Э.Раҳмон имшаб дар ноҳияи Рашт мемонад

0


Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Феълан президенти Тоҷикистон дар чойхонаи «Болои об»-и шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва зиёиёни ноҳия мулоқот мекунад, ки дар он ҳудуди 300 нафар иштирок доранд.




Тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқот сарвари давлат дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо аҳолии ноҳия вохӯрда, дар барномаи бошукӯҳи консертӣ низ ширкат хоҳад варзид. Шаби имрӯзаро Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ноҳия рӯз карда, пагоҳ аз ноҳияҳои дигари водии Рашт – Нуробод, Тавилдара, Ҷиргатол ва Тоҷикобод боздид мекунад.



Ёдрас мекунем, ки боздиди сарвари давлат бо мақсади шиносоии наздик бо вазъи иқтисоливу иҷтимоии ноҳияҳо ва зиндагии мардуми ин минтақа сурат мегирад.


Реклама на asia+

Герсоги Йорк ба Тоҷикистон меояд

0



           



Душанбе. 2-уми октябр –


Ҷ


аноби волоҳазрат, Герсоги Йорк 26-уми октябр барои боздиди дур


ӯ


за ба Душанбе ташриф меорад.




Меҳмон зимни сафар бо мансабдорони баландпояи


ҷ


умҳурии мо мулоқот хоҳад кард. Герсог р


ӯ


зҳои мусофираташ дар То


ҷ


икистон, дар дараи Варзоб бо фаъолияти муассисаҳое шинос мешавад, ки барои пешрафти кори онҳо аз


ҷ


ониби Ҳукумати Британияи Кабир тавассути Вазорати рушди байналхалқии ин мамлакат маблағ


ҷ


удо карда шудааст.


Реклама на asia+

Бонки рушди Осиё татбиқи лоиҳаи нахустини таҷдиди бозсозии роҳҳои мошингард дар Тоҷикистонро ба анҷом расонид

0


Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё мегӯяд, ки тарҳи бозсозии роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб, ки марказро бо ҷануби Тоҷикистон мепайвандад, поён ёфтааст.




Тибқи иттилоъи манобеъи ин бонк дар Душанбе, дар чорчӯби ин лоиҳа ҳудуди


104 километр

роҳи мошингард дар масири Душанбе-Қӯрғонтеппа ва аз маркази вилояти Хатлон то шаҳрҳои Данғара ва Кӯлоб бозсозӣ шудааст.



Бонк ин тарҳро ба маблағи ҳудуди 21 миллион, давлати Тоҷикистон ба маблағи 2,5 миллион ва Сандуқи ОПЕК дар ҳаҷми ҳудуди чаҳор миллион доллари амрикоӣ сармоягузори кардаанд.



Тибқи иттилоъи ин манбаъ, ҳадаф аз иҷрои ин тарҳ танҳо бозсозии роҳ набуда, балки аз ин тариқ ба коҳиши мизони фақр ва беҳбуди вазъи иқтисодии сокинони манотиқ перомуни ин роҳ мусоъидат шудааст.



Ҳамчунин, интизор меравад ин роҳ ба тавсеъаи бахши кишоварзӣ дар ҷануби Тоҷикистон мусоъидат кунад. Зеро, ҳамакнун шароити интиқоли коло ва маҳсулоти кишоварзӣ аз ин манотиқ ба бозорҳои дигар беҳтар шудааст.


Реклама на asia+

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ: Дар Тоҷикистон фаъолияти созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» пурра манъ карда шудааст

0



            




 

Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори додгоҳи гарнизони низомии шаҳри Душанбе дар Тоҷикистон фаъолияти созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» пурра манъ карда шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Нозирҷон Бӯриев хабар дод.





           

Бино ба иттилои манбаъ, аввалҳои моҳи сентябр намояндагони созмони мазкур ба додгоҳи номбурда шикоят бурдаанд, ки кормандони мақомоти амният, Хадамоти гумруки назди ҳукумат ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ беш аз 500 ҳазор нусхаи адабиёти моҳияти тарғиботӣ доштаи онҳоро мусодира кардаанд.




           

«Бо назардошти он, ки созмон чандин маротиба барои вайрон кардани қонунгузории Тоҷикистон огоҳинома гирифтаву гузашта аз ин, фаъолияти он муддати се моҳ мутаваққиф гардида буд, додгоҳ дар бораи манъи фаъолияти пурраи он қарор ба тасвиб расонид», – изҳор дошт манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон соли 1997 оғоз бахшида буд. Мувофиқи маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, феълан дар ҷумҳурӣ 85 созмони мазҳабӣ фаъолият доранд.




 

Реклама на asia+

ҲНИТ ҳарчанд ба шаффофияти баргузории маъракаи интихоботӣ бо шубҳа нигарад ҳам, ният дорад, дар интихоботи маҷлиси шаҳри Кӯлоб иштирок кун

0



           

Кӯлоб. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) қарор кардааст, ки дар интихоботи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб як номзад гузорад.





           

Роҳбари созмони ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб Маҳмадшариф Набиев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки миёни интихобкунадагон намояндаи мо дар ҳавзаи интихоботии рақами 1

           

аз обрӯву нуфузи зиёд ва эҳтироми сокинон бархӯрдор аст ва аз ин рӯ, ба хулосае расидем, ки номзадии ӯро пешниҳод созем. «Аз рӯи натиҷаҳои маъракаҳои интихоботи пешин мо огаҳем, ки онҳо на ҳамеша адолатнок сурат мегирифтанду аз чӣ бошад, ки нисбат ба ҲНИТ муносибати ғаразҷӯёна зоҳир мегардид ва ҳарчанд дар ҳавзаҳои интихоботие, ки номзадҳои ҳизби мо аз номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як сару гардан боло бошанд ҳам, дар натиҷа ба мағлубият дучор мегаштем», – гуфт ӯ ва афзуд, ки ҳизб умедвор аст, ин дафъа кор ранги дигар хоҳад гирифту дар маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ҳизб намояндаи худро хоҳад дошт.





 


Реклама на asia+

Сенати Амрико барномаи $700 миллиардии раҳоӣ аз бӯҳронро тасвиб кард

0


Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имр


ӯ


з Сенати Амрико бо 74 раъйи мувофиқ ва 25 раъйи мухолиф барномаи 700-миллиарддолларии раҳо


ӣ


аз б


ӯ


ҳрони молиро тасвиб кард. Тасвиби ин барнома аз с


ӯ


и Сенат дар ҳолест, ки Ма


ҷ


лиси намояндагони Конгресс р


ӯ


зи душанбе ин тарҳро радд карда буд.




Дар арафаи раъйгирии ҳарду номзад ба мақоми раёсати


ҷ


умҳурии Амрико Барак Обама ва


Ҷ


он МакКейн ҳушдор додаанд, ки адами тасвиби ин барнома фалокати иқтисодиро дар пай хоҳад дошт.

 

Раиси


ҷ


умҳури Амрико


Ҷ


ор


ҷ


Буш гуфтааст, ма


ҷ


лиси намояндагон р


ӯ


зи


ҷ


умъа дубора ба раъйгирии тарҳи рҳо


ӣ


аз б


ӯ


ҳрон хоҳад пардохт.


Реклама на asia+

Собиқ сардори посгоҳи сарҳадии 8-уми нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба 27 соли зиндон маҳкум гардид

0



           

Кӯлоб. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 30-юми сентябр дар Кӯлоб ҳайати мушовараи низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон собиқ сардори посгоҳи сарҳадии 8-уми нерӯҳои марзбонии мутааллиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Партов»-и ноҳияи Восеъ Баҳром Ҳабибовро тибқи 19 моддаи Кодекси ҷинои ҶТ гунаҳкор дониста, ба муддати 27 соли зиндон ва адои ҷазо дар маҳбаси низоми шадид маҳкум кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи аввал Алфаттоҳ Розиқов хабар дод.





           

Номбурда изҳор дошт, ки Б.Ҳабибов дар содир намудани ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, худсарона азхуд намудани замин ва сохтмони ғайриқонунии иншоот дар он ҳангоми ифои вазифа кардан дар вазифаи раиси хоҷагии деҳқонӣ гунаҳкор дониста шудааст.




           

«Додситон барои Б.Ҳабибов 30 соли маҳрумият аз озодиро талаб кард, вале аз чунин қарори додгоҳ, ки 27 соли ҷазоро ба ӯ лоиқ донист, низ қаноатманд аст», – афзуд А.Розиқов.


Реклама на asia+

ҶСК «Ориёнбонк» тарофаҳои нави хизматрасонӣ ҷорӣ месозад

0





Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 1 октябри соли 2008 тарофаҳои нави хизматрасониҳои




Ҷ




амъияти саҳомии кушоди (




Ҷ




СК) «Ориёнбонк», ки аз тарафи Раёсати бонк тасдиқ гардида, бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои




Ҷ




умҳурии То




ҷ




икистон ба мувофиқа оварда шудааст, дар амал




ҷ




ор




ӣ




карда мешавад.

 











Тағйироту иловаҳо дар нархномаи хизматрасониҳо дар қисмати гузаронидани амалиёт аз р




ӯ




и ҳисобҳо бо сомон




ӣ




ва асъори хори




ҷ




ӣ




ба шахсони ҳуқуқ




ӣ




, воқе




ӣ




ва ташкилотҳои байналхалқ




ӣ




, ба расмият даровардан ва пешниҳод намудани кортҳои пластикии бонк




ӣ




ва хизматҳои ҳуқуқ




ӣ




дохил карда шудаанд.









Тағйиротҳо бо баҳисобгирии имтиёзу интихоб, таманниёт ва ҳимояи манфиатҳои ҳар мизо




ҷ




, таъминоти фаврии аксуламал ба шароитҳои тағйирёбандаи бозор




ӣ




ва фоиданокии зарур




ӣ




, пурра бо маълумот му




ҷ




аҳҳаз намудани мизо




ҷ




он ва шарикони бонк, инчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии афзоиши умумии маҳсулот ва хизматрасониҳои худии бонк амал




ӣ




гардонида шудаанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти бонк хабар доданд.

  










Маълумотнома:





Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” яке аз бонкҳои кӯҳнатарини ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳанӯз моҳи апрели соли 1925 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе шӯъбаи Бонки тиҷоратии осиёимиёнагӣ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Моҳи сентябри худи ҳамон сол дар заминаи он Идораи ҷумҳуриявии Промбанк кушода шуд. Моҳи апрели соли 1991 Тоҷикпромстройбонк ба ташкилоти саҳҳомӣ табдил ёфтан гирифт ва 29 декабри соли 1991 вай ба Бонки саҳҳомӣ – тиҷоратии саноату сохтмони Тоҷикистон “Ориенбонк” мубаддал гардид, ки аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, дорои иҷозатномаи махсуси (литсензияи) № 1 гашт. 5 апрели соли 2002 БСТССТ “Ориенбонк” ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” табдил дода шуд.


Реклама на asia+

Табибони кишварҳои узви ИДМ масоили мубориза бо бемориҳои сироятиро баррасӣ мекунанд

0



           

Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Конфрони


IX


-уми байнидавлтии илмиву амалӣ оид ба истифодаи фановариҳои ҷадид дар амалисозии стратегияи глобалии мубориза бо бемориҳои сироятӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки 30-уми сентябр дар вилояти Волгогради Русия ба кор шурӯъ кард, масоили мубориза бо ин бемориҳо баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон Фотима Яқубова хабар дод.





           

Номбурда изҳор дошт, кит дар конфронс ҳамчунин масъалаҳои таҳия ва истифодаи усулҳои тозаи ташхиси лабораторӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ ва ҳамчунин роҳандозии ҳамкории мутақобилаи байнидавлатӣ дар ин самт низ муҳокима мешаванд.




           

«Ба паҳншавӣ ва афзоиши бемориҳои сироятӣ тиҷорати густардаи байнулмилалӣ, убури на он қадр мушкили марзҳо, болоравии раванди муҳоҷирати аҳолӣ, пайдоиши шаклҳои нави ангезандаҳои беморӣ ва таҳдиди терроризми биологӣ боис гардидааст», – гуфт сарчашма.




           

Ф.Яқубова афзуд, ки аз рӯи натиҷаҳои конфронс оид ба мубориза бар зидди ин беморӣ пешниҳоду тавсияҳо қабул гардида, ҷиҳати баррасӣ ба вазоратҳои тандурустии кишварҳои узви ИДМ фиристода мешаванд.




           

Зикр гардид, ки Тоҷикистонро дар ин конфронс муовини директори хадамоти давлатии санитриву эпидемиологии назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон Исохон Грезов намояндагӣ мекунад.


Реклама на asia+

Буҷети давлатии соли ояндаи Тоҷикистон нисбат ба буҷети давлатии соли равон 1,5 миллиард сомонӣ зиёдтар аст

0



           

Душанбе. 2-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат

 

Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 45 масъалаи муҳим баррасӣ шуд, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» мавриди баррасию муҳокимаи муфассал қарор гирифт.





           

Чунонки аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон маълум шуд, мутобиқи ин санад Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2009 ба андозаи 20 миллиарду 665 миллион сомонӣ, болоравии сатҳи истеҳсолот дар ҳаҷми 7,1 дар сад ва таваррум 13 дар сад ба нақша гирифта шудааст. Буҷети давлатӣ бошад, дар соли 2009 бояд 6 миллиарду 8 миллион

 

сомонӣ (29 дар сади ММД) – ро ташкил диҳад, ки ин нисбат ба Буҷети давлатии соли равон бо ҳисоби номиналӣ 1,5 миллиард сомонӣ зиёд аст.




           

Сарвари давлат Буҷети давлатии соли 2009 –ум ро буҷети рушди иқтисодӣ маънидод карда, таъкид дошт, ки

 

аз ним зиёди он ба соҳаҳои воқеии истеҳсолӣ ва сохтмони иншооти стратегӣ равона мегардад, аз ҷумла ба сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳою нақбҳои мошингард ва ғайра. 2 миллиарду 437 миллион сомонии Буҷети давлатии соли 2009 ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мегардад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+