Дар Тоҷикистон Барномаи давлатии коркарди пурраи ашёи хоми чорво амалӣ хоҳад шуд

Душанбе. 30-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласи ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сарварии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тадбирҳои омодагӣ ва баргузории ҷашни 1310 – солагии Имоми Аъзам тасдиқ карда шуд, ки он маҷмӯи чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, аз ҷумла чопи китобҳо ва ташкили намоишгоҳҳои доимамалкунандаи китоб дар бораи рӯзгор ва эҷодиёти Имоми Аъзам, семинару конфронс ва […]

root


Душанбе. 30-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласи ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сарварии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тадбирҳои омодагӣ ва баргузории ҷашни 1310 – солагии Имоми Аъзам тасдиқ карда шуд, ки он маҷмӯи чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, аз ҷумла чопи китобҳо ва ташкили намоишгоҳҳои доимамалкунандаи китоб дар бораи рӯзгор ва эҷодиёти Имоми Аъзам, семинару конфронс ва маҳфилҳои дигари илмию оммавиро дар бар мегирад.




Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи ташаккули «Равзанаи ягона» оид ба расмиёти содиротию воридотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи генералии татбиқи

 

Консепсияи таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015, Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015, Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Қоидаҳои низоми нигаҳдории мавзеъҳои муҳофизати объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ ва Қоидаҳои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда тасдиқ карда шуданд.



Тибқи Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 қариб 2 миллион дона пӯст дар дохили кишвар коркард хоҳад шуд. Барои муқоиса бояд таъкид намуд, ки соли 2007 ҳамагӣ 6 ҳазор дона пӯст дар дохили кишвар коркард шудааст. Коркарди аввалияи пашм бошад дар соли 2015 то ба 6495 тонна расонда мешавад. Дар соли 2007 танҳо 340 тонна пашм мавриди коркарди авалия қарор гирифта буд. То соли 2015

 

корхонаҳои саноатии соҳа барқарор гардида, корхонаҳои нав низ бунёд меёбанд, то ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз пӯсту пашм ба маротиб афзун шавад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.