Ду минтақаи озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон

0



            




  

Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз намояндагони мардумӣ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомнома оид ба минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) «Суғд» ва «Панҷ»-ро тасдиқ карданд.





           

Дар маърӯзааш назди намояндагони мардумӣ муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Амонулло Ашӯр гуфт, ки лоиҳаи санади мазкур баҳри рушди бахши саноат, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар таҳия гардидааст.




           

«Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд, дар майдони


320 гектар

ба муддати 25 сол

 

ва минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар майдони 400 гектари ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон

 

низ ба ҳамин мӯҳлат таъсис дода мешавад», – изҳор дошт муовини вазир.




           

Зикр гардид, ки дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба масъалаҳои азхудкунии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва ҷалби сармояву технологияи ҷадид таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд. «Дар минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» асосан маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ коркард хоҳад шуд», – афзуд Амонулло Ашӯр.




           

Ба гуфтаи муовини аввали вазир, корхонаҳои мустақар дар ин минтақаҳо ба ҷуз пардохти андози иҷтимоӣ, аз пардохти андозҳои дигар озод карда мешаванд ва ҳангоми гирифтани раводид ба шаҳрвандони хориҷие, ки хоҳиши фаъолият дар он мекунанд, имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.




           

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Амонулло Ашӯр изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик бо қарори ҳукумат роҳбарони минтақаҳо таъин гардида, кор шурӯъ мешавад.




           

Қобили зикр аст, ки бори нахуст дар ҷумҳурӣ минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис меёбанд ва интизор меравад, ки минбаъд боз ду минтақаи озоди иқтисодии дигар – дар ноҳияи Ишкошим ва Хатлон низ ташкил карда мешаванд.




           

Ёдрас мекунем, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҶТ» 17-уми майи соли 2004 қабул гардида буд.


Реклама на asia+

Рӯзноманигорони тоҷик тақозо доранд, ки Маҷмааи «Шарқи озод» ба феҳрасти муассисоти дорои аҳамияти стратегии ҷумҳурӣ ворид карда шавад

0



           

Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл рӯзноманигорони тоҷик ҷиҳати дархости мусоидат ба ҳалли мушкилоти норасоии барқ дар фасли зимистон унвонии ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиатнома қабул карданд. Муроҷиатнома дар мизи мудаввар дар мавзӯъи «Мушкилоти иттилоърасонӣ дар шароити бӯҳрони энержӣ ва ҷустуҷӯи роҳи ҳал», ки бо иштироки рӯзноманигорони ватанӣ рӯзи 23-уми октябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, қабул гардид.





           

Дар муроҷиатнома, аз ҷумла гуфта мешавад: «Мо, ширкаткунандагони мизи мудаввар масъалаи мушкилоти иттилоърасонӣ дар шароити бӯҳрони энержӣ ва дар маҷмӯъ мушкилоти норасоии барқро дар ҷумҳурӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода, ба натиҷае расидем, ки воқеъан ин масъала ба қазияи умумимиллӣ табдил шудааст ва барои дар чунин шароит ба мардум расонидани иттилоот ва мӯътадил ба роҳ мондани нашру пахши ахбор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тадобири оҷилу мушаххас биандешад. Бо дарназардошти нукоти ёдшуда, ҳамчунин зарурати иттилоърасонӣ ба мардум ва тазмини ҳифзи амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ аз Ҳукумати кишвар расидагии амиқ ба мушкилот ва анҷоми иқдомоти зер тақозо мешавад:



1.Таъмини фиристандаҳо (передатчикҳо) бо хатти махсуси барқ то он ки мардум бо истифода аз дастгоҳҳои хурди тавлиди барқ (генераторҳо) имкони дидани барномаҳои шабакаҳои телевизионии кишварро дошта бошанд. Таври маълум дар ноҳияҳои сарҳадии ҷумҳурӣ дар зимистони гузашта ба сабаби камбуди барқ ва кор накардани чунин фиристандаҳо мардум барномаҳои телевизионии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбакистон ва Қирғизистонро тамошо мекарданд.



2.Ворид кардани биноҳои идораи чопхонаҳо, радиову телевизион ва рӯзномаҳо, ба вижа Маҷмаъаи «Шарқи озод», ба феҳрасти муассисоти дорои аҳамияти стратегии ҷумҳурӣ.



3.Моҳе ду маротиба бо ҳузури васеъи намояндагони ВАО баргузор намудани нишастҳои хабарии масъулини ширкати «Барқи тоҷик» ба хотири вогузории ахбори дақиқу шаффоф дар бораи истеҳсол, харид (воридот), фурӯш (содирот), реҷабандӣ ва дигар масоили марбут ба барқ дар замони реҷабандии барқ.



4.Бо истифода аз имконоти дохилӣ ва ҳамкории созмонҳои байналмиллалӣ таъсиси марказҳои иттилоърасонӣ барои журналистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ ва таҷҳизи онҳо бо техникаву имконоти лозим, аз компютер, барқ, гармӣ ва ғайра барои ирсоли гузоришҳояшон дар шароити эҳтимоли бӯҳрони энержӣ.



5.Ташкили Ситоди назорати ҷамъиятӣ аз ҳисоби масъулини Вазорати саноат ва энергетика, ширкати «Барқи тоҷик», мақомоти ҳуқуқӣ, сарварон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ва созмонҳои ҷамъиятии кишвар аз болои рафти таъмини аҳолӣ ва идораву муассисаҳои давлатӣ бо барқ ба хотири эҷоди бовару эътимоди мардум.



6.Эълони соату вақти дақиқи реҷаи барқ дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ то ВАО, бахусус радиову телевизионҳои маҳаллӣ битвонанд барномаҳои худро дар соатҳои муносиб пахш кунанд».



Адолати Мирзо, раиси Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсзабон «Афрӯз» ташаббускори баргузории мизи мудаввар буда, дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки муроҷиатнома баҳри ташкили шароити мусоиди кор барои фаъолияти ВАО дар фасли зимистон қабул карда шуд.



Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки ҳукумат ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ ба рӯзноманигорони тоҷик дар ҳалли мушкилоташон мусоидат хоҳад кард.

Реклама на asia+

Дар Душанбе 85-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Туркияро ҷашн мегиранд

0



           

Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба таъсисёбии Ҷумҳурии Туркия 85 сол пур мешавад.





 

Бахшида ба ин сана имрӯз

 

дар сафорати Туркия дар Тоҷикистон чорабинии идона баргузор мешавад.



Дар чорабинӣ аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ, вакилони парлумони кишвар, намояндагони илму фарханг, ташкилотҳои хориҷии мустақар дар Тоҷикистон ва намояндагони ВАО ширкат хоҳанд кард.


Реклама на asia+

Ш.Саид: Дар масъалаи узвият ба СҶТ мо дастгирии Туркияро интизорем

0


Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва менеҷери кулли ҶДММ «Намоишгоҳҳои байнулмилалӣ»-и Туркия Маҳмуд Эр зикр гардид, ки ин ширкат ба сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон манфиатдор аст.




Тавре аз хадамоти матбуоти палата ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ин ширкат беш аз 10 сол аст, ки дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Аморати Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва ғайра намоишгоҳҳои байнулмилалӣ созмон дода, дар бахши сохтмони кишвари ҳамсояи Қирғизистон сармоягузорӣ мекунад.



Бино ба иттилои манбаъ, Маҳмуд Эр изҳор доштааст, ки барои роҳандозии фаъолияти густардаи ширкатҳои туркӣ дар Тоҷикистон лозим аст, баъзе мушкилоти ҷудогонаи гумрукӣ ва андозбандӣ ҳал гардида, шумораи парвозҳо ба хатсайри миёни кишварҳо зиёд карда шавад.



Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили имконоти тайёр кардани мутахассисони тоҷик дар Туркия барои соҳаҳои тиҷорат, соҳибкории хурду миёна ва бонк табодули назар карда шуд. Ш.Саид зикр кардааст, ки тоҷирони тоҷик мехоҳанд бо таҷрибаи кори минтақаҳои озоди иқтисодии Туркия аз наздик ошно гарданд. «Дар масъалаи узвият ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) мо дастгирии Туркияро интизорем», – изҳор доштааст Ш.Саид.



Ба иттилои сарчашма, бо назардошти фаъолияти ширкат, Ш.Саид пешниҳод сохтааст, ки соли 2009 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи молу маҳсулоти Туркия ва Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ҳарду кишвар ташкил карда шавад.


Реклама на asia+

Дар парлумон лоиҳаи қонун «Дар бораи муқаррароти минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва Панҷ» баррасӣ мешавад

0



           

Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати саввум лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи муқаррароти минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва Панҷ» мавриди баррасӣ қарор мегирад.





           

Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа инчунин масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи Буҷаи давлатии ҶТ барои соли 2008», «Дар бораи судҳои ҶТ», «Дар бораи рӯзҳои ид дар ҶТ», «Дар бораи захоири зеризамиинӣ» ва дигар масоили марбут ба фаъолияти қонунгузорӣ муҳокима хоҳанд шуд.


Реклама на asia+

Фаъолияти нақлиёти мусофирбари шаҳри Кӯлоб қаноатбахш нест

0


Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс»-«Хатлон-


Press


» – Фаъолияти нақлиёти мусофирбари шаҳри Кӯлоб, иборат аз 20 автобуси тӯҳфаи президент ба шаҳр борҳо мавриди танқид қарор гирифта шуда бошад ҳам, то ҳанӯз камфаолият аст.

    





Муовини раиси ҳукумати шаҳр оид ба нақлиёт Исматулло Нусратов қайд кард, ки аз сабаби сафарбар шудани автобусҳо барои бурдани ёрдамчиён ба заминҳои пахта автобусҳо дар шаҳр аҳёнан пайдо мешаванд. Аммо раиси ҳукумати шаҳр аз боби зараровар будани ин автобусҳо барои буҷаи маҳал сухан карда, нопайдо будани автобусҳоро дар шаҳр сабаби бемасъулиятии роҳбарияти автобазаи нақлиёти мазкур эълом дошт. Раис мушахасан гуфт: «Саҳар автобусҳо ёрдамчиёнро ҳамагӣ ба масофаи


5 километр

барои пахтачинӣ мебаранд ва баъдан ғайб мезананд.»




          

Гуфта мешавад, бо чунин тарзи фаолият аз буҷаи маҳал ҳар моҳ барои мунтазам ҳаракат кардани нақлиёти мазкур 15000 сомонӣ ҷудо мешавад. Ин дар ҳоле, ки дар шаҳр даҳҳо нақлиёти шахсӣ ҳамарӯза ба мардум хизмат расонида, барои худ маош дарёфт мекунанд.


Реклама на asia+

Ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо фаъолияти ҳокимияти маҳалли шаҳри Норак ошно мегардад

0


Душанбе. 29-уми октябр – Дар доираи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ 28 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ баргузор гардид.




Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сафар Сафаров дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорони онро бо фаъолияти Мақоми Олии қонунбарори Тоҷикистон шинос намуд.



Муовини Раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ Сафаралӣ Раҷабов роҷеъ ба ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ сухан карда, гуфт ки сохтори байнипарлумонӣ дар роҳи наздик сохтани қонунгузории миллӣ ва таҳквияти ҳамкории байнипарлумонӣ беш аз пеш фаъолияташро густариш медиҳад.



Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳо ҳангоми омода сохтани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз қонунҳои модулӣ васеъ истифода мебарад. Ва дар ин замина палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо истифода аз ҳуҷҷатҳои тавсиядиҳандаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ як қатор қонунҳои барои Тоҷикистон муҳимро қабул кардааст.



Дар ҷаласа намояндагони Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ атрофи масъалаҳои сохтори давлатӣ, худидораи маҳаллӣ, тақвияти ҳамкориҳои байнипарулмонӣ дар доираи Ассамблея ибрози назар карданд. Онҳо аз осорхона, китобхона ва толорҳои маҷлисгоҳи парлумони Тоҷикистон боздид намуда, бо фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт шинос гардиданд.



Дар назар аст, ки иштирокдорони ҷаласа ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти ҳокимияти маҳаллии ин шаҳр ошно мегарданд.


Реклама на asia+

Дар пойтахт миқдори зиёди ҳероини афғонӣ мусодира карда шуд

0


Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳангоми баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт миқдори зиёди маводи сахттаъсири ҳероинро дарёфт ва мусодира карданд.




Тавре сардори хадамоти матбуоти вазорат Муҳаммадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба иттиҳоми нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Қурбонов боздошт шудааст. «Ҳангоми кофтукови сумкаи ӯ 6,5 кило ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфт ӯ.



Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел тибқи моддаи 200-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва психотропӣ бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.


Реклама на asia+

Бо фармони президенти Тоҷикистон ДДМТ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ном гирифт

0



           

Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 28-уми октябри соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон номи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро гирифт.




Ба Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон супориш дода шудааст, ки дар м


ӯ


ҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Раиси шаҳри Душанбе баҳри бартараф сохтани норасоиҳо ба ширкати «Барқи тоҷик» то 15-уми ноябр мӯҳлат дод

0



           

Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки раисони микрорайону шӯрои маҳаллаҳо, кооперативҳои манзилӣ, намояндагони мақомоти дахлдор ва ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор кард. Дар он масъалаҳои омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистон ва вазъи санитариву эпидемиологии шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.





           

Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа ҳисоботи расисони комиссияҳои маҷлиси вакилони халқ, раҳбарияти КВД «Хоҷагии коммуналии шаҳри Душанбе» ва мақомоти додситонии пойтахт шунида шуд.




           

«Дар ҷаласа зикр гардид, ки ба ҷуз вазифаҳое, ки ба ӯҳдаи воҳидҳои ширкати «Барқи тоҷик» гузошта шуда буданд, дигар ҳамаи қарорҳои раиси шаҳр оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон асосан иҷро шудаанд», – изҳор дошт манбаъ.




           

Ба гуфтаи Ш.Саидов, дар робита ба масъалаи аз тарафи воҳидҳои ширкати «Барқи тоҷик» иҷро нагардидани қарорҳо М.Убайдуллоев баҳри бартараф сохтани камбудиву норасоиҳои ошкоргашта дар низоми энергетикии пойтахт ба онҳо то 15-уми ноябр мӯҳлат дод. «Дар сурати иҷро нагардидани супориш нисбат ба шахсони масъул тибқи қонунгузории амалкунанда чораҳо андешида хоҳанд шуд», – афзуд сухангӯи раиси шаҳр.


Реклама на asia+