Соли оянда дар Душанбе нахустин намоишгоҳи байналмилалии «Рушди иқтисодии Афғонистон» баргузор мегардад

Душанбе. 30-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, инчунин татбиқи созишнома дар бораи ҳамкории палатаҳои ду кишвар рӯзи гузашта дар ҷараёни мулоқоти раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сардори бахши бахши тиҷорати сафорати Афғонистон дар ҷумҳуриамон – Наҷибуллоҳ Раҳимӣ барраси гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 30-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, инчунин татбиқи созишнома дар бораи ҳамкории палатаҳои ду кишвар рӯзи гузашта дар ҷараёни мулоқоти раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сардори бахши бахши тиҷорати сафорати Афғонистон дар ҷумҳуриамон – Наҷибуллоҳ Раҳимӣ барраси гардиданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати мамлакат хабар доданд, қарор аст нимаи аввали соли 2009 дар шаҳри Хоруғ мулоқоти тоҷирони вилояти Бадахшони Афғонистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон баргузор гардад. Дар ин вохӯриҳо асосан масъалаи тақвияти ҳамкориҳо миёни соҳибкорони ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.




          

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин қарор шуд, ки рӯзҳои 20-22-юми апрели соли 2009 дар Душанбе нахустин намоишгоҳи байналмилалии «Рушди иқтисодии Афғонистон» баргузор гардад. Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти истеҳсоли Афғонистон ба маърази тамошо гузошта шуда, дар доираи чорабинӣ вохӯрии тоҷирону соҳибкорони ду кишвар баргузор хоҳад гашт.

  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.