Дар Кӯлоб орд арзон шуд, вале арзиши хизматрасонии нақлиёт боло рафт

0



           

Кӯлоб. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯзҳо дар шаҳри Кӯлоб як халтаи 50-килограммаи ордро ба 100 сомонӣ харидан мумкин аст ва ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду ҳафта пештар арзиши он 10-15 сомонӣ бештар буд.





           

Тавре коршиносони маҳаллӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор доштанд, коҳиши арзиши орд ба кам шудани арзиши маводи сӯзишворӣ, афзоиши воридоти орд аз Қазоқистон ва беҳтар шудани фаъолияти комбинати истеҳсоли маҳсулоти ордии шаҳр марбут аст.




           

Сарвари корхонаи мазкур Абдусалом Грезов мегӯяд, ки ҳукумати Қазоқистон бо истеҳсолкунандагони зироати ғалладонаи кишвар бобати харидории 2000 тонна маҳсулот шартнома ба тасвиб расонидааст. «Аз ин миқдор дар корхона орд тайёр карда шуда, он бо арзиши 86 сомонӣ барои як халта орд ба фурӯш бароварда мешавад», – гуфт ӯ.




           

Дар ҳамин ҳол, коҳиши нархи маводи сӯзишворӣ ба арзиши хизматрасонии нақлиёт ҳеҷ таъсире нагузоштааст. Ҳарчанд нархи бензин поин рафта бошад ҳам, вале арзиши равуо дар нақлиёт мисли пешин боқӣ мондааст ва гузашта аз ин, қимат ҳам шудааст.


Реклама на asia+

Дар пойтахти Бозиҳои Олимпии зимистонаи соли 2014 қомат афрохтани меҳмонхонаи «Душанбе» аз эҳтимол дур нест

0


Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар машварати навбатии нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), ки ҳафтаи сипаригашта дар пойтахти Русия доир гашт, сарвазир ин кишвар Владимир Путин изҳор доштааст, ки дар пойтахти Бозиҳои Олимпии зимистонаи соли 2014 – шаҳри Сочи кишварҳои узви иттиҳод (Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) имкон доранд, меҳмонхона бунёд созанд.





           

Ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» В.Путин гуфтааст, мо ба кишварҳои иттиҳод пешниҳод дорем, ки дар наздикии боғи олимпӣ ҳар кадоме меҳмонхона бунёд сохта, онро ба унвони пойтахти кишварашон номгузорӣ намоянд.




           

Ба ақидаи В.Путин, ин лоиҳа на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати гумнитарӣ низ муҳиму манфиатбахш аст. «Дар маркази бозиҳо маҷмӯи меҳмонхонаҳое қомат хоҳанд афрохт, ки меҳмононро бо фарҳанги ғании кишварҳои ҳамсояи мо ошно хоҳанд кард», – афзудааст нахуствазири Русия.


Реклама на asia+

Ҳамрохон Зарифӣ дар мулоқоти Париж оид ба вазъи Афғонистон иштирок кард

0



           

Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар қароргоҳи Вазорати умури хориҷии Фаронса дар мавзеи Сел Сен Клу дар машварати бахшида ба мавзӯи ҳамкориҳои минтақавии Афғонистон бо кишварҳои ҳамҷавор ширкат варзид. Машварати мазкурро Фаронса ҳамчун Раисикунандаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо созмон дод.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев хабар дод, Ҳ.Зарифӣ бо даъвати вазири умури хориҷии Фаронса Бернар Кушнер ба ин машаварат омадааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ,

 

дар кори машварат вазири умури хориҷии Афғонистон, намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, намояндагони кишварҳои Олмон, Бритониёи Кабир, Ҳиндустон, Италия Русия, Амрико ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистон иштирок карданд.




 

Реклама на asia+

Корпоратсияи савдо ва саноати Сан-Баои Чин дар Тоҷикистон корхонаи сементбарории иқтидораш 1 миллион тонна бунёд мекунад

0


Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсияи савдо ва саноати Сан-Баои Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон корхонаи сементбарории иқтидораш 1 миллион тонна бунёд кунад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ин ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ дирӯз дар ҷараёни вохӯрии раиси палата Шариф Саид бо ҳайати корпоратсияи чиноии Сан-Бао ба сарварии муовини сарвари кулли корпоратсия – Гао Чжизун баррасӣ гардид.



Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни сафар намояндагони ширкати чиноӣ мавзеъи сохтмони корхонаи сементро муайян намуда, бо шароитҳои маҳаллӣ шинос хоҳанд гашт.



Дар ҷараёни мулоқот қайд гардид, ки заминаи ҳуқуқӣ барои татбиқи ин лоиҳа – Созишнома дар бораи бунёди корхонаи семент дар Тоҷикистон мебошад, ки аз тарафи раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, президенти Корпоратсияи савдо ва саноати Сан-Баои Синзян ва раиси ширкати байналмилалии захиравии Синзян дар ярмаркаи Урумчӣ ба тасвиб расид. Мувофиқи ин санад, корхонаи семент пурра аз ҳисоби маблағҳои ҷониби Чин бунёд хоҳад ёфт.

   



Реклама на asia+

Дар Минск лоиҳаи қарор дар бораи созмонҳои ветерании кишварҳои узви ИДМ баррасӣ мешавад

0


Душанбе. 13-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷаласаи дуюми гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқаи лоиҳаи Қарор дар бораи созмонҳои ветераниии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пасфардо дар шахри Минск баргузор мешавад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мушовири хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳод – Мария Гутсало хабар дод, дар ҷаласа масоили вобаста ба ташкили сохторҳои давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои собиқадорон дар кишварҳои узви Иттиҳод ва расонидани кӯмакҳои молиявӣ аз тарафи давлат ба онҳо баррасӣ мегардад.



Ба гуфтаи хонум Гутсало, ба лоиҳаи мазкур ҳамчунин пешниҳодҳо ба Шӯрои ҳамоҳангсозии Иттифоқи байналмилалии «Иттиҳоди ташкилотҳои ҷамъиятии собиқадорони давлатҳои мустақил» ҷиҳати идомаи ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои иқтисодии собиқадорон, фаъол намудани корҳо оид ба тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон, ифшои таҳрифгарони таърихи рушди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид гардидааст.




 

Баъди мувофиқаи комил, санади мазкур барои баррасӣ ба Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳод пешниҳод мегардад.

 





 

Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон корхонаи нави дӯзандагии Тоҷикистону Чин ба кор даромад

0



           

Душанбе. 13-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Душанбе корхонаи нави дӯзандагии Тоҷикистону Чин ба кор даромад.





           

Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Тоҷинисо Азизова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, корхонаи мазкур дар заминаи фабрикаи дӯзандагии «Ёқут-2000»-и шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо шикарти чиноии «Ви Ҷи» таъсис дода шудааст. «Дар марҳилаи аввал фаъолияти корхона ба дӯхтани либосҳои низомӣ нигаронида хоҳад шуд ва соли оянда кушодани сехҳои тайёр кардани сарулибоси бачагона ва мактабӣ ба нақша гирифта шудааст», – гуфт ӯ.




           

Т.Азизова афзуд, ки феълан дар корхона 90 нафар машғули кор буда, соли оянда то 360 нафар афзудани шумори коргарон дар назар аст.


Реклама на asia+

Фурсати муносиби эътирози шадид нисбат ба куштори бераҳмонаи ҳамватанон дар Русия қаблан аз даст рафта буд, – назари сиёсатшиноси тоҷик

0


             Душанбе. 13-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» = Раиси ассосиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон – Абдуғанӣ Мамадазимов гуфт, ҳалокати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар иншооти сохтмонӣ ва ё қатли онҳо ба дасти миллатгароёни рус мояи нигаронии амиқи мардуми мо шудааст. «Вале, мутаассифона, мардуми тоҷик фурсати нишон додани манзалату ҳамбастагии худро нисбат ба чунин ҳодисаҳои фоҷиавӣ аз даст додаанд», – изҳор дошт ӯ.





 

Мамадазимов дар сӯҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» гуфт, ҳангоме ки моҳи феврали соли 2004 аз Санкт-Петербург ҷасади духтараки ноболиғ Хуршеда Султонова ба Душанбе интиқол гардид, онро мебоист ҷамъияти зиёди мардуми мо, бо сарварии вазири корҳои дохилӣ ё умури хориҷа ва ё беҳтараш нахуствазири мамлакат пешвоз мегирифт. Ва низ ба фурудгоҳ мебоист сафири Русия дар Тоҷикистон даъват мешуд.



Коршинос мӯътақид аст, ки агар он вақт дар фурудгоҳи Душанбе аз 5-10 ҳазор одам зиёд ҷамъ мешуд ва агар он ҷо муҷассамае ба хотираи қурбониёни бегуноҳи муҷоҷират мегузоштанду воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон куштори духтараки бегуноҳро ба таври васеъ инъикос мекарданд, имрӯз шояд вазъият дигар мебуд ва тобутҳо низ камтар ба кишвар ворид мешуданд. «Дигар ҳар нафаре пеш аз азобу шиканҷа ё қатли тоҷики бегуноҳ лаҳзае хашму эътирози як миллати бутунро пеши назар меовард», – гуфт сиёсатшинос.



Дар робита ба нотаи эътирозие, ки дирӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бастагӣ ба куштори ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷик дар Русия ироа кард, Абдуғанӣ Мамадазимов гуфт, ки кор танҳо бо ироаи як нотаи расмӣ ба анҷом нахоҳад расид.




 

Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пунбадона ба анҷом расид

0


Душанбе. 13-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз дар Тоҷикистон аз 552 ҳазор тоннаи мувофиқи нақша пешбинишуда 349 ҳазору 22 тонна ё худ баробари 63,2 дарсад ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ гардид. Ҳамин тариқ, соли ҷорӣ маъракаи ҷамоварии пахта дар ҷумҳурӣ ба анҷом расид.




Тавре сардори шӯъбаи зироати ғалладона ва техникии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Муҳаммадӣ Ормонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, коҳиши 40 дарсади нархи нахи пахта дар биржаи пахтаи Ливерпул метавонад ба истеҳсолкунандагони ватанӣ таъсири манфӣ дошта бошад.



Ба қавли ӯ, барои пешгирии чунин таъсири манфӣ зарурат пеш омадааст, ки коркарди пурраи пахта дар дохилӣ ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад. «Сарвари давлат супориш дод, ки дар зарфи 2-3 сол то 80 дарсади коркарди пурраи пахта дар дохили кишвар роҳандозӣ гардад ва бо амалӣ гаштани ин иқдом дар дохили худи ҷумҳурӣ харидор пайдо гашта, нархи фурӯши маҳсулот ба хориҷ 2-3 баробар зиёд хоҳад шуд», – гуфт ӯ.



Дар посух ба суол дар мавриди коҳиши нархи ҷаҳонии нахи пахта ва ба ин иллат кам кардани масоҳати заминҳои кишти пунбадона, номбурда зикр кард, ки пахта барои Тоҷикистон зироати стратегӣ боқӣ хоҳад монд ва кам кардани заминҳои кишт пешбинӣ нашудааст. «Заминҳои кишти пахтаро метавон барои кишти гандум истифода намуд, вале хароҷоти он нисбат ба нархи содиротии гандум зиёдтар мешавад, – изҳор дошт ӯ. – Аз ин рӯ, барои мо хубтар аст, ки пахта кишт карда, аз маблағи фурӯши он ба ҷумҳурӣ гандум ворид созем».



Дар мавриди таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба фаъолияти хоҷагиҳои пахтакор М.Ормонов зикр кард, ки ҷиҳати пешгирии хисороти молии кишоварзон Вазорати кишоварзӣ пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби давлат барои харидани пахта аз деҳқонон маблағҳо ҷудо карда шавад. «Мутахассисони вазорат муайян карданд, ки нархи миёна барои як тонна нахи пахта 600-700 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, вале бояд дар назар дошт, ки тибқи қарори ҳукумати кишвар, хоҷагиҳои пахтакор дар фурӯши маҳслоти худ озоданд», – афзуд намояндаи вазорати кишоварзӣ.



Мувофиқи маълумоти биржаи молу ашёи хоми Ҷумҳурии Тоҷикистон, чанде қабл нархи 1 тонна нахи пахта дар биржаи пахтаи Ливерпул 1 ҳазору 223 доллари амрикоиро ташкил додааст ва ин дар ҳолест, ки 3-4 моҳ пештар он ба 1 ҳазору 800 доллари ИМА баробар буд. Нарх ба нахи пахтаи маҳиннах бетағйир – 1 ҳазору 620 доллари ИМА барои як тонна боқӣ мемонад.



Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ миқдори содироти нахи пахта дар ҳаҷми умумии молҳои содиротӣ 7,2 дарсадро ташкил дода, он дар ҳаҷми 67 ҳазор тонна ба маблағи $89,5 млн. ба хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда шудааст. Дар ин давра нархи миёнаи нахи пахта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи $221 афзуда, $1 ҳазору 336 барои 1 тоннаро ташкил додааст.



Дар ҳамин ҳол, аз биржаи молу ашёи хоми ҷумҳурӣ хабар доданд, ки моҳи ахир пахтаи Тоҷикистон тавассути ин биржа ба хориҷи кишвар содирот нашудааст ва ба василаи роҳҳои дигар миқдори начандон зиёд ба фурӯш рафтааст.



Ёдрас мекунем, ки соли гузашта тухми пунбадона дар майдони 254 ҳазору


279 га

кишт шуда, 419 ҳазору 597 тонна ё худ 76,3 дарсад ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда шуд. Соли равон бошад, дар масоҳати 253 ҳазор га кишти пунбадона гузаронида шуда, тибқи нақша ба даст овардани 552,2 ҳазор тонна ҳосили пахта пешбинӣ гардида буд. Соли оянда кишти ин зироати муҳими стратегӣ дар майдони 250 ҳазор га ба нақша гирифта шудааст.




 

Реклама на asia+

Ш.Салимзода: Тӯли ду сол дар ҳама сохтор, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ҳодисаҳои марбут ба коррупсия ошкор гардид

0


Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар мизи мудаввар бахшида ба мавзӯи «Таҷрибаи

 

мамлакатҳои

 

Аврупо

 

ва

 

Осиёи

 

Марказӣ

  

дар

 

бобати

 

истифодаи

 

агентиҳои

 

махсуси мубориза ба

 

муқобили

 

ришвахӯрӣ» директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода қайд кард, ки бояд ҳамаи мансабдорони давлатӣ таҳти назорату санҷиш қарор дошта бошанд.




Ба гуфтаи ӯ, тӯли ду соли фаъолият дар ҳама сохторҳо, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ҳодисаҳои марбут ба коррупсия ошкор гардиданд. «Масалан, ҳангоми гирифтани пора мо муфаттиши додситонии куллро боздошт намудем», – гуфт ӯ.



Дар кори мизи мудаввар ҳамучунин намояндагони мақомоти зиддифасоди кишвари Литва низ ширкат варзида, оид ба таҷрибаи хеш дар ин росто ҳарф заданд. Зудрунас Барткус, корманди Хадамоти тафтишоти махсуси Литва изҳор дошт, ки мақомоти онҳо муддати 11 сол аст, ки фаъолият дорад, вале ягон дафъа дар мақомоти олии ҳокимият ҳодисаҳои коррупсиониро ошкор кардан муяссар нашудааст. Дар ҳамин ҳол, ӯ эътироф кард, ки ваколатҳои агентии зиддифасоди Тоҷикистон нисбат ба хадамоти онҳо хеле васеъ аст. «Аз ин рӯ, натиҷаҳои кори агентӣ низ бояд пурсамартар бошанд», – афзуд ӯ.


Реклама на asia+

Вазорати рушди иқтисод: Тоҷикистон оқибатҳои бӯҳрони молиявиро дар мавсими киштукори баҳорӣ эҳсос хоҳад кард

0


Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷараёни мизи мудавваре, ки бо ташаббуси Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ташкил гардид, сармутахассиси шӯъбаи макроиқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Зӯҳро Мӯсоева чунин изҳори ақида намуд, ки то ахири сол Тоҷикистон оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳониро эҳсос нахоҳад кард.




З.Мӯсоева бар чунин назар аст, ки бӯҳрони молиявӣ ба нархи ашёи хоми содиротии ҷумҳурӣ – пахтаву алюминий таъсири манфӣ хоҳад гузошт ва мутаносибан ҳаҷми даромад ба буҷа низ коҳиш хоҳад ёфт. Дар идомаи ибрози ақидаи худ мавсуф чунин баён дошт: «Дар сурати коҳиш ёфтани талабот ба содироти маҳсулоти асосии ҷумҳурӣ моро лозим аст, роҳҳои истифодаи онро дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монем ва барои ин таҷҳизоту технолдогияи ҷадидро дар корхонаҳои ҷумҳурӣ мебояд насб кард. Ҳамзамон ба таҳкими маблағгузории бахши воқеии иқтисод таваҷҷӯҳи хос зоҳир кардан зарур аст. Агар мо фаъолияти истеҳсолоти саноати бофандагиро хуб ба роҳ монда, моли хушсифат тавлид созем, он дар бозори хориҷӣ низ харидор пайдо намуда, ҳамчунин барои муҳоҷироне, ки ба ватан бармегарданд, ҷойи корӣ фароҳам месозем ва буҷаро низ ғанӣ хоҳем гардонд».



Номбурда зикр кард, ки дар назди вазорат гурӯҳи кории зиддибӯҳронии байниидоравӣ таъсис ёфтааст ва он пас аз омӯзиши дақиқи бахши иқтисоди ҷумҳурӣ, ба ниҳодҳову сохторҳои дахлдор ҷиҳати то ҳадди ақалл кам кардани оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод хоҳад кард.



Дар мавриди тавсияҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба кам кардани хароҷот барои сохтмони иншоотҳои бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун, З.Мӯсоева изҳор дошт, ки маблағгузории чунин иншоот соли гузашта ё аввали ҳамин сол ба нақша гирифта шудааст ва барои татбиқи он дар буҷа воситаҳо пешбинӣ шудаанд. «Аз ин рӯ, шояд назорати истифодаи мақсадноки маблағҳоро мебояд пурзӯр намуд», – гуфт ӯ.



Намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ афзуд, ки Тоҷикистон оқибатҳои бӯҳрони молиявиро дар мавсими киштукори баҳорӣ эҳсос хоҳад кард, зеро он замон барои харидани маводи сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва дигар лавозимоти зарурии мавсими киштукор бевосита маблағҳо лозим мешаванд.


Реклама на asia+