Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон кишти зироатҳои тирамоҳӣ ба анҷом расида, он аз 247 ҳазору 653 гектари пешбинишуда дар масоҳати 220 ҳазору
82 га
гузаронида шудааст, ки ба 88,9 дарсади нақша баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110 ҳазору
356 га
зиёдтар аст. Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ мегӯянд, ки дар сурати гарм шудани обуҳаво ва об шудани барф шояд кишт идома ёбад.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон зироати ғалладона дар 206 ҳазору 356 гектар гузаронида шудааст, ки 121,5 ҳазори онро кишти гандум ташкил дода, 71,5 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, соли равон дар ҷумҳурӣ аз ҳосили кишти тирамоҳӣ умеди калон доранд ва ният доранд, ки аз ҳар як гектар на камтар аз 30-40 сентнер ҳосил ба даст оранд. «Дар тӯли даҳ соли ахир дар чунин ҳаҷм кишти тирамоҳӣ ҳатто ба нақша гирифта нашуда буд», – афзуд сарчашма.



