Сарвари давлат ба кори агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» оғоз бахшид

0



           

Душанбе. 5-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.





           

Зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки сохтмони ин иншоот ҳанӯз дар даврони шӯравӣ шурӯъ гардида, вале бо сабабҳои маълум ба муддати якчанд сол мавқуф гузошта шуда буд.




           

Сарвари давлат ҳамчунин баён дошт: «Хушбахтона, пас аз ба имзо расидани созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия сохтмони он идома ёфт ва ин иншоот лоиҳаи бузургтарини сармоягузорӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки бо иштироки маблағгузории Русия ва ширкатҳои он амалӣ мегардад. Татбиқи лоиҳаи мазкур аз ҳамкории густарда ва шарикии стратегии кишварҳо гувоҳӣ медиҳад».




           

Ба гуфтаи сарвари давлат, аз оғози ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳ, дар ин ҷо 840 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки баҳри бартараф сохтани норасоии барқ дар ҷумҳурӣ як каме бошад ҳам, мусоидат намудааст.




           

«Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати саввуми нерӯгоҳ, истифодаи босамару оқилонаи захоири обӣ хубтар ба нақша гирифта шуда, таъмини боэътимоди низоми энергетикии ҷумҳурӣ беҳтар хоҳад шуд», – таъкид сохт Э.Раҳмон ва афзуд, ки бо ба кор даромадани агрегати чоруми нерӯгоҳ иқтидори он ба истеҳоли 2,7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар хоҳад шуд.




           

Дар суханронии худ Э.Раҳмон бори дигар таъкид сохт, ки Тоҷикистон ба сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои сохтмони иншооти бузурги энергетикӣ афзалияти бештар дода, таваҷҷӯҳи хос зоҳир месозад ва татбиқи лоиҳаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дурустии сиёсати пешгирифтаи раҳбарияти ҷумҳуриро дар ин самт собит меозад.






Маълумотнома:





Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Реклама на asia+

Додгоҳи иқтисодии ИДМ аз замони таъсисёбӣ 90 парвандаро мавриди баррасӣ қарор додааст

0



           

Душанбе. 5-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз замони таъсисёбӣ (аз 6-уми ибли соли 1992) то ин дам Додгоҳи иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 90 парвандаро мавриди баррасӣ қарор додааст.





           

Дар як нишасти хабарӣ раиси Додгоҳи иқтисодии ИДМ Файзулло Абдуллоев изҳор дошт, ки инчунин 5 парвандаи марбут ба баҳси иқтисодии миёни давлатҳо низ баррасӣ шудааст.




           

Ба қавли ӯ, айни замон дар назди ин додгоҳ маркази байнулмилалии танзими баҳсҳо ташкил карда шудааст, ки ба соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ҷиҳати ҳалли баҳсҳо дар фаъолияти хориҷӣ ба он муроҷиат намоянд.




           

Ф.Абдуллоев афзуд, ки Марказ аз ду палата – палатаи ҳакамон ва миёнаравон иборат аст. «Палатаи ҳакамон аслан додгоҳи ҳакамӣ аст ва ба дӯши палатаи миёнаравон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург воқеъ аст, ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ вогузор гаштааст», – гуфт ӯ.


Реклама на asia+

Пирӯзии Барак Обама

0

 



 


          

Душанбе. 5-уми ноябр – Тибқи охирин хабарҳо, номзади Ҳизби Демократи ИМА Барак Обама дар интихоботии кишвар пир


ӯ


з гардида, президенти нави Амрико интихоб шуд.




Номзади демократҳо Барак Обама рақиби худ номзади


ҷ


умҳурихоҳон


Ҷ


он Макейнро шикаст дода, президенти нави Амрико интихоб шуд.



Тибқи шумориши “экзит-пол” ё пурсиши интихобкунандагон баъд аз раъйдиҳ


ӣ


ва ба истилоҳ нати


ҷ


аҳои инъикос


ӣ


Обама дар аёлати худ Иллинойс ва ҳамчунин аёлатҳои Пенсилвания, Массачусетс, Ню


Ҷ


ерс


ӣ


, Ню Ҳемпшир, Делавар, Оҳайо, Калифорния пир


ӯ


з гашт ва ғалабаи


ӯ


таърих


ӣ


шумурда мешавад. Ба ин тариқ вай раъйи зиёда аз 270 вакили интихоботиро ба даст меорад. Обамаи 47-сола аввалин президенти сиёҳп


ӯ


ст ва 44-умин раиси


ҷ


умҳури Амрико мешавад.



Рақиби


ӯ


аз Ҳизби


Ҷ


умҳурихоҳ


Ҷ


он Маккейн шикасти худ дар интихоботро расман эътироф намуда, дар як суҳбати телефон


ӣ


рақибаш Барак Обамаро бо пир


ӯ


з


ӣ


табрик кард


.

Реклама на asia+

Ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли комбайн бунёд карданианд

0


Душанбе. 5-уми ноябр – Як ширкати эронӣ ба таъсиси корхонае муштарак бо Тоҷикистон барои тавлиди мошинхои дарав ва хирманкӯбӣ ибрози алоқамандӣ кардааст.




Бозаргонон ва соҳибони корхонаҳои давлатӣ ва хусусии Эрон, ки барои ширкат дар намоишгоҳи байналмилалии “Агрофуд” вориди Душанбе шудаанд, рӯзи сешанбеи 4 ноябр, дар ҷамъи хабарнигорон гуфтанд, ки дар канори ироаи колоҳо ба ин намоишгоҳ қасд доранд мавзӯъи таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистонро бо мақомоти тоҷик матраҳ кунанд.



Ҳамид Ризо Султонӣ, раиси ширкати “Агротех Хуросон”-и Эрон таъкид кард, ки намояндагони ин ширкат дар зарфи ду соли ахир бозори фурӯши таҷҳизоти фаннӣ, бо шумули кумбойнҳо ё мошинхои дарав ва хирманкубӣ барои бахши кишоварзии Тоҷикистонро пажӯҳиш кардаанд.



Ба гуфтаи оқои Султонӣ, дар шароити феълӣ муҷтамаъҳои кишоварзии Тоҷикистон ба троктур ва кумбойнҳое, ки маводди сӯхтӣ камтар масраф карда ва қиматашон чандон гарон нест, бештар ниёз доранд.



Гуфта мешавад, ҳоло дар мазореъи кишоварзии Тоҷикистон умдатан аз кумбойнҳои сохти Русия ва Чин истифода мешавад ва ширкати эронӣ дар садад аст дар ин бозор вориди рақобат шавад.



Ҳамид Ризо Султонӣ гуфт, ки бо миёнҷигарии “Агроинвестбонк”-и Тоҷикистон бонкҳои Эрон ба тоҷирон ва кишоварзони тоҷик барои харидории кумбойни мудели “Ҷондиер”-и ин кишвар вомҳои бо баҳраи то хафт дарсад ихтисос додаанд.



Гуфта мешавад то ҳол бархе аз муҷтамаъҳои кишоварзии Тоҷикистон кумбойни “Ҷондиер”-ро харидорӣ карда ва кишоварзони тоҷик аз наҳваи кори он ибрози қаноъатмандӣ кардаанд.



Аз ин лиҳоз, ширкати “Агротех Хуросон”-и Эрон дар садад аст дар Тоҷикистон корхонаи муштараки тавлиди кумбойнро таъсис кунад.


Реклама на asia+

Имрӯз шабакаи нави радиои «Фарҳанг» ба фаъолият шурӯъ мекунад

0



                 





 



Душанбе. 5-уми ноябр – Фазои иттилоотии Тоҷикистонро боз як шабакаи нави радио пурра месозад. Имрӯз дар мавҷи 106,5


FM


радиои «Фарҳанг» ба фаъолият шурӯъ мекунад.



Радиои мазкур баъди радиоҳои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Овози Тоҷик» чаҳорумин шабакаи давлатии радиоӣ буда, минбари аҳли фарҳангу зиёиёни тоҷик хоҳад буд. Радиои мазкур бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радио таъсис ёфта, аз сиёсати фарҳангдӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҷлили 1150-солагии устод Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон гардидани соли 2008, мебошад. Тӯли 24 соат гуфтору барномаҳо, гузоришу мусоҳибаҳо бо олимону донишмандон ва ҳунармандону адибон пешниҳоди шунавандагон гардида, баъди ҳар 3 соат ахбори фарҳангӣ садо медиҳад.




                 



Радиои «Фарҳанг» натанҳо муаррифгари таъриху адабиёту фарҳанг ва ҳунармандони ақвоми ориёӣ, балки тамоми халқҳои сайёра мебошад. Барномаҳои «Меҳрнома», «Авесто», «Рози суфӣ», «Тозанашр», «Асрори коинот», «Сафои шеър», «Сӯҳбати соҳибдилон», «Ахтарони адаб», «Тафсири Табарӣ», «Луғатнома», «Таронаҳои қарни XX», «Ғалат мегӯем», «Тибби Шарқ», «Чеҳраҳои намоёни таърих» теъдоде аз гуфтору барномаҳое мебошанд, ки тариқи шабакаи «Фарҳанг» садо медиҳанд.


Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.




Реклама на asia+

Зоирини нахустини тоҷик нимаи аввали моҳи ноябр ба Арабистони Саъудӣ раҳсипор хоҳанд гашт

0


           Хуҷанд. 4-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – 5 ҳазору 200 тан аз зоирини хонаи Худо аз Тоҷикистон ба шаҳри Ҷидда, аз сӯи як ширкати ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ, тавассути тайёраи навъи «TRISTAR L – 1011»-и сохти Амрико мунтақил хоҳанд шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Пдюс» сармутахассиси Сарраёсати дини вазорати фарҳанги кишвар – Юнус Шарифов хабар дод.




Ба гуфтаи ӯ, тибқи нақша, парвози нахустин 17-уми ноябр анҷом хоҳад пазируфт ва қарор аст, тавассути 14 парвоз ҳамаи зоирин аз Душанбе ва Хуҷанд ба Арабистони Саудӣ интиқол дода шаванд. Дар ҳар як парвоз то 360 нафар ба шаҳри Ҷидда, воқеъ дар 80 километрии Макка расонда мешаванд.


Реклама на asia+

Президент ба кори агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда» оғоз мебахшад

0



           

Душанбе. 4-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки пагоҳ маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» баргузор мешавад.




Дар ҳамин ҳол, 27-уми октябри соли ҷорӣ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев имзҳор дошта буд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва оғози воридоти барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ, аз 1-уми ноябр ҳаҷми интиқоли он ба минтақаҳои кишвар афзуда ва аз ин ба баъд аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳамарӯза ду соат бештар – 4 соат субҳ ва 4 соат шом бо барқ таъмин карда хоҳанд шуд.




           

Ёдрас мекунем, ки агрегати аввали нерӯгоҳ 20 январи соли ҷорӣ ва дуввум моҳи июли соли ҷорӣ ба кор даромад. Айни ҳол агрегатҳо бо иқтидори 150 то 200 мегават дар як шабонарӯз кор мекунанд.






Маълумотнома:









Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон роҳбари гурӯҳи кории Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

0


Душанбе. 4-уми ноябр – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон Роҳбари гур


ӯ


ҳи кории Хазинаи байналмилалии асъор оид ба То


ҷ


икистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.




Дар вох


ӯ


р


ӣ


масоили ҳамкории имр


ӯ


за ва ояндаи То


ҷ


икистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии


ҷ


аҳон


ӣ


баррас


ӣ


шуд.



Аксел Шиммелпфенниг ба сарвари давлат оид ба нати


ҷ


аҳои татбиқи Барномаи мониторинги Хазинаи байналмилалии асъор ва рафти сан


ҷ


иши фаъолияти Бонки Миллии То


ҷ


икистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи То


ҷ


ик» ва ШСХК «Барқи То


ҷ


ик» ахбор дод.



Аз


ҷ


араёни татбиқи Барномаи мониторинги Хазинаи байналмилалии асъор, ки мутобиқи нақша бояд то моҳи декабри соли равон ба ан


ҷ


ом расад, изҳори қаноатманд


ӣ


карда шуд ва таъкид гардид, ки гуфтушунидҳо барои гузаштан ба Барномаи нави ҳамкор


ӣ


оид ба паст намудани сатҳи камбизоат


ӣ


ва мусоидат ба рушди иқтисодии То


ҷ


икистон аллакай оғоз ёфтааст.



Ба андешаи Аксел Шиммелпфенниг То


ҷ


икистон дар

 

таъмини рушди иқтисод


ӣ


, тақвияти бу


ҷ


ети давлат


ӣ


ва зиёд намудани захираҳои байналмилалии молиявии худ нати


ҷ


аҳои намоёнро ба даст овардааст.

   




Ҳарду


ҷ


ониб аз рафти барқароршавии фазои мусоиди рушди ҳамкор


ӣ


байни

 

То


ҷ


икистону Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар муассисаҳои


ҷ


аҳонии молияв


ӣ


изҳори қаноатманд


ӣ


карданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мешавад

0


Душанбе. 4-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷаласаи 6-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ рӯзҳои 5-6-уми ноябр дар Душанбе баргузор хоҳад гашт.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни нишаст масоили рушд ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷориву иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ мешавад.



Ба гуфтаи манбаъ, ҳамраисони комиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамраалиев ва Вазири ҳифзи муҳити зисти Қазоқистон Нурлан Исҳоқов мебошанд. Сарчашма ҳамчунин гуфт, ҳадафи ин нишаст, ташкили асосҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои дуҷониба аст.


Реклама на asia+

Имрӯз созмонҳои нажодпарасти Русия бар зидди муҳоҷирон раҳпаймоиҳо баргузор карданианд

0


Душанбе


. 4-


уми




ноябр





Раҳбарони




ду




созмони




муҳоҷирони




тоҷик




дар




Русия




огоҳ




кардаанд


,


ки




бӯҳрони




молиявӣ




метавонад


,


ба




муҳоҷирони




тоҷик




зарбаи




ҷиддӣ




занад


.







 


          

Гавҳар Ҷӯраeва, раиси созмони “Муҳоҷират ва қонун” гуфтааст, аз ҳоло корфармоён садҳо муҳоҷирро бе додани музди корашон берун меронанд ва барои ин бӯҳрони молиявиро далел меоранд.



Раиси Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” Каромат Шарифов гуфтааст, аз аввали сол корфармоёни Русия 28 миллион рубли заҳматкашидаи муҳоҷиронро напардохтаанд. Шарифов ҳамчунин огоҳ кардааст, ки созмонҳои нажодпарасти Русия имрӯз, чоруми ноябр мехоҳанд, бар зидди муҳоҷирон раҳпаймоиҳо баргузор кунанд.


Реклама на asia+