Масъалаи сафари Э.Раҳмон ба нишастҳои ЕврАзЭС ва СААД-ро алҳол баррасӣ мекунанд

0


 


Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи иттилои сарчашмаҳои огоҳи мақомоти сохтори давлатӣ, масъалаи иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои ғайринавбатии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки рӯзи 4-уми феврал дар шаҳри Маскав пешбинӣ шудааст, шояд то охири ҳамин рӯз муайян гардад.





           

Ба иттилои манбаъ аз дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, гурӯҳи кории масъул рӯи санадҳои зарурии сафари сарвари давлат ба Маскав, кишварҳои соҳили Балтика, Белгия ва Хорватия, ки дар нимаи моҳи феврал ба нақша гирифта шудаанд, рӯзҳои истироҳат кор карда, онҳоро пурра омода сохтааст.




           

Дар таърихи 31-уми январ як қатор оҷонсиҳои иттилоотии хориҷӣ бо истинод ба Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ маводеро интишор сохтанд, ки бинобар вазъи мушкили мавҷуда ба иллати бӯҳрони энергетикӣ дар Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои дар даҳаи аввали моҳи феврал пешбинишударо мавқуф гузоштааст.


Реклама на asia+

Хадамоти муҳоҷирати Русия: 40 дарсади муҳоҷирони тоҷик намедонанд, ки дар Русия ба чӣ кор машғул хоҳанд буд

0



           

Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба мақомоти раҳбарии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия иттилоъ медиҳад, ки 40 дарсади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик намедонанд, ки дар Русия ба чӣ кор

 

машғул хоҳанд буд.





           

Тибқи маълумоти хадамот, ин нишондиҳанда ба 28 дарсади муҳоҷирони меҳнатии ӯзбек ва аз панҷ нафар ба як нафар шаҳрвандони Қазоқистон низ дахл доранд.




           

Дар машварати макомоти раҳбарии СААД ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё оид ба масоили мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ директори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский изҳор дошт, ки дар шароити густарда гаштани бӯҳрони молӣ муҳоҷирати шаҳрвандон

 

аз кишварҳои собиқ шӯравӣ ба Русия сарчашмаи муташанниҷии вазъ шуда метавонад. «Кӯшиши қисмате аз муҳоҷирон барои пайдо кардани ҷойи корӣ дар бахшҳои ғайриқонунӣ аз эҳтимол дур нест», – гуфтааст ӯ.




           

Ромодановский таъкид сохтааст, ки «зарур аст, ҳарчи бештар раванди муҳоҷират таҳти назорату идора қарор дода шавад».


Реклама на asia+

Соли равон бори нахуст Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро паст кард

0



           

Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамврилро (рефинансирования) ба андозаи 1,5 дарсад паст кард.





           

Тавре аз БМТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар таърихи 28-уми январ меъёри бозтамвил аз 13,5 дарсади мавҷуда то 12 дарсад поин фароварда шуд.




           

Ёдовар мешавем, соли 2008 меъёри бозтамвил 4 маротиба тағир дода шуд. Моҳи феврали соли гузашта БМТ меъёрро аз 15 то 16 дарсад баланд бардошт.




           

Сипас тадриҷан меъёри бозтамвил ба пастшавӣ шурӯъ кард. Ҳамин тариқ, моҳи моҳи апрел он аз 16 то 14,75, моҳи июл аз 14,75 то 14 ва моҳи ноябр аз 14 то 13,5 дарсад паст карда шуд ва ин меъёр то 28-уми январи соли ҷорӣ амал мекард.


Реклама на asia+

Дар Хуҷанд сарояндаи маъруфи «Шашмақом» Боймуҳаммад Ниёзов аз олам даргузашт

0


Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Хуҷанд шаби 1-ум

 

феврали соли ҷорӣ сарояндаи маъруфи «Шашмақом» Боймуҳаммад Ниёзов аз олам даргузашт.




Ҳаёт ва фаъолияти Боймуҳаммад Ниёзов аслан ба омӯзишу эҳёи мусиқии классикии тоҷик – «Шашмақом» бахшида шуда буд. Солҳои ахир марҳум дар дастаи шашмақомхонони «Нури Хуҷанд», ки дар ҳамдастӣ бо шогирди худ – Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷурабек Муродов ташкил карда буд, фаъолият дошт.



Қобили зикр аст, ки Боймуҳаммад Ниёзов дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода ва факултаи ҳунарҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ҳайси омӯзгори асосҳои «Шашмақом» ифои вазифа намудааст.



Ба иттилои радиои Озодӣ, рӯзи якшабе бо баргузории як ҳамоиш аҳли ҳунар, шогирдону дӯстон ва мухлисону пайвандон дар толори театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо Боймуҳаммад Ниёзӣ видоъ гуфтанд. Худи ҳамин рӯз ҷанозаи ин ҳунарманди мумтоз ба хок супурда шуд.


Реклама на asia+

Бонки ҷаҳонӣ: Интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик дар соли ҷорӣ ба андозаи 40-50 дарсад коҳиш хоҳад ёфт

0



           

Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад, ки соли 2009 интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои минтақаи Осиё Марказӣ ба андозаи 40-50дарсад коҳиш хоҳад ёфт.





           

Коршиноси бонки мазкур Дилип Рат мегӯяд, мушкилоти мазкур бевосита ба кишварҳои қашшоқи қаламрави ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсир хоҳад гузошт.




           

Ба қавли коршинос, барои Тоҷикистон интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ нақши муҳимеро касб кардааст, зеро 54 дарсади маблағи ҳаҷми иқтисоди кишвар ба он рост меояд.




           

Тибқи маълумоти бонк, соли гузашта муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон – 1 млрд. 300 млн. $, Қирғизистон – беш аз 1 млрд. $ ва Ӯзбекистон – 1 млрд. 800 млн.


$




маблағҳои пулӣ интиқол додаанд.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон бинобар вазъи бӯҳронии мавҷуда дар ҷумҳурӣ аз сафар ба Русияву Аврупо даст кашид

0


Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Хабргузории Интерфакс бо истинод ба роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назрӣ иттилоъ медиҳад, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафар ба Маскав, ки аввали моҳи феврал бояд ба вуқӯъ мепайваст, даст кашидааст. Шоми дирӯз бояд Э.Раҳмон ба Маскав меомад ва имрӯз бо сарвари давлати Русия мулоқот меорост.





           

Хабаргузорӣ дар таърихи 31-уми январ иттилоъ медиҳад, ки сарвари давлати Тоҷикистон дар нишастҳои ғайринавбатии сарони давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки баргузории онҳо рӯзи 4-уми феврал дар шаҳри Маскав пешбинӣ шудаанд, низ ширкат нахоҳад варзид.




           

«Бинобар вазъи мушкили мавҷуда ба иллати бӯҳрони энергетикӣ дар кишвар, сафарҳои президенти Тоҷикистон то 10-уми феврал мавқуф гузошта шуданд», – гуфт Д.Назрӣ. Аз хадамоти ташрифоти (протоколии)

 

вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ ба хабаргузории Интерфакс ин хабарро тасдиқ кардаанд.




           

Ёдовар мешавем, пас аз сафари зикршуда ба Маскав Э.Раҳмон ният дошт аз кишварҳои соҳили Балтика боздид ба амал оварад. Рӯзҳои 11-12-уми феврал иштироки президенти Тоҷикистон дар кори ҷаласаи Комиссияи Аврупо дар Брюссел дар назар аст. «Дар тамоми муддати фаъолияти худ ба ҳайси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ягон бор аз иштирок дар нишастҳои ИДМ, СҲШ, СААД ва ЕврАзЭС сарфи назар накарда буд», – оварда мешавад дар иттилои хабаргузории Интерфакс.


Реклама на asia+

Ҳайати ХБА ҷиҳати баррасии нишондиҳандаҳои пешакии макроиқтисодии кишвар дар соли ҷорӣ ба Душанбе меояд

0



            




 

Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ҷиҳати баррасии пешгӯии нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар соли ҷорӣ рӯзи 5-уми феврал ба Душанбе меояд.





           

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни боздид тағйироти иқтисодии кишвар дар соли гузашта таҳлил гардида, сатҳи пешакии нишондиҳандаҳо дар соли 2009 муайян карда мешаванд ва буҷаи давлатии кишвар низ баррасӣ хоҳад шуд.




           

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода мегӯяд, дурнамои нишондиҳандаҳои мақроиқтисодии Хазина дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои пешакии омодасохтаи ҷониби Тоҷикисон каме тавофоут дорад. «Аз ҷумла, коршиносони ХБА ба чунин назаранд, ки соли ҷорӣ рушди иқтисодӣ на бештар аз 5 дарсадро ташкил дода, мизони таваррум 18 дарсадро ташкил медиҳад, вале мо чунин мешуморем, ки ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 7 ва 13 дарсад баробар хоҳанд буд», – гуфт ӯ.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон боз ду минтақаи озоди иқтисодӣ – «Ишкошим» ва «Данғара» ташкил карда шуд

0


Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ боз ду минтақаи озоди иқтисодӣ – минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» ташкил карда шуд.




Тавре аз дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳамчунин бо қарори ҳкумат Рауф Юсуфов аз вазифаи муовини вазири умури дохилии ҷумҳурӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан сабукдӯш гардида,

 

Ҳидоятулло Иноятов муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ва Абдураҳим Раҳимов роҳбари намояндагии ВКД ҶТ дар Русия оид ба масоили муҳоҷират таъин карда шуданд.


Реклама на asia+

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» ба Ҷамъияти саҳомии кушоди «Тоҷиктрасансгаз» табдил дода шуд

0


Душанбе. 31-уми январ – Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» ба Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди «Тоҷиктрансгаз» табдил дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки имрӯз баргузор шуд, хабар медиҳад.




Ҳамчунин тибқи маълумоти агентӣ, бо қарори ҳукумат дар Тоҷикистон боз ду минтақаи озоди иқтисодӣ – минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» ташкил карда шуд.


Реклама на asia+

«Барқи тоҷик»: Реҷабандии истифодаи барқ шадидтар намегардад

0



           

Душанбе. 31-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон ширкати «Барқи тоҷик» баҳри таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ тамоми имконоти дар ихтиёр доштаашро истифода мебарад.





           

Тавре муовини аввали раиси ширкат Баҳром Азизов чанде қабл ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, реҷабандии истифодаи барқ, ки дар кишвар аз 28-уми январ ҷорӣ гардид, минбаъд шадидтар карда намешавад, баръакс, дар сурати афзоиши ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбори Норак, он сабуктар хоҳад шуд. «Пас за реҷабандии истифодаи барқ ба сокинони пойтахти ҷумҳурӣ ба муддати 19-20 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад, ҳарчанд тибқи нақшаи реҷабандӣ ҳаҷми интиқоли он ба 15 соат муқаррар гардида бошад ҳам», – гуфт ӯ.




           

Ба қавли муовини раиси ширкат, вазъ танҳо дар сурати сардшавии сахту ногаҳонии обуҳаво, ки ҳаҷми ҷоришавии об дар рӯдхонаи Вахшро хеле кам месозад, метавонад мушкитар шавад. «Дар мавриди барқарорсозии транзити барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ ҳаминро гуфтаниам, ки мо дар масъалаи транзити барқ дар назди Ӯзбекистон қарздор нестем ва кунун низ тайёрем, ки маблағи муқаррарнамудаи онҳоро саривақт пардохт созем», – гуфт Б. Азизов ва афзуд, ки ҷониби Ӯзбекистон қатъи транзити барқи Туркманистонро ба мушкилоти техникӣ вобаста медонад ва Тоҷикистон омода аст, ин масъларо низ бо роҳи гуфтушунид ҳал намояд.


Реклама на asia+