Дар Кӯлоб нархи равуо дар нақлиёти мусофирбар ду баробар арзон карда шуд

0



           

Кӯлоб. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар натиҷаи чорабинии гузаронидаи шӯъбаи нақлиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб нархи равуо дар нақлиёти «тангем» ду баробар арзон карда шуд.





           

Тавре сардори шӯъба Эмомалӣ Булбулов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо назардошти арзу шикояти аҳолӣ дар бораи ба таври сунъӣ баланд бардоштани арзиши равуо дар нақлиёти мусофирбар бо ронандагони ин намуди нақлиёт вохӯриву сӯҳбатҳо доир гардид. «Акнун арзиши равуо дар нақлиёти дохили шаҳр – 50 дирам ва беруназшаҳрӣ – 60 дирам муқаррар гардид», – гуфт ӯ.


Реклама на asia+

М.Кабирӣ: : Масъалаи муҳоҷират бояд яке аз самтҳои асосии сиёсати имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон бошад

0


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Масъалаи муҳоҷирати беруна яке аз самтҳои асосии сиёсати имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон бояд бошад. Ин матлабро дар як нишасти матбуотӣ вакили парлумони кишвар, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон – Муҳиддин Кабирӣ баён намуд.




Оқои Кабирӣ мӯътақид аст, ки агар ҳамагӣ 5 дар сади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ватан баргарданд, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар бадтар гардида, дар натиҷа суботи сиёсии кишвар ба эҳтимоли зиёд барҳам зада хоҳад шуд.



Кабирӣ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон бояд як ниҳоде дар сатҳи вазорат таъсис дода шавад, то битавонад масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатиро ҳаллу фасл намуда, сиёсати давлатро дар ин самт муайян намояд.


Реклама на asia+

Вазорати рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ба таҳияи Барномаи рафъи оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ шурӯъ кард

0


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ба таҳияи Барномаи рафъи оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ шурӯъ кардааст.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати мазкур хабар доданд, гурӯҳи корӣ, ки ба он коршиносони мақомоти давлатӣ, олимону муҳаққиқони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, ҳамаи корҳоро ба анҷом расонида, феълан ин ҳуҷҷатро омода месозад.



Ба гуфтаи манбаъ, барномаи ҷадид дорои пешниҳодҳои мушаххас оид ба рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ хоҳад буд. Дар ин барнома, аз ҷумла гуфта шудааст, ки муассисоти молиявии кишвар барои рушди сохторҳои алоҳидаи бахши иқтисодӣ, аз ҷумла ширкатҳои хусусӣ, бояд қарзҳои итиёзнок пешниҳод кунанд.



Дар қисмати дуюми санад пешниҳодҳо оид ба пешгирии бӯҳрони озуқаворӣ гирд оварда мешавад. Аз ҷумла пешниҳод гардидааст, ки барои таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, фаъолияти хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ пурзӯр карда шавад. Дар ҳуҷҷати мазкур ҳамчунин дар бораи рушди бахши энергетикӣ сухан рафта, пешниҳодоти мушаххас дар бораи дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ оварда шудааст.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмӣ ба Қазоқистон меравад

0


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Қазоқистон меравад.




Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мулоқоти мазкур бо ташаббуси президенти Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев доир мегардад.



Ба мулоқот сарони кишварҳои Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон даъват шудаанд. Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Русия, президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар мулоқот ширкат нахоҳад кард.



Дар ҷараёни мулоқот сарварони давлат атрофи масоили муҳими рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, мушкилоти марбут ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, пешгирии падидаҳои ногувори он ва андешидани тадбирҳо алайҳи бидуни назорат реша давонидани оқибатҳои он дар минтақа табодули назар хоҳанд кард.


Реклама на asia+

Палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд

0


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷараёни иҷлосияи 17-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, даъвати сеюм, аъзоёни палатаи болоии парлумон, тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд.





 

Зимни суханронӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ – Маҳкам Маҳмудов қайд намуд, ки дар асоси тағйироту иловаҳои ба Кодекси ҷиноии кишвар воридшуда, минбаъд шахсоне, ки ба ҷумҳурӣ маводи доруии пастсифат, қалбакӣ ва мӯҳлати истифодаашон гузаштаро ворид месозанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Шахсони воқеъиву ҳуқуқие, ки ба ин амал даст мезанад, ҷаримаи пулӣ дар ҳачми аз 17-у ним то 35 ҳазор сомонӣ ситонида шуда, ё ба мӯҳлати то 2 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.



Ғайр аз ин, минбаъд, шахсони соҳибмансабе, ки ғайриқонунӣ ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва ё шахсони бешаҳрвандӣ, шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро медиҳанд, то 5 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.




 

Дар асоси тағйироту иловаҳои нави ба Кодекси ҷиноятӣ воридгардида, барои убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ҷазои сахттаре пешбинӣ шудааст. Акнун барои содир намудани ин амал, марзшиканон, аз 17 ҳазору 500 то 35 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт мекунанд, ё аз 2 то 5 сол равонаи зиндон мешаванд.

   



Реклама на asia+

Ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Белорус густариш меёбанд

0



           

Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи ҷаласаи шашуми комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Белорус миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва шӯъбаи Палатаи савдо ва саноати Мински Белорус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқоти раисони палатаҳои номбурда Шариф Саид ва Александр Федорчук масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар бахшҳои саноат ва соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




           

Ба иттилои манбаъ, зикр гардид, ки ба Тоҷикистон аз ин кишвар таҷҳизоти техникии гуногун, тракторҳо, воситаҳои дигари нақлиёт, мебел, шакар ва ғайра ворид мегардад. Белорус ба воридоти алюминий, пахта, меваҷоту сабзавот аз Тоҷикистон мароқ зоҳир мекунад.


Реклама на asia+

Тоҷикистону Ҳиндустон дар бораи сарфи назар кардани андозбандии дубора созишнома ба имзо расониданд

0



              

Душанбе. 19-уми декабр. – Дар шаҳри Деҳл


ӣ


созишномаи Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ва Ҳукумати


Ҷ


умҳурии Ҳиндустон «Дар бораи сарфи назар кардани андозбандии дубора ва пешгирии саркаш


ӣ


аз пардохти андози даромад» имзо карда шуд. Созишномаро аз


ҷ


ониби То


ҷ


икистон муовини вазири молия


Ҷ


амшед Норинов имзо кард.





              

Вай баъди ан


ҷ


оми маросими имзои созишнома зикр намуд, ки То


ҷ


икистон баъди ба даст овардани истиқлолияташ муносибатҳо ва ҳамкориро бо мамлакатҳои хори


ҷ


ӣ


ва созмонҳои м


ӯ


ътабари минтақавию байналхалқ


ӣ


вусъат медиҳад. Ин шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати То


ҷ


икистон сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифтааст.




             

Умед аст, ки имзои созишнома ба рушди муносибатҳои иқтисодию ти


ҷ


оратии ҳар ду кишвар нер


ӯ


и тоза хоҳад бахшид, гуфт


Ҷ


.Норинов.




              

Маблағи хариду фур


ӯ


ши мол дар байни То


ҷ


икистону Ҳиндустон соли 2007 -ум 15,51 миллион доллари ИМА ва дар давоми 9 моҳи соли 2008 – ум 38 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Имрӯз Анҷумани якуми фитотерапевтҳо ва фитофармакологҳои Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад

0


      


Душанбе


. 19-


уми




декабр


.


ОИ


«


Азия





Плюс


» –


Имрӯз




Анҷумани




якуми




фитотерапевтҳо




ва




фитофармакологҳои




То


ҷ


икистон




ба




кор




шурӯъ




мекунад








Анҷуман




аз




ҷониби




Маркази




ҷ


умҳуриявии




тибби




халқ


ӣ




дар




якчояг


ӣ




бо




Институти




байналмилалии




ом


ӯ


зиши




осори




Ибни




Сино




ва




фармакология


(


ИБООИС


)


созмон




дода




шуда


,


бешубҳа


,


маъракаи




муҳими




илмии




сатҳи




чаҳон


ӣ




ба




ҳисоб




меравад


.

      


Дар ан


ҷ


уман иштироки олимони варзида аз кишварҳои хори


ҷ


ӣ


, аз


ҷ


умла Россия, Америка, Франсия, Чин ва ғайра дар назар аст.

      Дар мақолаҳои илмии ан


ҷ


уман, ки дар ма


ҷ


м


ӯ


аи «Масъалаҳои фитотерапия ва фитофармакология»


ҷ


ой гирифтаанд, чунин масъалаҳои муҳими тибби муосир, ба монанди масъалаҳои умум


ӣ


ва


ҷ


узъии фитотерапия, вазъи ҳозираи тибби халқии то


ҷ


ик, ҳамчунин дастовардҳо ва масъалаҳои ҳалталаби фитофармакологияи то


ҷ


ик мавриди баррас


ӣ


қарор дода шудаанд.

     Қариб дар аксари мақолаҳои олимони хори


ҷ


ӣ


ҳамкорон – олимони то


ҷ


ик, кормандони Маркази


ҷ


умҳуриявии тибби халқ


ӣ


мебошанд, ки ин аз дастовардҳои илмии Марказ дарак медиҳад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Реклама на asia+

Дирӯз дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар ҷаласаи Шӯрои палата баргузор гардид

0


Душанбе. 18-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар таҳти раёсати Раиси палатаи болоии парлумон – Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои палата баргузор гардид.





 

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ – Шавкат Саидов хабар дод, дар он бо тасдиқи рӯзнома аз тарафи аъзоёни Шӯро 36 масъалае, ки аз зумраи Қонунҳои нав ва тағийроту иловаҳо ба як қатор Қонунҳои амалкунандаи кишвар бо мақсади мукаммалгардонии онҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баъд аз қабул, ба баррасии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.



             Дар ҷаласа аъзои Шӯро оид ба баррасии рӯзномаи иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллӣ шомил намудани онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд, ки имрӯз дар иҷлосия, аъзои Маҷлиси миллӣ нисбати ҳар кадоми онҳо мавқеи хешро муайян месозанд.

Реклама на asia+

Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз $4 млрд. 300 миллионро ташкил дод

0


Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 11 моҳи соли 2008 муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ ва гази табиӣ беш аз 4 млрд. 300 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 дарсад зиёдтар аст.

 







Ба иттилои сарчашма, тавозуни савдо манфӣ буда, он ба $1млрд. 640 миллион баробар шудааст.



Содироти мол ба $1 млрд. 330 млн. млн. баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,7 дарсад коҳиш ёфтааст.



Воридоти мол $2 млрд. 970 миллионро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-ноябри соли 2007

 

ба андозаи 0,8 дарсад афзудааст.



Тоҷикистон дар ин давра бо 11 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва 85 давлати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дошт.



Ба қавли муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфов, сарфи назар аз коҳиши нархи молҳои асосии содиротии Тоҷикистон – алюминий ва нахи пахта, тавозуни савдои кишвар хисорот нахоҳад бардошт. Ҷ.Юсуфов мегӯяд, ки нархи маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон низ коҳиш меёбад. «Моҳҳои ахир дар кишварҳое, ки ба Тоҷикистон маҳсулот ворид месозанд, нархи маҳсулоти нафт (50 дарсад), зироати ғалладона ва гандум ба поин рафт ва ҳамин тариқ, тавозуни пардохти ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ мемонад», – афзуд ӯ.


Реклама на asia+