Сандуқи қарзии ҶСК «Ориёнбонк» ба 753 823 621 сомонӣ баробар шуд

0


Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 31-уми декбри соли 2008 сандуқи қарзии Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Ориёнбонк» 753 823 621 сомониро ташкил намуд. Сохтори соҳавии қарзгузорӣ дар сохтори бонк ба таври зайл ташкил карда шудааст:




Бо асъори миллӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 77,52%; корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 16,95%; корхонаҳои давлатӣ – 1,80% ва шахсони воқеӣ – 3, 73%.



Бо асъори хориҷӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 62,52%; корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 13,66%; корхонаҳои давлатӣ – 23,70% ва шахсони воқеӣ – 0,12%. Дар ин бора аз дафтари матбуоти бонки мазкур хабар доданд.




Маълумотнома:



Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” яке аз бонкҳои кӯҳнатарини ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳанӯз моҳи апрели соли 1925 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе шӯъбаи Бонки тиҷоратии осиёимиёнагӣ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Моҳи сентябри худи ҳамон сол дар заминаи он Идораи ҷумҳуриявии Промбанк кушода шуд. Моҳи апрели соли 1991 Тоҷикпромстройбонк ба ташкилоти саҳҳомӣ табдил ёфтан гирифт ва 29 декабри соли 1991 вай ба Бонки саҳҳомӣ – тиҷоратии саноату сохтмони Тоҷикистон “Ориенбонк” мубаддал гардид, ки аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, дорои иҷозатномаи махсуси (литсензияи) № 1 гашт. 5 апрели соли 2002 БСТССТ “Ориенбонк” ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” табдил дода шуд.


Реклама на asia+

Б.Бобохонов: Салафияҳо ба амнияти Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод месозанд

0



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки фаъолияти чанде қабл мамнӯъ эъломгаштаи равияи «Салафия» ба амнияти кишвар хатари ҷиддӣ эҷод месозад. «Ҳарчанд салафияҳо ба ҳеҷ амали ғайриқонунӣ даст назада бошанд ҳам, вале дар муддати начандон зиёди фаъолият онҳо тавонистанд корҳои таблиғотиро хуб ба роҳ монанд», – гуфт ӯ.





           

Додситони кулл зикр кард, ки салафияҳову ваҳҳобиҳо мақсади ягона доранд, ки он сарнагун кардани сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. «Ғайр аз ин, мо рӯйдодҳои солҳои аввали 90-уми асри гузаштаро ба хубӣ дар ёд дорем, ки он замон ваҳҳобиҳо дар Кӯлоб нисбати ҳамдигар мухолифат барпо карданд ва он оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ оварда расонд», – гуфт Б.Бобохонов.




           

Ғайр аз ин, додситони кулл ҷонибдорони ҷараёни «Салафия»-ро ба он гунаҳкор сохт, ки «онҳо барои ба вуҷуд омадани амали авбошона баҳона эҷод месозанд» ва ҳамчунин «ҳангоми адои намоз дар масоҷид бо ҳаракатҳои гуногун ва фарёд намозхонони дигарро безобита месозанд».


Реклама на asia+

Додситони кулли ҷумҳурӣ аз фаъолияти Агентии зиддифасод қаноатманд нест

0



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард.





           

Додситони кулл зикр кард, ки тайи соли ахир агентӣ ба додситонӣ парвандаҳои марбут ба ҷиноёти коррупсиониро ба маблағҳои зиёд ирсол накардааст ва «ин дар ҳолест, ки дар ҳисоботҳо онҳо оид ба парвандаҳо бо маблағҳои ҳафтрақама ҳарф мезананд».




           

«Ҷуброни маблағҳои хисорот дар муқоиса бо солҳои пешин кам шудаанд, зеро дар фаъолияти ин агентӣ камбуду норасоиҳои зиёд ҷой доранд ва парвандаҳои омодасохтаи онҳо ба тафтишоти иловагӣ ниёз доранд, – гуфт Б.Бобохонов. – Ҳарчанд мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем, вале ошкоро бояд гуфт, ки агентӣ аз иҷрои вазифаҳои ба ӯҳда гирифтааш ба хубӣ намебарояд».



Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аввали соли 2008 таъсис дода шуд.


Реклама на asia+

«Tethys» ба Тоҷикистон таҷҳизоти нав ворид месозад

0



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати «Tethys»

 

ба Тоҷикистон таҷҳизоти ҷадиди пармакунии навъи


ZJ


30 ворид месозад.





           

Дар иттилоияи ширкат гуфта мешавад, ки таҷҳизоти мазкур қодир аст чоҳҳоро то чуқурии


3500 метр

парма созад. «Таҷҳизоти мазкур истеҳсоли Чин буда, феълан ба Тоҷикистон интиқол мегардад», – гуфт манбаъ.




           

Ҳамчунин дар иттилоия зикр гардидааст, ки ин таҷҳизот минбаъд хароҷоти корҳои пармакуниро бамаротиб камтар хоҳад кард.



Ғайр аз ин, корхонаи фаръии ширкат


Asia Oilfield Equipment ҷиҳати дастрасии таҷҳизоти таъмири чоҳҳо бо муассисаи дахлдор тавофуқ ҳосил кардааст ва барои пардохти қисмтае аз арзиши ин таҷҳизот ширкат 1,4 млн. саҳмияҳои маҳдудро ба фурӯш мебарорад. «Таҷҳизоти номбурда ба Тоҷикистон интиқол дода шуда, аллакай аз санҷиш гузашт», – омадааст дар иттилоия.



 



Реклама на asia+

Иттиҳоди Аврупо бахши кишоварзии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад

0



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати афзоиши истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ ва беҳбуди худидоракунии маҳаллӣ дар ноҳияҳои Панҷу Конибодом дар муддати 24 моҳ ба Агентӣ оид ба ҳамкории фаннӣ ва рушд (


ACTED


) ба маблағи 1 млн. 346 ҳазор Евро шартнома ба имзо расонид.





           

Тавре аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, амалисозии лоиҳаи мазкур ба ташкили кооперативҳои нав, баланд бардоштани донишу таҷрибаи фермерон, роҳандозии тиҷорат дар хоҷагиҳо ва дастгирии қишри осебпазири ҷомеа равона гардидааст.




           

Лоиҳа дар 90 деҳаи 11 ҷамоати ноҳияҳои Панҷу Конибодом, ки дар онҳо ҳудуди 208 ҳазор нафар аҳолӣ ба сар мебарад, дар ҳамдастӣ бо аҳолии деҳот ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқ мегардад.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон пайгарди қонунии собиқ директори «Талко» қатъ гардид

0



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки бинобар моҳи ноябри соли гузашта бозпас гирифтани даъвои ширкати «Талко» аз болои ширкати «Ансол», роҳбари он Аваз Назаров ва собиқ директори ширкати «Талко»

 

Абдуқодир Эрматов аз Додгоҳи салтанатии Лондон, ҳамаи парвандаҳои ҷиноии қаблан аз ҷониби Додситонии кулли ҷумҳурӣ бозшуда дар мавриди онҳо қатъ карда шуд.





           

Додситони кулли ҷумҳурӣ афзуд, ки минбаъд А.Эрматов ва А.Назаров таҳти пайгарди қонунӣ қарор нахоҳанд дошт ва мувофиқи хоҳиш метавонанд аз Тоҷикистон боздид намоянд.



Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябри соли гузашта дар додгоҳи салтанатии Бритониё ширкати алюминиуми Тоҷикистон «TalCo» даъвояш аз ширкати «Ансол»-ро бозпас гирифт. Дар додгоҳи салтанатии Бритониё дар шаҳри Лондон вакилони ширкати алюминийи Тоҷикистон «Талко» мувофиқат кардаанд, даъвояшон аз ширкати Ансоли зери раҳбарии Аваз Назаровро боз пас гиранд. Ҳамин гуна “Ансол» ҳам аз даъвояш гузаштааст.



Тибқи гузориши радиои Озодӣ, моҳи октябр дар Додгоҳи Олии Салтанатии Британия даъвои ширкати Талко аз ширкати Ансол оғоз ёфта буд. Коршиносон аз хароҷоти ҳуқуқии бузурги ин муҳокима, ки

 

ба


90 000 000 фунт

стерлинги Бритониё баробар будааст, ба ҳайрат омада буданд.

   




“Талко” – ширкати давлатии алюминийи Тоҷикистон даъво дошт, ки собиқ коршарикаш ширкати “Ансол” дар байни солҳои 1996-2004-ум бо истифода аз роҳҳои ғайриқонунӣ то ним миллиард доллари ин корхонаро аз худ намудааст. Ширкати давлатии алюминийи Тоҷикистон бар ин назар буд, ки соҳиби Ансол Аваз Назаров

 

бо кӯмаки Абдуқодир Эрматов-раиси пештараи “Талко” (он замон корхонаи алюминий Тоҷикистон: ТадАЗ) ба касби ғайришаръии чунин маблағ муваффақ шуд.

   




Нашрияи британиявии “Times” аз нақли тарафи даъвогар навишта буд, ки бар ивази хидматҳояш “Ансол” ба Эрматов ба маблағи

300 000 фунт

стерлинг хона тӯҳфа кардааст, ки дар он фарзанди Эрматов иқомат дорад.



Вале дар навбати худ Аваз Назаров даъво дошт, ки ширкати “Талко” ба “Ансол” 130 миллион доллар қарздор аст.

 

Ба гуфти вакили мудофиаи Назаров бо кӯмаки “Ансол” корхонаи алюминийи Тоҷикистон ҳатто дар солҳои ҷанги шаҳрҳвандӣ аз кор намонд. Ҳамчунон вакили Назаров изҳор намуда буд, ки “Ансол” миллионҳо долларро барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла сохтмони мактабҳову роҳҳову бемористонҳо масраф намудааст.



Барои ширкат дар оғози муҳокима як ҳайъат аз Тоҷикистон ба Лондон сафар кард, ки дар байни онҳо Садриддин Шарифов, раиси Талко, Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон ва собиқ раиси Бонки марказии ин ҷумҳурӣ ва ҳамчунон раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллоҳзода шомил буданд.



Ба қавли коршиносон сабаби сафари чунин ҳайъати бузург ба Лондон ин буд, ки ҷониби Тоҷикистон хавфе ва ё чизе барои пинҳон кардан надошт.



Талко ягона корхонаи тавлиди алюминий дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия соли 2007-ум ин муассиса беш аз 421 000 тонна алюминий истеҳсол намуда буд. Имсол бошад, додугирифти “Талко” ба тахминан 830 миллион доллар баробар будааст.


Реклама на asia+

Айни замон ҳаҷми қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон ба 1 млрд. 371 млн. $ баробар аст

0



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳаҷми қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1-уми январи соли ҷорӣ ба 1 млрд. 371 млн. $ баробар аст, ки 26,7 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳаҷми қрзи давлатии хориҷии кишвар дар зарфи 12 моҳи соли гузашта нисбат ба оғози соли 2008 ба таври номиналӣ ба миқдори 254,2 млн. (ба санаи 1.01.2008 сол ба 1 млрд. 119 млн. $) афзуда бошад ҳам, дар муносибати фоизӣ нисбат ба ММД дар ин давра 3,5 дарсад коҳиш ёфтааст. Зикр гардид, ки ба оғози соли гузашта ҳаҷми қарзи давлатӣ нисбат ба ММД 30,2 дарсадро ташкил дод.




           

«Афзоиши ҳаҷми қарзи давлатӣ аслан ба азхудкунии қарзҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва бонки «Эксимбонк»-и Чин марбут марбут буда, хизматрасонӣ ва пардохти он дар ин давра 89,4 млн. $-ро ташкил додааст, ки аз ин миқдор 72,3 млн. $ барои пардохти қарзи асосӣ ва 17,1 млн. $ барои пардохти фоизҳои қарзҳо равона гардидааст», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои манбаъ, ба хизматрасонӣ ва пардохти қарзи мустақими давлатӣ 56,5 млн. $ равона гардидааст, ки 46,5 млн. доллари он маблағҳои буҷавӣ буда, боз 10 млн. $-и он маблағи КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон аст, ки ҷиҳати пардохти қарзи Тоҷикистон дар назди Ӯзбекистон барои транзити бор пардохта шудааст.

 



Реклама на asia+

Беш аз 90 дарсади тоҷикистониён сиёсати ҳукумати кунунии Русияро маъқул мешуморанд

0



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон миёни 138 кишвари ҷаҳон дар баҳогузории мусбати фаъолияти ҳукумати кунунии Русия мақоми аввалро ишғол кард. Дар назарсанҷии интишорнамудаи Хадамоти


Gallup


гуфта мешавад, ки 92 дарсади тоҷикистониён сиёсати ҳукумати Русияро маъқул мешуморанд.





           

Ба иттилои манбаъ, сиёстаи ҳукумати Русия бештар дар мамолики собиқ шӯравӣ дастгирӣ мешавад. Фаъолияти ҳукумати Русияро дар Қирғизистон – 89, Қазоқистон – 87, Озарбойҷон – 66, Молдова – 62, Украина – 53, Белорус – 51 ва Ӯзбекистон – 50 дарсади пурсидашудагон маъқул шуморидаанд. Дар Гурҷистону Арманистон мизони дастгирии фаъолияти ҳукумати феълии Русия камтар буда, он мутаносибан ба 22 ва 30 дарсад баробар аст.




           

Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 43 дарсади пурсидашудагон ба фаъолияти ҳукумати кунунии Русия назари манфӣ дошта, ҳамагӣ 15 дарсад назари мусбат доранд. Дар Амрикои Ҷанубиву Шимолӣ нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 22 ва 18 дарсад ва Шарқи Наздику Африқои Ҷанубӣ ба 49 ва 29 дарсад баробаранд. Аз ҳама камтар ба сиёсати ҳукумати Русия дар Фаронса (6 дарсад маъқулшуморидагон) назари манфӣ доранд.


Реклама на asia+

Вазири маориф: Сарвари давлат пешниҳоди роҳандозии таълими ҳатмии 11-соларо дастгирӣ кард

0



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов изҳор дошт, ки вазорат ният дорад, соли ҷорӣ маълумоти миёнаи 11-соларо ҳатмӣ эълон намояд.





           

Ба гуфтаи ӯ, сарвари давлат ин пешниҳодро дастгирӣ кардааст ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни ҶТ дар бораи таълими ҳатмии 11-сола дар назар аст. «Танҳо соли гузашта пас аз хатми синфи нӯҳум 27 ҳазор нафар духтарон аз таҳсил барканор монданд, ки ин 39 дарсад аз шумораи умумӣ мебошад», – гуфт ӯ.




           

А.Раҳмонов мегӯяд,

 

бо назардошти ба муассисоти тълимии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дохилл гаштани духтарон ба миқдори 15 дарсад, ба хулосае омадан ммукин аст, ки шумораи боқимондаи онҳо аз маълумоти миёнаи пурра бархӯрдор нахоҳанд буд. «Волидайн бо истифода аз Сарқонуни ҷумҳурӣ дар бораи таълими ҳатмӣ то синфи 9 духтаронро ба идомаи таҳсил иҷоза намедиҳанд», – гуфт ӯ.




           

Дар ҳамин ҳол, вазир норасоии ҷойи нишаст дар макотиби таҳсилоти умумии кишварро таъкид сохта, аз соҳибкорону сарпарастон дархост кард, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дасти ёриву мадад дароз намоянд.


Реклама на asia+

Вазорати маориф аз болои хатмкунандагони макотиби олии ба кор ҳозирнагашта ба додгоҳ шикоят мебарад

0



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни нишасти матбуот


ӣ


вазири маорифи


ҷ


умҳур


ӣ


Абду


ҷ


аббор Раҳмонов изҳор дошт, ки нисбат ба 1 ҳазору 450 нафар хатмкунандаи макотиби олии ом


ӯ


згории кишвар, ки тибқи роҳхат ба


ҷ


ойи кор ҳозир нашудаанд, вазорат ба додгоҳ даъво пешниҳод намуда, р


ӯ


зҳои наздик ин даъво ба Додгоҳи олии иқтисодии


ҷ


умҳур


ӣ


, додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо фиристода мешавад.





           

А.Раҳмонов зикр кард, ки ин донишҷӯён, ки тибқи шартномаи сетарафа миёни ҳокимияти маҳаллӣ, муассисаи таълимӣ ва донишҷӯ таҳсил карданд, бояд маблағи барои омӯзиши онҳо сарфшударо ба давлат баргардонанд.




           

Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз коҳиши шумораи норасоии омӯзгорон аз 6 ҳазор дар соли 2007 то 3 ҳазору 600 дар соли ҷорӣ, ҳанӯз ҳам дар ноҳияҳо эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ шадидан эҳсос мегардад. Тибқи маълумоти вазорат, макотиби вилояти Суғд ба 1112, Хатлон – 1012, ВМКБ – 255 ва ноҳияҳои тобеи марказ ба 1165 омӯзгор ниёз доранд.




           

Бо мақсади ҳадди масъалаи мазкур вазорат тасмим гирифтааст, хатмкунандагони аълохони мактабҳо ва соҳибхоназанони хатмкардаи макотиби олӣ ва омӯзишгоҳҳои омӯзгориро ба фаъолият ҷалб намояд.


Реклама на asia+