М.Кабирӣ: Умедворам, ки манъи фаъолияти ҷараёни «Салафия» пешгирии чораҳои ҷазову таъқибот дар пай нахоҳад дошт

Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди манъи фаъолияти ҷараёни «Салафия» дар қаламрави кишвар изҳор дошт, ки ӯ умедвор аст, ки иқдоми мазкур хусусияти пешгирӣ дошта, пешгирии чораҳои ҷазову таъқибот дар пай нахоҳад дошт. Номбурда мегӯяд, ӯ ҷараёни «Салафия»-ро ҳаракати муташакккиле […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди манъи фаъолияти ҷараёни «Салафия» дар қаламрави кишвар изҳор дошт, ки ӯ умедвор аст, ки иқдоми мазкур хусусияти пешгирӣ дошта, пешгирии чораҳои ҷазову таъқибот дар пай нахоҳад дошт.




Номбурда мегӯяд, ӯ ҷараёни «Салафия»-ро ҳаракати муташакккиле намеҳисобад, ки манъи он зарурат дошта бошад. Дар ҳамин ҳол, Кабирӣ зикр кард, ки соле пештар худи ҳокимият ба тарғиби васеъи ҷараёни «Салафия» мусоидат карда, акнун фаъолияти онро мамнӯъ месозад.



«Ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар мақомоти дахлдори мо мутахассисони салоҳиятдору корозмудае, ки битавонанд саривақт ва воқеан масоили муҳими марбут ба амнияти миллиро ҳаллу фасл созанд, мавҷуд нестанд», – афзуд М.Кабирӣ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.