Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Акнун шахсони ба ҷараёни «Салафия» гаравида оқибат дарк хоҳанд кард, ки роҳи нодурустро интихоб кардаанд

0


Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, яке аз рӯҳониёни маъруфи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода изҳор дошт, ки ӯ комилан ҷонибдори қарори ҳукумат дар бораи манъи фаъолияти ҷараёни «Салафия аст. «Аммо ман қотеъан муқобили онам, ки салафияҳо чун аъзои ҳизби манъшудаи ифротгаронаи «Ҳизб-ут Таҳрир» мавриди ҷазову таъқиб қарор бигиранд, зеро то кунун онҳо ба ягон амали ғайриқонунӣ даст назадаанд», – гуфт вай.




Ба қавли ӯ, бартарияти дигари ин қарор дар он ифода меёбад, ки «акнун шахсони ба ҷараёни «Салафия» гаравида оқибат дарк хоҳанд кард, ки роҳи нодурустро интихоб кардаанд». «Охир он мафкураи воридотӣ аст, ки метавонист минбаъд ба таъмини амнияти миллии ҷумҳурӣ хатар эҷод созад», – изҳор дошт ӯ.



Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бар ин назар аст, ки дар баробари ҷараёни «Салафия» фаъолияти як қатор ҷараёнҳои тозаи динии аслан аз Аврупои Шарқӣ таҳмилшударо низ мебояд мамнӯъ сохт.

 



Реклама на asia+

М.Кабирӣ: Умедворам, ки манъи фаъолияти ҷараёни «Салафия» пешгирии чораҳои ҷазову таъқибот дар пай нахоҳад дошт

0


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди манъи фаъолияти ҷараёни «Салафия» дар қаламрави кишвар изҳор дошт, ки ӯ умедвор аст, ки иқдоми мазкур хусусияти пешгирӣ дошта, пешгирии чораҳои ҷазову таъқибот дар пай нахоҳад дошт.




Номбурда мегӯяд, ӯ ҷараёни «Салафия»-ро ҳаракати муташакккиле намеҳисобад, ки манъи он зарурат дошта бошад. Дар ҳамин ҳол, Кабирӣ зикр кард, ки соле пештар худи ҳокимият ба тарғиби васеъи ҷараёни «Салафия» мусоидат карда, акнун фаъолияти онро мамнӯъ месозад.



«Ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар мақомоти дахлдори мо мутахассисони салоҳиятдору корозмудае, ки битавонанд саривақт ва воқеан масоили муҳими марбут ба амнияти миллиро ҳаллу фасл созанд, мавҷуд нестанд», – афзуд М.Кабирӣ.


Реклама на asia+

Аз фаъолияти хизматӣ-ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар соли 2008 натиҷагирӣ карда шуд

0


Душанбе


. 9-


уми




январ





Чанде


,


қабл



 



дар




Сарраёсати




Қӯшунҳои




сарҳадии




Кумитаи




давлатии




амнияти




миллии




Ҷумҳурии




Тоҷикистон




ҷаласаи




Шӯрои




ҳарбӣ




баргузор




гардид


,


ки




дар




кори




он



 



раиси




кумитаи




давлатии




амнияти




миллии




Ҷумҳурии




Тоҷикистон




генерал





полковник




Хайриддин




Абдураҳимов


,


сардорони




раёсатҳо




ва




командирони




ҷузъу




томҳои




Сарраёсат




иштирок




намуданд


.




Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ-ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар соли 2008 мавриди муҳокима қарор гирифта, вазифаҳои хизматӣ барои соли 2009 муайян карда шуданд.



Дар баромадҳо қайд гардид, ки соли сипаришуда аз тарафи ҳайати шахсии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ корҳои муайян ҷиҳати ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, аз назорати сарҳадӣ гузаронидани шахсони воқеъӣ ва воситаҳои нақлиёт, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар амалӣ гардиданд.



Аз тарафи сарҳадбонони тоҷик беш аз


916 кг

маводи нашъаовар, аз ҷумла

 

беш аз

110 кг

героин,

752 кг

каннабис,

53 кг

чакидаи афюн

 

мусодира карда шуда.

 

Инчунин 312 131 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дарёфт ва нобуд карда шуд.



Дар ин давра 160 ҳодисаи вайрон кардани сарҳади давлатӣ пешгирӣ карда шуда, 1263 нафар вайронкунандагони сарҳад (аз ҷумла 973 нафарашон дар нуқтаҳои гузаргоҳӣ), 999 нафар вайронкунандагони реҷаи сарҳадӣ боздошт гардиданд.



Дар давоми соли гузашта 17 ҳодисаи задухӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта шудааст. 9

 

кӯшиши убури сарҳади давлатӣ пешгирӣ карда шуд. 21 нафар қочоқчии маводи нашъаовар дастгир гардид.

 

Дар натиҷа задухӯрдҳои мусаллаҳона 10 нафар вайронкунандани сарҳади давлатӣ нест карда шуда, 2 нафар захмӣ гардиданд.



Дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 79 амалиёти махсус гузаронида шуд.



Дар соли 2008 сарҳадчиёни тоҷик 36 адад яроқи оташфишон, аз ҷумла 14 автомат, 13 гранатомёт, 6 адад карабин, 2 адад таппонча, 1 адад пулемёт, 12 адад мина, инчунин 4 727 дона тири гуногун мусодира намуданд.



Дар ҷаласа, камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Сарраёсат муҳокима ёфта, барои бартараф намудани онҳо чораҳои зарурӣ муайян гардиданд.



Ба роҳбарияти Сарраёсат ва командирони қисмҳои ҳарбӣ оиди сари вақт иҷро намудани чорабиниҳои нақшавӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.


Дар




ин




бора




АМИТ



«



Ховар


»


хабар




медиҳад


.


Реклама на asia+

Чехия дар Тоҷикистон намоишгоҳи сайёр доир карданист

0


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимаи дуюми соли ҷорӣ Чехия дар Тоҷикистон намоишгоҳи сайёр доир карданист.




Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, имрӯз зимни мулоқоти муовини раиси палата Асаналӣ Карамалиев бо сардори шӯъбаи масоили иқтисодии сафорати Чехия дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Петр Шада масъалаи мазкур ва дигар масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



Ба иттилои манбаъ, Карамалиев ҷиҳати дастгирии баргузории намоишгоҳ омодагии ҷониби Тоҷикистонро изҳор намудааст. Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки роҳандозии ҳамкориҳо натанҳо дар соҳаи саноат, балки дар бахши сайёҳӣ низ имконпазир аст.



Ғайр аз ин ҷониби Тоҷикистон изҳор доштааст, ки бо назардошти натиҷаҳои намоишгоҳи доиргашта дар солҳои 2004 ва 2007, корхонаҳои ҶС «Текстил», ҶС «Нафиса», корхонаи қаннодии «Ширин» ва комбинатҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, ки бо техникаи Чехия кор мекунанд, ба таҷдиди истеҳсолоти худ тавассути техникаи ин кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир сохтаанд.




 



Реклама на asia+

Узви фаъоли «Салафия»: «Салафия» созмон ё ҳаракати мушаххасе нест, ки онро мамнӯъ созӣ, балки танҳо як идеология асту халос

0


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Яке аз аъзои фаъоли равияи «Салафия» Раҳматуллоҳ Раҳматов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди шарҳи қарори имрӯзаи Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ дар бораи мамнӯъ эълон кардани фаъолияти равияи «Салафия» дар Тоҷикистон чунин изҳори ақида кард, ки «Салафия» созмон ё ҳаракати мушаххасе нест, ки онро мамнӯъ созӣ, балки танҳо як идеология асту халос.




Р.Раҳматов мегӯяд, мазҳаб ва ақидаҳои динии ӯ хилофи қонуну шариат нестанд. Қобили зикр аст, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон қабули қарори мазкурро чун далели ҳифзи сохти конститутсионӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва пешгирии сар задани низоъҳои байнимазҳабӣ маънидод мекунанд.



Дар ҳамин ҳол, мавсуф аз он изҳори нигаронӣ кард, ки «паҳн кардани адабиёти христианиро касе манъ намесозад», «исмоилиҳову шиаҳо дар Тоҷикистон ҳуқуқи фаъолият доранд, ҳарчанд дар Ироқ шиаҳо муқобили сунниҳо меҷанганд». «Салафияро бошад, ба рӯйхати ҳаракатҳои мамнӯъ ворид сохтанд», – гуфт ӯ.



Номбурда афзуд, ки минбаъд низ дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон амал хоҳад кард.


Реклама на asia+

Вазорати кишоварзӣ: Соли равон дар ҷумҳурӣ дар 202 ҳазор гектар пунбадона кишт мешавад

0


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва банақшагирии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Сафар Мамадов изҳор дошт, ки соли равон вазорат кишти пунбадонаро дар 202 ҳазор гектар замин ба нақша гирифтааст.




Ба гуфтаи мутахассис, ҳамасола барои кишти ин зироати стратегӣ тақрибан 260 ҳазор гектар майдони кишт ҷудо мегардид. «Соли ҷорӣ аз ҳисоби заминҳои кишти пахта дар беш аз 50 ҳазор гектар зироатҳои ғалладона, аз ҷумла гандум ва дигар зироатҳо кишт карда мешаванд», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар 253 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронида шуда, бо сабабҳои объективӣ танҳо дар 237 гектари он пунбадона нашъунамо ёфт ва аз нақшаи пешбинишудаи 552 ҳазор тонна пахта ҳамагӣ 351 ҳазору 115 тонна ҳосил ба даст оварда шуд.


Реклама на asia+

ВКХ ҶТ: Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Аштархон «гаравгон» гирифта нашудаанд

0


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар Русия ҷиҳати расидагӣ ба ҷузъиёти қазияи муҳоҷирони тоҷик ба ҷои ҳодиса – шаҳри Аштархон рафтаанд.




Тавре сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, воқеъан аз 26-уми декабр то кунун дар шӯъбаи умури дохилӣ дар нақлиёт дар ҳамдастӣ бо кормандони назорати гумруки истгоҳи «Ақсарай»-и вилояти Ашатрхони Русия бо далели ҷой доштани тамғаҳои қалбакии убури марзи давлатӣ ба мӯҳлати се моҳ нисбат ба мусофирони қатораҳои хатсайри Маскав-Душанбе ва Маскав-Кӯлоб, шаҳрвандони Тоҷикистон 23 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

 




Ба иттилои масъулини шӯъбаи умури дохилии вилояти Аштархон, нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар рӯйхати пешакӣ 12 нафар сабт шудаанд, тафтишот ҷараён дорад, вале онҳо ба ҳабс гирифта нашуда, дар озодӣ қарор доранд. «Ғайр аз ин, нисбат ба 10 шаҳрванди кишвари мо феълан ҷиҳати боз кардани парвандаи ҷиноӣ мавод омода мегардад ва пас аз анҷоми корҳои тафтишотӣ парвандаҳо барои моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳи вилояти Аштархон фиристода хоҳанд шуд», – таъкид сохт Д.Назриев.



Д.Назриев изҳор дошт, ки айни замон дар Аштархон намояндагони Вазорати умури дохилии ҶТ дар ҳамдастӣ бо мақомоти салоҳиятдори Русия ҷиҳати ба ватан фиристодани шаҳрвандони тоҷик чораҳои зарурӣ меандешанд. «Мо вазъро то ахир пайгирӣ хоҳем кард, зеро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорати умури хориҷии кишвар – дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат аст», – афзуд ӯ.


Реклама на asia+

«Салафия» дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон гардид

0


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар қаламрави Тоҷикистон ҷараёни мазҳабии «Салафия» ғайриқонунӣ эълон гардид.




Тавре аз Додгоҳи Олӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, қарори мазкурро Додгоҳи Олӣ дар асоси даъвои Додситонии кулли ҷумҳурӣ қабул кард. Ҳукумати Тоҷикистон қабули қарори мазкурро чун далели ҳифзи сохти конститутсионӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва пешгирии сар задани низоъҳои байнимазҳабӣ маънидод мекунад.



Ҳамин тариқ, аз 8-уми январи соли 2009 фаъолияти ҷараёни мазҳабии «Салафия» дар қаламрави ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ дониста мешавад.



Ғайр аз ин, тибқи муқаррароти қонуни мазкур, ворид сохтан ва паҳну таблиғ намудани адабиёт ва дигар маводи тарғибкунандаи ақидаҳои ҷараёни «Салафия» низ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда шуд.

 



Реклама на asia+

Хоҷагиҳои пахтакори мамлакат метавонанд танҳо 50-60 дар сади қарзҳои худро баргардонанд, – назари коршинос

0


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба ақидаи сардори Раёсати таҳқиқоти мушкилоти рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии кишвар Саодат Соҳибназарова хоҷагиҳои пахтакори мамлакат метавонанд танҳо 50-60 дар сади қарзҳои худро баргардонанд.




Ба гуфтаи ӯ, сабаби асосӣ дар ҳосилнокии пасти пахта ва пурра иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии ҳосил дар соли 2008 ва ҳамчунин поён рафтани нархи тиллои сафед дар бозори ҷаҳонӣ мебошад.



Ба гуфтаи хонум Соҳибназарова, ҳукумати ҷумҳуриро мебояд дар соли ҷорӣ роҳҳои нави маблағгузории бахши аграриро пайдо кунад, зеро гумон аст, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ бо чунин нишондиҳандаҳо дар мавсими ҷадид битавонанд барои идомаи корҳои кишоварзӣ аз институтҳои молиявӣ маблағи кофӣ ба даст биёранд.




 

Ба ақидаи коршинос, вазъи иқтисодии кишвар ва бӯҳрони ҷаҳонии молӣ аз хоҷагиҳои деҳқонӣ талаби пурра баргардонидани маблағи қарзро доранд. Феълан, ба андешаи ӯ, таваҷҷӯҳ бояд танҳо ба парвариши пунба дода нашавад. «Бигузор деҳқонон худ интихоб кунанд, ки чиро парвариш кунанд», – гуфт ӯ.




 

Реклама на asia+

Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки рушди Авруосиё лоиҳаи созишномаи муштараки шартҳои ҳамкориро таҳия месозанд

0


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки рушди Авруосиё рӯи таҳияи лоиҳаи имзои созишномаи муштараки шартҳои фаъолият ва ҳамкорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ кор мекунанд.




Тавре аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ахири моҳи январ мулоқоти нахустини гурӯҳи кории муштарак доир мегардад, ки дар он муқаррароти созишномаи мазкур мавриди муҳокима қарор мегирад.



Қобили зикр аст,ки 11-уми декабри соли 2008 Шӯрои Бонки рушди Авруосиё Тоҷикистону Белорус ва Арманистонро ба узвият пазируфт. Он замон зимни сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода изҳор дошта буд, ки узвияти ҷумҳурӣ ба бонк ба рушду густариши муносибатҳои ҳагиройии кишвар дар минтақаи Авруосиё ва амалисозии тарҳҳои давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. «Аз ҷумла, ҷиҳати амалӣ сохтани қарори ҳукумат дар бораи афзудани ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили кишвар феълан масъалаи ҷалби сармояи Бонки рушди АвруОсиё ба маблағи 22 млн. доллари амрикоӣ ҷиҳати бунёди корхонаи бофандагиву ресандагӣ дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад», – изҳор дошт раиси БМТ.



Ба иттилои хадамоти матбуоти бонк,

 

мутобиқи тартиби қабули аъзои нав Шӯрои бонк афзоиши сармояи оинномавиро тавассути эмисссияи иловагии саҳмияҳои бонк маъқул шуморидааст, ки он миёни аъзои нав мувофиқи маблағи ҳиссаи аъзогии онҳо тақсим карда хоҳад шуд. Айни замон сармояи оинномавии бонк ба $1,5 млрд. баробар буда, дар натиҷаи харидории эмиссияҳои иловагӣ ва ҳиссаи пардохти Тоҷикистону Арманистон ва Белорус он ба маблағи $15,6 млн. афзуда хоҳад шуд.



Ёдрас мекунем, ки Бонки рушди АвруОсиё созмони байнулмилалии молиявӣ буда, бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва густариши равандҳои ҳамгиройӣ дар минтақаи Аврупову Осиё таъсис дода шудааст. Бонки мазкур дар асоси созишномаи байнидавлатии Русияву Қазоқистон соли 2006 бо ташаббуси сарони ин ин кишварҳо таъсис ёфт.


Реклама на asia+