Ба тарафдории Фаластин дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон намоишҳо ва гирдиҳамоиҳо баргузор мегарданд

0


Душанбе. 31-уми декабр – Мамлакатҳои ҷаҳон барои қатъи задухӯрдҳои мусаллаҳона ва хунрезӣ дар воҳаи Ғаззаҳ тадбирҳои ҷиддӣ меандешанд. Дирӯз дар Вашингтон дар назди

 

бинои маъмурияти Президенти

 

тозаинтихоби ИМА, Барак Обама намоиши серодам баргузор гардид. Намоишгарон шиорҳои зиддиисроилӣ бардошта буданд. Онҳо изҳор намуданд, ки маъмурияти имрӯзаи ИМА аз тарафи Исроил ишғол гардидани Фаластинро эътироф карда наметавонад ва дар ин масъала мавқеи бетарафиро ишғол намудааст. Бинобар ин

 

намоишгарон на ба Ҷ.Буш, балки ба Президенти нави мамлакат муроҷиат мекунанд. СММ, созмони «Хамос »

 

ва Исроил бояд амалиёти зӯровариро фавран қатъ намуда, ба қурбон шудани одамон роҳ надиҳанд.





 

Хабар дода мешавад, ки ҳазорон нафар сокинони Ню-Йорк аз иштирок дар намоиши идонаи солинавӣ даст кашида, байрақҳои Фаластинро бардошта ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо ба муқобили бомбаборони Фаластин аз тарафи Исроил эътироз баён мекунанд.



Ба тарафдории Фаластин дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон намоишҳо ва гирдиҳамоиҳо баргузор мегарданд. Аз ҷумла рӯзи гузашта намоишгарон дар пойтахти Юнон ба сӯи сафоратхонаи Исроил сангпартоӣ карданд. Дар Берлин қариб ду ҳазор нафар

 

намоишгарон талаб карданд, ки бомбаборони воҳаи Ғаззаҳ фавран бас карда шавад. Дар пойтахти Италия низ ба тарафдории Фаластин намоиши серодам баргузор гардид. Дар Сэул намоишгарон байрақҳои Исроилро оташ заданд. Намоишгарон дар пойтахти Каракас ду рӯз боз сафоратхонаи Исроилро иҳота кардаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Унвони беҳтарин футболбози соли 2008-и Тоҷикистон насиби ҳамлагари дастаи «Хуҷанд» – Юсуф Рабиев шуд

0


           Душанбе. 31-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Унвони беҳтарин футболбози соли 2008-и Тоҷикистон насиби ҳамлагари дастаи «Хуҷанд» – Юсуф Рабиев шуд. Дар ин бора торнигори «Футболи Тоҷикистон» хабар додааст.




Рабиев пас аз як моҳи раъйдиҳии интернетӣ, аз нигоҳи хонандагони торнигори «Футболи Тоҷикистон» беҳтарин футболбози тоҷик дар соли 2008 номида шуд. Дар миёни футболбозҳои то 20-сола унвони беҳтаринро ҳамлагари «Регар-ТадАЗ – ситораи биринҷии Сингапур-2006 Даврон Тӯхтасунов соҳиб шуд.



Аз рӯи натиҷаи райъпурсӣ, сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ» Маҳмадҷон Ҳабибуллоев беҳтарин мураббии сол эълон гардид. Воқеан, Ҳабибуллоев бар иловаи Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё, имсол ҳамчунин боз унвони навбатии қаҳрамони Тоҷикистонро бо дастаи «Регар ТадАЗ» низ соҳиб гашт.


Реклама на asia+

Президенти Русия ба муносибати ҷашни Соли нав унвонии Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд

0


Душанбе. 31-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Русия – Дмитрий Медведев ба муносибати ҷашни Соли нав унвонии руасои ҷумҳури кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барқияи табрикотӣ ирсол намуд.




Дар номаи табрикотии худ ба унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, Медведев Тоҷикистонро шарики баробарҳуқуқи стратегӣ ва муттафиқи Русия хонда, аз ҷумла қайд кардааст, ки соли сипаришаванда пойдор будани дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишварро бори дигар тасдиқ намуд.



Дар барқияи худ ба унвони президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон нахуствазири Русия – Владимир Путин зикр намуд, ки ҳамкориҳои самарабахш дар роҳи таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар оянда низ тақвият меёбанд.


Реклама на asia+

Ҳукумати Тоҷикистон тарофаҳои нави истифодаи нерӯи барқро тасдиқ кард

0



           

Душанбе. 31-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати То


ҷ


икистон тарофаҳои нави истифодаи нер


ӯ


и барқро, ки аз 1-уми январи соли 2009 ҷорӣ мегарданд, тасдиқ кард.





           

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба ҷуз КВД «Талко», барои дигар истифодабарандагон арзиши нерӯи барқ ба андозаи 25 дарсад боло меравад. «Дар шароити бӯҳрони молиявӣ, ки бар асари он нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ коҳиш ёфт, бо мақсади дастгирии истеҳсолот тасмим гирифта шуд, ки арзиши истифодаи нерӯи барқ барои ин ширкат бетағйир гузошта шавад ва он чун пештара барои 1 кВт/соати он 5,5 дирам пардохт хоҳад кард», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки чунин арзиш аз моҳи майи соли равон ҷорӣ гашта буд.




           

Ба иттиллои манбаъ, аз оғози соли оянда аҳолӣ барои истифодаи нерӯи барқ бо назардошти андози аз арзиши изофа 6 дирам пардохт хоҳад кард ва ин дар ҳолест, ки арзиши он то кунун ба 4,8 дирам баробар буд.




           

Ёдовар мешавем, ки бори охир арзиши истифодаи нер


ӯ


и барқ дар То


ҷ


икистон моҳи майи соли


ҷ


ор


ӣ


афзоиш ёфта буд. Аз оғози соли нав арзиши истифодаи нерӯи барқ барои корхонаҳои саноативу ғайрисаноатӣ ба андозаи 13,68 дирам, барои муассисаҳои буҷавӣ ва бахши коммуналӣ – 5,44 дирам, барои пойгоҳҳои обкашӣ ва нақлиёти барқӣ- 3,64 дирам муқаррар гардид.




Реклама на asia+

Тибқи назарсанҷии доирнамудаи ҳафтаномаи «Курер Таджикистана» Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори беҳтарини сол дониста шуд

0



            

Душанбе. 30-юми декабр – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон дар назарсан


ҷ


ие, ки аз с


ӯ


и ҳафтаномаи «Курьер Таджикистана» гузаронида шуд, беҳтарин сиёсатмадори

 



Ҷ


ум ҳурии То


ҷ


икистон дар соли 2008 муарриф


ӣ


гардид. Ба


ҷ


онибдории Президенти мамлакат 33 нафар намояндаи ВАО-и То


ҷ


икистон овоз додаанд. Ба роҳбари идораи сиёсати хори


ҷ


ии То


ҷ


икистон Ҳамрохон Зариф


ӣ


се хол ва ба Раиси Ма


ҷ


лиси миллии Ма


ҷ


лиси Олии мамлакат, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси Ҳизби сотсиал-демократи То


ҷ


икистон Раҳматилло Зойиров 1-хол


ӣ


насиб гардидааст.





       

Сафири фавқулодда ва мухтори


Ҷ


умҳурии Исломии Эрон дар


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Алиасғари Шеърд


ӯ


ст беҳтарин сафири фаъоли кишвари хори


ҷ


ӣ


дар То


ҷ


икистон муарриф


ӣ


шуда, зинаи дуюмро собиқ сафири Федератсияи Россия дар


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Рамазон Абдулатипов касб намудааст.




       

Раиси Бонки миллии То


ҷ


икистон Шариф Раҳимзода беҳтарин бонкдор шинохта шуда,


ҷ


ойҳои дуюм ва сеюмро раисони «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода ва «Агроинвестбонк» Ниёзмурод Саидмуродов ишғол намудаанд.




        

Директори ширкати «Вавилон-М» Беҳзод Файзуллоев соҳибкори беҳтарин дар соли 2008 муарриф


ӣ


шуда,


ҷ


ойҳои дуюм ва сеюм насиби Абдуҳалим Қодиров («Ёқут-2000») ва Зайд Саидов гардид. Раиси Иттифоқи журналистони То


ҷ


икистон, сармуҳаррири ҳафтаномаи

 

«Чархи гардун» Акбарал


ӣ


Сатторов беҳтарин журналисти соли 2008 эътироф шуд. Овозхони


ҷ


авону боистеъдод Таҳмина Ниёзова ҳунарманди беҳтарини соли 2008 гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Роҳбарони минтақаҳои озоди Суғду Панҷ таъин карда шуданд

0


Душанбе. 30-юми декабр – Имр


ӯ


з бо қарори Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Анвар Ёқубов роҳбари маъмурияти минтақаи озоди вилояти Суғд ва Файзулло Расулов роҳбари маъмурияти минтақаи озоди ноҳияи Пан


ҷ


таъин карда шуданд.




Бо қарори дигари Ҳукумати


ҷ


умҳур


ӣ


Нурал


ӣ


Шоев ректори Донишгоҳи технологии То


ҷ


икистон таъин гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Соли оянда дар Душанбе нахустин намоишгоҳи байналмилалии «Рушди иқтисодии Афғонистон» баргузор мегардад

0


Душанбе. 30-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, инчунин татбиқи созишнома дар бораи ҳамкории палатаҳои ду кишвар рӯзи гузашта дар ҷараёни мулоқоти раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сардори бахши бахши тиҷорати сафорати Афғонистон дар ҷумҳуриамон – Наҷибуллоҳ Раҳимӣ барраси гардиданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати мамлакат хабар доданд, қарор аст нимаи аввали соли 2009 дар шаҳри Хоруғ мулоқоти тоҷирони вилояти Бадахшони Афғонистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон баргузор гардад. Дар ин вохӯриҳо асосан масъалаи тақвияти ҳамкориҳо миёни соҳибкорони ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.




          

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин қарор шуд, ки рӯзҳои 20-22-юми апрели соли 2009 дар Душанбе нахустин намоишгоҳи байналмилалии «Рушди иқтисодии Афғонистон» баргузор гардад. Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти истеҳсоли Афғонистон ба маърази тамошо гузошта шуда, дар доираи чорабинӣ вохӯрии тоҷирону соҳибкорони ду кишвар баргузор хоҳад гашт.

  

Реклама на asia+

Дар Кӯлоб мудири нави шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шуд

0


Кӯлоб. 30-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз бинобар сабаби фавти мудири шӯъбаи Бонки миллии Точикистон дар шаҳри Кӯлоб – Шамсуддин Сайдалиев, Абдукарим Неъматов мудири нави ин шӯъба таъин гардид.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии кишвар хабар доданд, Неъматов то ин вақт роҳбарии шӯъбаи дар Кӯлоббудаи «Тоҷиксодиротбонк»-ро бар ӯҳда дошт. Қабл аз гузаштан ба «Тоҷиксодиротбонк» Абдукарим Неъматов дар шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар вазифаи сармуҳосиби бонк кор кардааст.


Реклама на asia+

Дар ҷумҳурӣ вомбаргҳои нави давлатии дохилии бурднок ба мӯҳлати 10 сол ба муомилот бароварда мешаванд

0


Душанбе. 30-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз қабул шуд, аз 1 марти соли 2009 Вомбаргҳои нави давлатии дохилии бурднок ба мӯҳлати 10 сол ба муомилот бароварда мешаванд. Дорандагони Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки барориши соли 2002 аз 1-уми марти соли 2009 метавонанд Вомбаргҳои худро ё ба намунаҳои нав иваз кунанд ва ё маблағи онҳоро бозпас гиранд.




Вомбаргҳои нав бо арзиши 10 ва 20 сомонӣ бароварда шуда,

 

бурдҳояшон ба андозаи 1500, 1000, 500, 300, 200, 100, 40 ва 20 сомонӣ муқаррар гардидааст.



Дар мӯҳлати 10 соли муомилоти вомбарг 60 тиражи бозиҳо гузаронда мешавад, яъне ҳар сол 6 тиражӣ ё дар ду моҳ як бор. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон Барномаи давлатии коркарди пурраи ашёи хоми чорво амалӣ хоҳад шуд

0


Душанбе. 30-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласи ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сарварии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тадбирҳои омодагӣ ва баргузории ҷашни 1310 – солагии Имоми Аъзам тасдиқ карда шуд, ки он маҷмӯи чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, аз ҷумла чопи китобҳо ва ташкили намоишгоҳҳои доимамалкунандаи китоб дар бораи рӯзгор ва эҷодиёти Имоми Аъзам, семинару конфронс ва маҳфилҳои дигари илмию оммавиро дар бар мегирад.




Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи ташаккули «Равзанаи ягона» оид ба расмиёти содиротию воридотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи генералии татбиқи

 

Консепсияи таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015, Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015, Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Қоидаҳои низоми нигаҳдории мавзеъҳои муҳофизати объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ ва Қоидаҳои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда тасдиқ карда шуданд.



Тибқи Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 қариб 2 миллион дона пӯст дар дохили кишвар коркард хоҳад шуд. Барои муқоиса бояд таъкид намуд, ки соли 2007 ҳамагӣ 6 ҳазор дона пӯст дар дохили кишвар коркард шудааст. Коркарди аввалияи пашм бошад дар соли 2015 то ба 6495 тонна расонда мешавад. Дар соли 2007 танҳо 340 тонна пашм мавриди коркарди авалия қарор гирифта буд. То соли 2015

 

корхонаҳои саноатии соҳа барқарор гардида, корхонаҳои нав низ бунёд меёбанд, то ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз пӯсту пашм ба маротиб афзун шавад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+