Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ номи қуллаи «Латвияи советӣ» дар Помир иваз карда шуд

0


Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31-уми январи соли ҷорӣ номи қуллаи «Латвияи советӣ» дар Помир ба номи «Латвия» иваз карда шуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарчашма аз ҳукумати кишвар хабар дод, қарори мазкур бо дархости кишвари Латвия қабул карда шудааст.



Ёдовар мешавем, ба қулла 30-юми июли соли 1960 «Латвияи советӣ» номгузорӣ шуда буд. Он замон кӯҳнавардони латвиягӣ таҳти роҳбарии Иманта Эгбертс қуллаи воқеъ дар баландии 6218 метрро фатҳ сохта буданд.


Реклама на asia+

Ҷопон ба Тоҷикистон бо маводи ғизоӣ кӯмак мерасонад

0



           

Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии ҳамкории байнулмилалии Ҷопон ва Барномаи ҷаҳонии ғизо дирӯз оид ба таъмини қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолии Тоҷикистон бо маводи ғизоӣ созишнома ба имзо расониданд.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Барномаи ҷаҳонии ғизо хабар доданд, саҳми ҷониби Ҷопон 4,7 млн. $ буда, он барои харидории 6 ҳазор тонна гандум ва 1 ҳазору 200 тонна лӯбиё масраф хоҳад гардид, ки тавассути сохторҳои Барномаи ҷаҳонии ғизо миёни аҳолӣ тақсим хоҳад гардид.




           

«Кӯмаки мазкур дар мавсими душвори зимистон ба аҳолии эҳтиёҷманд расонида мешавад», – гуфт дар маросими имзои созишнома директори Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон Златан Милишич.




           

Ба иттилои манбаъ, барнома ният дорад, 1,2 млн. нафар қишри осебпазири аҳолии ҷумҳуриро бо кӯмаки ғизоӣ таъмин созад ва бо ин мақсад ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 81,3 млн. $ маводи ғизоӣ ворид созад.

 



Реклама на asia+

Фаронса ба роҳандозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши коркарди сангҳои қиматбаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир сохт

0


Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни мулоқот сафир ба масоили роҳандозии ҳамкориҳои пурсамар миёни кишварҳо дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳкорӣ, аз ҷумла коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ба роҳ мондани истеҳсоли шароб таваҷҷӯҳ зоҳир сохт.



Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаи мусоидат ба кишвари ҳамсояи Афғонистон дар барқарорсозии иқтисоду саноат ва истифодаи қаламрваи Тоҷикистон ҳамчун воситаи транзитии интиқоли бор ба ин кишвар табодули афкор намуданд.


 

Реклама на asia+

Раиси шаҳри Душанбе раисони солхӯрдаи шаҳраку маҳаллаҳоро ба истироҳат гусел мекунад

0


Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – 2 феврали соли 2009 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи шаҳрдории Душанбе бо иштироки раисони шаҳраку маҳаллаҳо, кооперативҳои соҳибмулкони манзил ва дигар масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва раисони ноҳияву муовинони Раиси шаҳр баргузор гардид.




Дар ҷаласа қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба вазъи ҷории системаи энергетикии кишвар ва ҳамчун чораи иҷборӣ дар пойтахт то ба эътидол омадани вазъ роҳандозӣ гардидани интиқоли реҷавии барқ нигаронида, даъват ба миён овард, ки нисбати ин тадбир бо ҳусни тафоҳум муносибат намуда,

 

бо ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷойҳо истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқро ба роҳ монанд.



Зимнан, таъкид сохт, ки нақши институти шаҳрвандӣ дар ҳайси раисони шаҳраку маҳаллаҳо барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва вусъати корҳои ободонию риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ тавассути ҷалби кадрҳои ҷавони ташкилотчиву соҳибқобилият тариқи интихоби шаффофи раисон муассир карда шавад. Иҷроиши муқаррароти мавҷуда оид ба то 1 марти соли 2009 баргузории интихоби раисони шаҳраку маҳаллаҳо аз ҷониби раисони ноҳияҳо таъмин ва дар ин зимн афзуд, ки ба собиқадорони ин институти шаҳрвандӣ, ки бинобар солхӯрдагӣ метавонанд берун аз интихоб монанд ба ҳар кадоме аз фонди захиравии Раиси шаҳр барои хизматҳои арзандаашон 500 сомонӣ маблағ ҷудо ва бо ташкили тӯҳфаҳо аз тарафи раисони ноҳияҳо тариқи тантанавӣ

 

гуселонида мешаванд.



Дар ҷаласа ҳамзамон, масоили марбут ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти хоҷагидории шаҳр, пеш аз ҳама ҳолати ғановати бозори истеъмолии пойтахт, иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз дар моҳи январ, вусъати корҳои омодагӣ дар татбиқи нақшаҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолият, ки дар доираи 900-рӯзи ободонӣ амалӣ мегарданд ва нигаҳдории фонди манзил дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳр мавриди баррасии амиқ қарор гирифт. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.




 

Реклама на asia+

Мақомоти шаҳрдории пойтахт барои анҷоми сохтмони иншооти «Аквапарк» озмун эълон кард

0


Душанбе. 2-юми феврал – Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои интихоб намудани аудитори (ташкилоти аудитии) байналмилалӣ ҷиҳати муайян намудани ҳолати техникӣ, баҳодиҳии арзиши аслӣ, ҳаҷму сифати корҳои иҷронамуда ва баитмомнарасонидаи ширкати «Эмек иншаат Лимитед ширкети»-и Ҷумҳурии Туркия

 

дар иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк» дар шаҳри Душанбе, инчунин таҳлили муносибатҳои молиявӣ ва ҳуқуқии ширкати мазкур бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз 29-уми январ то 16-уми марти соли 2009 озмуни кушод эълон карда шуд. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.

 




Реклама на asia+

Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон бориши зиёд ва лағжиши тармаҳо дар назар аст

0


Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 3-4-уми феврал дар Тоҷикистон бориши зиёд пешгӯӣ карда шудааст.




Тавре сардори маркази обуҳавосанҷии Муассисаи давлатии гидрометереология Ҷамила Байдуллоева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар давоми ин рӯзҳо бориши зиёд ва сард шудани ҳарорати рӯзона дар назар аст. «Бориши зиёди давоамдорро мо дар шахри Душанбе, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, ноҳияҳои Дарвоз ва Ховалинг интизорӣ дорем», – гуфт ӯ.



Ба иттилои манбаъ, тибқи пешгӯии обуҳавосанҷон, рӯзҳои 3-5-уми феврал тумани ғафс ва вазиши шамол бо суръати 15-


20 метр

дар як сония ба назар гирифта шудааст.



Ҷ.Байдуллоева мегӯяд, ахири даҳаи моҳи феврал ҳарорат тадриҷан то 10-15 дараҷа гармӣ боло меравад. «Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки бо сабаби эҳтимолияти рух додани лағжиши миқдори зиёди тарма, аз истифодаи воситаҳои нақлиёт дар манотиқи кӯхистон дар ин рӯзҳо худдорӣ намоянд», – афзуд ӯ.


Реклама на asia+

Имрӯз сарвазири ҷумҳурӣ бо фаъолияти нерӯгоҳи Норак аз наздик ошно гардид

0


Душанбе. 2-юми январ – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов имрӯз ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии «Норак» шинос гардид.




Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», роҳбарият ва мутахассисони нерӯгоҳ ба Сарвазир маълумот доданд, ки бо сабаби камобӣ аз 9 агрегати он се агрегат кор карда, тақрибан 790 мегаватт қувваи барқ истеҳсол мекунад, чор агрегат ба кор омода буда, ду агрегати дигар ба куллӣ тармим карда мешавад.




            

Баъдан дар маъмурияти нерӯгоҳ таҳти раёсати Сарвазир О.Оқилов бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои марбутаи соҳа маҷлиси ситоди корӣ баргузор гардид. Дар он ҳисоботи шахсони масъул дар бораи фаъолияти имрӯзаи нерӯгоҳ шунида шуд. Шахсони мутасаддӣ вазифадор карда шуданд, ки таъмири агрегатҳои нерӯгоҳро ҳар чӣ зудтар анҷом дода, онҳоро ба кор омода созанд. Таъкид карда шуд, ки лоиҳаи тармиму таҷдиди нерӯгоҳро ҳар чӣ зудтар тартиб дода, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шавад.




                

Мутахассисони маҳаллӣ ҳамроҳи ҳамкасбони худ аз хориҷи кишвар ду агрегати нерӯгоҳро тармим менамоянд.




           

Ёдовар мешавем, имрӯз Оқил Оқилов 65-сола шуд.


Реклама на asia+

Дар ҷаласаи Шӯрои парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» баррасӣ шуд

0



           

Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои парлумонии кишвар баргузор гашт.





           

Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласаи шӯро лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷлон ва ташкилотҳои динӣ», масъалаи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия «Дар бораи таъсис ва фаъолияти маркази байнулмилалии таҳқиқотиву илмии «Помир-Чақалатай» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




           

Ба иттилои манбаъ, масоили мазкур ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати сеюм, ки 11-уми феврал ба кор шурӯъ мекунад, пешниҳод гардид.


Реклама на asia+

Моҳи январ Тоҷикистон миёни кишварҳои пасошӯравӣ аз рӯи суръати афзоиши қурби доллар мақоми 6-умро соҳиб гашт

0



           

Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи январ Тоҷикистон миёни кишварҳои пасошӯравӣ аз рӯи суръати афзоиши қурби доллари Амрико нисбат ба асъори миллӣ, ки 6,35 дарсадро (аз 3,4519 то 3,6710 сомонӣ боло рафт) ташкил дод, мақоми 6-умро соҳиб гашт.





           

Пеш аз Тоҷикистон Белорус – 25,09; Русия – 20,54; Эстония – 9,7; Литва – 9,25 ва Латвия – 8,28 дарсад ҷойгир шуданд.




           

Мизони суръати афзоиши қурби доллар нисбат ба асъори миллӣ дар Қирғизистон – 2,33; Молдова – 1,16; Озарбойҷон – 0,71; Қазоқистон – 0,58 ва Ӯзбекистон – 0,54 дарсадро ташкил намуд.




           

Дар Туркманистон, Украина ва Гурҷистон қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ тағйир наёфт. Танҳо дар Арманистон қурби доллари Амрико нисбат ба асъори миллӣ – драм ба андозаи 0,5 дарсад коҳиш ёфт. Дар ин бора сомонаи БелаПАН хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Дар Душанбе вазъи кунунии Шарқи Наздикро мавриди баррасӣ қарор доданд

0


Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни семинар таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи ҷангу сулҳ дар Шарқи Наздик», ки рӯзи 31-уми январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, вазъи кунунии минтақаи Шарқи Наздик мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Дар маърӯзаи худ номзади улуми сиёсӣ Абдулло Ҳаким Раҳнамо изҳор дошт, ки бӯҳрон дар минтақаи Шарқи Наздик то ҳанӯз роҳи ҳалли худро пайдо накардааст ва «Барномаи Шарқи Наздики Нав», ки соли 2006 аз ҷониби Амрико тарҳрезӣ шуда буду барқарории сулҳу суботро дар минтақа дар назар дошт, ба нокомӣ дучор гашта, муносибати маъмурияти нави Амрико таҳти сарварии Барак Обама дар чаҳорчӯбаи сиёсати пиёдасохтаи Амрико низ таҳаввулоти муассире ба бор нахоҳад овард. «Баръакс, созмонҳои зиддиамрикоии минтақа аз қабили «Ҳизбуллоҳ» ва «Ҳамос» солҳои ахир мавқеашонро устувор намуда, дар миқёси ҷаҳон бештар худро муаррифӣ сохтанд», – гуфт ӯ.



Иштирокдорони семинар – аъзои палатаи болоии палумон, яке аз рӯҳониёни мъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва намояндаи парлумони кунунӣ, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз сарвазири Туркистон Реҷеп Тайип Эрдоган, ки дар ҳамоиши Давос муқобили сиёсати Исроил эътироз оварда, куштори мардуми бегуноҳро дар Ғазза аз ҷониби Исроил маҳкум кард, пуштибонӣ ба амал оварданд. «Эрдоган намунаи барҷастаи ҳамбастагӣ ба ҷабрдидагони навори Ғаззаро зоҳир сохт», – изҳор доштанд онҳо.



Семинар аз ҷониби Маркази тозатаъсисёфтаи иттилоотиву таҳлилии «Пресс-Панорама» созмон дода шуд.


Реклама на asia+