Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Акнун шахсони ба ҷараёни «Салафия» гаравида оқибат дарк хоҳанд кард, ки роҳи нодурустро интихоб кардаанд

Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, яке аз рӯҳониёни маъруфи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода изҳор дошт, ки ӯ комилан ҷонибдори қарори ҳукумат дар бораи манъи фаъолияти ҷараёни «Салафия аст. «Аммо ман қотеъан муқобили онам, ки салафияҳо чун аъзои ҳизби манъшудаи ифротгаронаи «Ҳизб-ут Таҳрир» […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, яке аз рӯҳониёни маъруфи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода изҳор дошт, ки ӯ комилан ҷонибдори қарори ҳукумат дар бораи манъи фаъолияти ҷараёни «Салафия аст. «Аммо ман қотеъан муқобили онам, ки салафияҳо чун аъзои ҳизби манъшудаи ифротгаронаи «Ҳизб-ут Таҳрир» мавриди ҷазову таъқиб қарор бигиранд, зеро то кунун онҳо ба ягон амали ғайриқонунӣ даст назадаанд», – гуфт вай.




Ба қавли ӯ, бартарияти дигари ин қарор дар он ифода меёбад, ки «акнун шахсони ба ҷараёни «Салафия» гаравида оқибат дарк хоҳанд кард, ки роҳи нодурустро интихоб кардаанд». «Охир он мафкураи воридотӣ аст, ки метавонист минбаъд ба таъмини амнияти миллии ҷумҳурӣ хатар эҷод созад», – изҳор дошт ӯ.



Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бар ин назар аст, ки дар баробари ҷараёни «Салафия» фаъолияти як қатор ҷараёнҳои тозаи динии аслан аз Аврупои Шарқӣ таҳмилшударо низ мебояд мамнӯъ сохт.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.