҳои молиявии ширкат афзуда хоҳанд шуд ва «минбаъд масоили марбут ба қарз дар назди нерӯгоҳ пайдо нахоҳад шуд».



Ёдовар мешавем, ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» барои напардохтани қарзи мавҷуда аз болои ширкати «Барқи тоҷик» ба Додгоҳи Олии иқтисодӣ шикоят бурдааст. Дар ин хусус дар изҳороти расмии мақомоти раҳбарии ҷамъияти саҳомӣ ишора шудааст.



Дар изҳорот таъкид мегардад, ки соли гузашта ширкати «Барқи тоҷик» аз истифодаи барқи се агрегати нерӯгоҳ ба маблағи 16 млн. сомонӣ қарздор шудааст, вале сарфи назар аз муроҷиати чандинкарата ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ дар ин хусус, ҳеҷ чорае ҷиҳати ҳалли масъала андешида нашудааст.



Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, напардохтани қарз вазъи молиявиро дар сохтмон мушкил сохта, метавонад мӯҳлати ба истифода додани агрегати чаҳоруми нерӯгоҳро ба дарозо кашад ва ба пурра сомон бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар иншоот таъсири манфӣ расонад.


Реклама на asia+

Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе реҷаи муқаррарии фаъолият барқарор шуд

0


Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз, 9 феврал нуқтаҳои мубодилаи асъор ба муштариён қурби хариду фурӯши асъорро ба ҳисоби миёнаи 3,74-3,78 сомонӣ барои 1 доллари ИМА пешниҳод намуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.





 

«Дар ҳоли ҳозир бозори асъор дар ҳамин сатҳ мӯътадил гардидааст ва нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе дар ҳолати маъмулии кор фаъолият доранд, – таъкид сохт манбаъ. – Умуман, дар бозор сатҳи кифоягии пешниҳоди асъори хориҷӣ ба назар мерасад».



Тибқи маълумоти расида, имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори «Ориёнбонк» қурби хариду фурӯши доллари амрикоӣ

 

мутаносибан ба 3,68 ва 3,70; «Тоҷиксодиротбонк» ба 3,78 ва 3,80;, «Агроинвестбонк» ба 3,74 ва 3,77 ва «Бонки рушди Тоҷикистон» ба 3,72 ва 3,90 сомонӣ баробар аст.


Реклама на asia+

Сафорати ҶТ дар Русия дар робита ба иқдомоти фармоишии миллатгароёни рус изҳорот пахш намуд

0





 




Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сафорати ҶТ дар Русия дар робита ба иқдомоти фармоишии доираҳои муайяни Русия унвонии мақомоти раҳбарии Тоҷикистон изҳорот пахш намуд.



Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз тариқи телефон сафири Тоҷикистон дар Русия Абдумаҷид Достиев изҳор дошт, дар санади рӯзи 7-уми феврал интишоргардида сафорат ба амалҳои тарҳрезишуда аз ҷониби доираҳои муайяни Русия эътироз баён доштааст. «Гурӯҳи иборат аз се нафар аз номи иттиҳодияи созмонҳои миллии «Руссовет» дар таърихи 7-уми феврал ба корманди сафорат унвонии президенти Тоҷикистон мактуб-изҳорот супурд, ки дар он вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва ҳамчунин сиёсати муҳоҷирати ҳукуматдорони кишвар дар шакли таҳрифомез инъикос гардидааст», – гуфт ӯ.

 




Ба гуфтаи А.Достиев, сафорат дар ин иқдом нишонаҳои амалҳои тарҳрезишударо мебинад, зеро матни ин мактуб дар як қатор сомонаҳои интернетӣ дарҷ ёфта, зимни супурдани мактуб намояндагони ВАО саривақт назди бинои сафорат ҷамъ омада буданд. «Бояд гуфт, ки сафорат ҷониби Русияро қаблан ба таври расмӣ дар бораи ба вуқӯъ пайвастани чунин иқдом аз ҷониби миллатгароён огоҳ карда буд, вале ба ҷуз таҳкими тартиби муҳофизати сафорат, дигар чорае баҳри пешгирии он андешида нашуд», – гуфт А.Достиев.



Сафорат аз он дар шигифт аст, ки чунин зуҳуроти иғвоангез нисбат ба шарики стратегӣ ва кишвари дӯсти Русия рӯи кор меояд. «Далелҳои ахири зуҳури амалҳои адовати миллӣ ва ксенофобия нисбат ба шаҳрвандони тоҷик дар Русия гувоҳи онанд, ки ҳодисаи мазкур низ метавонад мавҷи тозаи амалҳои зӯроварӣ дар муносибат бо тоҷиконро ба бор оварад», – таъкид сохт дипломат.



Дар робита ба ин қазия, сафир аз ҳодисаи рухдода изҳори нигаронӣ карда, аз ҷониби Русия даъват ба амал овардааст, ки минбаъд ҷиҳати ҷилавгирӣ аз иқдомоти ба ин монанд чораҳои зарурӣ андешад.


Реклама на asia+

И.Усмонов: Фармони президент ба болоравии нуфузи ВАО дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард

0


Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, фармони президенти Тоҷикистон дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлиливу танқидӣ дар ВАО ба афзоиши нуфузи ВАО дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард. «Мавҷуд набудани васоити ахбори оммаи мавқеи мухолифдошта тайи солҳои ахир, ҳукуматро водор сохт, ки ба чунин иқдом даст занад ва ин аз эътимоди ҳукумат ба ВАО гувоҳӣ медиҳад», – гуфт ӯ.




И.Усмонов бар чунин назар аст, ки мавқеи кунунии матбуоти хусусӣ бештар сиёсӣ аст ва мушкилоти сиёсиро дар пасманзари иҷтимоӣ инъикос менамояд. «Бо назардошти рисолати ҳамшарикии ВАО, ҳукуматдорон тасмим гирифтанд, ки аз чунин нуқтаи назар ба он муносибат намоянд», – изҳор дошт профессор.



Ба қавли И.Усмонов, татбиқи фармони мазкур бояд тибқи қонунгузории мавҷуда дар бораи ВАО амалӣ гардад, яъне ҳукуматдорон бояд фармонро иҷро кунанду ВАО аз мавқеи худ сӯиистифода накарда, ба интишори маводи ғайривоқеӣ роҳ надиҳанд.



Ёдрас мекунем, ки фармони президенти Тоҷикистон дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлиливу танқидӣ баҳри таҳкими тартиботи иҷроиши вазифаҳо ва баланд бардоштани нақши ВАО дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар қабул карда шудааст.


Реклама на asia+

Дар Душанбе қаллоби ду занро фиребдода боздошт шуд

0



           

Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе қаллобе, ки ба боварии занҳо даромада, аз онҳо пул «қарз» мегирифт боздошт шуд.





           

Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, Сӯҳроб Бӯракови 40-сола моҳи августи соли 2005 ба боварии шаҳрванд Манзура Нишонова даромада, аз ӯ 1 ҳазору 400 $ ва моҳи сентябри ҳамон сол аз зани дигар бо роҳи фиребу қаллобӣ боз 1 ҳазор доллари дигар мегирад, вале сипас бо ҳар баҳонае аз баргардонидани он даст мекашад.



«Занони фиребхӯрда ба милиса муроҷиат карданд ва Бӯраков боздошт шуд», – гуфт манбаъ. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафишот идома дорад.


Реклама на asia+

ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ширкати «Барқи тоҷик»-ро ба додгоҳ мекашад

0


Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» барои напардохтани қарзи мавҷуда аз болои ширкати «Барқи тоҷик» ба Додгоҳи Олии иқтисодӣ шикоят бурдааст. Дар ин хусус дар изҳороти расмии мақомоти раҳбарии ҷамъияти саҳомӣ ишора шудааст.




Дар изҳорот таъкид мегардад, ки соли гузашта ширкати «Барқи тоҷик» аз истифодаи барқи се агрегати нерӯгоҳ ба маблағи 16 млн. сомонӣ қарздор шудааст, вале сарфи назар аз муроҷиати чандинкарата ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ дар ин хусус, ҳеҷ чорае ҷиҳати ҳалли масъала андешида нашудааст.



Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, напардохтани қарз вазъи молиявиро дар сохтмон мушкил сохта, метавонад мӯҳлати ба истифода додани агрегати чаҳоруми нерӯгоҳро ба дарозо кашад ва ба пурра сомон бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар иншоот таъсири манфӣ расонад.





Маълумотнома:








Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Реклама на asia+

Сарони кишварҳои Латвияву Тоҷикистон имрӯз гуфтушунид мекунанд

0



           

Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи боздиди давлатӣ аз Латвия имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои латвиягии худ Валдис Затлерс дидору гуфтушунид хоҳад кард.





           

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлати Латвия, дар нимаи аввали рӯз маросими расмии истиқболи президенти Тоҷикистон доир гардида, он тавассути шабакаи телевизони


LTV


1 мустақиман намоиш дода хоҳад шуд.




           

Сипас дидору гуфтушуниди як ба яки сарвари кишварҳо ва ҳайатҳо дар доираи васеъ баргузор шуда, маросими тасвиби як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ дар назар аст.




           

Дар нимаи дуввуми рӯз Э.Раҳмон ба пояи Муҷассамаи озодӣ гулчанбар гузошта, сипас бо раиси Сейми Латвия Гундарс Даудзе мулоқот мекунад. Дар анҷом сарони кишварҳо дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Латвия ширкат хоҳанд варзид.


Реклама на asia+