Дар семоҳаи саввум Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти саноати сабук ба Аврупо 37 иҷозатнома дод

0


Душанбе. 14-уми октябр – Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар семоҳаи саввум ҳудуди 2 ҳазор гувоҳномаи таърихи мол ва 37 иҷозатномаи содироти маҳсулоти саноати сабук ба Аврупо дод. «Палатаи савдо ва саноати


ҷ


умҳур


ӣ


т


ӯ


ли 9 моҳ тамоми нишондодҳои иқтисодию молиявиро, ки барои як сол пешбин


ӣ


шуда буд, и


ҷ


ро кард, -гуфт Шариф Саидов, раиси палата, дар нишасти матбуот


ӣ


. -Аз хизматрасон


ӣ


940,7 ҳазор сомон


ӣ


маблағ ба даст омад».




Сомонаи газетаи «Ҷумҳурият» хабар медиҳад, ки дар нишасти хабарӣ изҳор шуд, корхонаҳои коркарди пахта, бо сабаби к


ӯ


ҳна ва фарсудашавиашон, маҳсулоти ба талаботи бозори


ҷ


аҳон


ӣ




ҷ


авобг


ӯ


бароварда наметавонанд. «Аз ин р


ӯ


мақсади мо аз ташкили намоишҳо муарриф


ӣ


намудани та


ҷ


ҳизоти муосиру замонав


ӣ


ба соҳибкорону то


ҷ


ирони мамлакат аст», – гуфта шуд дар нишасти хабарӣ. Солҳои пеш, агар то


ҷ


ирони то


ҷ


ик бештар маҳсулоти ниёзи мардумро ба


ҷ


умҳур


ӣ


ворид мекарданд, алҳол ба мушоҳида мерасад, ки ба ворид намудани та


ҷ


ҳизоту дастгоҳҳои хурди техник


ӣ


тава


ҷҷ


ӯ


ҳ доранд.



То имр


ӯ


з Палатаи савдо ва саноат 22 намоиш доир намуд ва гузаронидани 5-тои дигарро дар нақша дорад. Ҳамчунин 179 созишномаи ҳамкор


ӣ


бо палатаҳои савдо ва саноати ИДМ ва хори


ҷ


и дур ба тасвиб расида, 51 намояндагии палата дар хори


ҷ


а таъсис гардид. Т


ӯ


ли н


ӯ


ҳ моҳ зиёда аз 20 вох


ӯ


рии роҳбарияти палата бо сафирон ва намояндагиҳои ширкату корхонаҳои Русия, Эрон, Чин, Полша, Туркия, Ҳиндустон сурат гирифт. Ба 350 суроғаи 182

 

давлати дунё муро


ҷ


иатнома барои ҳамкор


ӣ


интиқол ёфт.



Алҳол кормандон ба Ан


ҷ


умани пан


ҷ


уми Палатаи савдо ва саноати


ҷ


умҳур


ӣ


, ки 17 октябр доир мегардад, омодаг


ӣ


мегиранд.


Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон сафири нави Тоҷикистон дар Афғонистонро таъин кард

0



           

Душанбе. 14-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шарофиддин Имомов сафири Тоҷикистон дар Афғонистон таъин карда шуд.





           

Аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, ки Ш.Имомов қаблан дар Донишкадаи шарқшиносии Академияи улуми ҷумҳурӣ, дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон фаъолият намуда, номзади улуми филология ва олими исломшинос мебошад.


Реклама на asia+

Мақомоти шаҳрдории пойтахт шумори мошинҳои «тангем»-ро кам карданист

0



           

Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти шаҳрдории Душанбе шумори мошинҳои навъи «тангем»-ро, ки дар роҳҳои мошингарди пойтахт равуо мекунанд, кам карданист.





           

Манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки лоиҳаи чунин қарор барои баррасӣ ба шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод гардидааст.




           

«Ташаббускорони ин иқдом роҳбарони сохторҳои нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе мебошанд», – гуфт сарчашма.




           

Зикр гардид, ки иллати пешниҳоди чунин иқдом ба он вобаста аст, ки солҳои ахир ба Тоҷикистон нақлиёти мусофирбари зиёде ворид


шуд ва феълан фаъолияти онҳо чашмрас нест.




Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон боз замин ҷунбид

0


Душанбе. 14-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон заминҷунбии навбатӣ рух дод. Шаби гузашта соати 22.00 дар қисмати шарқии ҷумҳурӣ заминҷунбии муодил ба 4,9 балл ба қайд гирифта шуд.




Тавре аз пойгоҳи зилзиласанҷии Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, маркази заминҷунбӣ дар 180-200 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт воқеъ буд. Қувваи зилзила дар пойтахти кишвар ба 3 балл расид. Дар бораи хисороти бар асари зилзила расида ягон маълумот дастрас нашудааст.



Ин заминларзаи дуввумест, ки дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ба амал омад. Дирӯз соати 13.08 дақиқаи вақти маҳалл


ӣ


низ дар қаламрави То


ҷ


икистон замин


ҷ


унбид. Маркази зилзила дар масофаи 318 километрии


ҷ


анубу шарқии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди


Ҷ


умҳурии Исломии Афғонистон воқеъ буд. Қувваи зилзила дар марказаш ба 4 балл ва дар пойтахти кишвар ба 2 балл расид.


Реклама на asia+

Дар Душанбе озмуни «Муаллими сол» оғоз гардид

0



          

Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе озмуни «Муаллими сол» оғоз мегардад.





           

Тавре аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар озмуни мазкур 8 нафар ғолибони озмунҳои минтақавӣ иштирок мекунанд.


   






           



 


Ширкаткунандагони озмун дар бахшҳои гузаронидани дарс, аз рӯйи ихтисос, таҳияи нақшаи гузаронидани он, пешниҳод намудани дараҷаи эҷоди худ, кор бо компютер ва маҳорати баргузории соати тарбиявӣ бо ҳам қувваозмоӣ менамоянд.



Ғолиби озмун соҳиби мукофоти пулӣ ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ мешавад. Соли гузашта омӯзгори забони англисии литсеи рақами 55-и шаҳри Душанбе муаллими беҳтарини сол дониста шуд.





           




Баргузор намудани чунин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониши омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумӣ ва дар ин замина ба бедор кардани ҳисси муҳаббат ва завқи онҳо нисбат ба касби пурифтихори омӯзгорӣ мусоидат мекунад.




Реклама на asia+

Бинои асосии Донишгоҳи тиббӣ аввали моҳи ноябр ба истифода дода мешавад

0


Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Интизор меравад, ки пас аз таъмири асосӣ бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки соли гузашта бар асари сӯхтор хароб гашта буд, аввали моҳи ноябр мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин бора ёвари ректорои донишгоҳ Акмал Бобоев хабар дод.




Ба гуфтаи ӯ, корхонаҳои сохтмонии ватании «Тоҷиксохтмон», «Авторем», Асос», «Рамзес», «Осоиш» ва «Систем-автоматик» дар таъмиру бозсозии бино саҳм мегиранд. «Ҳамчунин ҳамарӯза ҳудуди 60 ва дар рӯзҳои истироҳат 150 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ба сохтмончиён кӯмак мерасонанд», – гуфт ӯ.





Зикр гардид, ки барои таъмир ва барқарорсозии бинои асосии донишгоҳ, ки қариб пурра сӯхта нобуд гардида буд, ҳукумати ҷумҳурӣ беш аз 7 млн. сомонӣ маблағ ҷудо намуда, ҳукуматҳои Туркия ва Ҳиндустон 100 ҳазор доллари амрикоӣ ҳар кадоме ва Ассотсиатсияи табибони амрикоӣ 2 ҳазор долларӣ амрикоӣ кӯмак расониданд. Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Эрон ваъда додаанд, ки донишгоҳро бо дастуру китобҳои таълимӣ ва таҷҳизоти техникӣ таъмин хоҳанд кард.




Реклама на asia+

Барои медали Олимпиадаи Лондон-2012 варзишгарони тоҷик дар Дубай соҳиби хона мешаванд

0


Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Олимпичиёни то


ҷ


ик дар сурати ба даст овардани нишонҳои олимпии соли 2012 дар Лондон соҳиби хона дар Дубай хоҳанд шуд.




Ҳамакнун, ин соҳибкори то


ҷ


ик эълом намуд, ки варзишгари то


ҷ


ике, ки дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 соҳиби медали тилло мегардад, дар Дубай хонаи сеҳу


ҷ


ра


ӣ


хоҳад гирифт. Барои нишони нуқра хонаи дуҳу


ҷ


ра


ӣ


ва барои нишони бирин


ҷ


ӣ


хонаи якҳу


ҷ


радор насиби варзишгари то


ҷ


ик хоҳад шуд.



Ҷ


аноби Неъматов гуфт, ҳарчанд то соли 2012 ҳан


ӯ


з вақти зиёд аст, вале беҳтар аст, ки аз имр


ӯ


з


ҷ


авоизро эълон намуд, то варзишгарон барои пир


ӯ


зиҳо ва ҳамзамон барои хона дар Дубай, ки гуфта мешавад, дар соли 2012 зеботарин шаҳри


ҷ


аҳон хоҳад шуд, омодаг


ӣ


бигиранд.




Реклама на asia+

Бонки «Эсхата» ба мизоҷон хизматрасонии эмин доштани маблағҳо аз таваррум ва поин рафтани қурби асъорро пешниҳод месозад

0


Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Бонки Эсхата» тарзи тозаи маблағгузорӣ – «Маблағгузорӣ бо асъори гуногун»-ро мавриди истифода қарор дод.




Дар шарҳи масъалаи мазкур сардори шӯъбаи тиҷорати чаканаи бонк Бахтиёр Ҳошимов чунин ибрози назар намуд, ки ин тарзи маблағгузорӣ ба маблағгузории мултиасъорӣ, ки дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Русия хеле рушд ёфтааст, қаробат дорад.



Номбурда изҳор дошт, ки маблағгузорӣ бо асъори гуногун махсусан ҳангоми шадидан болову поин рафтани қурби асъор даромади зиёд меорад. «Бо назардошти вазъи имрӯзаи номусоиди бозори молиявии ҷаҳон, мо қарор додем, ба мизоҷон хизматрасонии эҳтиёти маблағҳо аз таваррум ва поин рафтани қурби асъорро пешниҳод созем», – гуфт Б.Ҳошимов ва афзуд, ки мизоҷ на танҳо маблағи худро эмин нигаҳ медорад, балки имконият пайдо мекунад, ки аз он даромади бештар бигирад.



Ба қавли корманди бонк, миқдори фоизҳои ин тарзи маблағгузорӣ чун маблағгузориҳои дигари инфиродӣ вобаста ба тарзи асъор аз 18 то 20 дарсади солонаро ташкил медиҳанд.

 



Реклама на asia+

Дар ноҳияи Зафаробод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд

0



           

Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки аз 1-уми октябр шурӯъ шуд, дар миқёси ҷумҳурӣ ба андозаи 20 дарсад иҷро шудааст.





           

Аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар даҳаи аввал танҳо дар ноҳияи Зафаробод нақшаи даъват 100 дарсад ба иҷро расидааст.




           

Аз Вазорати дифоъ ҳамчунин хабар доданд, ки аксари ҷавонони синнусоли даъватӣ феълан дар Русия қарор доранд. «Айни замон шумори муҳоҷирони меҳнатии ҷавонони синнусоли даъватӣ ба пойтахт – шаҳри Душанбе низ хеле афзудааст», – изҳор дошт манбаъ. Маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии низомӣ то 30-уми ноябр идома хоҳад ёфт.




           

Ёдрас мекунем, ки сарфи назар аз баъзе мушкилот, нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба андозаи 100 дарсад иҷро гардида, он замон беш аз 8 ҳазор нафар ҷавонон ба хизмат даъват карда шуданд.


Реклама на asia+

Шаҳрдори Душанбе аз ҳолати омодагии зиддисӯхтори иншооти пойтахт қаноатманд нест

0


Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи васеи назорати шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати мири шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаи омодагии зиддисӯхтори иншооти пойтахти ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, М.Убайдуллоев дар робита ба сӯхтори

 

чанде қабл дар бозори «Шоҳмансур» рухдода фаъолияти хадамоти оташнишонии шаҳр ва роҳбарони корхонаву муассисотро дар роҳандозии чораҳои пешгирии сар задани сӯхтор ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард.



«Қарор шуд, ки тӯли як моҳ аз ҷониби комиссияи махсус вазъи омодагии зиддисӯхтори ҳамаи корхонаву муассисот ва субъектҳои хоҷагидории пойтахт мавриди санҷиш қарор гирифта, натиҷаҳои он дар ҷаласаи махсуси назорати шаҳрдорӣ муҳокима карда хоҳад шуд», – изҳор дошт манбаъ.



Зикр гардид, ки дар натиҷаи хунукназарӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои мансабӣ роҳбари Идораи истифодаи роҳҳои мошингарди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонхӯҷа Амиров ва директори бозори «Деҳқон» Нусратулло Раҳматшоев аз вазифаашон сабукдӯш карда шуданд.

 



Реклама на asia+